Зан ва мард
12.01.2012 09:27

САДРИДДИН ҲАЁТАМРО СӮХТ!

Бо хости Худо соли гузашта бо Насим ном ҷавоне хонадор шудам, ки он вақт 16 сол доштам. Шавҳаршавандаамро боре надида ва дар борааш маълумоте надоштам, издивоҷамон бо хоҳиши волидайн сурат гирифт. Тӯйямон хеле хотирмон гузашт. Аз зиндагӣ шиква надоштам, зеро он тинҷу осуда ҷараён дошт, хусуру хушдоманам хеле меҳрубон буданд. Азбаски ҷавон будам, ба пастию баландиҳои ҳаёт он қадар сарфаҳм намерафтам, аниқтараш ба зиндагӣ омода набудам. Модарам ҳарчанд насиҳат мекард, ки он рафтору гуфтореро, ки дар хонаи падарӣ доштам, тарк гӯяму нисбат ба зиндагӣ ҷиддӣ бошам, вале… Бо шӯхию гапҳои ноҷоям борҳо аз шавҳарам лату кӯб дидам, аммо боз ҳам идома медодам ин рафторамро. Ба суруду мусиқӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштам, бахусус таронаҳои Садриддин диламро об мекарданд, ки ин ҳам боиси рашк ва ҷангу ҷанҷоли ману шавҳарам мегашт. Ҳатто боре ӯ наздам шарт гузошт, ки ё ман, ё Садриддин! Пас аз шартгузорӣ лаҳзае хомӯш истодам, аммо чун рӯзи дигар фаро расид, боз ман будаму садои Садриддин. Бе овози ӯ корҳои хонаро анҷом дода наметавонистам.
Як шаб дар набудани Насим фиттаи ин марди ҳунарро баланд монда, таом мехӯрдам, ки ӯ бехабар вориди хона шуд. Аз ин рафторам асабӣ шуда, фиттаро пора- пора кард ва ин боиси ҷанҷоли ҳардуи мо гашт. Чанд рӯз бо ҳам қаҳрӣ шудем.
Гарчанде дар хонаи худ гӯш ба садои Садриддин намедодам, вале ҳамеша аз хонаи ҳамсоя овози форамаш ба гӯшам мерасиду каме ҳам бошад, ором мегаштам. Вале баъзан саволи «Садриддин чӣ гуноҳ дорад, ки боиси асабӣ шудани ҳамсарам мегардад?» маро ором намегузошт. Ҳамин тавр зиндагии мо якрангу дилгиркунанда идома меёфт. Дили шавҳарам аз ман сард гашта буд, ки ҳатто ҳомиладор шуданам низ ӯро хушҳол насохт. Барои таваллуд карданам рӯзҳои шуморӣ монда буду шавҳарам бо баҳонаи сафари хизматӣ аз хона баромада рафт. Азбаски чанд вақт боз садои ширини овозхони писанддидаамро нашунида будам, бинобар ин, ба писари ҳамсоя пул додам, то бароям фиттаи ӯро биёрад. Аз набудани шавҳари бадрашкам истифода бурда, он рӯз садои мусиқиро бо тамоми ҳастӣ баланд карда, ба анҷоми корҳои хона машғул шудам, аммо ногаҳон Насим аз куҷое пайдо шуду ба сарам дод зад. Ӯ хеле асабӣ буд, ки дар чунин ҳолат бори аввал медидамаш. Сухани ман наздат заррае қадр надорад гӯён маро ба мошин савор карда, ба хонаи падару модарам бурда монду худ, ҳатто ба қафо нимнигоҳе накарда баргашт. Ҳамон рӯз бемор шудаму маро ба беморхона бурданд, хушбахтона, писар таваллуд кардам. Дар таваллудхона бесаброна интизори омадани падари тифлам будам, вале ӯ боре ҳам аз ҳолам хабар нагирифт. Мӯҳлати дар он ҷо монданам низ ба охир расиду маро ба хона оварданд. Баробари вориди ҳавлии падарӣ шудан, ҳуш аз сарам парид. Тамоми ҷиҳози ба хонаи шавҳар бурдаамро дар ҳавлӣ дида, хеле ғамгин шудам, вале баъдтар шояд аз ҷавонӣ буд, ё беақл будам, ки бо шунидани таронаҳои Садриддин худро ором карда, дигар парвое надоштам. Ба писарам номи ин ҳунармандро гузоштам, то мисли ӯ овозхон шаваду дили ҳазорон нафарро тасхир намояд. Пештар аз он ки аз шавҳарам ҷудо шудаам, ҳаргиз ғамгин набудам, вале имрӯзҳо ҳис мекунам, ки дар хонаи падару модар барои ман ҷой нест. Акнун пушаймонам, вале чӣ суд? Магар бо пушаймонӣ метавонам бахти рафтаамро баргардонам? Албатта не! Дар бадбахт шуданам намедонам киро гунаҳгор шуморам, худро, тақдирро ё Садриддинро?! Пас аз ҳис кардани хатои хеш мехоҳам тариқи нашрияи дӯстдоштаам «Зан ва мард» ба тамоми волидайн пешниҳод кунам, ки ҳаргиз фарзандони хешро ҷавон хонадор накунанд, мақоли «дер ояду шер ояд» ҷон доштааст. Бигзор дер хонадор шаванд, аммо ба қадри зиндагӣ, шавҳар ва хусуру хушдоману бахт бирасанд. Мисли ман ҷавон оиладор шуда, пас аз чанде ҷудо нагарданд. Боқӣ, ба ҳамаи шумо хушбахтӣ мехоҳам!
М, хонандаи шумо


Комментарий №1    Написал: navruz    12 января 2012 12:12    Цитировать
Khohari aziz! donis bosh, ki balandtarin haq boloi zan haqi shavhar ast va ba tufaili in dukhtari khatokarda digar dukhtaron ham isloh shavand. Zindagi joi shukhi nest!


Комментарий №2    Написал: насим    13 января 2012 09:45    Цитировать
хдт просто хайф шиди!!!
(Дар таваллудхона бесаброна интизори омадани падари тифлам будам, вале боре ам аз олам хабар нагирифт) о интизори садрдин мешиди,у вакти надора риш бгира муи сарша кам кна ранги хдт фанатик бисёрай кай паврвои шумо дора.ё ба ами наклои беманитон хофизора реклама мекнен?
бади ки хона омада диди ки хамаи чихозхои дар хонаи шавхарат бдаги дар хонаи очатай и хам ба ту дарс нашид номи бачата садрдин монди а?
оли бадбахтихои хдт дар пешай пага бачат калон шава чи мегуй?у бачаи хдт ранги аму оташ иншоолох бачаи баномус мешава бад ай номша безор мешава ай хдтам,тавакали хдт ба Худо неки Худо аму бачаакта нигахбон бошав дарди сара набина бачаи баномус шава.
дар боло Навруз бародар суханои бехтарина гуфтааст дига хочати гап нест!


Комментарий №3    Написал: ш.....а    13 января 2012 11:48    Цитировать
апа ман намедонам ки хами сад.кучои овозаш фораму шунаво бошад щахсан ман тамоман он касро гуш намекунам.Ман нафахмидам на танхо шумо чавон будед мо хам имрузхо чавонем аммо барои чи ба ягон кас фанат нестам?айби худатон агар аз кудаки ба чои мусики гуш кардан камтар китоб ва намоз мехондед баьди шавхар карданатон кадри уро медонистед.Хол он ки шумо кадри зиндагиро хам намедонед.


Комментарий №4    Написал: Бе ном    13 января 2012 15:12    Цитировать
Шарм намедоред хохар? Наход барои Саджриддин шщуда гапи шавхаратонро гуш накунед, мурданатон бехтар. Акнун рав пеши Садриддин


Комментарий №5    Написал: hadel    13 января 2012 15:42    Цитировать
Ky hamy Sadridine ki akkalan 1-marotiвa shumoro hamrohi pisarat khaвar girady guyad ki aa az rui man shuda az shavharat judo shudi.Ham khud gunah doriu ham padaru modar ki az dini islom yak zarra dur monded.La havla va la kuvvata illah вillah


Комментарий №6    Написал: SPRAVEDLIVOST!    14 января 2012 02:28    Цитировать
shavhari shymo az in guna khislati shumo bokhabar shuda shumoro der javob dod,, chun shumo khienat karded dar hakki u, agar sadriddin meomad nazdi shumo zani khonadori boshavhar yagon chizi digar mepursid mumkin shumo khohishi uro rad namekarded..... afsus afsus,, pisaron hamin korhoi maida chaidaro ahmiyat namedihand,, dar asl hamn ast, in khienat ba shavhar ast, duzdi az shavhar, pinhonkori az shavhar. kase agar dar 1 tanga khienatu fireb kunad u dar sadho milionho ham firebu khienat mekunad... ba shavhari shumo bakht ba farzandaton umri darozu salomatiii,, afsus ki azob dar kudaki bechora meaftad kalono kak nibud perejivut


Комментарий №7    Написал: magamed    14 января 2012 03:41    Цитировать
Салом ба хамаи бародарони точик аз шахри москав!ба ин хохар гуфтаниям,ки хазор лаьнати худо бар ту барои он ки шавхартро хурмат накарди зеро бузугтарин хак ин хаки шавхараст болои зан на ин ки Садриддин на инки дигару дагар. Агар касе шавхаррашро ранчонад хазор фаришта Худо хар шаб бар сари болини у лаьнати Худо бар ту бод мегуян.Шавхар рози бошад худованд розист мегуянд маьлум мешавад,ки шуморо дар оила тарбияи хуб надодаанд.ва ба ин бародари гироми Насим гуфтаниям,ки Худованд ба шумо баракат,умри дароз ва тани бедарду дили бегам дихад...4


Комментарий №8    Написал: iiiiiii    14 января 2012 18:02    Цитировать
духтари беакли хароми бетарбия гунохатро медониву боз насихатгар хам шудаи? Ба Садриддин занг зан маслихатат дихад


Комментарий №9    Написал: romasrb65    15 января 2012 11:23    Цитировать
Бародарон ин чо айби ин хохарамон нест ай ин айби падару модараш онхо аз у тезтар рохи халоси мечустанд ва уро тезтар ба шавхар додаанд,хурондану пушондани духтарашон ба онхо вазнин буд.16 сола ин кудак у аз зиндаги чи омухтааст хеч чиз.16 сол ин аёми чавони аёми омухтан на аёми шавхар кардан лаънат бар падару модараш. Уро санг назанед у айбе надорад санг ба падару модар занед ки тухтарро тарбия маънави надодаанд


Комментарий №10    Написал: али    16 января 2012 16:58    Цитировать
хохари жон ба ту ва ба ту баринхо гуфтани хастам.Охир шавхар кардед гапи шавхаратон конун аст.ХУДОИ БУЗУРГ хаммаро нигох дорад.
1 2


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"