Deprecated: mysql_escape_string(): This function is deprecated; use mysql_real_escape_string() instead. in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/classes/mysqli.class.php on line 162 Чархи Гардун » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

Чархи Гардун
3.06.2016 10:51

1 июн – Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон

Фардои дурахшон ё устухони гулӯ?
Фардо рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон аст. Ва мо, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ҳастем, ҳатман дар таҷлили ин маъракаи муҳим низ ташаббусро аз даст намедиҳем. Кӯчаҳо аз шиорҳои обшустае чун «Кӯдакон фардои дурахшони ҷомеаанд» гул мекунанд, аз минбарҳои баланд ин суханони забонзадшуда мутантан садо медиҳанд, созмонҳои хайрия дар ВАО аз некиҳои яксолаи худ ҳисобот медиҳанд, бархе корхонаву ашхоси «хайрхоҳ» намоишкорона тӯйҳои суннатии дастаҷамъона мегузаронанду ба ятимхонаҳову тоифаи камбизоат тӯҳфаҳо месупоранд ва аз оинаи ТВ миннат мениҳанд… Умед ба фардои дурахшон танҳо ба кӯдаконе дахл дорад, ки аз тифлии беғаш бархурдоранд, дар мактабҳои байналмилаливу литсейҳои ҳозиразамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва маишати оилавиашон ҳамаҷиҳата таъмин аст, яъне бесоҳиб нестанд. Вале аксари кӯдакони, ба истилоҳ оворагард, мисли ангушти шашуманд. ки агар бибуранд, дард кунад, агар бигузоранд, айб бувад.

31.03.2014 10:15

МАРАТ ОРИФОВ: Беҳтарин унсурҳои зиндагиро аз Шарқу Ғарб омӯхтам

Баъди хондани даҳҳо мақолаҳо дар матбуоти тоҷику ӯзбек ва русу дигар халқҳои умумииттифоқ хостам, бо писари Артисти Халқии СССР Тӯҳфа Фозилова- Артисти Халқии РСС Тоҷикистон, актёр ва коргардони машҳури кинои тоҷик Марат Орифов, ба синни пурбаракати 79-солагӣ расидааст, сӯҳбате дошта бошам. Тибқи мувофақаи телефонӣ бояд сӯҳбати мо рӯзи шанбеи 14 март соли равон дар манзили ӯ доир мегардид. Манзили вай дар кӯчаи собиқ 8 март, баъдан Ғанӣ Абдулло ва ҳоло Ҳанифа Мавлонова сурат мегирифт. Тибқи ваъда ба манзилаш омадам. Дарвозаи оҳанинро тақ-тақ задам. Баъди чанде зане бо забони русӣ аз даруни дарвоза гуфт:

31.03.2014 10:14

Шарораҳои филизи нуқрафоми «Талко»

Дар оғози гузориш зикр мекунам, ки ман ҳаргиз расман касби журналистиро ба ягон вазифа, мансаб, касабаи сердаромад иваз намекунам. Зеро чун худамро дар олами ҳастӣ эҳсос кардам, бо нону намаки журналист, дастмузди ин касби пурифтихор ба камолот расидам.

31.03.2014 10:11

Қурбони ваҳшоният

Мудҳиштарин ҳодиса ва сангинтарин фоҷеа дар рӯзгори одамон ин аз ҳаёт маҳрум сохтани инсон - фарде аст, ки чун дигарон зистану кор кардан, оила бунёд намудан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан мехоҳад. Вале на ҳамеша ин орзуҳо амалӣ ва хостаҳо иҷро мешаванд, зеро ҳаёт гоҳе бераҳму сангин аст. Агар гурӯҳе дар пайи ободӣ, пешрафт ва анҷом додани корҳои хайр кӯшиш намоянд, тоифаи дигар дар пайи озори одамон шуда, бо ҷоҳилию бадрафторӣ ва амалҳои зишти худ ба дигарон дарду ғам ва оҳу афсӯсро ба ёдгор мегузоранд.

31.03.2014 10:07

Милитсия хабар медиҳад

Куштори домод
Истиқоматкунандаи ноҳияи Ғончӣ Ф. Кенҷабойи 60 сола, шабона дар ҳавлии истиқоматиаш, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, шаҳрванд Ф. Шуҳрати 38 соларо, ки бо духтараш Ф. Ганҷина дар ақди никоҳи мусулмони зиндагӣ мекард, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, ба ҳалокат мерасонад. Сабаби содир гардидани ҷинояти куштор тафтиш карда мешавад.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 ... 502


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Декабрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"