Зан ва мард
26.01.2012 10:02

НИГИНА ҶИГАРСӮХТАИ ИШҚИ КИСТ?

ҶИГАРИ НИГИНА БАРОИ КӢ МЕСӮЗАД?
Дар раҳи ишқи ту ҷигарсӯхтам, аз ту хабар нест, нест,
Ҷомаи ғамро ба танам дӯхтам, аз ту хабар нест, нест…
Фикр мекунам, ки шумо хонандагони азиз дарк кардед, ки чеҳраи навбатии нашрияи «Зан ва мард» кист, ҳамин тавр не? Бале, бонуи зебо, ҳунарманди маҳбуби дилҳо, оне, ки мову шумо дӯсташ медорем, оне, ки мову шуморо дӯст медорад, Нигина Амонқулова мебошад. Нигинабону рӯзҳои наздик, аниқтараш 30-юми январ зодрӯз дорад, ба ин муносибат сӯҳбате оростем бо ин бонуи зебою соҳибҳунар, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
- Нигинабону, зодрӯз муборак бошад!
- Ташаккур, хеле хушҳолам, ки шумо, аҳли эҷоди нашрияи бисёр ҳам хонданӣ – «Зан ва мард» ҳамеша ва дар ҳама лаҳзаҳо ёди мо, ҳунармандон мекунед, миннатдорам.
- Акнун бигӯед, ки дар ин рӯзи хурсандӣ аз кӣ чӣ тӯҳфа интизоред?
- Рости гапро гӯям, аз касе тӯҳфа интизор нестам.
- Чаро?
- Ба он хотир, ки асос тӯҳфа нест, балки як табрикоти самимӣ ва сухани пур аз меҳру муҳаббат аст. Сухане, ки аз таҳти дил мебарояд, сухане, ки сохтаю бофтаю рӯякӣ нест.
- Воқеан ҳам дуруст аст, аммо наход аз нафаре тӯҳфа интизор набошед?
- Шавҳарамро дар назар доред?
- Шумо бо шавҳаратон зиндагии якҷоя доред?
- Албатта.
- Пас овозаҳое, ки вирди номатон паҳн шудаанд, дурӯғанд?
- Бале, ҳамааш ҳангомаанд ва ҳеҷ асосе надоранд.
- Дар ҳоле, ки бо шавҳаратон рӯзгори осудаю ширин доред, пас ҳангомаҳо ба он халал ворид намесозанд? Шояд шумо ё ҳамсаратон аз шунидани гапу хабари мардум асабӣ мешавед?
- Пештар ғамгин мешудам, имрӯз бошад, парво надорам, аниқтараш одат кардаам. Гапҳои бофтаю сохтаю бардурӯғ тамомшавӣ надоранд, бинобар ин, ба ин чизҳо дода шудан нашояд.
- Аз касбатон язна розӣ аст? Мақсадам ин ки шумо сарояндаеду ҳамеша дар ҷашну чорабиниҳо оё ӯ рашк намекунад?
- Аввалҳо рашк мекард, вале баъдтар шояд ба зани овозхонаш одат кард, ки дигар рашк намекунад.
- Мегӯянд, ки зиндагӣ бе ҷанг намешавад…
- Дуруст аст, ҳеҷ гоҳ зиндагӣ бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Агар хушбахти ҷаҳон бошӣ ҳам, хоҳ нохоҳ як нофаҳмӣ ё ҷанҷол мешавад.
- Боре шудааст, ки бо шавҳаратон ҷангу ҷанҷол кардаю қаҳрӣ гашта бошед?
- Борҳо! Тавре гуфтам, зиндагӣ бе ҷанҷол намешавад. Зану мард бо вуҷуди он ки ҳамдигарро дӯст медоранду нисбат ба якдигар меҳру муҳаббати беандоза доранд, боз ҷангу ҷанҷол мекунанд. Ва бояд гуфт, ки ҳамин нофаҳмӣ, ҷанҷолҳо ва қаҳрӣ шуданҳо зану шавҳарро ба ҳамдигар наздиктару зиндагиро ширину гуворо месозанд.
- Вақте қаҳрӣ мешавед, сухани аввалинро барои оштӣ шудан кӣ мегӯяд: Шумо ё шавҳаратон?
- Ҳарчанд, ки борҳо сабабгори асосии ҷанҷоламон худи ман будам, вале ҳамеша аввалин сухани оштишавиро ҳамсарам мегӯяд. Ӯ хеле меҳрубон аст.
- Издивоҷи хешутабориро хуб шарҳ намедиҳанд…
- Ман ҳам дар бораи оқибати хуб надоштани издивоҷи хешутаборӣ бисёр суханон шунидаам, аммо шукри Худо, ки то имрӯз аз зиндагӣ шикоят надорам, зеро он тинҷу осуда ҷараён дорад.
- Ба ҷуз сароянда будан боз чӣ касбу кор ё шуғле доред?
- Аз ӯҳдаи ҳама он корҳое, ки хоси зананд, мебароям.
- Масалан?
- Масалан, пӯхтану дӯхтан, рӯфтану шӯстан, тарбияи фарзанд…
- Чӣ пӯхта метавонед, торт, пирог ва ё…?
- Акнун худро кадбонуи моҳир намегӯям, вале барои худаму оилаам метавонам хӯришҳои хуб омода созам, торту пирог ва дигар намуди шириниҳоро бипазам.
- Барои шавҳаратон бештар чӣ омода мекунед? Ӯ кадом навъи таомро меписандад?
- Ҳарчӣ, ки омода созам, бо иштиҳо мехӯрад, зеро болаззат тайёр мекунам. (механдад)
- Хуб, сӯҳбатро атрофи таронаҳоятон идома медиҳем, розӣ ҳастед?
- Чаро не?
- Вақтҳои охир ба сурудҳои ғамангез рӯ овардаед, сабаб чӣ бошад?
- Медонам, ки гумон доред, таронаҳоям аз ҳаёти худам қисса мекунанд, вале ҳаргиз ин тавр нест. Ман ҳунармандам ва дар ҳама мавзӯъ хоҳ шӯху дилангез бошад, хоҳ ғамангез бояд суруд дошта бошам. Мо, сарояндагон дар аксар мавридҳо дарди худро не, аз дигаронро мехонем, яъне аз халқро. Вақте таронаи «Чархи фалак» - ро хондам, ҳис кардам, ки аз сурудҳои дигарам дида ин ба дили мардум наздиктар будааст, зеро бисёранд ғамзадаҳо, бисёранд ранҷдидаҳо, бисёранд нафароне, ки дар зиндагӣ нокому ҳайрон мондаанд. Ҳол он ки вақте сенарияи клипи онро ба ман пешкаш карданд, тамоман писандам наомад, ба он хотир, ки он хеле аламовар буд ва ман, ки чунин рӯзҳоро надидаам, фикр мекардам, аз ӯҳдаи он намебароям, вале, хушбахтона, муваффақ шудам.
- «Ту бигӯ ошиқамӣ, ки бигум ошиқатам…» . Тариқи ин тарона киро мепурсед, ки ошиқатон ҳаст ё на?
- Ин танҳо шеъре буд, ки баъди хонданаш писандам омаду онро ба риштаи оҳанг дода, сурудам ва пешкаши халқ гардонидам. Он тамоман ба ман тааллуқ надорад.
- Дар ҷодаи санъат кӣ шуморо дастгирӣ мекунад?
- Ҳеҷ кас!
- Аммо…
- Бовар кунед, ки сарпараст надорам ва ҳама шунидаҳоятон овозаҳое ҳастанд, ки асоси воқеӣ надоранд.
- Пас аз куҷо маблағ меёбеду тез – тез таронаҳои нав омода кардаю пешниҳоди дӯстдорони савту наво мегардонед?
- Худо подшоҳ аст, ризқу рӯзии бандагонашро медиҳад. Ғайр аз ин ман дар Кумитаи телевизион ва радио кор мекунам, ки роҳбарияти он ҳамеша мо, кормандонашро кӯмаку дастгирӣ мекунад.
- Дар анҷоми сӯҳбат бори дигар мо, аҳли эҷоди нашрияи «Зан ва мард» шуморо ба рӯзи мавлудатон табрик гуфта, бароятон барору комёбӣ ва хушбахтӣ таманно дорем. Муборак бошад!
- Раҳмат.
Мусоҳиб Меҳрафрӯз Неъмонзода


Комментарий №1    Написал: МУХОЧИР    28 января 2012 17:53    Цитировать
АПАИ НИГИНА ШУМО ГУФТЕД КИ ХУДОВАНД РИСКУ РУЗИИ БАНДАГОНАШРО МЕДИХАД БАЛЕ ДУРУСТ АСТ ЛЕКИН МЕДОНЕД КИ БО ЛИБОСИ ТАНГ ВА ШАФОФ ДАР КУЧА БАРОМАДАНИ ЗАН ГУНОХ АСТ ХАТО БЕ УЗР БАРОМАДАН ИН ДУНЁ ФОНИ ШАВАНДА РУЗЕ МАРГ БА СУРОГИ МО МЕОЯД БАЪДИ БА ХОК СУПУРДАНД ХУДОВАНД НАМОЯДАХОИ ХУДРО МЕФИРИСТОНАД БАЪД БА ОНХО ЧИ МЕГУЕД МАН ХАМ ХАМШАХРИИ ШУМО ХАСТАМ СУХАНХОИ МАН ШУМОРО НОРОХОД НАСОЗАД АЗ ДИЛСУЗИ МЕГУЯМ ХУДОВАНД НИГАХДОР БОШАД


Комментарий №2    Написал: ali    29 января 2012 10:28    Цитировать
ин гапхои дуругро умеди сармис ба тамоми тожикистон пахн кардааст.Худозада ин гапхоро аз кужо мебофад.Худои Таъоло ба хамма имони комил ато кунад.ОМИН.


Комментарий №3    Написал: МУХОЧИР    29 января 2012 12:32    Цитировать
Нигинаи Рауф як умр либоси миллиро бо либоси танги авруппо иваз накардааст.НИГИНАИ нави мо бошад бо либоси танг худро зебо мебинад..........


Комментарий №4    Написал: ш.....а    31 января 2012 21:47    Цитировать
если чесно ман дар умрам хамаги хангоми гуш кардани 3суруд гиря кардаам Якеаш суруди хамин кас аст.Ман мухлис нестам аммо гуфтаниам ки ин кас дар суруди(чархи фалак)оли хунарнамои карданд.Ман ин шеьро случайно шунидам баьдан клипашро тамошо кардам бовар кунед аз чашмонам ашк чори шуд.Шахси гиренчак нестам аммо ин суруд маро коил кард ки имруз хам хунармандони бо дилу гурда доштаем.Рости гап ман сурудхои точики он кадар гуш намекардам аммо ин суруд ашки маро баровард.Бравввввввво


Комментарий №5    Написал: рустам    1 февраля 2012 23:00    Цитировать
акаи Мухочир дар урфият мегуянд,агар кал боши аввал сари худро табобат кун.аввал фикр кун худат чи хел одами,баъд дигаронро насихат кун.


Комментарий №6    Написал: Наргис    5 февраля 2012 19:35    Цитировать
Нигиначон! Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки шумо яке аз дурахшонтарин ситораи санъати точик хастед. Аз шунидани овози шумо фикр мекунам, ки хатто булбул рохат мекунад. ОФАРИН!!! ТАК ДЕРЖАТЬ!!! Лекин хафа нашавед хохарчон, либосхои бехад танг напушед. Ман мухлиси ашадии шумо. Борхо тавассути радио хохиши шунидани сурудхои шумо кардаам.Зодрузатон фархунда бод!


Комментарий №7    Написал: фалонча    8 февраля 2012 16:40    Цитировать
Нигина обуруи Панчакента пас накун


Комментарий №8    Написал: Shamsiddin    9 февраля 2012 10:55    Цитировать
MAn niz ba guftahoi dar bolo qaydshuda jonibdorii hudro izhor namuda, az apai mo'htaram-Niginabonu hohishi onro doshtam, ki baroi orzuvu havasi 2-ruza dunyoi foni shuda hudatonro dar zeri gunoh nagzored, iltimos. Zero biduni dar tan kardani hamin liboshoi shaffof ham shumo zeboed,
Boqi hudo hofiz!


Bo sad tamanniyothoi behtarin
Shamsiddin


Комментарий №9    Написал: Муниса    11 февраля 2012 16:13    Цитировать
Дорогая Нигина Амонкулова хочу сказать что вы самая лучшая певица Таджикистана, я таджикские песни не слушаю но вы моя любимая певица.Не слушайте никого у вас очень красивый стиль в одежде вы очень красивая и скромная у вас прекрасный голос,прошу вас оставайтесь всегда такой неотразимой и никогда не старайтесь быть похоже на Шабнами Сурайе,Фируза,Фарзона и др которые унижают нас мусульманинов. Я обожаю вас всего доброго.


Комментарий №10    Написал: Нурали Умарович    11 февраля 2012 20:34    Цитировать
Уважаемая Нигина Амонкулова !!!
Я вас уважаю за зо, что у Вас красивые брови
1 2


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"