Чархи Гардун
3.06.2016 11:49

Кудаки тарсу ва касосгир

Кадоме аз ин манзараҳо воқеиянд? Муаммоест сарбаста! Ҳама гап ҳам сари ҳамин аст, ки мо ба олами воқеӣ чӣ гуна ва аз кадом зовия менигарем. Худованд ба мо доираи тафаккур ва тасаввуроти якранг ато накардааст, аз ин рӯ, мо олами атрофро ба таври худ дарк мекунем ва баҳо медиҳем.
Баъзан дар назди ҳазрати ақл ҳайрон мемонам: Чаро мо рафтору кирдори кӯдаки худро беасос ноҳақ мебарорем? Яктарафӣ ва ҳукми бепояи мо нисбати андеша ё ахлоқи кӯдак аз куҷо сар мезанад, ки гӯё «хуни ҷигар хӯрда» хулосаи «дурусту ҳаққонӣ» ва дар чорчӯбаи гунбади ақли худ шахшуда» -ро ба дӯши кӯдак бор мекунем? Вале сабаб чӣ бошад, ки ҳамаи ин амали худро ҳамчун қоидаи муқаррарӣ ҳақ мебарорему кӯдакро бо зулму тааддӣ зери ниқоби «тарбия» ба «роҳи рост» мекашем? Ва боз афсӯс ҳам мехӯрем: Кӯдакони мо шахшудаанду мустақилона амалеро ба сомон расонда наметавонанд.
Ҳамчун «муште аз хирвор» истинтоқҳои поёниро кадом кӯдаки тоҷик (ё падару модари ӯ) боре аз волидайн ё калонсолони хонаводаи худ «инъом» нагирифтааст:
- Гапи ман ба ту таъсир намекунад? Ин тавр бошад, бо химча адабатро медиҳам…
- Ҳаваси хондан (ё боғчаравӣ, ё кори дигар) надорӣ, пас аз хона дафъ шав!
Ва баъди ин гуна ултиматум масъала ҳатман «ҳалли худ» -ро меёбад, албатта, бе дилсиёҳӣ не!
Ё тасаввур кунед, ки модар (ё падар) фарзанди 5-6 солаи худро барои кадом як гуноҳаш (ҳарчанд кӯдак аллакай хатои худро пай бурда бошад ҳам) дар кунҷи хона рост намуда, бо ваҷоҳати ваҳмзо хашмгинона ба сараш дод мезанад. Ӯ аз худ дилпур аст, ки баъди ин тарсондан кӯдакаш дигар ҳаргиз қадами беҷое намегузорад. Вале кӯдак чӣ? Ӯ дар кадом хусус фикр мекунад? Аниқтараш дар қалби кӯчаку ҳанӯз беолоишаш тухми кинаву бадбинӣ ба нумуъ оғоз менамояд ва ё дар майнааш роҳи интиқом ситондан ба гардиш медарояд. Зеро баъди чунин намуди «тарбия» дар хотири кӯдак танҳо саҳнаи ба сараш додзаниву муштбардорӣ ва мисли даррандаи ваҳшӣ дандон тез кардани волидайн, мураббия ва омӯзгор нақш мебандаду бас!
Худатон иқрор шавед: тавассути чунин тарбия мо ҳақ дорем, кӯдакамонро таъна занем, ки ӯ ноӯҳдабаросту ҳунари мустақилона анҷом додани кореро надорад? Магар дуруст намебуд, ки барои кӯдак ҳамчун ҷазо ҷойи мушту лагаду тасмаву химча танбеҳе дигар таъйин намоем, то ибратомӯз бошад, на тақдирсӯз! Чунончӣ, ҷое хонда будам ё шунида, ки устод Лоиқ ҳамчун ҷазо дар ҳоли беадабие зоҳир кардан фарзандонашонро водор месохтаанд, то китобҳояшонро аз рафҳо гирифта, тоза намуда, бозпас ба ҷояшон гузоранд. Чӣ ҷазои одилонаву ҳикматандӯзест, ки ду фоида доштааст: ҳам китобҳо аз гарду чанг покиза мешаванд, ҳам дар рафти иҷрои «ҷазо» сухане, байте, ҷумлае дар ёди «адокунандаи ҷазо» боқӣ хоҳад монд. Охир, ҳарчанд дар урфият, барғалат «Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» мегӯянд, вале дар ягон замоне касе надидаасту нашунидааст, ки инсон аз зарби мушту лагад ё тундгӯиву дағалрафторӣ аққалан пӯст иваз карда бошад.
Шояд агар мо медонистем, ки кӯдак дар бораи чораҳои нисбати ӯ раво медидаамон чӣ андеша дорад, вазъияти ба сараш омадаро чӣ гуна дарк мекунаду шарҳ медиҳад, он гоҳ мо ба ҷаҳони ботинияш амиқтар фурӯ мерафтему бо ӯ «забон» ёфта метавонистем.
Боре писарбачаи мактабхоне ноадолатиҳои волидайнашро, ки дар вақташ ба ӯ раво дидаанд, ислоҳ карданӣ шуда, ба ман гуфт:
- Дадааму очаам ҳавсалаи гапи маро шунидан надоранд. Онҳо мегӯянд, ки мо паст гап мезанем ва бар замми ин, нимашро «мехӯрем»».
Биёед, беҳтараш пахтаро аз гӯшамон баркашему нидои дили худи кӯдаконро шунавем. Шояд ягон гуфтании муҳиме доранд?
Ин сӯҳбат бо кӯдакону наврасони синни 12 - 17 cолаи кишварамон, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ба шарти ваъдаи ифшо нагардидани ному насаб ва маҳалли иқомату муассисаи таълимияшон, сурат гирифтаааст. Ҳадаф дарки моҳияти масъала ва қазовати нидои дили онҳост, ки мағзи он ҳаволаи хонандаи гиромӣ мегардад.

Нодир, 13 – сола:
- Агар ман ҷои падарам мебудам, писари худро ҳеҷ гоҳ намезадам. Барои он ки аз зарби тасма кӯдакон аз будашон ҳам мбадтар мешаванд. Дар дилашон ҷои меҳр, кинаву қасос пайдо мешавад ва рафта- рафта онҳоро ба золимиву бераҳмӣ мерасонад. Ва ин хел падар ба кӣ даркор? Агар кӯдак гапнодаро бошад, ӯро задан шарт нест, ба вай фаҳмондан даркор. Шояд як-ду бори аввал вай нафаҳмад, аммо ба ӯ фаҳмондан лозим, ки рафтори хато ё ношоистаи содирнамудааш чӣ оқибат ва чӣ зарар дорад. Ана, чашми маро мушту лагади падарам чунон тарсондааст, ки натанҳо ба рӯи вай нигоҳ карда наметавонам, балки агар ягон чизро «ба ман деҳ» гуфта муроҷиат кунад ҳам, ҳинни ду – се қадам ба ӯ наздик шудан он чизи нозук ногаҳон аз дастам меафтаду мешиканад ва ман боз шатта мехӯраму гап мешунавам. Ҳатто бо ягон рафиқам гапамон гурезаду дастбагиребон шавем ҳам, аз зарбаи аввал ман худро бой медиҳам. Дар бораи мақсадамро ба падарам фаҳмондан бошад, ҳоҷати гуфтан ҳам нест. Ҳамаи мушкилоти худро ман бо миёнаравии модарам ба падарам мефаҳмонам. Шояд ҳамин хислатам бошад, ки апаам маро духтармиҷоз гуфта масхара мекунад…
Шаҳло- 17 – сола:
- Асоси тарбия он аст, ки кӯдак бо адолат ба воя расад. Масалан, нохост пиёларо шикастам ва ё баҳои «ду» гирифтам. Маро коҳиш кардан чӣ даркор? Охир, ман худам ҳам инро намехостам -ку. Ғайри ин, аз тарафи дигар барои «ду» гирифтанам волидонам гунаҳгори асосиянд. Ман шабона сари миз нишаста дарс тайёр мекунам. Додари хурдиям – Далер инҷиқӣ намуда, ба ман мечаспад ва халал мерасонад. Ман ба ӯ ҳарчанд мефаҳмонам, намефаҳмад. Баъд ба сараш дод мезанам. Вай бисёр эрка аст, якбора бо тамоми овоз хонаро ба сараш мебардорад. Модар ё падарам, ки аксар вақт дар хонаи дигар сериал тамошо мекунанд, бе пурсиш маро айбдор мекунанд. Ман аламам меояд, ки чаро онҳо ба додарчаам бовар мекунанду ба ман не? Охир, онҳо метавонистанд пешакӣ Далерро фаҳмонанд, ки ба ман халал нарасонад. Оё ин аз рӯи адолат аст? Баъди чунин ноадолатиҳо дар вуҷуди ман нисбати додарам як ҳисси бадбинӣ пайдо шудааст. Ва ҳар гоҳ пайти муносиб ёфта, қасдамро аз ӯ меситонам.
Нозигул – 14 сола:
- Модари ман бисёр зани меҳрубон аст, вале вақте асабҳояш таранг шуданд… Бо вуҷуди ин ман бисёр мехоҳам, ки ба ӯ монанд бошам. Агар гуноҳе кардам, ӯ маро дар кунҷи хона рост мекунаду ба дастам курсӣ медиҳад, то чанд муддат болои сарам нигоҳ дорам. Як бор модарам маро чунин ҷазо дод. Дар дил ӯро дашном медодам. Ногоҳ ба гӯшам садои фиқ-фиқ гиристани вай расид. Модом, ки модарам мегиряд, дӯстам медорад. Якбора дилам нарм шуд. Модари бечораи ман! Вай ҳамеша ғами маро мехӯраду дар бораи тақдири худ боре ҳам фикр намекунад. Ман бошам, ба ҷои ба ӯ кӯмак кардан ҳатто гапашро мегардонам. Беихтиёр дар чашмонам об ҳалқа зад… Баъди ин зиндагӣ дар назарам тобиши нав гирифту ширин намуд бо ҳама гармиву сардӣ ва талхиҳояш. Охир, ман дар дунё ғайри модар каси мушфиқе надорам.
Зафар – 13 cола:
- Барои писар тарбия бояд аз машқҳои варзишиву техникӣ иборат бошад. Барои духтар чизе лозим нест. Масалан, ӯ нодону аҳмақ бошаду бо вуҷуди ин зебо, ҳаминаш бас. Ақли ӯ ба кӣ даркор? Асосаш дар кӯдакон бояд бо калонсолон муносибати хуб карда тавонистанро омӯзанд. Одами бад хушбахт буда наметавонад. Бадияш кадом рӯз сарашро мехӯрад. Одам меҳрубон бошад, дар ҳолати камбағал буданаш бо ҳама муомилаи хуб карда метавонад, аз ин рӯ, ӯ хушбахт аст. Пеш аз ҳама ман мехостам, ки вақте падар шавам, фарзандонам хушбахт ба воя расанду ҳеҷ гоҳ ман аз барои онҳо дар байни ҷӯраҳоям хиҷолат накашам. Шарти иҷрои ин мақсад ба якдигар меҳрубон будани аҳли хонавода аст.
Рухшона – 15 сола:
- Модари ман боре ҳам ману хоҳаракамро назадааст. Вале агар гуноҳе кунем, ё гапашро гардонем, чунон фикрҳои афсонамонандеро аз худ мебофад, ки…
Боре хоҳарчаам саҳар (ӯ панҷсола аст) ҷойгаҳашро нағундошт. Модарам ҳарчанд исрор кард, нашуд. Як, ду, се рӯз гузашт, ӯ ба ин танбалӣ одат кард. Ана ману модарам дукаса фикр карда, ба чӣ хулоса омадем: Рӯи кати нағундоштааш як мушаки пластмассиро гузоштему худро нодида гирифтем. Вақти хоби ӯ ҳам фаро расиду чашмонашро молида сӯи ҷогаҳаш рафт. Мушакро дидан замон додгӯён сӯи содарам давид: – Очаҷон, ин мушакро бинед, маро хобидан намемонад, ман метарсам. Модарам худро ба нодонӣ зада, китф дарҳам кашид: – Ман ҳам намедонам духтарҷон, чӣ кор кунам. Охир, мушҳо дар ҷойгаҳи нағундоштаи тайёр хобиданро дӯст медоранд. Бин, чӣ хел бароҳат хобидааст. Акнун ту минбаъд куҷо мехобӣ?
Хоҳарам ваъда дод, ки дигар каташро нағундошта намегузорад. Ману модарам мушаки сеҳрнокро руст кардем, ки шояд боз ба кор ояд, вале он дигар даркор нашуд.
Шарафҷон – 16 сола:
- Кӯдак бояд рафиқашро худаш интихоб намояд. Падари ман иҷозат намедиҳад, ки бо як ҷӯраам бозӣ кунам. Вале ман рустӣ бо ӯ дӯстӣ мекунам. Маҷбурам, ки падарамро фиреб диҳам. Худам ҳам мефаҳмам, ки падару модарро фиреб додан хуб нест, вале чӣ кор кунам, ки ӯ ба ман маъқул асту ман ба ӯ. Бояд падару модарам ба ман фаҳмонанд, ки кадом хислатҳои ҷӯраам дар тарбияи ман зарар мерасонад. Шояд ин хислатҳои зарароварашро ман ба ӯ фаҳмонда тавонаму вай оҳиста – оҳиста аз онҳо даст кашад.
Боре ману ҷӯраам гапамон гурехт. Бегоҳ ба хотири оштӣ шудан ба вай занг задам. Ба ҷои ӯ гӯшакро модараш бардошту маро беист ҳақоратборон кард. Дар натиҷа, ману рафиқи ҷониям то ҳол қаҳрием. Агар волидайн ба мо имконият медоданд, шояд мо як андоза донотару зирак мешудем? Ҳамин мушкилоти дар рафтору гуфтор мустақил ва озод набудан ба мо таъсири бади худро мерасонад. Моро бояд аз кӯдакӣ дар интихоб мустақил буданро омӯзанд, то оянда дар чорроҳаи зиндагӣ раҳгум назанем.
Нидои дили ин кӯдакону наврасонро гӯш дода, ҳайратам меафзояд: Онҳо то чӣ андоза ҷиддӣ, амиқ ва ҳаётӣ дар бораи муносибату муомила ва усули бархӯрди калонсолон муҳокимаронӣ мекунанд…
Аз кӯча мегузарам. Духтаракон бо лӯхтакҳои худ бозӣ доранд. Рафтору нидои духтарчае ҳушу хаёли маро сӯйи худ мекашад. Ӯ беист «бачааш» –ро бо ҳамон оҳанге, ки аз модараш шунида буд, дашному сарзанишҳои болохонадор мекунад, духтараки ҳампаҳлӯяш бошад, ба гӯши «ҷигарбандаш» маҳин- маҳин бо навозиш суруди алла мехонад, то ором бихобад. Бешубҳа, ҳар кадоме ҳамон тарзи муомилаеро бо «фарзанд» –и худ такрор мекард, ки аз волидайни худ сабақ гирифта буд.
Он духтаракон низ албатта, ба воя мерасанд ва дарси аз падару модар омӯхтаашонро ба фарзандони худ мерос мегузоранд. Вале фаромӯш набояд сохт, ки инсон хоҳ бузург бошад, хоҳ кӯчак, дар зиндагӣ бояд нақши худро офарад. Ин нақш чӣ гуна хоҳад буд, ба устоди сабақдеҳ вобаста хоҳад буд.
М. Мақсадуллоҳ


Комментарий №1    Написал: zion101    26 июля 2016 08:19    Цитировать
мы выдаем кредиты на развитие бизнеса заинтересованным клиентом, которые ищут для кредита, чтобы улучшить свой бизнес, мы можем помочь своим предприятиям кредиты. Мы можем помочь вам, предоставляя вам деньги, чтобы начать свой бизнес или расширить существующий бизнес. Минимальная сумма составляет $ 10000. Максимальная сумма составляет 20 миллионов долларов. Чтобы получить более подробную информацию по электронной почте: zionfinance01@gmail.com


Комментарий №2    Написал: WilliamRhype    4 февраля 2017 05:54    Цитировать

, .
.
?


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"