27.10.2011 09:52

Лоиҳаи ҷолиб

Муддати зиёд бо таваҷҷӯҳи хоса хабару лавҳаҳои «телефони мобилӣ дар тақдири инсон»- ро мутолиа мекунам. Одамони касбу кори гуногун лаҳзаҳо ва пораҳои хотираҳои фавқуллода аҷибро нақл мекунанд. Қариб дар ҳама лавҳаҳо телефони мобилӣ одамонро аз вазъи мушкил ва ногувор халос кардааст. Ман низ ду лавҳа пешкаш кардам. Хонандаҳо ва муштариёни зиёд аз ман илтимос карданд, ки ин лавҳаи аввалро филми бадеӣ созам. Воқеан дар ин лавҳа духтур тавассути телефони мобилӣ тифлакеро дар саҳрои беодам кӯмаки тиббии аввалия мерасонад. Барои рафъи ин фалокат мусофирони тасодуфӣ иштирок карда, кӯмаки хешро баробар пешкаш мекунанд. Тифли моргазида наҷот меёбад.
Барои эҷодкор амру дархости хонанда шараф аст. Ман ссенария навишта ба ширкатҳои мобилӣ муроҷиат кардам. Онҳо ин лоиҳаро хуш пазируфтанд ва ҳатто кӯмаки молиявӣ низ ваъда доданд. Алҳол ман шабу рӯз аз паи ин лоиҳа ҳастам. Филмбардорӣ танҳо истеъдод, режиссура ва ссенарияро талаб намекунад. Маблағ муҳимтарин рукни ин бахши эҷодӣ аст, аз ин рӯ, ман шарикону сарпарастонро ба ҳамкории амалӣ даъват менамоям.
Мутмаин ҳастам, ки ин телефилми хеле дилчасп ва хотирмон хоҳад баромад.
Нурулло Абдулоев,
Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"