27.01.2011 08:33

ДОМОД ДЕВОНА БУДААСТ

Якуним моҳи оиладорӣ бо маросимҳои зиёди арӯсӣ гузашт. Як шом домод нохост ба шӯру қиём омада, бо баҳонаи ночизе…
Ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ- судӣ Рафоҳат ном зане бо аломатҳои латукӯб муроҷиат кард. Аз ҳикояти ӯ маълум гардид, ки се сол пеш ба ҳавлии онҳо як марду зан меҳмон шуда, аз падари ӯ хоҳиш мекунанд, ки онҳоро шаб ҷой диҳанд. Ба гуфти худашон онҳо барои чанд танга ёфтан аз бозори «Корвон» мол гирифта, ба деҳаашон бурда мефурӯшанд. Имрӯз дер шуд, фардо субҳ борашонро мегиранду ба Ҷиргатол бармегарданд. Нархи меҳмонхона гарон аст ва аз чунин тиҷорат суде намемонад. Падари Рафоҳат, ки марди боимон аст, кори савоб мешавад, гуфта ризоият медиҳад.
Тадриҷан рафтуомади ин меҳмонон зиёд шуда, бо аҳли оила унс мегиранд ва рӯзе хоҳиш мекунанд, ки барои мустаҳкамкунии дӯстӣ духтари соҳибхонаро барои писарашон келин кунанд. Рафоҳат бинобар дурии роҳ ва одамони бегона розӣ нашуд, вале меҳмонҳо дили падарашро ёфтанду ӯро келин карданд. Падари дилсоф гумон ҳам намекард, ки аз ин оила ба ӯ ягон бадӣ мерасад. Охир бар ивази некӣ – некӣ мебояд.
Якуним моҳи оиладорӣ бо маросимҳои зиёди арӯсӣ гузашт. Як шом домод нохост ба шӯру қиём омада, бо баҳонаи ночизе ба сари арӯс даст бардошт. То волидонаш бохабар шуда омаданд, ки даҳону бинии арӯс пури хун шуда, аз гуфтору рафтор монд. Падари домод зӯран писарашро ба хонаи дигар бурда, ором кард ва дору дод. Ин ҳол ҳар сари чанд вақт такрор мешуд: нохост сари домод вайрон гашта, арӯсашро бераҳмона латукӯб мекард. Модари домод иқрор шуд, ки писараш бемории рӯҳӣ дорад. Барои ҳамин арӯсро аз роҳи дур интихоб кардаанд. Хоҳиш кард, ки ақаллан як фарзанд шаваду аз онҳо нишона монад. Арӯси бадбахт дар хусуси бемории шавҳараш ба волидонаш чизе нагуфт. Ду сол гузашт, аммо домод шифо наёфт, фарзанд ҳам нашуд.
Ниҳоят шабе домод арӯсро чунон бераҳмона зад, ки зӯри волидонаш ҳам барои ҳимояи келинашон нарасид. Арӯсро ба хонаи хешовандон бурда пинҳон карданд ва барои пешгирии фоҷиа субҳи барвақт ба хонаи падараш бурда монданд ва Рафоҳат барои талоқ гирифтан ҳуҷҷатҳоро тахт намуд. Экспертизаи тиббии судӣ аломатҳои зиёди зӯровариро дар ҷисми зан тасдиқ кард. Азбаски бо шавҳари мубталои бемории рӯҳӣ зистан маъно надорад, суд ақди никоҳи онҳоро бекор кард. Аммо дар ин қазия Рафоҳати аламзада намедонад аз кӣ домангир шавад: аз бемории шавҳараш, аз волидони шавҳараш, ки дидаву дониста ӯро барои писари беморашон келин кардаанд ё аз падари худаш, ки ба одамони ношинос некӣ карда, боре писарашонро надида, ба хостгории онҳо розӣ шуд. Беҳтарин роҳи ҳали чунин қазия ва пешгирии мусибати оилавӣ ин дар ҳолати хуб надонистани ҷавони домодшаванда талаб кардани гувоҳномаи тиббӣ дар бораи саломатии ӯ мебошад. Ин шояд ба таомули миллӣ рост наояд, вале пинҳон доштани бемории писари худ ва дидаву дониста бадбахт кардани фарзанди як хонадони дигар ҳам аз хислатҳои писандидаи мардуми мо нест.
Зебинисо Маҳкамзода, лаборанти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи
тиббии судӣ.
Аз идора:
Хонандагони азиз, воқиае ки ҳозир шумо хондед, дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ бисёр рух медиҳанд. Бисёр волидайн домодшавандаро на танҳо ба духтарашон муаррифӣ мекунанд, балки бо суханҳои «хайр, вай ҳам мисли писаронамон одам будагист» надидаю авлоди онҳоро наомӯхта духтарашонро медиҳанд, ки оқибат мисли қаҳрамони қиссаи мо бадбахт ва хонавайрон мешаванд. Амали намудани пешниҳоде ки муаллифи мақолаи боло ба миён гузоштааст, яъне талаб кардани маълумотномаи тиббӣ дар хусуси вазъи саломатии домод, чандон осон нест. Зеро он метавонад боиси ранҷиши хостгорон ва волидайни домод шавад. Аммо ба андешаи мо он дар ҳолатҳои зарурӣ ягон ҷойи бадӣ надорад. Шумо чӣ мегӯед? Хоҳишмандем фикру мулоҳизаҳоятонро ба мо нависед. Ҳамчунин метавонед агар шоҳиди чунин воқиаҳо шуда бошед ва ё аз касе шунида бошед, нависед. Нишонии мо: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16. Почтаи электронӣ: meraf@mail.ru


Комментарий №1    Написал: Грез наворбардор    27 января 2011 12:12    Цитировать
"Оби дари хона лойолу" хозир итари девона псих сарвайрон пурай этиёт шавед. Падару модарони азиз хостгорки омад бодухтаратон маслихаткунед рози хаст ё не аку игапои маву очата падару модармон хшкад гуфта Удаврахо гзашт пурсен бинен санчед аз амсояош пурсен бад ахволатон ХУДО...


Комментарий №2    Написал: Teshaboi    29 января 2011 03:28    Цитировать
savoli digar in ast ki charo chunin'domodhoi devona' ziyod hastand.
Fikr mekunam in natijai on 'xotirahoi rangini' solhoi 90 ast ki holo ta'sirashro nishon doda istodaast,
vale hanuz kujosha didi?
Millati Tojik ba rawonkoroni xele xub tahsilkarda ehtoyoj dorad, ki mardum tavonand masalan, az tariqi televizion va radio bo onho savolujavob kunand, inchunin dar bemoristonho ba onho kumaki xube rasonda shavad (az tariqi mushovira, dorudarmoni va ghaira)


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"