Warning: fopen(/var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/cache/informer_1_ab81a01d70dfed850894655b5903e732.tmp): failed to open stream: Disk quota exceeded in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 338 Warning: fwrite() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 339 Warning: fclose() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 340 ҲАР КӢ МОРО ХОР КАРД, АЗ УМР БАРХӮРДОР БОД » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

29.07.2010 10:57

ҲАР КӢ МОРО ХОР КАРД, АЗ УМР БАРХӮРДОР БОД

ҲАР КӢ МОРО ХОР КАРД, АЗ УМР БАРХӮРДОР БОД
ё ҷавоби Шабнам ва Сурайё Қосимова ба мактуби Баҳром
Бо камоли эҳтиром ва ихлосмандии бепоён ба раиси ҶДММ «Чархи гардун» ва муҳаррири ҳафтаномаи «Зан ва мард» арз менамоем, ки бо вуҷуди серкор буданамон пайваста вақту имкон пайдо намуда, ҳафтаворҳои писандида, аз ҷумла «Зан ва мард»- ро мутолиа мекунем. Ростӣ, дар саҳифаҳои ҳафтавор оид ба кору рӯгзори санъаткорони тоҷик мавод дида, хушҳол мешудем. Сипосгузорем ба ҳамаи он мухлисоне, ки тавассути ҳафтавори шумо ба унвони мо мактуб ирсол менамуданд, аммо…
Ҳеҷ гумон надоштем, ки вақтҳои охир шояд ба хотири пур кардани саҳифаи ҳафтавор ба бӯҳтону бадном кардани номи санъаткорон даст мезанед. Ману ҷигарбандонам Шабнаму Фарзона ба кӣ бадие раво дидаем, ки шумо тариқи сатрҳои нафратангез сӯямон санги маломат мепартоед? Бояд қайд кард, ки мо то имрӯз ягон нафаре аз ҳамсӯҳбатони хеш ва онҳоеро, ки ба номи мо мактуб менависанд, надидаему намешиносем ва ба касе фармоиш низ надодаем, ки моро таърифу тавсиф намояд. Чаро ҳар ҳафта нисбати мо маводи таҳқиркунандае ба чоп медиҳед? Магар ин этикаи журналистӣ аст?! Зиёда аз ним сол аст, ки мо, аҳли оила бо ғами худ гирифтор буда, сабру таҳаммул пеша намуда, аз Худои мутаъол умедвори ба озодӣ баромадани ҷигарбандамон Фарзонаро интизорӣ мекашему нисбат ба касе ҳарфи баде ба забон намеорем. Аслан дар тинати мо ғайбату бадгӯии инсон нест. Чаро шумоён нафаҳмидаю насанҷида навиштаҳои ғаразноки ҳар касро, ки тариқи занги телефон, мактуб ва СМС равон мекунанд, ба чоп медиҳед? Кӣ шоҳид буд, ки ҳунарманде бо Муин ҳамхоба гашт?! Магар муаллифи нома Баҳром миёнарав ё ҷойгаҳандоз буд, ки барои хизматаш ҳақ нагирифтаасту ба шикоят рӯ овардааст? Ё ин ки ҳамроҳи ҳунарманде ба хориҷи кишвар сафар намуда, байни ҳунарманду афғонбача миёнарав буд, ки ин ҳамаро медонад? Ва ё ҳангоми рақсҳои «мавзун» - и ҳунарманд вазифаи пулҷамъкуниро дошту аз ҳамон пулҳо бенасиб монд, ки чунин суханони нафратангезу қабеҳро нисбат ба ҳунарманде навиштааст? Новобаста ба ҳамаи ҳамин мо ба тамоми мухлисону бадхоҳонамон арзи сипос намуда, аз забони Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гуфтанием:
Ҳар кӣ моро ёд кард, эй зид м - ар ӯро ёд бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод…
Шабнам ва Сурайё Қосимова


Комментарий №1    Написал: беном    23 октября 2010 13:59    Цитировать
сарулибоси точикиро бипушед хуб мешад


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"