Чархи Гардун
3.06.2016 11:19

Бахти рамида

Хушбахтона ҷанг ба охир расиду зиндагӣ маҷрои тоза гирифт, дар кӯҳистони дурдаст низ авҳоли мардум касе беҳ гашт. Дар ҳамин айём Самад синфи ҳафти мактаби деҳаашонро хатм намуда ба пойтахт роҳ гирифт. Дар пойтахт бачаи деҳотӣ, ки на хеш дошту на табор каме азоб кашид, вале корчаллон буду ва зуд роҳашро ёфт. Акнун дар мактаби шабона мехонду рӯзона бошад ба корҳои гуногун машғул шуда мояи зиндагӣ меёфт. Пас аз хатми синфи ҳашт ҳуҷҷатҳояшро ба техникуми молия супорида донишҷӯ шуд ва пас аз аз тамом кардани курси якум ба деҳа ба хабаргирии волидонаш рафт. Ӯ либосҳои шинами зебо ба бар намуда, мӯйяшро ба таври бачаҳои шаҳрӣ оро дода соат баста буд, ки дар назари мардуми деҳа аҷоиб метофт. Модар аз дидани писари зебои болобаландаш ифтихор намуда гирди сараш парвона мегашту чизе, ки дошт рӯи дастархон мемонад. Хоҳараку додараконаш бошанд аз ӯ чашм намеканданд, танҳо падараш аз ин навоварӣ дар сару либоси писараш норозӣ гуфт:- Самадҷон, ин чӣ афту башара, тез мӯятро тарошу мисли одам либос пӯш! Аммо модар бо ханда гуфт, монед гаштан гирад, писарам аз шаҳр омадааст, шаҳрӣ шудааст, мӯи сараш мезебадаш. Ҳамин тавр, дигар касе ба Самад кордор нашуду ӯ тобистони дароз духтарҳои деҳаро сӯзонида худашро нишон дода мегашт. Самад омӯзишгоҳро хатм карду аҳли деҳаашонро аз кӯҳистон ба водӣ кӯчониданд ва онҳо муқими яке аз ноҳияҳои водии Вахш шуданд. Чун он вақтҳо кадрҳои ҷавон намерасиданд, Самад чун ҷавони маълумотдор дар заводи пахтаи ноҳия ба ҳайси муҳосиб ба кор даромад. Волидонаш зиёд мехостанд, ки Самадро хонадор карда келин фароранд, вале ҷавон духтари дӯстдошта надошту ҳаргиз намехост зани деҳотӣ гирад. Ӯ арӯсашро дар хаёлаш бонуи зебои замонавии берӯймол ва соҳибҷамол медид. Директори завод зани қирғизи номдоре буд, ки ҳама ӯро ҳурмату эҳтиром мекарданд. Ӯ ҳамагӣ ду духтар дошт, ки якумашро ба шавҳар дода буду домодаш мақбулаш набуд, барои дуюмӣ Насибахони таннозаш бошад домоди мувофиқ меҷӯст. Бо дидани Самади қоматбаланди зебо, Саодатхон худ ба худ гуфт:-Ана домоди ман! Аз ҳамон рӯз эътиборан Саодатхон ба Самад меҳрубониро арзонӣ медошту, дар муддати шаш моҳ ӯро ба вазифи ҷонишинаш боло бардошт. Зан бисёр мехост, ки Самад худаш Насибаро дӯст дорад, аз ин рӯ бо ҳар баҳона ҷавонро ба хонааш мефиристонд. Самад аз нигоҳи аввал Насибаи соҳибҷамоли мавзунқоматро дӯст дошта бошад, ҳам ҷуръати изҳори ишқ кардан надошт, зеро инро чун курнамакӣ ба некиҳи кардаи сардора-бонуяш медонист.Насиба духтари эркаю азизи модараш буду дар хона ба ягон кор даст намезад, ҳамеша либосҳои зебою ҷавоҳироти қимматбаҳо ба бар карда бо дугонаҳояш ба сайру гашт мерафт. Корҳои хонаашонро зану духтарони тағояш, ки дар ҳамсоягиашон зиста бо ёрии модараш зиндагӣ мекарданд ба анҷом мерасониданд. Насиба ҳабдаҳ сол дошту дар синфи даҳум мехонд, вале хушдоронаш аз мӯи сараш зиёд буданд, дили нозукандоми лоларухсорро бошад кайҳо ҷонишини ҷавони модараш рабуда буд. Модараш низ ҳамеша назди духтараш ҷонишинашро таъриф карда, бо ин гуфта меистод, ки агар ту дилашро ёбӣ домоди хуб мешавад. Як бегоҳӣ Самад бо фармоиши Саодатхон ба ҳавлии ӯ як халта картошка овард, ӯро дами дар Насибаи товусхиром пешвоз гирифт. Духтар мӯйҳои дарози хурмоирангашро майда бофта ба пушташ партофта буд, ки мисли обшорон метофт, куртаи пар-паргиребони аз шоҳии кабуди обӣ духта ба чашмони кабудаш ҳамранг афтода ӯро чунон дилрабо нишон медод, ки ногуфтанӣ. Самад халтаи картошкаро аз дарвоза дароварда эҳсос кард, ки Насиба ба ӯ чизе гуфтани аст ва ба ӯ нигарист. Самад-ака, аз марказ артистҳо омадаанд, модарам ду билет оварданд, аммо дугонаам бемор шуда намеравад, шумо лутф карда маро ҳамроҳӣ намекунед- бо илтиҷо гардани зебояшро каҷ карда илтимос кард Насиба. Самад забонаш гирифта гуфт:- ба ҷонам, Насибахон, вале модаратон чӣ мегӯянд? И-и, модарам раҳмат мегӯянд хурсанд мешаванд, бо хандаи зебо ҷавоб дод духтар. Он шаб пас аз консерт Самаду Насиба зери чароғҳои фурӯзон дар маркази ноҳия хеле сайр карданд, духтар худашро ба Самад ҷафс карда дасташро сар намедод. Дили ҷавон дар қафаси сина метапид, бӯйи атри франсавии аз тани Насиба ба атроф паҳн мешуда сари ҷавонро мечархонд. Чун онҳо ба хона расиданд, Саодатхон ба Самад минатдорӣ баён намуда, ӯро сари миз даъват намуд сардору ҷонишин то дер чой нӯшида сӯҳбат карданд. Дар рафти сӯҳбат Самад бо як азоб сурхидаю шармида дар бораи Насиба гап сар карда дасти ӯро аз модараш пурсид. Саодатхон аз шодии ба мақсад расиданаш сараш ба осмон расида бошад, ҳам худашро андешаманд нишон дода гуфт:-Самадҷон хостгоронатонро равон кунед, он тарафашро фикр мекунем…Волидони Самад, Саодатхонро хеле хуб мешинохтанду ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд, падараш муддаои писарашро шунида дарҳол розигӣ дод, вале модараш ҳаргиз намехост, ки Насибахони сохибҷамолу мисли лухтак оростаю перостаро келин кунад. Самадҷон охир вай луъбатаки ту мегуфтагиро дидаам, ҳеҷ бовар надорам, ки ӯ келин шуда хоку хокистари хонаи сермеҳмони моро қабул дорад- норизоёна гуфт модар. Самади қолабшикан бошад ба модараш шӯхиомез гуфт:-Оча, ман ҳаргиз намегузорам, ки Насибаи зебои ман дасташро ба хоку хокистари шумо занад, аз ин рӯ пас аз тӯй даррава додрам Абдуллоро хонадор мекунему ман хонаамро ҷудо карда меравам. Модар дигар чизе нагуфт, зеро медонист, ки писари якраваш кори худашро мекунад. Рӯзи дигар волидони Самад бо дастархонҳои зиёд ба хостгорӣ рафтанд, Саодатхон хостгориро пазируфта тӯйро бошад пас аз ду моҳ қарор доданд, зеро келиншаванда хатмкунандаи мактаб… Акнун Самад шабу рӯз дар хонаи Саодатхон ҳамроҳи Насибахони зебо буду ба ҷон ошиқу шайдо ва ғуломи нозу бозори арӯсшавандааш. Ҳарчанд Насиба пеш аз тӯй ба тану нафсашро ба Самад бахшида буду онҳо мисли зану шавҳар зиндагӣ мекарданд, вале Самад мехост тезтар тӯяшон баргузор гардад. Он рӯзи муборак низ фаро расиду арӯсро ба хонаи бахташ гусел намуданд. Дар шаби тӯйи ин ҷуфти ҷавон тамоми калоншавандаҳои вилояту ноҳия иштирок доштанд, Насруллои оҳангар ба писараш барои интихоби чунин арӯс офарин мегуфт, вале таги дили модари хонадон холаи Олима сип-сиёҳ буд. Пас аз гузаронидани маъракаҳо арӯсак бояд ба аҳли хонаи шаврмандияшро нишон медод, вале Насиба парвои олам надошт. Шаби дароз бо шавҳараш ишқварзӣ карда субҳ то дер мехобид, хушдоман дастархон меоросту хоҳаршӯи ягонааш тамоми корҳоро ба анҷом мерасонид, аммо арӯсак зери шамолдиҳак хоби роҳат буд. Аҳли хонадон Насибаро хеле эрка мекарданд, зеро Саодатхон тамоми буду шудашро ба хонаи қудоҳояш кашонда онҳоро забокӯтоҳ карда буд, Самад низ барои хоҳараш ҷавоҳироту матоъҳои қимматбаҳо мехарид ва мегуфт, ки ба корҳои янгааш ёрӣ расонад. Баъзан хусураш аз пушти тиреза келинашро садо карда мегуфт:-Насибаҷон, духтарам хез, охир офтоб як найза боло шудааст. Аз дарун овози норозиёнаи келин мебаромад, ки мегуфт:-Тағоӣ монед, камакаки дигар хобам… Овозаи беҳунарии зебосанами шаҳрӣ ба гӯши мардуми деҳа расида бошад ҳам, хусуру хушдоман ҳаргиз аз келинашон шикоят намекарданд, баракс эркагиҳои келинро гуфта механдиданд. Самад мувофиқи ваъда дар маркази ноҳия ҳавличае харида рӯзгорашро ҷудо кард ва яку якбора ду додарашро зан дода ба хонаашон келин фаровард. Дар хонаи нав Насиба хизматгор дошт ва худаш ба дугонабозию лақ-лақ овора рӯз кур мекард. Худованд ба онҳо паиҳам ду фарзанд як духтару як писар дод, вале модар шудан ҳам заррае хулқу атвори Насибаро дигар накард. Кӯдаконашро аксар вақт ба қишлоқ ба назди бобою бибияшон мефиристод, Саодатхон дар ҳамин айём бемор шуду домодашро ба ҷояш директори заводи пахта карда худаш ба нафақаи беморӣ баромад. Пас аз шаш моҳи табобатҳо зан оламро падруд гуфт, Насиба дар ғами модари азизу нозбардораш чун ҳезуми тар месухт. беҳуда намегӯянд, ки ғам аз пайи ғам меояд ва пас аз як соли фавти модараш корҳои шавш ба суду милиса афтоданд. Самадро дар аз худкунии моликияти давлат гунаҳгор карда муддати 15- сол равонаи зиндон намуданд. Волидони ҷигархуни мард, келину набераҳояшонро ба хонаашон бурданӣ шуданд, вале Насиба инро рад кард. Самад гумон дошт, ки Насиба ӯро интизор мешавад, вале…
Насиба аввал ба хабаргирии шавҳар мерафт, вале баъдтар ба марди мансабдор шинос шуда, ба ишқварзӣ сар кард ва билохира сафи ҳамхобаҳояш афзуданду номаш ба бадӣ баромад. Волидони Самад набераҳояшонро аз келин гирифтанд, вале Насибаро парвои фарзандони хурдсолаш набуд ӯ акнун машғулияти дигар дошт. Акнун ин санами зебо даст ба дасти мардон мегашту аз ҳусну ҷамоли худ ифтихори зиёд дошт. Ёди Самади дар банди зиндон ва фарзандони ба меҳри падару модар зорашро намекард. Овозаи бадгардии Насиба ба гӯши Самад низ расиду ӯ аз зиндон хатти талоқи зани хоинашро фиристод. Мард худашро мазаммат мекард, ки барои чӣ ба гапи волидонаш даромада ягон духтари ҳамдеҳаашонро ба занӣ нагирифт. Охир Гулҷони зебо, Хайринисои мавзунқомат, Зиламоҳи сафедпӯст, ғайри он ки миллӣ либос мепӯшиданд, дигар айбе надоштанд…Самадро барои рафтори хубу намунавияш пас аз ҳафт соли маҳбӯсӣ озод карданд ӯ ба хонаи падарӣ баргашт, зеро рӯи Насибаи хоинро дидан намехост. Пас аз як моҳи бо фарзандону волидон будан, ӯро рафиқонаш ба маркази вилоят даъват карданду он ҷо кори хуберо пешниҳодаш намуданд. Ҷавонмарди бо ғайрат, ки буд кораш ривоҷ ёфта дар муддати кӯтоҳ соҳиби пулу мол ва хонаву дар шуд. Дар ҳамин ҷо Самад бо Вилоят ном зан шинос шуда аҳди муҳаббат баст. Вилоят ба Самад ваъда дод, ки фарзандонашро саробонӣ хоҳад кард, зеро Худованд ӯро аз шарафи модар будан бенасиб гардондааст. Самад бо Вилоят хонадор шуда фарзандонашро ба хонааш овард, вале кӯдакони бо бибию бобо омӯхта ҳатто як рӯз дар оилаи нав тоқат накарда бо гиряву зорӣ аз падар хоҳиш карданд, ки онҳоро назди бобою бибияшон баранд. Акнун Вилояту Самад дар танҳоӣ зиндагӣ мекарданд, зан шавҳарашро таскин медод, ки як рӯз не як рӯз фарзандонаш албатта ба хонаи падар хоҳанд омад. Самад боз ҳамон марди сарватманду аз моли дунё бениёз буд, зери пояш мошини беҳтарин ва ёру дӯстонаш гирдаш парвонавор мегаштанд. У бо як дилкушодии ба худаш хос ба ҳама кӯмакашро мерасонид, волидонаш доим дуои ҷони писари ҳоҷатбарорашонро мекарданд. Самад хонаи дуошёнаи зебоеро,ки дар лаби дарёи Вахш бино ёфта буд харидорӣ кард, соҳиби он немисе буд, ки хонаро бо тамоми нозукиҳояш бо дастони худаш сохта буд. Аммо Самад хост, ки хонаро аз нав таъмир карда баъд ба он дарояд, бо ҳамин мақсад чанд усто киро карда овард. Вилоят низ ба хонаи нав омад, зеро Самад мехост, ки занаш ҳам раванди таъмирро назорат кунаду ҳам барои устоҳо хӯрок пазад, зеро кори худаш бисёр буд. Вилоят зани сабзинати абрӯқаламӣ бо нозу ишваи зиёд бо сардори устоҳо гаппартоӣ мекарду дили усто-Носирро ба худ моил гардонида буд. Дар муддати як моҳ усто дили зани хуҷаинро ёфту бо ӯ ҳамхоба шуд. Усто дар бистар чунон нағмаҳое мекард, ки ҷавонзан дар умраш надида буд, Самади бечора бехабар аз он ки ин занаш ҳам ба ӯ хиёнат мекунад, бо ӯ хеле меҳрубон буд. Байни панҷ усто танҳо Сафар, марди намозхону порсо аз сири ҳаромии Носиру зани хуҷаин хабардор буд ва кумаку меҳрубониҳои Самадро нисбат ҳамкорон, алалхусус Носири ҳаромхиштак дида, қарор дод, ки ба Самад мегӯяд. Сафар ҳайрон буд, ки куҷои Носири сапалпо ба вилоят писанд омадааст, ки вай шавҳари хушлибоси чорпаҳлӯи зебо ва сарватмандашро гул зада ба ӯ хиёнат мекунад?! Пас аз он ки Самад аз хиёнати занаш огаҳӣ пайдо кард ва ӯро дар бистар бо Носир дошт, на овоз баланд карду на бад гуфт, занашро аз хона ронду халос… Самад ба касе аз хиёнати занаш лаб накушод, касе ҳам аз ӯ намепурсид, ки чаро аз занат ҷудо шудӣ, зеро безурёт будани Вилоятро пайвандонаш медонистанд. Пас аз ин воқеа Самад як муддат ба як марди бадгард табдил ёфт, беҳтарин бонувонро ба дом кашида ҳамроҳашон ишқварзӣ мекарду пас аз муддате онҳоро тарк менамуд. Дар назараш ҳама занон фоҳиша менамуданд, номаш миёни мардум Самади занҷаллоб шуда буд. духтараш ба шавҳар баромада соҳиби духтарча буду писараш бошад дар донишгоҳ мехонд. Касе аз дарди дили ӯ хабар надошт, модараш холаи Олима барои писари бахти бади писари зебояш хун мехурду дилаш зардоб мегашт. Охир Самади ман аз чӣ кам? Хонаҳои боҳашамати зебо, қаду қомати боло ва ҳусни расои ӯро ками дар кам ҷавонмардон соҳибанду аксар духтарони хона тайёранд зани ӯ шаванд, вале Худованд бахташро сиёҳ кардааст- шабу рӯз рӯи ҷонамозаш гириста нола мекард модар.
Шояд дуоҳои модари зор назди Худованд мустаҷоб гаштанд, ки Самад бори саввум хонадор гашт.
Як бегоҳ Самад аз хонаи волидонаш ба маркази вилоят ба ҳавлии худаш раҳсипор буд, ки дар роҳ зани ҷавонеро бо фарзандаш дид. Ҳаво торик шуда истода буду мошинҳо низ кам ба назар мехӯрданд. Дили раҳмини Самад ба ҳоли зан, ки дар қаду қомат ба духтараш Чеҳра хеле монанд буд, сӯхт ва мошинашро назди ҷавонзан нигоҳ дошт. Ҷавонзан раҳмат гӯён ба мошин нишаст. «Шумо куҷо равонаед»? - пурсид аз мусофираш Самад. «То назди бозори ноҳиявӣ», - бо сари хам ҷавоб дод ҷавонзан, ки хеле зебо буд. Хомӯшии дар салони мошин ба вуҷудомадаро саволи Самад шикаст:
- Дар ин ҳавои торик боз бо кӯдаки хурд куҷо равонаед?
-Ба хонаи апаам рафта будам, язнаю апаам ҷанг карданд, ӯ апаамро «беваи хоҳарат ҳар рӯз ин ҷо хӯрданӣ меояд»? - гуфта таъна карду аз қаҳр дар ҳамин шабӣ берун баромадам, тарсидам дар роҳ мемонам, хайрият Худо шуморо овард.
-Шумо шавҳар надоред? - боз пурсид Самад.
-Шавҳарам дар Афғонистон кор мекард, аз он ҷо ҷасадашро оварданд ва ман ба хонаи волидонам баргаштам, аз дасти янгаҳоям рӯз надорам, - гирист ҷавонзан.
- Гӯш кун,аз симоят маълум аст, ки ту хеле ҷавонӣ, ҳамсоли духтари ман астӣ, вале агар розӣ шавӣ, туро ба занӣ мегирам, ман ҳам ту барин танҳо, духтарчаатро калон мекунем, - ногаҳон таклиф кард Самад ва ҷавонзан ҳам розӣ шуд.
Онҳо рост ба хонаи падари Раъно рафтанд ва мӯйсафед бо Самад як соат сӯҳбат карда, маблағи дароз намудаи ӯро, ки қалинги ду духтари хона буданд, гирифта худи ҳамон шаб духтарашро ба дасти Самад дода фиристод…
Самади дар як шаб соҳиби зан шуда намедонист, ки ба хонааш духтари шоҳи париёнро овардааст. Раъно он қадар зебо буд, ки аз диданаш дар дили Самад ваҳм афтод. Ӯ дар торикӣ ба рӯймол печида буд ва мард ин латофатро надида буд. Дили Самад аз нав ба зиндагӣ гарм шуд. Хонааш нур даровард, Раъно бар ивази соҳибҷамол будан боз чунон ба дасту панҷа буд, ки Самад назирашро надида буд. «Қасри ман маликаи худро ёфт»? - аз дил мегузаронид Самад, вале хешовандонаш аз ин зани гирифтаи Самад он қадар ризо набуданд. Аққалан ҳамин даъфа як бо аслу насабашро нагирифтӣ, охир ҳамин бегонаҳоро аз куҷо меёбӣ- бо дард мегуфт холаи Олима. Раъно ҳамсоли Чеҳра буд ва дар як муддати кӯтоҳ бо ӯ дугона шуд. Писари шавҳарашро низ ба хона оварда, ӯро зан дод ва дар паҳлӯяшон хонаи зебоеро бунёд карда барояшон дод. Ин паричеҳра дар як муддати кӯтоҳ барои Самад ду писари нозанин таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонд. Самад дар зиндагӣ танқисие надошт, зеро фарзандонаш аз занаш розӣ буданду занаш низ бо онҳо муносибати хуби хуб дошт. Танҳо холаи Олима дар танҳоӣ ба духтараш Рухсор бо дард мегуфт:
-Аакааат ин даъфа зан не, балои ҳафтсар овардааст! Ин бача аз дасти ҳамин маликааш мемирад. Зани хуб нест, чашмони бозингараш дар гӯр, танҳо ба хотири Самад тоқаташ мекунам….
Рухсор дар ин гуна ҳолатҳо модарашро ором мекард, ки «Очаҷон, акаам янгаамро дӯст медорад, бечора Раъно ба хотири оромии зиндагияш ҳатто бо фарзандони акаам он қадар меҳрубон аст, ки ногуфтанӣ дигар чӣ мехоҳед?! Ман мурдаю ту зинда, мебинем, бо ҳасрат оҳ мекашид модар…
Зиндагии орому осудаи Самадро оташи ҷанги шаҳрвандӣ парешон сохт, зеро ҷанговарон асосан ба мансабдорону сарватмандон қасд доштанд. Самад бо маслиҳати занаш гуреза шуда, ба хонаи волидонаш рафт ва ҳамсару фарзандонаш бошанд, дар ҳамон замони нооромӣ дар ҳавлии бо ҳашамати ӯ танҳо монданд. Хушбахтона, ба ноҳияи онҳо ягон гурӯҳ сар надаровард ва молу ашёи Самад бегазанд монданд. Пас аз каме паст шудани оташи ҷанг мард ба хонааш баргашт. Вале акнун наметавонист, Раънои ба зиндагии серу пур омӯхтаро қаноатманд созад. Зан Самадро розӣ карда коркобӣ баромад ва дар тарабхонае ба ҳайси ёрдамчии ошпаз кор ёфт. Акнун Самад бо фарзандон меистоду Раъно рӯз то бегоҳ кор карда, бо сумкаҳои пур аз хӯрокворӣ ба хона бармегашт. Пули хуб низ меёфт. Самад аввалҳо азоб мекашид, ки аз ҳисоби занаш нон мехӯрад, вале Раъно «хеҷ гап не, ҳоло ҳама занон кор мекунанд»? - гӯён ӯро аз азоби виҷдон раҳоӣ мебахшид. Писари калонияш хонаашро фурӯхта ба пойтахт кӯч баст ва гоҳ-гоҳе аз ҳоли падар хабар мегирифту халос. Раъно хеле зебо либос мепӯшиду мисли духтаракон таровату зебоӣ дошт. Ин ҳусни оламсӯзи зан сардори тарабхонаро бетараф нагузошту ӯ лутфу навозишро ба ошпази зебояш арзонӣ дошт. Оқибат Раъно дасти рости хӯҷаин дар тарабхона ва ҳамбистару ҳамболини ӯ гашт. Каврак - ин марди ӯзбактабор Раъноро зиёд дӯст медошту намехост ӯ ба каси дигар тааллуқ дошта бошад, аз ин рӯ, таклиф кард, ки зани дуюмаш шавад. Ҷавонзан масти навозишҳои Каврак Самадро тамоман аз ёд бурд ва розигӣ дод. Ӯ як рӯз баъди хӯроки шом ба Самад гуфт:
- Мардак, медонам, ту ба ман хубиҳои зиёде кардаӣ, аммо ман ошиқ шудаам, барои ҳамин ҳам биё, ба хубӣ аз ҳам ҷудо мешавем… Ту маро фаҳм, ҳамагӣ ҳабдаҳ сол доштаму ба шавҳарам доданд, маззаи зиндагиро начашида, чӣ будани мардро надониста шавҳарам ба он коми бало барои кор рафту мурдаашро оварданд, ту марди хуб ҳастӣ, аммо дӯстат намедорам, акнун дар вуҷудам инқилоберо эҳсос мекунам… Самад ба чашмони зебо ва сарду бешарми занаш нигоҳ карда пурсид: -Кист ӯ, бо вай будӣ?
-Ӯ сарвари тарабхонаамон Каврак аст ва мо як сол инҷониб ба ҳам чун зану шавҳар зиндагӣ мекунем, ман ӯро дӯст медорам…
Самад аз Раънои кӯрнамак инро ҳаргиз чашмдор набуд ва ба ин гардиши бераҳмонаи қисмат тоб наоварда, дилашро дошта дар ҷойи нишасташ якпаҳлӯ афтид… Ҳамин тавр Самад- марде, ки аз зан ҷуз хиёнат чизи дигаре надида буд, оламро падруд гуфт. Раъно сари тобути шавҳараш нолаҳо мекард, вале чашмашро аз анбӯҳи мардон, ки миёнашон Каврак низ буд, намеканд. Хоҳари ягонаи Самад - Рухсор медонист, ки акааш бо аҷали худаш намурдааст ва бо алам навҳа мекашид:
-Во акаи бадбахти ноосудаам…
Рухсор бо алам нола мекарду пеши назараш симои азизи модараш падид меомад: гӯё ӯ низ дар бараш истода паст – паст менолид:
- Ман мурдаю ту зинда, ҳоло мебинем….
Зебуннисо Ҷӯраева


Комментарий №1    Написал: WilliamRhype    4 февраля 2017 06:33    Цитировать
!
, .
.
?


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"