27.10.2011 09:52

4 000$ БА ХОТИРИ ЯК ШАБ

4 000$ БА ХОТИРИ ЯК ШАБ

ё чӣ тавр модар духтарашро ба савдо гузошт?
Мард низ бесаброна интизори он буд, ки ин духтари паричеҳраро соҳиб шавад ва ақаллан шабе дар оғӯши ӯ бошад, ком ширин намояд, бибӯсаду бибӯяд ӯро, навозиш кунад ва…

Қиссаеро, ки рӯи саҳфа меорам, аз рӯзгори талхи як духтари тоҷик аст, ки худ мегиристу ба дӯсти ман нақл мекард. Ашкҳо рӯяшро мешустанд, аз дарду алам нафаскашӣ барояш душвор буд, вале бо вуҷуди ин, кӯшиш мекард, ки дарди дилашро холӣ намояд.
Шояд хонандаи азизи «Зан ва мард» ба воқеӣ будани он бовар накунад, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда шурӯъ мекунам сарнавишти духтараки ҷавону саргардонро, шояд нашри он барои модарони сангдилу пулдӯстдор, ки имрӯз шумораашон кам нест, дарс шавад?
Баҳори нозанин, арӯси сол ҳам фаро мерасиду табиат ҷомаи сафеди сарди худро аз тан гирифта, гӯё либоси атласу чакани гулдузӣ ба бар мекард. Марҷона - ғунчаи навшукуфтаи ин баҳор дар дил орзуҳои беохирро мепарвариду мегуфт:
- Худоё, ту чӣ қадар бузургу боҳимматӣ. Охир, ин ҳама зебоӣ ҳадияи тӯст баҳри мо бандагон. Дар саҳрои пур аз гул, ҳар гулеро, ки мехоҳам мечинаму мебӯям, аҷаб бӯи форам дорад баҳор ва гулҳои баҳорӣ.
Марҷона худ аз гул ҳеҷ камие надошт. Ин баҳор ба синни 18 қадам мемонду баъди хатми мактаб орзуи донишҷӯ шуданро дошт. Бисёр мехост табиб шаваду ба тани беморон бо донишу бо муолиҷаи худ шифо бахшад. Меҳри табибӣ дар қалби духтар аз он рӯзе ҷо гашт, ки падараш бо ҷурми беморӣ ва набудани табиби хуб, ҳамчунин, нарасидани маблағ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Ҳарчанд ҳангоми марги падар Марҷона ҳамагӣ 13 сол дошт, вале ҳис мекард ранҷи бепадариро, дар қалбаш ҷойи қиблагоҳаш холӣ буд, аммо ба сарнавишташ тоқат карда, пушти сар менамуд ҳама пастию баландӣ ва норасоиҳои рӯзгорро ва идома медод зиндагиро. Модари Марҷона хеле зани пулдӯстдору чизпараст буд. Ӯ ғайр аз Марҷона боз як духтару як писари дигар ҳам дошт, аммо онҳо хонадор ва соҳиби оилаи мустақили худ буданд. Азбаски ду фарзанд аз хислатҳои модар бохабар буданд, бинобар ин, ӯро дӯст намедоштанд, ҳатто рӯи модарро дидан ҳам намехостанд. Охир, модари беандеша як маротиба ҳаёти духтари худ Мастонаро аз сабаби камбағал будани шавҳараш барбод доданӣ буд, вале духтар, ки ба пулу моли дунёӣ ошиқ набуд, ин пешниҳод ва рафтори модарро нодуруст шуморида, ақлашро кор фармуду зиндагиро хоксорона, вале хеле ширин идома дод.
Писараш Умед бошад, гапи модарашро гӯш накарда, духтари дӯстдоштаи худро, ки аз оилаи фақир буд, вале тарбияи дуруст дошт, ба занӣ гирифт. Нозигул бисёр мехост, ки яккаписарашро бо духтари дугонааш, ки дар бозори «Корвон» тоҷири тилло буд, хонадор кунад, аммо тут ба муроди дилаш напухт.
Хуллас, Нозигулхола ғарқи пулу мол ва хаёлҳои осмонӣ буд, гарчӣ кӯшиш мекард, вале ҳеҷ ба мурод намерасид. Ӯ худ тоҷир буду рӯзро дар бозор шом мекард, анҷоми корҳои хона бошанд, бар дӯши Марҷона. Духтари ташнаи илму дониш, аз зиёд будани корҳои хона, ҳатто имкони ба мактаб рафтан низ надошт, аниқтараш модар ӯро намегузошт ба мактаб равад, зеро агар ӯ таваҷҷӯҳашро ба илму дониш равона менамуд, пас корҳои хонаро кӣ анҷом медод?
Ғайр аз ин духтари бечора ҳар рӯз дар хона меҳмон дошт, модараш вақтҳои охир ба хона марди бегонаеро меоварду ӯро хушомадгӯён меҳмондорӣ мекард. Мардро Мурод ном буд.
- Оча, ин мард кист? Чаро тез – тез меҳмони мо мешавад? Ё ягон хеши наздикамон аст? – пурсид рӯзе Марҷона аз модараш.
- Мо хеш пеш надорем, хеши ман пул! Дар ин қадар солҳо касе моро суроғ накарду акнун хешонамон пайдо мешаванд? Бало ба пасашон, асло суроғамон накунанд, безорам аз ин гуна хеш, хеши ман пул!- ҷавоб дод модар.
Пас аз шунидани ин суханон дар дили духтар шубҳа пайдо шуд ва нохост аз модар пурсид:
- Дар ҳоле, ки ӯ хешамон нест, пас кӣ аст? Шояд бо ӯ …
- Беақл духтар будаӣ. Як тоҷири пулдор мани пиршудагиро нигоҳ мекардаст? Ҳар як арӯсҳои зебо аз пушташ мегарданд, ки дар ҳусну ҷамол ҳеҷ камбудӣ надоранд, чӯҷаи парӣ барин зебоянд…
- Пас дар хонаи мо чӣ мекобад? Чаро ҳар рӯз барои мо хӯрока меорад?
- Чунки ӯ туро дӯст медорад, мафтуну девонаи ту гаштааст, духтари очеш!
- Чииӣ? Мафтун? Ҳамин марди пиршудагӣ? Ҳоло гӯед, ки ӯро барои ман ба хона меоред?
- Ҳа барои ту, чӣ буд? Чӣ камбудӣ дорад? Пулу моле, ки Мурод дорад, ҳазор марди дигар надорад, боз ту ноз мекунӣ? Ӯ туро зани дуюм карданӣ аст, вале агар ба шартҳоям розӣ шавад, баъд розигӣ медиҳам, агар не…
- Чӣ будаст шартҳоятон?
- Ӯ зану фарзанд дорад, агар аз баҳри онҳо гузарад, пас домоди ман мешавад, вале ҳама бойгарии мард аз пушти хусураш будааст, фикр мекунам, ки аз ҳамсараш даст кашида наметавонад, вале ҳеҷ гап нест духтарам, ту розӣ мешавӣ ва бо Мурод зиндагиро оғоз менамоед. Агар ҳамсари ӯ шавӣ, бовар кун, хушбахт ва зани бойтарини дунё мегардӣ. Он қадар пир нест, ҳамагӣ 45 – сол дорад…
Шунидани чунин суханон аз забони модар барои як духтари хеле ҷавон, ки ҳанӯз ҳам мактаби миёнаро хатм накарда, даҳшат буд, гиря гулӯгираш мешуд, дилаш ба дард даромад, аммо…
- Духтарам, ту ҳоло ҷавонӣ ва чӣ будани пулу молро намедонӣ, ҳатто бехабарӣ, ки хушбахтӣ низ дар пулу мол аст, на дар ишқу муҳаббат ва дӯстдорӣ.
- Бале, шояд ман ба пулу мол сарфаҳм наравам, аммо дониста бошед, ки сарфаҳм рафтан ҳам намехоҳам ва аз хотир набароред, ки ба хотири пулу мол шуда, бахти хешро намесӯзонам!
- Ҳе духтар! Ту чиҳо мегӯӣ? Гап гапи ман аст, ҳарчӣ гуфтам мекунӣ!
- Намегирам! Худи ҳозир рафта зани ин марди беномусро меёбам ва аз асли воқеа бохабараш мекунам. Ҳамаашро як- як нақл карда медиҳам, бизгор лаҷоми шавҳари беҳаёашро ба даст гирад, вагарна ҳардуятонро ба суд медиҳам!!! – ҷиддӣ гуфт духтар ва гирякунон вориди хонаи хобаш шуд.
- Агар ин корро кунӣ бо дастони худам мекушам туро! Аз пушти Мурод хӯрдаю пушида метавонию ҳамсараш шудан намехохӣ - а? Ин корро ин хел намемонам!
- Ҳа, намехоҳам! Ман аз чӣ камам, ки зани марди 45 сола шавам? Ба хотири пул? Ман шумо барин пулдӯстдор нестам! Агар даркор бошад, худатон гиред, аммо ман розӣ нестам ба ин издивоҷ!
- Майлаш, агар нахохӣ дигар маҷбурат намекунам, рафта хоб рав, истироҳам кун, - гуфтани модар духтарро хушҳол намуд ва бори аввал меҳрубонии модарро дида, назди Парвардигор шукргузорӣ кард, вале…
Ин рафтори модар шояд духтарро хаста намуда буд, ки баробари вориди ҷойхоб шудан, хобаш бурд. Модар аз хобии Марҷона истифода бурда, ба Мурод занг зад ва ӯро ба хона даъват намуд.
- Мард низ бесаброна интизори он буд, ки ин духтари паричеҳраро соҳиб шавад ва ақаллан шабе дар оғӯши ӯ бошад, ком ширин намояд, бибӯсаду бибӯяд ӯро, навозиш кунад ва… Бинобар ин, давоми ду дақиқа ба хонаи духтар расида омад.
- Акнун фурсати ба мақсад расиданат фаро расид Мурод, аммо аввал бигӯ, ки дар кисаат чӣ қадар маблағ дорӣ? – пурсон шуд модари духтар аз мард.
- Чӣ қадар даркор?
- 4 000 $.
- Аммо ман 2,500 $ дорам, вале боқимондаи пулро ваъда медиҳам, ки оварда ба дастатон месупорам, фақат ҳоло иҷозат диҳед, то бо Марҷона ҳамхоба шавам…
(Давом дорад)
Таснифи Абдураҳмони Ҳакимзода


Комментарий №1    Написал: Jovid    28 октября 2011 10:40    Цитировать
Вой бархоли инхел модарони бешарму хаё.


Комментарий №2    Написал: беном    29 октября 2011 11:31    Цитировать
агар Марчона рози бошад очаашро рафта якчоя кати хамун мард дар як хона махкам карда оташ мезане


Комментарий №3    Написал: becha    30 октября 2011 15:56    Цитировать
адресои хамин занакро дихед lfh rcei gjxfvf pfyfv ин беномусро


Комментарий №4    Написал: еуц    31 октября 2011 16:19    Цитировать
Ин киной индийски барои лоххо

Хамин маколанавис аз кучо хамин киссаро медонад? мардума лох кардани аст.


Комментарий №5    Написал: без имя    2 ноября 2011 13:48    Цитировать
ин хел модарро мурданаш бех аст, ин модар дар рузи киёмат чи чавоб медода бошад,аммо ман намедонам сад афсус.


Комментарий №6    Написал: Fvby    4 ноября 2011 12:41    Цитировать
Дурги махз аст ноход надонед ки барой обу тоби кисса дугруро зам кардан даркор


Комментарий №7    Написал: Точикбачча    12 ноября 2011 17:19    Цитировать
Номаъкул кардаст хамин Абдурамони акимзода бо хамин афсонааш. Хари аблах ба хотири ду танга ганарари газета номи модарони точикро паст мезанад, хечгох ягон модар ин корро мекунад ё шояд ин зан модари Абдурамони акимзода бошад. Агар модари у чунин набошад дигар ягон модар чунин нест. Хари аблах фикр намекунад, ки пас аз хондани ин маколаи аблахона чанд духтар нисбати модарашон кина пайдо мекунанд. Садкаи шири сафеди модари точик шав, садкаи номи точики шав, садкаи номи марди шав, ки ба хотири ду танга ба номи модари точик чунин носазо гуи чаноби Абдурамони акимзода


Комментарий №8    Написал: Равоншинос    24 ноября 2011 16:25    Цитировать
Равон шиносон мегуянд агар одамро шинохтан хохи аз у талаб кун ки ак чанд мисра оиди мавзуи озод бинависад. аз абзаци аввал фахмидан мумкин аст ки Абдурахмони Рахимзод чи инсон аст ва дар кабатхои поёнии магзи сараш чи гапхо аст.
Акаи "Абдурахмон" (Ин номи асосиатон нест!!!) аз ин афсонаатон малум шуд ки шумо чи хел одам хастед хохед ман хислатхои нихонии шуморо тафсил мекунам: 1) Ахмак 2) бе нангу номус 2) Хислатхои даюси низ дар шумо дида мешавад 3)Бахили, хасудхур нисбати сарватмандон 4)бетолеъ дар ишк ва дар зиндаги 5) склонност к педафилию и изврашении.... дигар хислатота хохи ба суратхисоби шахсии ман маблаги машварат-ро пардохт кун боз чанд хислатхои дигаратро ки худат низ намедони гуфта медихам fellow


Комментарий №9    Написал: Samira    2 января 2012 18:55    Цитировать
Vi slishkom priuvelicheli!
Takogo bit ne mojet!


Комментарий №10    Написал: Firuz    2 декабря 2012 06:10    Цитировать
Salom ba hamai onhoi ki in makolaro khondayndu akidahoi khudro dar injo navishtaand. Man shakhsan ba in makola du dila hastam chunki modari tojik naboyd in korro kunad va duum in ki agar kardaboshad ham in guna modar daus ast va baroi pul u az bahri tamomi hastiysh guzar mekunad ba hamen khotir guftaniym, ki Abdurahmon agar tu in makularo baroi ki dar baini mardum nomekhudro baland kardan any shakhsi biser donovu be hamto kardan khosta boshi in kori tu kheli khatoi kalon ast. Agar in sarchashmaho anik va durus boshan khush ba holi tu.
1 2


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"