30.06.2011 09:43

ЧАРО МАНИЖА БА «СУРУДИ СОЛ» НАОМАД?

ЧАРО МАНИЖА БА  «СУРУДИ СОЛ» НАОМАД?

Cалом ҳафтаномаи дардошно! Танҳо ту метавонӣ моро бифаҳмиву ба саволҳоямон посухи бемалол гардонӣ. Дар баннерҳои эълони баргузории «Суруди сол»-и 2011 расми Манижаро дидему аз шодиву фараҳ ҷойи нишастан намеёфтем. Рости гап, як ман не, тамоми мардуми Тоҷикистонро муддати чанд рӯзе як ҳисси гуворои тасаллибахш ва фараҳафзо фарогир буд, ки расми ин зебосанами олами ҳунар дар баннерҳо буд. Охир, ҳама муштоқи дидори ин ситораи нотакрори ҳунар будему бо ташнагии зиёд мунтазири шунидани савту навои дилкашаш ҳастем. Аммо аксарият ба ин боварӣ надоштанду мегуфтанд, ки ин ҳама фиреби назар ва фиреби мардуми бечора аст. Акнун Манижа тӯли ин солҳо набаромаду имрӯз якбора ба «Суруди сол» меомадаст?- суол медоданд ҳама ба якдигар. Дар ҳақиқат мардуми фарҳангдӯсти Тоҷикистон бесаброна мунтазири Манижаи зебову беҳамто аст. Интизоранд, ки Манижа як рӯз садо баланд мекунад ва мухлисони ташнаи садояшро бо савту навои тозатаринаш шодоб менамояд. Мо, мардуми оддӣ ба ин чиз итминон дорем, вале Вазорати фарҳангро чӣ зарурат омадааст мардумро фирефтан? Шояд онҳо ҳам ба умеди дидори ин духтари кампайдо чунин корро карданд? Онҳо низ мисли мо умедвор буданд, ки Манижа расми худро дида шодон давида меояду тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҳайрат мегузорад? Чаро пас аз се-чор рӯз онро зуд гирифтанд? Шояд худи Манижаи Давлат эътироз баён кард? Мехоҳам ба ин масъала равшанӣ андозед. То кай мардуми бечораро фиреб медиҳанд? Пеш аз овезон кардани баннерҳо намешуд, ки аввал бо Манижа маслиҳат кунанд?
Муслим Саъдуллоев, сокини пойтахт

Аз идора:
Хонандаи азизи ҳафтаномаи мо Муслим Саъдуллоев! Албатта, асоси гапро нафаҳмида чунин хулосаи нодуруст баровардан кори хатое аст. Мо баъди расидани номаи ирсолнамудаатон ба Вазорати фарҳанг занг зада, аз масъулони ин тантана чунин посух гирифтем.
Набӣ Ҷалолов– Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, сарвари Муассисаи давлатии маркази эҷодии «Илҳом»- и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Тантанаи ҷоизасупории беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон:

– Аслан ин маърака «Суруди сол» набуда, балки Тантанаи ҷоизасупории беҳтарин ҳунармандони Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки рӯзи гузашта дар кохи Борбад бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Дар он аслан ҳунармандони соҳаи эстрадаи Тоҷикистон барои хизматҳои шоёнашон қадрдонӣ карда шуда, соҳиби ҷоиза гардиданд. Сабаби аз эълонҳо гирифтани расми Манижаи Давлат ин буд, ки ӯ чанд рӯз қабл мактуб навишта изҳор намуд, ки бемор аст ва наметавонад дар ин тантана ширкат варзад. Аз ин хотир, расми ӯро аз эълонҳо гирифтем. Инчунин, сарояндаи эстрадаи тоҷик Субҳон Саидов, ки барои фарҳангу ҳунари соҳаи эстрадаи Тоҷикистон хизматҳои босазое кардааст, сазовори ин ҷоиза гардид ва дар рӯзҳои наздик ба аёдаташ рафта ин ҷоизаро месупорем.

Омодасоз Маҳинбону


Комментарий №1    Написал: Dilshod    30 июня 2011 13:20    Цитировать
Авалан саломи худро ба хама хонандагони газетаи дустдоштаи мову Шумо "Зан ва Мард" мерасонам. Рости ман хайрон мешавам ба коркунони Вазорати фаранг чи намерасад, ки руйи рост дуруг мегуянд. Шукронаи худо Манижаи Давлат сихату саломат аст аз чизе танкиси надорад. Танхо ба хотири чам оварадни маблаг аксхои ин бонуи зеборо истифода мебаранду халос. То ба кай мо дар чашми мардум хок мепошем кансакансоф бас будагист. Ба Манижа гуфтаниям ки чои Шумо дар сахна холист. як чизро фахмед ки чои МАНИЖАРО хеч кас гирифта наметавонад. Ба Манижа барори кор хохонам.


Комментарий №2    Написал: Шахрванд    1 июля 2011 09:55    Цитировать
Ба андешаи банда агар Манижа худаш мехост метавонист тамоми "барйер"-хои дар рохи санъат наздаш пайдо шударо бо зури ё ба зори ё ба зар убур мекарду назди мухлисони сершумораш бармегашт. Вале...Манижа худаш ба худаш хизмати "хирсона" карда истодааст. Андешахои мухлисонашро аз газетахо мехонаду халоват мебарад, хисси гурураш боло мегирад. Лекин на хама чиз дар дунё абадист. Зебоихам рузе меравад, хунар хам ба "каъри дил"лона мегирад. Шахсан барои ман мавзуи Манижаву хунари у ба кавле забонзада шудааст.Боки худ казоват кунед.


Комментарий №3    Написал: соба    5 августа 2013 07:06    Цитировать
Манижара аисахана ба зури суркарданду бо Фазорати фархангуш изо накашида гап мезанад садкаи хамихел хунарманд шавен Манижа вперёд натарс


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"