ё духтари касро бадном кардан аз рӯи одоб аст?
Ба қаҳрамони қиссаи «Ба ман зани бероҳа даркор нест!» гуфтанӣ ҳастам, ки аз болои шавҳараш ба суд муроҷиат кунад ва барои тӯҳмати ноҳақ карданаш ӯро ба ҷавобгарӣ кашад. Охир, то кай мардҳо ҳуқуқҳои моро поймол мекунанду мо хомӯш меистем? То кай моро таҳдид менамоянду дар ҷавоб ҳеҷ ҷазое намегиранд? Ҳунари зангирӣ, ки надоранд, пас барои чӣ хонадор мешаванд? Барои чӣ духтари касро бадному сархам месозанд? Магар ин аз рӯи адолат аст? Наход одам то ин дараҷа беинсоф бошад? Медонам, ки зиндагӣ душвор аст, аммо тоқат кардан даркор! Имрӯзҳо мардҳои мо хеле эрка шудаанд, ки ба камтар мушкилии ҳаёт сабр накарда, аз зану фарзандашон ҷудо мешаванд. Бо хубӣ ҷудо шаванд- ку гапи дигар, аммо баъзе беинсофаш ҳамсарашро шармандавор аз хона меронад, ки ин хеле аламовар аст. Маро ҳам шавҳари бераҳмам бо тӯҳмат аз худ дур кард, аниқтараш бо се фарзандам танҳоям гузошту худ оғӯши дигареро маскан гирифт, вале аз болояш ба ҷое шикоят набурдам ва дар борааш ба касе чизе нагуфтам, хомӯшӣ пеша кардам, аммо имрӯз пушаймонам ва афcӯc мехӯрам, ки чаро барои тӯҳматҳояш ҷазояш надодам?! Аз ҳодисаи ба сари ман омада, чандин сол сипарӣ гашт, аммо ту, хоҳари азиз, он номарди тӯҳматчиро ин тавр нагузор, ҷазояшро деҳ, сазояш ҳамин аст!
Тоҷинисо, аз шаҳри Душанбе
ӮРО БА ХУДО СУПОРЕД!
Дар шумораи гузашта қиссаи «Ба ман зани бероҳа даркор нест!», ё тӯҳмати ноҳақро, ки аз ҳаёти як бону нақл мекард, хондаму бетараф истода натавонистам, бинобар ин, хостам фикру андешаамро гуфта бошам. Хоҳари азиз! Зиндагӣ мушкилиҳои зиёде дорад, ки баъзан инсон роҳашро гум мекунад. Баъдан ҳарчӣ, ки дар сарнавиштамон навишта шуда бошад, хоҳу нохоҳ онро мебинему азобашро мекашем, вале аз ин, рӯҳафтода шудан нашояд. Агар шавҳаратон шуморо тӯҳмат намуда, ҷавоб додааст, пас ин анҷоми зиндагӣ нест, ҳаёт идома дорад. Танҳо шуморо зарур аст, ки худро ба даст гиред, зиёд фикр накунед, зеро ин ба саломатиатон зиён оварда, ба бемориҳои гуногун мубталоятон кардан ҳам эҳтимол дорад. Муҳимтар аз ҳама барои одамӣ тани сиҳат аст, боқӣ ҳамааш хуб хоҳад шуд. Ҳаргиз маслиҳат намедиҳам, ки аз болои шавҳаратон ба суд шикоят бурда, ӯро ҷазо диҳед, не! Ӯро ба Худо супоред, боварӣ дорам, ки ба ҳама кору рафтораш ҷавоб мегирад. Шумо бошед, иншооллоҳ бахти худро меёбед ва хушбахт низ мегардед, танҳо худро ба даст гиред ва кӯшиш кунед, ки ин рӯзҳои вазнинро бо хушӣ паси сар намоед, вақт ба ҳама дардҳо даво мебахшад. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Аз ноумедӣ басо умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст…
Хонандаи шумо, аз шаҳри Душанбе
…РӮЗИ ХУШРО НАБИНАД!!!
Хоҳари азиз! Парво накунед, ҳамааш хуб мешавад, он номарди машенник бошад, ҷавоби ин рафторашро мегирад. Агар шумо дар ҳақиқат ҳам гуноҳ надошта бошед, боварӣ дорам, ки дар бахти дуюм хушбахт ва соҳиби оилаи ободу фарзандони солим мешавед, аммо вой бар аҳволи он нобакор. Мурад чунин мард, номи мардиро ҳам ҳайф кардааст. Дар ҳоле, ки шуморо бо тӯҳмату бадгӯиҳояш назди дӯсту душман сархам кардааст, Худо рӯзи хушро набинад!
Тарафдори шумо
САБР КУН, ХОҲАР!
Салом ба тамоми хонандагону кормандони нашрияи дӯстдоштаи аҳли оилаи мо «Зан ва мард»! Бовар кунед, вақте мақолаи «Ба ман зани бероҳа даркор нест»- ро хондам, сахт асабӣ шудам ва дилам ба он хоҳари азиз сӯхт, аз ин рӯ, ба шумо занг задам, то фикру ақидаамро иброз дорам.
Аввалан лаънат мегӯям ба он марде, ки ин хоҳари азизро ҳамсар кардаю пас аз се моҳи зиндагӣ бо тӯҳмат ҷавобашро додааст. Мурдани чунин мард беҳтар аз зинда буданаш аст. Охир, наход мард шуда ин гуна рафтор намоӣ? Вақте бо ин духтар алоқаи ҷинсӣ кардӣ, оё нафаҳмидӣ, ки ӯ бокира буд ё не? Ту гов будӣ магар, ки сари вақт ҳеҷ чизро пайхас набурдию баъди се моҳи зиндагӣ ӯро тӯҳмат намуда, ҷавоб додӣ? Вақте ҳамсари ту асту бо ту зиндагӣ дорад, пас аз кӣ ҳомила мешудааст? Наход одам фарзанди худашро ҳаромӣ гӯяд? Мо ҳам мардем, аммо чунин рафтори ҷоҳилонаро ҳаргиз ба занҳо раво намебинем. Вақте ҳамсарам дар синни 36 солагӣ аз олам гузашт, духтари калониам 9 – сола ва хурдӣ 3,5 сола буд, аммо ман хотири ҷигарбандонам бо дигар зан хонадор нашудам, худам чор духтарро калон кардам. Инак, 17 – сол мешавад, ки фарзандони ман модар надоранд, ман барояшон ҳам падараму ҳам модар, тамоми меҳру муҳаббатамро ба онҳо мебахшам, то бемодарии хешро ҳис накунанд. Охир, онҳо фарзандони мананд ва ба ҷонам пайванданд. Ба шавҳари ин хоҳари азиз ҳайрон мешавам, ки чӣ гуна дилаш шудааст, то фарзанди худро ҳаромӣ гӯяд ва ҳамсарашро бо чунин тӯҳмат аз хона пеш кунад? Худо нигаҳбон бошад аз чунин инсонҳо. Ба хоҳари гиромӣ гуфтанӣ ҳастам, ки аз ин шикасти ҳаёт рӯҳафтода нашавад, чунки ҳеҷ гул бе хор намешавад, агар гул бе хор мешуд, зан ҳамеша фариштаи дунё мегашт. Ба бародаронаш бошанд, маслиҳат доданӣ ҳастам, ки хоҳарашонро хуб нигоҳубин намоянд, то ин рӯзҳои душворро бо муваффақият паси сар кунад. Шавҳараш ҳам дар ин дунёву ҳам дар он ҷазояшро хоҳад гирифт.
Хонандаи шумо, аз ноҳияи Шаҳринав