Зан ва мард
19.01.2012 09:44

БАРОДАРИ ТАҶОВУЗКОР

Ба хона даромада, хоб карданӣ будам, аммо лаҳзае нагузашта дари хонаам кушода шуду Анӯш вориди он гашт. Ҳайрон шудам, охир, ӯ ҳаргиз шабона ба хонаам намедаромад. Дарро қулф кард ва даҳонамро дошта, либосҳоямро ба зӯрӣ кашид. Ҳарчанд гиря кардам, зорӣ намудам, вале ба ин нигоҳ накарда, бо ман ҳамхоба шуд…
Ман шуморо чун бародар дӯст медоштаму эҳтиром мекардам, дар симоятон як инсони солиму боақлро медидам, на таҷовузкорро. Гумон доштам, ки бародарвор хушбахтии маро мехоҳед, на шармандаю сархам шуданамро, аммо…

Мегӯянд, ки ғайбати худӣ эътиқоди бегонаро дур мекунад, вале бо вуҷуди ин, дигар хомӯш буда наметавонам, зеро косаи сабрам лабрез гаштааст.
Аз рӯи нақли холаам падару модарам дар солҳои донишҷӯияшон шинос шуда, аз рӯи меҳру муҳаббати зиёд издивоҷ кардаанд. Дар аввал бибию бобоям барои хонадоршавии онҳо зиддият нишон дода, модарамро келин кардан намехостанд, вале чун диданд, ки падарам якравӣ дорад, норозиёна модарамро хостгор шуданд.
Зиндагии онҳо ширин оғоз шудаю идома меёфт. Ҳарчанд, ки пештар бибию бобоям модарамро арӯси хонадонашон дидан намехостанд, вале баъдтар ба ӯ меҳр пайдо карданд ва дӯсташ доштанд. Ҳаёти рангин доштанд волидонам, вале фарзанд не. Рӯзҳо, моҳҳо ва ҳатто солҳо мегузаштанд, аммо Худованд ба онҳо фарзанд ато наменамуд. Аз байн 8 – сол сипарӣ шуду пас аз даводави зиёд ва табобат гирифтан, ман ба дунё омадам, ки бо умедҳои зиёд Умедаам ном гузоштанд. Падарам мехостанд, ки оянда табиб шавам, вале афсӯс… Сад афcӯc, ки на падару на модарам орзуҳояшонро надида, сафар карданд, сафаре, ки бозгашт надорад. Бале, онҳо рафтанд ба дуриҳои дур бебозгашт. Ҳангоми ба пойтахт рафтан дар роҳ ба садама дучор шуда, ҳамон лаҳза ҷон ба ҷонофарин супурданд. Ман низ бо онҳо будам, вале ҳеҷ захме набардоштам. Пас аз ин фоҷиа, маро аммаам, ки панҷ писар дошту духтар не, дар тарбияи худ гирифт. Он вақт дар синфи 3-юм мехондам ва боре аз ҷониби падару модарам сухани ноҷое нашунида будам, аммо баъди сари онҳо сар шуд ранҷу азобам. Гарчанде хурд будам, ҳис мекардам, ки ҳеҷ кас наметавонад ҷойи падару модарро гираду мисли онҳо меҳру муҳаббат бубахшад. Аммаам ба хурдиам нигоҳ накарда, хонаашро ба ман месупурду худ рӯзи дароз дар гаштан буд, дигар ман медонистаму корҳои хона. Рӯз то бегоҳ рӯбучин, шустушӯй, ҳатто пухту пазро ҳам ман мекардам, вале боз гап мешунидам. Аммаи бераҳмам ба корҳоям эрод гирифта, пайваста сарзанишам мекард. Албатта, тағою холаҳои сарватманду меҳрубон доштам, аммо ӯ барои ба хонаи онҳо рафтан иҷозат намедод. Мактаб низ намерафтам, зеро аз кору бори зиёди хона имкони дарс хондан ҳам намешуд, аниқтараш ҳуҷҷатҳоямро кайҳо боз аз мактаб гирифта буданд. Рӯзҳою моҳҳо, солҳо мегузаштанду ман низ камол ёфтан доштам. Рӯзе аммаам ба тӯйи арӯсии духтари дугонааш рафту шаб он ҷо монд. Тамоми корҳои хонаро анҷом додаму барои бачаҳо, ки ҳамаашонро мисли бародар медонистам, хӯрок кашидам. Ҳама хӯрданду ба ҳуҷраҳои хобашон гузаштанд. Ман низ дегу косаро шуста, вориди хонаи хобам гаштам. Болои диван афтидан баробар, бачаи калонии аммаам Анӯш вориди хона шуд.
- Ҳа, Анӯш, тинҷист, дар хонаи ман чӣ гум кардед? – гуфта пурсидам аз ӯ, вале ҷойи ба саволҳоям ҷавоб додан даҳонамро дошту либосҳоямро кашид ва ба нею нестонам нигоҳ накарда бо ман ҳамхоба шуд. Баъди ба мақсадаш расидану айш рондан, наздам шарт гузошт:
- Агар дар ин масъала ба касе даҳон кушоӣ, рӯзатро нишон медиҳам! Ман аз касе чизе нафаҳмам, фаҳмидӣ?!
- Шарм надошта боз гап мезанед? Ман шуморо чун бародар дӯст медоштаму эҳтиром мекардам, дар симоятон як инсони солиму боақлро медидам, на таҷовузкорро. Гумон доштам, ки бародарвор хушбахтии маро мехоҳед, на шармандаю сархам шуданамро, аммо… Акнун аз он ки бори шармандагиро мебардорам, мурданам беҳтар аст, - гуфтаму хуб гиристам.
- Гиря накун, ҳамааш хуб мешавад, боз шавҳар мекунӣ, хушбахт мешавӣ…
- Чӣ хел шавҳар? Бо кадом рӯ чунин суханонро ба забон меоред? Беномус будаед!
- Шуд, бас! Дигар дар ин бора чизе нашунавам! – дод зад ба сӯям ва худ аз хона берун шуд.
Шаби дароз мижа таҳ назада гиря кардам, аз Худованд марг хостам, ҳатто дору хӯрдам, то бимирам, вале дар тақдирам марг набудааст, боз зинда мондам. Мисли дигар рӯзҳо субҳи барвақт аз паси корҳои хона шудам. Рангу рӯи паридаю чашмони варамамро дида, дигар писарони аммаам, ки аз ин рафтори ҷоҳилонаи бародарашон бехабар буданд, пурсиданд:
- Дилӣ, ба ту чӣ шудааст? Чаро чашмонат вараманд? Дар рӯят бошад, ранг намондааст, бемор шудӣ?
- Не, имшаб модарамро хоб дидаму каме ғамгин шуда, гиря кардам, саломатиам шукри Худо, ки хуб аст, - гуфта, бо ҳамин ҷонамро аз пурсишҳои дигари онҳо халос кардам.
Ҳавлиро рӯфта, барои «бародарон»- ам наҳҳорӣ омода кардам ва худ вориди хонаи хобам шуда боз гиристаму гиристам. Ҳамин ҳангом Анӯш ба утоқам даромада:
- Маро бубахш Дилӣ! Шояд боварам накунӣ, аммо ин рафторам дар ҳолати мастӣ ба вуқӯъ пайваст, вагарна ман девонаам, ки ба ту даст дароз мекунам? Бо азоби виҷдон зистан намехоҳам ва туро ҳам наметавонам ҳар лаҳза дар ин хона бубинам, барои ҳамин, худи ҳозир рафта чипта мехараму ба Русия меравам, - хайрухуш намуда, азми сафар кард. Аз ин ҳодиса шаш сол паси сар шуд, аммо ӯ ҳанӯз ҳам дар мулки бегона кору зиндагӣ дорад, на занг мезанаду на аз худ ба мо хабар медиҳад. Аммаам аз фикри ҷигарбандаш бемори бистарӣ шудааст, вале… Ман бошам, имсол мактабро хатм намудам. Хостгоронам низ кам нестанд, аммо чӣ тавр ба шавҳар бароям? Аммаам зиёд мехоҳад, ки маро хонадор карда, хушбахтиамро бубинад, вале ба ҳама талабгоронам ҷавоби рад медиҳам, зеро на худу на аммаамро шарманда кардан намехоҳам. Беҳтараш тамоми умр танҳо зиндагӣ мекунам, яъне хонадор намешавам…
Дилӣ


Комментарий №1    Написал: Mexrubon    19 января 2012 20:15    Цитировать
Salom xoxari aziz! az xondani in bovar kuned bisyor ashk rextam ...xamavakt dar xushbaxtiat xastam .Az man in maslixat 1) in ki boyad xamon vakt xodisai korro megufti biguzor xama medonistan chunki yak ruz ne yak ruz in sharmandagi mebaromad 2)in ki shavxare gir ki az axvoli kor xabardorash kun ba'd zindagiya ogoz kuned agar mard duyum zan xam turo girad boyad u faxmad in xodisaro chunki ba'd taxnayu malomat nashunavi boz dar zindagiyad dubora suzi 3)agar tavoni xamai pisaron yakdigaro dar rusiya meshinosand bachai amaatro surog kun shoyad tarsida naoyad .... bachai amaatro giri xubtar meshavad kushish kun vaktatro behuda naguzaron


Комментарий №2    Написал: Ануш    20 января 2012 23:34    Цитировать
Муаллифи ин маколаи дуругин!!!Лекин больная фантазия у вас!АЗ ХУДО магар шарм намедоред чунин афсонахоро бофта мебуроред?О БЕСАВОДОН Агар аз рафтани ануши афсонавиву ин ходиса 6 сол сипари шуда бошаду,ин духтар хамин сол мактабро хатм карда бошад,о вакти тачовузз ин духтар синфи 4-ум буд?инро хисобу китоб накардед эй дуругчиёни боги дониш?Дуруггу душмани хатост!ЁБо ин хел фантазиязои больнойи худ табъи одамонро хира накунед шармандахо!Дещевкахо!


Комментарий №3    Написал: карим    25 января 2012 18:40    Цитировать
Салом ба хамаи халки ватам ман 26 сола тохол хонадор нашудаам хато бачаам аз худо метарсаму ба коре даст намезанам шукри худо панч вахт намозу курон мехонам гунохам хамин ки дар шахри Рассияям дар актиёри мехонам ончи касби хуб нест аммо намедонам аз кучо ба ман пайдо шуд ин талант гуем ман мегирам хамин духтарро агар дар хакикат рост бошад хамин кисса онки манро чанд духтар мехохад бо онхо хонадор шавам лекин рост бошад ин кисса ин номери ман интизори сурогаи ин духтарам 9061935485 Карим.


Комментарий №4    Написал: Холназар    1 февраля 2012 09:56    Цитировать
Бародарон- ба ин кисахои бофтаю бе мантики инхо гуш карда, худро гамгин насозед.Бовар кунед ин хел киссахо дар зиндагии мову шумо бисёранд, вале инхо намедонам аз чи сабаб бошад ки ба мо киссахои афсонавору бофтаи худро менависанд, ба хотири чалб кардан, АЙБ, ШАРМАНДАГИ, БЕОБУРУЙИ (хОхиш -ягон чизхои ба хакикат наздикро нависед, ки обу рую нуфузи худро гум накунед).


Комментарий №5    Написал: CAREZ    3 февраля 2012 13:44    Цитировать
Mualifi besavod, avval in duxtar maktab naraft va naxondast, boz navishti ki maktabro xxxxxatm kard.bo hamin makolahoi bofta shumo mardumi tojikro badnom mekuned, mardum makolai boftaro mexonad va gumon mekunad ki tar Tojikiston kor ba daragae rasidaast ki barodar ba xoharash tajovus mekunad. Nomuci millatro bardored bo makolahoi xud na in ki tojikonro zeri po kuned bo makolahoi boftu memani.


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"