30.06.2011 09:43

АЗ МОДАРАМ ГИЛА ДОРАМ...

Аз рӯзе, ки худро мешиносам шабу рӯз аз забони модарам бадгӯиро дар ҳаққи хешовандони падарӣ ва падари бечораам мешуавам. Ин бадгӯиҳо ба мо, фарзандон низ таъсири худро гузоштааст, охир, ба аммаи ягона ва амакҳоям умуман меҳр надорем. Ба сари оилаи мо ғаму андӯҳи зиёде омад, ки ман ин ҳамаро аз касофатию бадиҳои модарам медонам...

Салом хонандагони закӣ ва нуктафаҳми «Зан ва мард», шояд шумо ба сарлавҳаи дардномаи ман эрод мегиред, ки чӣ гуна фарзанд метавонад аз модараш гила дошта бошад?
Ба ҳар ҳол рози диламро, ки рӯйи авроқи сафед рехтаам, пешниҳоди шумо мегардонам, то шунавед. Боқӣ, ихтиёри қазоват дар дасти шумост...
Аз рӯзе, ки худро мешиносам шабу рӯз аз забони модарам бадгӯиро дар ҳаққи хешовандони падарӣ ва падари бечораам мешуавам. Ин бадгӯиҳо ба мо, фарзандон низ таъсири худро гузоштааст, охир, ба аммаи ягона ва амакҳоям умуман меҳр надорем. Ба сари оилаи мо ғаму андӯҳи зиёде омад, ки ман ин ҳамаро аз касофатию бадиҳои модарам (бигузор Худованд маро бубахшад.) медонам...
Ёд дорам, айёми ҷанги шаҳрвандӣ буду ҷавони силоҳбадасте аз хешони дури падарам ба ман хостгор монд. Модарам бо хурсандӣ розӣ шуд, аммаи бечораам ба хона омада гуфт, ки хостгории ҷавонро қабул накунед, зеро ӯ нашъаманд ва бадахлоқ аст, вале… Баъди рафтани ӯ модарам қиёмат барпо намуд.
- Беваи ҷӯгӣ, аз бахилӣ кори хайрро гардонданист ё ҷавонро худаш домод мекунад? – падарам ба саволҳои пурзаҳри ӯ ҷавобе надода, худат медонӣ гӯён аз дар баромад.
Гапи аммаам рост будааст, зиндагии мо ҳамагӣ ду моҳ давом карду халос.
Хоҳарам духтари зебои болобаланде буду аз ҳар тараф барояш хостгорон меомаданд, аммо модарам хостгории оилаеро пазируфт, ки дар деҳа он қадар обрӯ надоштанд. Боз аммаи бечораам ҳамроҳи амакам омада ӯро насиҳат карданд, ки бахти хоҳарамро насӯзад, аммо модарам онҳоро рӯирост аз хона ронд.
Дар ин байн силоҳбадастон ду амакам ва шавҳари аммаамро, ки ҳамагӣ мардони сарватманд буданд, паронданд. Аммаам барои додарону шавҳари меҳрубонаш хун мегиристу нола мекард.
Барои модарам ин ҳам боиси таъна буд.
- Беваи артист, дар мурдаҳои мардум намемонад, ки худашон гирянд. Рӯбоихонӣ карда мегардад. Айба намедонад беваи шаттоҳ-е...
Барои ӯ сӯзиши дили зори амаам низ дурӯғу «артистӣ» метофт.
Зиндагии хоҳарам нотинҷ буду аҳли хонадони шавҳар азобаш медоданд. Тез – тез ароз карда ба хона меомад. Модарам бошад, ӯро гардонда мефиристод, як бева бас нест, ки боз ту дарди сарам мешавӣ?! – дод мезад ӯ.
Хоҳари бечораам аз ҷон сер шуда худкушӣ кард. Ҷисми дар оташ сӯхтаву бирёни ӯро гӯрондем, акнун дар мурдаҳои қишлоқ модарам «артистӣ» мекард.
Фикр кардам, ки пас аз ин фоҷиа вай андаке ба худ меояд, вале афсӯс...
Баъди марги хоҳарам маро ба марди солрафтае хонадор намуд. Баъд аз як соли зиндагӣ соҳиби писарчае шудаму шавҳарам аз сактаи қалб дунёро падруд гуфт.
Аммаам бо духтараш барои фотиҳахонӣ омаданд, аз марги шавҳарам ҳамагӣ ду рӯз гузашта буд. Модарам шарму ҳаёро як сӯ гузошта ба духтари амаам гуфт, ки ба ин шавҳар ёфтан даркор, зеро бо як сағерааш дарди сар мешавад.
Духтари амаам гиребон гирифт, ман бошам, аз шарм розӣ будам, ки замин кафаду дароям...
Модарам амаамро як умр беваи сағерабонак гӯён таъна мезад ва Худои ҳамабин сағерабонаш сохт. Ғайри писарчаи ман боз писари хоҳари раҳматиямро низ ба хонаамон оварданд.
Додарамро зан додему рӯзи тӯй модарам бесабаб ҷангу ҷанҷол бардошта амаамро бо зани амакам аз хона ронд. Падари бечораам дар пеши қудоҳо шарманда мешавем гӯён чизе нагуфтанд...
Ҳоло модарам ба дарди сутунмӯҳра гирифтор аст ва ба зӯр роҳ меравад. Келинамон бо мо муносибати хуб накарда, ҳатто падарамро писанд намекунад. Пулҳои аз Русия фиристодаи додарамро ба мо, ҳатто нишон намедиҳад.
Хабаргиру ёрирасонамон боз амаам ва писаронаш ҳастанд, аммо модарам ба ҷои шукрона гуфтан боз ӯро бадгӯӣ мекунад:
Беваи офимор, чӣ дуоеро медонад, ки шӯ ғуломаш буд, имрӯз ду писар ғуломаш шудаанд. Аз гапаш берун намебароянд...
Мехоҳам ба ӯ бигӯям, ки модарҷон, амаам як умр ба ивази бадиҳоят ба ту хубӣ мекунад ва Худованд барои дарёдилиаш ба ӯ давлату сарват ва писарони хуб додааст, аммо аз ғазабаш метарсам.
Мақсади ман аз навиштани ин нома сиёҳ кардани модарам набуд, балки ҳушдор додани он нафароне буд, ки бадиро шиори хеш қарор додаанд.
Маҷида
Таснифи Ҳилолаи Баҳриддин


Комментарий №1    Написал: Exeee    3 июля 2011 23:40    Цитировать
Илло модарат аз дарди сутунмура халок шаваде о модар силаи рахм гуфтан рахмаш кучост наход модар зан инкадар сангдил бошад. Чонаша тезтар Худо кабз кунад чони туам халосу амаку аммат.

Модари ман хам дар хаки падарам худо рахматаш кунад суханони хуб намегуяд лек бо мо фарзандон мехр дорад нвозиш мекунад


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"