28.07.2011 08:31

ХОҲАРОНИ БЕТАҚДИР

(Аввалаш дар шумораи гузашта)
Ҷавон намедонист, ки Зайнура духтари шавҳардида аст, зеро асрори зиндагиашро ӯ ба касе намекушод. Ҳамеша хомӯшу андармони худ мегашт ва шахси наздике ҳам надошту ба касе рози дил намекард. Овораи кори худ буд ва ҳатто ба сӯҳбатҳои якҷояи ҳамкорон ҳамроҳ намешуд. Зиндагии нобасомон ӯро дамдузду одамгурез гардонида буд. Маҳз фурӯтаниву камгапии ӯро Сипеҳр писандида буд. Зайнура духтари маҳинпайкари нозанине буд. Одами ӯро дида гумон мекард, ки ӯ духтари ҳаждаҳсола аст. Аз соли худаш ҷавонтар метофт Зайнура.
Шавҳари собиқаш Анвар зуд хонадор гаштаву дигар ҳаргиз ёди ӯ намекард. Зайнура ӯро ба хотир орад андӯҳи дилаш зиёдтар мегардид.
Аммо Сипеҳри ошиқ Зайнураро ба ҷону ҳолаш намемонд. Баъд аз анҷоми кор дар кӯча истода духтарро мунтазир мешуд ва то иҷорахонааш гусел менамуд. Рафта-рафта ӯ низ ба ин рафтори Сипеҳр одат кард. Рӯзе, ки ҷавон ба кор андармон гашта, дар сари роҳаш намеистод, якчизашро гум кардагӣ барин мешуд. Худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ба ҷавон меҳр баст ва он меҳр ба ишқи ҳақиқӣ мубаддал гашт. Дигар Зайнура сабру тоқатро гум карда буд. Бесаброна мунтазири дамидани субҳ мегардид, то ба дидори азизи дилаш рассад, аммо метарсид, ки Сипеҳрро аз сирри ниҳони дилаш огоҳ созад. Дар ин кор низ ба ӯ Гулзираи ҳамадонаш маслиҳат дод, ки зудтар сирро ошкор созад.
– Чаро туи беақл то ҳол инро ба Сипеҳр нагуфтӣ?
–Ман кайҳо гуфтанӣ будам. Ҳар гоҳ гӯям, ки арзандаи ту нестам, ӯ маро шунидан нахоста, ба сӯҳбат хотима мебахшид. Ҳамеша мегӯяд, ки ман туро ба ҳамаи гуноҳат ба занӣ хоҳам гирифт. Ӯ намедонад, ки ман дар асл арзандаи ҷавони муҷаррад нестам.
– Биё, беҳтараш ман ба ӯ мефаҳмонам, ту бафурҷа нишастаӣ, –гуфт Гулзира ба апааш.
Аммо Гулзира низ дер карда буд, зеро Сипеҳр аллакай ба падару модараш хабар додаву онҳо дар роҳ буданд. Пагоҳии барвақт ҳоло Гулзира назди Сипеҳр нарафта ӯ ба Зайнура занг зад.
– Ман расматро ба волидонам фиристода будам, ба онҳо маъқул шудӣ, имрӯз онҳо ба роҳ баромадаанд, баъди чанд соат расида меоянд. Барои тӯй тайёриатро бин.
Ҳуш аз сари Зайнура парид. Гӯшаки телефон аз дасташ афтоду дар ҷояш нишаста монд. Ӯ фикр намекард, ки кор то ба ин дараҷа хоҳад расид. Акнун чӣ хел гӯяд, ки сазовори ин ҷавони пок нест. Сипеҳр аз ин рафтори Зайнура дар ҳайрат афтода зуд ба иҷорахонааш расида омад.
– Зайнура, ба ту чӣ шуд? Одамро хавотир кардӣ. Ту маро дӯст намедорӣ?
– Сипеҳр, ман сазовори ту нестам, ман зани шавҳардидаам. Ту бояд духтари бокираро гирӣ.
– Ту ҳуш дар сар дорӣ, чаро пештар инро нагуфтӣ?
– Ту имконияти сухан гуфтан намедодӣ!
Сипеҳр аз ғусса қариб дилкаф шуд. Намедонист сарашро ба куҷо занад. Дар дил худро мазаммат менамуду илоҷи корро меҷуст. Агар падару модарам фаҳманд, аз ман хафа мешаванд. Акнун дастурхон бардошта ба умед келинкунӣ омада истодаанд.
Ниҳоят илоҷи корро Зайнура пайдо намуд. Ба Сипеҳр фаҳмонд, ки ӯ метавонад Гулзираро ба занӣ гирад, зеро онҳо ба ҳам сахт монанд буданд. Сипеҳр ҳайрон буд, ки ба ин кор розӣ шавад, ё не, аммо илоҷи дигар надошт ба ҷуз розӣ шудан, зеро волидони пираш ба умед омада истода буданду ӯ наметавонист навмедашон намояд. Аммо розӣ намудани Гулзира кори осон набуд, чунки ӯ ҳам дар дил орзуҳои зиёде дошт. Гарчи то ҳол ба ишқи ҳақиқӣ дучор нагардида буд ва ҷавонеро дӯст намедошт. Аввал хеле норозигӣ баён намуд, аммо аҳволи зори апаашро дида, ба ин издивоҷ ноилоҷу ҳайрон розӣ шуд. Надониста монд, ки ба ин кор розӣ шуда хатогии нобахшидание кард. Ӯ духтари ботамкине буд, аммо худ нафаҳмида монд, ки чӣ тавр дар мобайни бахти апааш андармон гардид. Зайнура ӯро бо сухан сеҳр намуда буд. Худи Зайнура ҳам воқеаро чунин анҷом дода, намедонист, ки дар оташи рашку ҳасад сӯхта бирён хоҳад шуд. Падару модараш аз ноҳия омада, аз баргузории тӯи ногаҳонӣ дар ҳайрат монданд, зеро беандешагӣ ба Гулзира хос набуд. Волидон умедвор буданд, ки ӯ имсол донишкадаро хатм намуда ба ягон ҷавони ҳамшаҳриашон хоҳад расид, охир талабгорони зиёде дошт. Шояд ӯ низ мисли апааш ягон гуноҳе кардааст, меандешиданд онҳову хомӯш буданд.
Зайнура рӯзи тӯй дар паҳлӯи хоҳараш истода дар оташи рашку алам месӯхт. Мехост, ки Гулзираро зада кушад. Ҳар замон ӯро пучида мемонд. Ашки шашқатори чашмонашро дошта наметавонист. Қисме аз меҳмонон аз рафтори ғайриоддии дугонаи арӯс дар ҳайрат буданд. Зайнура ҳарчанд кӯшиш мекард, вале худро идора карда наметавонист. Дар паҳлӯи Сипеҳр дидани каси дигарро, гарчи он бечораро худаш маҷбур карда буд, ҳаргиз тоқат карда наметавонист. Сахт душвор будааст тақдим намудани бахти худ ба дигаре. Ниҳоят тоқати Зайнура тоқ гардиду тӯйхонаро тарк намуд ва дугонаи Гулзира Ситора ӯро иваз намуд. Гулзира андак ором гирифт. Аммо ин оромии муваққатӣ буд. Тамоми муддати зиндагиаш бо Сипеҳр гарчи соҳиби ду фарзанд гашта бошанд ҳам, бо ноҳинҷорӣ даргузар шуд. Муносибатҳояшон самимӣ набуданд. Зайнура баъди тӯй дигар хоҳари бечораашро чашми дидан надошт. Насиҳатҳои модар ӯро асар намекард. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Аз ғуссаю андӯҳи зиёд дар ин шаҳр истода натавонист. Намехост, ки дигар Гулзираю Сипеҳрро бинад. Набинаму насӯзам гуфта ба Руссия баромада рафт.
Зиндагии Гулзираву Сипеҳр низ басомон нашуд ва маъное надошт. Он ҳам дер давом накард. Гулзира намедонист, ки бахти каси дигар ҳеҷ гоҳ бахт нест. Гарчи ӯро ба ин заношӯӣ маҷбур карда буданд, вай якумр худро гунаҳкор меҳисобид. Месӯхту месохт…
Шаҳрбону Тошева


Комментарий №1    Написал: Ll    2 августа 2011 19:53    Цитировать
Афсонаи бузаки чингилапо


Комментарий №2    Написал: Teiya    2 сентября 2011 09:52    Цитировать
I can't believe you're not playing with me--that was so hpeulfl.


Комментарий №3    Написал: иброхим    1 сентября 2012 11:44    Цитировать
установка параболически антенн 938233393 бехуда занг назанед


Комментарий №4    Написал: faridun    30 сентября 2012 19:57    Цитировать
афсона сар шуд


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"