Чархи Гардун
3.06.2016 11:52

Зани зебо, вале дузд

-Шумо ҳардутон ҳамроҳен, як моҳ пеш як костюми панҷсадсомонии мара дуздиден, - аз гиребони зан дошта фарёд мезад як зани савдогар. Хонуми ба ҳамдастии дузд айбдор шуда бошад, аз вай баландтар дод зад:
-Ма дар кастумт р…., даказат кн, ки ма дздидам, беваи шарманда дар судт метм…
Ҳамин дам марди тоқидори тахминан 50-55 сола ҳозир шуда, савдогаронро як тараф карду ба зан насиҳатомез гуфт:
-Хоҳар, ба хотири ҳамин кӯдак, имрӯз ҳам ба ту чизе намегӯем, аммо дониста бош, ки дуздию ғарӣ ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад, як рӯз-не як рӯз шарманда мешавӣ. Ун ҳафта мо дар камера дидем, ки ту костюми ана ҳамин келини маро гирифта, ба дугонаат додию ӯ дар як дам ғайб зад. Имрӯз бошад, рӯймол дуздидаед. Афсӯс, ҳамин хел зани зебо, вале дузд…
Дами зан каме ба дарун зад, вале худро бой надода гуфт:
- Ку ҳаму записа ба мара нишон деҳ, э ма мошин, хонаи дуошёна ва шавҳари сарватманд дорум, туф кардам дар молои ҳароми китайскитон!!!
Зан дасти писарашро гирифта дар байни издиҳом нопадид шуда рафт, ман бошам, гӯё дар дуздӣ ӯро не, маро дастгир карда бошанд, эҳсоси шадиди хиҷолат дар дил бозорро тарк гуфтам….
Як ҳафта боз ин манзара ба ёдам омада, дилам сиёҳ мешавад, ҳеҷ бовар карда наметавонам, ки як зани, ба қавли як дӯстам, «зебоии классикӣ»-и тоҷикӣ дошта даст ба дуздӣ занад, вале афсӯс чунин будааст.
Хешамон Шералӣ, ки дар бозори «Корвон» мағозаи либосҳои занона дорад, нақл кард, ки як гурӯҳи занҳое ҳастанд, ки ба мағозаҳо даромада, ин ё он колои пурқиматро аз қабили палто, костюм ё боронӣ медузданд. Чун як боронии қиматбаҳои туркиям гум шуду камераи назоратиро аз назар гузаронидам, маълум шуд, ки онро чор нафар зани зебою олуфта дуздида будаанд. Яке онро барои андоза ба бар карду хурд аст, гӯён маро барои гирифтани андозаи калонтар равон карда, зуд онро печонида ба дугонааш дод. Дар навор медидам, ки мани сода боз чанд боронии дигарро оварда, ба он зан додам, ки чен кунад. Ӯ баъди понздаҳ-бист дақиқа «намешавад» гӯён баромада рафт. Танҳо рӯзи дигар дидам, ки боронии аввал чен кардаи зан ғайб задаст, - мегӯяд бо хандаи талх Шералӣ.
Чун зан назди фарзандаш дуздӣ мекунад, пас чӣ ҳоҷати таҳлили ин рафтори занони боронии хешамонро дуздида?! Худоё, зан агар ин асту модар ин, пас фарзандони моро кӣ ба роҳи рост ҳидоят менамояд? Ин саволест, ки дар ҷавобаш ҳайронам…
Лолаи Саидакбар


Комментарий №1    Написал: zion101    26 июля 2016 08:18    Цитировать
мы выдаем кредиты на развитие бизнеса заинтересованным клиентом, которые ищут для кредита, чтобы улучшить свой бизнес, мы можем помочь своим предприятиям кредиты. Мы можем помочь вам, предоставляя вам деньги, чтобы начать свой бизнес или расширить существующий бизнес. Минимальная сумма составляет $ 10000. Максимальная сумма составляет 20 миллионов долларов. Чтобы получить более подробную информацию по электронной почте: zionfinance01@gmail.com


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"