27.10.2011 09:52

ПИСАР МЕХОСТАМ, ВАЛЕ…

- ин аст ҷавоби аксари ҳамсӯҳбатонамон
Ё фарзанди нахустини оила бояд писар бошад ё духтар?

Кимиё Ҷӯраева, овозхон
ЧОР ФАРЗАНД МЕХОСТАМ, АММО…

Фикр мекунам, ки на танҳо занон, балки мардон низ баробари хонадор шудан бесаброна интизори тифли нахустин мешаванд ва албатта андеша низ мекунанд, ки ӯ писар ба дунё меомада бошад ё духтар? Модар ё падар шудан бахти бузург ҳисоб меёбад. Фарзанд ба ҷони волидонаш пайванд аст, бинобар ин, новобаста аз он ки ӯ писар аст ё духтар ҳар яки мо вақте аз ин неъмати бебаҳои илоҳӣ бенасиб намемонем, бояд шукрона гӯем.
Вақте хонадор шудам, ният доштам, ки чор фарзанд ба дунё орам, аммо Худованд ба ман танҳо як писарча ҳадя намуд, вале ба ҳаминаш ҳам шукрона мекунам. Охир бубинед, баъзе нафароне ҳастанд, ки ба нохуни фарзанд зоранд, аммо он ҳам барояшон дастнорас аст, пас ман хушбахтам, ки модарам, ҳамин тавр не? Баъдан бояд қайд кард, ки як фарзанди баномус ва ботарбия беҳ аз даҳ фарзандест, ки на тарбия дораду на ақлу фаросат. Агарчӣ дорои як писар ҳам бошам, хушҳолам ва аз Парвардигор миннатдорам, ки аз беҳтарин неъматаш бенасибам нагардондааст.


Ҷамшеди Ҳалим, ҳунарманд
КАМ БОШАДУ БЕ ҒАМ
Ҳар як боғбон вақте ниҳол мешинонад, аз он самара гирифтан мехоҳад. Инсон низ мисли боғбон орзуи босамар буданро дорад.
Соҳиби фарзанд шудан орзуи ҳар як оилаи ҷавон аст. Албатта ҳастанд нафароне, ки намехоҳанд фарзанди нахустинашон духтар бошад, вале фикр мекунам, ки ин аз рӯи беандешагист, охир, фарзанд хоҳ писару хоҳ духтар фарзанд аст. Муҳим нест, ки шумораи онҳо зиёд бошад, бигзор кам бошаду хуб. Инсони боандеша аввал сатҳи зиндагиашро дидаю андеша намуда, баъдан фарзанд ба дунё меорад. Албатта хуб аст, ки писарону духтарони зиёд дошта бошӣ, вале ба шарте, ки аз ӯҳдаи хӯрондану пӯшондан ва соҳибмаълумот карданашон бароӣ, агар не, пас камтар бошаду соҳибмаълумот.

Файзалӣ Фозилов, сароянда
ВАҚТЕ ПАДАР МЕШАВӢ…
Ба дунё омадани аввалин фарзанд барои ҳар як инсон хотирмон аст. Кас он лаҳзаҳо ва он ҳиссиёти аҷибро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Вақте ки ба беморхона мераведу ҳамшира мегӯяд: «Муборак бошад, падар шудед» бовар кунед, аз шунидани ин хабар ба қавле дар куртаат намеғунҷӣ, боз агар писар гӯяд, оҳо… Фарзанди аввалини ман духтарча ба дунё омада буд, вале норозигӣ баён накардам, зеро он ҳам ҷигарбандам аст, баъдтан ҳамсарам ду писари дигар тӯҳфаам намуд. Ҳоло як марди хушбахтам, ки соҳиби се фарзандам. Худо ҳамаро ба ин рӯзҳои нек расонад.
Интиҳои интизори.

Умед Кӯчкалӣ, тарроҳ
ПИСАР МЕХОСТАМ, ВАЛЕ…
Рости гапро гӯям, мехостам аввалин фарзандам писар ба дунё ояд, вале бо хости Худо он духтар тавлид шуд.
Вақте шунидам, ки соҳиби духтарча шудам, як каме худро гум кардам ва ба андеша фуру рафтам, аммо баъдтар ба худ омада, хушҳол низ гаштам, ки падар шудам. Духтарчаам чунон ширинак аст, ки ногуфтанӣ, агар Худованд ҳамин хел ширинрӯ 40 – тои дигар диҳад ҳам, қабул мекунам. Аммо бояд бигӯям, ки соҳиби як писарча низ ҳастам.


Толиб Абдулло, сароянда
… ЗИНДАГИРО ДИГАР МЕКУНАД
Вақте аввалин тифли хонадон ба дунё меояд, зиндагиат ранги дигар мегирад, он ширину гуворотар мешавад. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Падар дар кӯдакӣ аз шавқи дил дасти писар гирад,
Ба умеде, ки дар пирӣ писар дасти падар гирад.

Яъне ҳар яки мо ба хотири аз худ насл гузоштан хонадор мешавем ва ба умеде онҳоро ба камол мерасонем, ки дар пирӣ дастгирамон шаванд. Ҳар як падару модар бояд кӯшиш кунанд, ки фарзандони солиму боодоб ба камол расонанд, зеро тавре мегӯянд: «Фарзанд азиз, одобаш азизтар». Худо кунад, ки ҷавонон низ фарзандони ояндаашонро тарбияи дуруст диҳанд, то дар оянда ба ҷомеа саҳмгузор бошанд, на зараррасон.

Наимҷони Сайдалӣ:
АЗ ШУКР ШАКАР ЗИЁДА ГАРДАД…
- Ман ҳоло оиладор нестам, аммо Худованд агар ба ин рӯзҳои нек расонад, бароям муҳим нест, ки фарзанди аввалинам писар ба дунё меояд ё духтар, муҳимтар аз ҳама он аст, ки аз ин неъмати илоҳӣ бенасиб нагардам. Падар шудан худ давлат аст, бинобар ин, мо, ҷавонон, пеш аз ҳама бояд аз Худованд хушбахтӣ ва соҳиби фарзанд гаштанро талаб намоем. Хушбахт буда, тани сиҳат дошта бошем, албатта соҳиби писар низ мешавем. Баъдан ба додаи Парвардигор ношукрӣ кардан хуб нест, зеро тавре мегӯянд:
Аз шукр шакар зиёда гардад,
Ношукр зи хар пиёда гардад.
Агар мо ба ҳама он чӣ ки Худованд медиҳад, шукрона карда, тоқат намоем, дороиямон зиёдтар мегардад, вале ношукрӣ кунем, пас аз ҳамон чизи доштаамон низ мемонем. Барои ҳамин, агар Худованд ғам ҳам диҳад, шукр бояд карду шодӣ ҳам.
Мусоҳиб Абдураҳмони Ҳакимзода


Комментарий №1    Написал: Janaina    19 ноября 2012 20:00    Цитировать
This wesbite makes things hella easy.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"