27.01.2011 08:33

КӢ ДАР ОВОНИ ҲАЖДАҲСОЛАГИАШ…

Аз 1-уми январи соли 2011 синни никоҳ барои духтарон аз 17 ба 18 гузаронида шуд. Мо тасмим гирифтем то назарпурсие анҷом дода, андешаи мардумро дар бобати ин мавзӯъ бифаҳмем.
Оминаи Абдухолиқ – дӯзанда аз шаҳри Кӯлоб:
«Чаро мардуми мо қонунро риоя намекунанд?...»
- Агар мо аз рӯйи қонун амал намоем, бовар кунед, ба манфиати худамон аст. Вале аз чӣ бошад, ки мо, мардуми тоҷик, дар бисёр маврид ба қоидаву қонун риоя намекунем. Аслан як сол боло рафтан он қадар нақш ҳам намебозаду ба ҳар ҳол хуб аст. Агар қонуни мо танҳо дар қогаз намонаду ақаллан 50 – 60 фоиз иҷро гардад, умед дорем, ки беҳтар хоҳад шуд.
Маърифат Каримова – ороишгарӣ толори занонаи «Меҳр»:
«Духтарони ҳозира пухтаанд…»
- Азбаски ман ҳамеша бо духтарон кор мекунам, ба чунин хулоса омадам, ки ҷавондухтарони мо бо таъбири халқи гӯем «пухта расидагӣ»- анд. Масалан, ба хотири муқоиса як ҷавондухтари насли пешин ва насли ҳозираро мушоҳида мекунем. Агар як суоле, ки марбут ба оиладорист ба миён гузорем, духтари насли нав бидуни ҳеҷ мушкилӣ ҷавоб медиҳад. Аммо духтари насли пешин бошад, ба андеша фурӯ меравад ё донад ҳам, барои ифшо намудан истиҳола мекунад. Бинобар ин, андешаи духтарони ҳозира тамоман дигар аст. Хуб шуд, ки синни никоҳ ба 18 гузаронданд. Бигзор аввал духтарон хонда, соҳиби касбу кор гарданд ва баъдан ба шавҳар бароянд.
Наргис Ӯрунова – корманди Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ:
«Модар бояд бомаърифат бошад»
- Дар ин маврид фикри шахсии ман чунин аст, ки хуб мешуд, духтарон пас аз хатми мактаби миёна ба ягон донишгоҳу омӯзишгоҳ дохил шуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Агар модар бомаърифат бошад, маънавиёти баланд дошта бошад, фарзандонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия менамоянд.
Рустам Одинаев - донишҷӯи ДИТ:
«Телефони мобилӣ одоби духтаронро коста мекунад…»
- Шахсан ман духтари ҳабдаҳсоларо, ки соҳиби маълумот нест, ба занӣ намегирам. Чунки ман мехоҳам дар оянда фарзандонам нағз тарбия гиранд. Фикр мекунам, танҳо модари босавод метавонад фарзандро босаводу боодоб ба воя расонад.
Маҳбуба Тағоева – омӯзгор аз ноҳияи Бохтар:
«Ба деҳот бештар дахл дорад…»
- Ба фикри ман ин қонун бештар ба деҳот дахл дорад ва хуб мешуд агар масъулини ноҳияву деҳотро назорат мебурданд. Зеро аксари духтарони кӯҳистон болаёқат ва бомаҳоратанд, вале дастгирӣ надоранд. Худи ман низ шоҳиди чунин ҳодиса будам. Духтари бечора дар оилаи деҳқон ба воя расиду бо вуҷуди дар саҳро пайваста кор карданаш мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кард, медали тиллоро сазовор гашт. Одобу рафтораш низ намунавӣ буд. Муаллимонаш ӯро дастгирӣ мекарданд, ки ба донишгоҳ фиристанд, то соҳиби маълумот гардад. Аммо волидонаш «Мо намехоҳем, ки духтарамон ба шаҳр рафта, мисли баъзе духтарон беодоб шавад» гӯён ӯро ба шавҳар доданд, аммо духтари бечора хушбахт нашуд. Акнун як умр дар дили ӯ орзуҳои амалӣ нагардидааш чун доғ мемонанд.
Бобои Сангин – нафақахӯри 73 – сола:
«Пештар дар синни 13 солагӣ ба шавҳар медоданд…»
- Ман ин тасмими сарвари давлатамонро сад дар сад дастгирӣ мекунам. Дар давраҳои пеш духтаронро ҳанӯз ба балоғат нарасида, дар синни 12 – 13 солагӣ ба шавҳар медоданд. Духтаракони майда ҳанӯз, ки дар ҳукми гул буданд, чӣ будани зиндагиро намефаҳмиданд, фақат ба лӯхтакбозӣ овора буданд. Имрӯз бошад, замона нотинҷ гуфта падару модарон кӯшиш мекунанд, ҳарчӣ тезтар фарзандонашонро хонадор намуда, аз сарашон соқит кунанд. Магар ҳамин аз рӯи адолат аст?
Давлати Аҳмад – рӯзноманигор:
«Баъзе духтарон зиндагиро чун дар кино мебинанд»
- Дар синни ҳаждаҳ ба шавҳар баромадани духтарон ба мақсад мувофиқ аст. Афсӯс, ки аксари ҷавонони мо барои хонадор шудан шитобкорӣ мекунанд. Баъзеи онҳо зиндагии мустақилонаро мисли филмҳо ва сериалҳои аврупоиву хориҷӣ тасаввур мекунанд. Боре андеша ҳам намекунанд, ки рӯзгордорӣ тамоман роҳу равиш ва самтҳои дигар дорад. Чун вақте оила бунёд кардану ба сарашон бори гарони он афтод, пушаймон мешаванд, ки он вақт дер хоҳад шуд.
Мавзунаи Муҳаммадалӣ


Комментарий №1    Написал: Tyya    15 февраля 2013 16:33    Цитировать
That's a cunning aesnwr to a challenging question


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"