27.10.2011 09:52

ХИЁНАТИ БАРОДАРХОНД

… Ҳамон рӯз дар коргоҳ кори таъҷилие баромаду Бобоҷон ба деҳа рафта натавонист ва шабонгаҳ дер ба хона баргашт. Ӯ барои нороҳат насохтани кӯдакон бесадо ба хонаи хобаш даромад. Баробари вориди хона гаштан рангу рӯяш канд, қалби кулфаткашидааш ба дард омад. Дохили бистараш ҳамсарашро дар оғӯши ҳамон бародархонди лаъинаш дарёфт…

Соате, ки бо Бобоҷон ҳамсӯҳбат будам, бароям хеле гарон намуд, зеро қисмати талхи мусоҳибам маро бисёр ғамгину ошуфтаҳол гардонид. Бобоҷон саргузашти худро нақл менамуду аз чашмонаш ашк мешорид. Рӯзгори гузаштаи ин ҷавони мӯсибатзада фикр мекунам нафареро бетараф гузошта наметавонад.
Аз рӯи гуфтаҳояш ӯ ҳанӯз аз овони наврасӣ ба ғамҳои замон печида буд. Вақте ки падараш ба бемории рӯҳӣ гирифтор гашт, зиндагии оилавии онҳо, ки хеле хуш мегузашт, маънияшро аз даст дод. Падари бефаҳм ва аз ақл бегонагашта ба замми он ки сарвариву сарпарастии рӯзгорро пурра ба зимаи зани муштипараш гузошта буд, боз вайро доимо зери лату кӯб гирифта, азоби рӯҳӣ медод.
Зани тоҷик, ки зани пуртоқат аст ба ҳамаи душвориҳои ҳаёт нигоҳ накарда, сабру таҳаммулро пешаи худ медонист. Борҳо хешовандони ин зан хостанд, ки ӯро аз ин марди ақлбохта ҷудо созанд ва падари Бобоҷонро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ баранд, аммо ин дархости наздиконашро зан қабул накарда, ҳамоно зиндагии сангинеро аз сар мегузаронд.
Солҳо мегузаштанд, умри наврасии Бобоҷон низ бо азобу шиканҷа паси сар мегашт. Бо гузашти вақт гардуни гардон Бобоҷонро ба ҷавони навхати аллакай маъниандӯхтаи ҳаёт табдил дод. Дар он айёми ширини ҳаёт Бобоҷон ба духтаре дил баст. Ӯ ошиқ шуда буд, ошиқ. Ошиқе, ки шабу рӯзро бо хаёли ӯ мегузаронд. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки имрӯз ишқ вуҷуд надорад, аммо фикр мекунам, ки ин андеша ғалат аст.
Агар ишқ вуҷуд надошта бошад, пас чаро ҷавоне дар оташи сӯзони ишқ месӯзад? Чаро барои дили духтарро ёфтан ин қадар талош меварзад? Агар ишқ набошад, пас чаро хоб чашмони ҷавонеро тарк гуфтаю ӯро хаёлӣ кардааст? Магар ин ҳама нишонаҳои ишқ нестанд?
Он духтареро, ки Бобоҷон дӯст медошт, хеле зебо буд ва ӯ низ ба ҷавон дил баста буд. Бахти онҳо гӯё хандиду дере нагузашта хонадор шуданд. Кулбаи танги модар Бобоҷонро маҷбур кард, ки бо ризоияти волидайн замин харида, барои оилаи худ хонаи фақиронае бунёд кунад. Чанд соли рӯзгори онҳо дар ҳамин кулба ба хушӣ гузашт. Соҳиби се фарзанд шуда буданд онҳо.
Зану шавҳар ҳамдигарро бениҳоят дӯст медоштанд ва пайваста модари то кунун азиятдидаи Бобоҷонро низ парасториву меҳрубонӣ мекарданд. Зиндагияшон хеле рангину гуворо буд, аммо нохост гардиши фалак тамоми ин хушиҳоро аз байн бурд. Асли воқеа чунин сурат дошт.
Шаби зулмоти соли 1992 Бобоҷон аз кор ба хонааш дертар баргашт ва ҳангоми ба хонааш наздик шудан яку якбора бо дидани он манзараи даҳшат лолу ҳайрон монд. Алангаи оташи бераҳм тамоми кулбаи фақиронаи ӯро фаро гирифта буд. Ӯ баъди чанде доду фарёд мекард на барои хона, балки барои зану фарзандонаш. Заминро ба мушт мезад, оҳу фиғон мебардошт.
- Эй фалаки каҷрафтор, охир чӣ гуноҳ дорам, ки ин ҳама бадбахтиро ба сари мани бекас овардӣ? – мегуфт Бобоҷон. То ба ёрӣ омадани мардум хонаи ӯ пурра сӯхта хокистар шуд.
Аз ҳама ҷонсӯзию бадбахтӣ дар он буд, ки зану фарзандонаш аз зери оташ раҳо шуда натавонистанд ва сӯхта хокистар гаштанд.
Тасаввур кунед, хонандаи азиз, агар ин воқеа ба сари мову шумо Худо накунад ояд, чӣ кор мекунем?
Бобоҷон худро аз даст дод, ба хотири ҳамсару ҷигарбандонаш доду фарёди ҷонкоҳ мебаровард, вале... Чӣ гунае, ки ӯ мегӯяд кош ман ҳам миёни он оташ ҳамроҳи оилаам месӯхтам ва ин қадар ранҷу азият намекашидам, аммо...
Вақт ҳам оҳиста – оҳиста ғаму андӯҳи ӯро каме аз сараш дур месохт. Моҳҳо мегузаштанд ва ба сол табдил меёфтанд. Дӯстони ӯ ҳамеша маслиҳат медоданд, ки ҳаёт идома дорад ва гузаштаро фаромӯш сохта, зиндагиро аз сари нав оғоз намояд.
Кӯшишҳо мекарданд, то ки Бобоҷон дубора зан гирифта, оила бунёд созад, вале ҳамоно ҳушу хаёли ҷавон ба зану фарзандони ҷавонсӯхтааш буд ва аз лавҳи хотираш дур намешуд лаҳзаҳои бо марг мубориза бурдани онҳо. Пас аз ҷаҳду талошҳои зиёд ниҳоят хешу дӯстон Бобоҷонро ба хонадоршавӣ розӣ кунониданд ва ӯ бо духтари бесаробоне, ки падару модарашро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуда буданд, аз сари нав хонадор шуд.
- Хизмататонро ба ҷо меорам, дили ғамзадаатонро таскин мебахшам, - гуфта буд ҳангоми ақди никоҳ он духтари бесаробонмонда.
Ҳамин тариқ рӯзҳову моҳҳову солҳо пайи ҳам сипарӣ гардиданд. Бобоҷон аз ин завҷааш низ соҳиби чанд фарзанд шуда буд. Рӯзгорашон хурраму осуда мегузашт, вале…
Рӯзе Бобоҷон як рафиқи ҳамкорашро ҳангоми хӯроки шом ба хонааш даъват кард ва ӯ бародархонд гашт барои ҷавону ҳамсараш. Акнун бародархонд қариб ҳар рӯз бе даъват ба хонаи онҳо меомадагӣ шуд. Ҳама рафтуо ва гуфторҳои ӯро Бобоҷон дилсоф ва бародарона қабул мекард. Рӯзе Бобоҷон занашро таъкид кард, ки бояд ба деҳа, назди пайвандонаш равад ва шаб наомаданаш мумкин, бинобар ин, кӯдаконро хуб нигоҳубин намояд, хонаву дарро низ…
Аммо ҳамон рӯз дар коргоҳ кори таъҷилие баромаду Бобоҷон ба деҳа рафта натавонист ва шабонгаҳ дер ба хона баргашт. Ӯ барои нороҳат насохтани кӯдакон бесадо ба хонаи хобаш даромад. Баробари вориди хона гаштан рангу рӯяш канд, қалби кулфаткашидааш ба дард омад. Дохили бистараш ҳамсарашро дар оғӯши ҳамон бародархонди лаъинаш дарёфт. Худро дошта натавониста, доду фиғон бардошт ва онҳоро лаънат хонда занозанӣ кард. Ҳамон нимашаби тирагун Бобоҷон бо дили реш ва дарду алами беандоза хонаашро батамом тарк кард ва дигар роҳи он манзили ҳаромгаштаро фаромӯш сохт.
Ҳарду воқеаи нохуш, ки ҳаёти Бобоҷонро сӯхт дар нимшаб рух дода буд ва ӯ то ҳол шабро дӯст надошта, ҳамеша интизори субҳ мемонад. Кунун ин мард бесарпаноҳу сарсон ва ҳайрону аз ақрабо ҷудогашта дар зиндагӣ роҳгум задааст.
Дар ғами фарзандон ва зани дӯстдори аввалааш обу адо гашта, аз қисмати талхаш мегиряду менолад, шабу рӯзаш пур аз ғам, бекасу кӯй ва роҳи зиндагӣ барояш нопайдост.

Таснифи Абдураҳмон Ҳакимзода


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"