Зан ва мард
26.01.2012 10:02

ФАРЗОНА АРӮСИ ҶОНИБЕК?

ФАРЗОНА АРӮСИ ҶОНИБЕК?

Ё ҶОНИБЕК ШАБНАМРО «КИДАТ» КАРДУ БА ФАРЗОНА ЧАСПИД?
Cуруду мусиқӣ ба кас рӯҳу илҳоми тоза бахшида, хастагиро дур месозад. Аз ин ҷост, ки ҳар яки мо ҳамеша таваҷҷӯҳ ба тарона ва мусиқии форам дорем. Пӯшида нест, ки ҳар нафари мо тариқи гӯш кардани таронаҳои ҳунарманди писанди диламон худро аз ғаму дард раҳо намуда, ба дунёи орзуҳои ширини ҷавонӣ, дунёи пурфасонаи ишқу муҳаббат ворид мешавем. Ҳарчанд, ки дар кишварамон сарояндагони зиёде рӯи саҳнаи ҳунаранд ва ҳар лаҳза боз шумори онҳо рӯ ба афзоиш дорад, вале гумон мекунам, ки ҳар нафар сарояндаи писанддидаи хешро дорад ва пайваста таваҷҷӯҳ менамояд ба тарзи хониши ӯ, сару либос, ҳаракат ва таронаҳои дилангезаш. Ман ҳамчун як шунаванда, ки хеле зиёд ба савту наво таваҷҷӯҳ дорам, аз миёни ҳунармандони зиёди Тоҷикистон ҷавони хушсадо, овозхони маҳбуби дилҳо, оне, ки ҳамагон мешиносадашу таронаҳои саршор аз муҳаббаташро гӯш мекунанд, Ҷонибек Муродовро зиёд дӯст медораму ошиқи садояш ҳастам. Вақте ӯ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунад, ман аз шодӣ қабат- қабат гӯшт гирифта, хушҳол мешавам, охир, ин ҷавони соҳибистеъдод хеле зебою гуворо мехонад, ҳаракатҳояш бошанд, касро ба ӯ ҷалб месозанд. Ӯ воқеан ҳам, ҳунарманди хуб аст, садои ширину гӯшнавоз дорад, дар саҳнаи тоҷик сарояндаи тасодуфӣ нест. Аз ин ҷост, ки муҳаббати зиёди мардумро низ соҳиб гаштааст, вагарна…
Ҳамарӯза мешунавему мебинем, ки ҳунармандони ҷавон ба саҳна қадам ранҷа намдудаю сурудхонӣ мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо меҳру самимияти халқро мушарраф мегарданд, барои дар дилу дидаҳо ҷо ёфтану ҳаводорони зиёдро соҳиб гаштан, ҳунари асил даркор. Ҷонибек бошад, ҳунари хуб дорад. Ҳар вақте таронаҳои ӯро, аз ҷумла суруди «Нигорам»-ро гӯш мекунам, гумон мекунам, ки ӯ барои ман сурудааст, дар асл вай ҳунарманд асту дар кадом мавзӯе хоҳад суруд мехонад. Хуб, мақсад аз нома нигоштанам таърифи ин ҳунарманд нест, балки ҳангомаҳои вақтҳои охир вирди номи ӯ паҳншуда маро каме ба ташвиш овардаанд. Пештар, вақте бо Шабнами Сурайё якҷоя бадеҳа мехонданд, мардум мегуфтанд, ки байни онҳо ба ҷуз ҳамкорӣ боз дигар муносибатҳои шахсӣ низ мавҷуд аст, аммо ба ин бовар намекардам, зеро хуб медонам, ки вақте ин ё он нафар миёни мардум каме маҳбубият пайдо мекунад, хоҳ нохоҳ вирди номи ӯ овозаҳои зиёд паҳн месозанд. Тавре ба ҳама маълум аст, бо гузашти вақт, шояд гапу хабари мардум сабаб шуд, ки ин ду ҳунарманди хуб аз ҳамдигар ҷудо шуда, роҳи хешро дигар намуданд. Аммо ба наздикӣ дар як маърака шунидам, ки гӯё Ҷонибек Шабнамро «кидат» кардаю ба Фарзона часпида бошад, яъне минбаъд бо ин бонуи ҳунар мемонад. Бовар кунед, аз шунидани ин гапҳо ғамгин шудам, охир, Ҷонибек бо Шабнам дуэти хуб буданд, на бо Фарзона. Илтимос ба ҳамин масъала равшанӣ андозед, қаблан сипосгузорам.
Нигора, аз шаҳри Душанбе

Ҷавоби Ҷонибек Муродов:
- Қаблан ба шумо Нигорабону як ҷаҳон ташаккур мегӯям, ки чунин суханони пур аз меҳрро нисбат ба ман рӯи коғаз овардаю ба идораи рӯзнома ирсол доштаед, зинда бошед. Бовар кунед, ман бо шумо барин мухлис фахр мекунам ва дӯст медорам ҳама он нафаронеро, ки маро эҳтиром менамоянду ҳунарамро қадр мекунанд. Ҳаргиз фаромӯш насозед, ки ман ҳамеша бо шумоям ва ҳама кӯшишу заҳмат ва эҷоди таронаҳоям барои шумо, азизони дилам аст, шукр мекунам, ки шумо, мухлисонамро дорам. Дар мавриди овозаҳои паҳншуда бошад, гуфтанӣ ҳастам, ки ҳеҷ гоҳ ба гапу хабари бардурӯғ дода нашавед ва бовар ҳам накунед, зеро ман ҳунармандам ва хоҳу нохоҳ дар бораам суханони беасос зиёд паҳн мекунанд, ки аз ин ғамгин нестам, баръакс, шодам. Зеро вақте номи туро мегиранд, вақте дар маърака ё умуман ҷое туро ғайбат мекунанд ё вирди номат ҳангома паҳн месозанд, пас ин нишони он аст, ки мардум нисбат ба ту бетаваҷҷӯҳ нест. Бо Шабнам кам бадеҳа хонданамон бошад, маънои онро надорад, ки мо тамоман ҳамкорӣ надорем, не, албатта ҳамкорӣ дорем, вале мисли пештара не. Муносибатам бо Фарзона низ танҳо дар доираи ҳамкорист, аз ин беш нест. Ӯро чун хоҳар дӯст медораму эҳтиром мекунам.
Омодасоз Дилангез


Комментарий №1    Написал: farzaneh    26 января 2012 18:43    Цитировать
ehhhhh in mardumi mo bekor monan hargap guftan megiran smile


Комментарий №2    Написал: X    27 января 2012 14:43    Цитировать
Eeeeee товба и Чонибек на овощ дораду на ягон суруди бомаънию дилчасп. Ман фикр мекунам гар овозхон дар хакикат дорои хунари воло бошад, бо шунидани номаш дар пеши Назари кас ягон суруди хамин овозхон чилвагар мешавад. Вакте Чонибек мегуянд гайра аз суруди бемантикаш "шахри борони" ( ба гумонамбехтараш номинантов ин сурудро " я добывал в Германии" мегузоштан бехтарин мебуд ). Агар Манижа гуянд ба хотирам суруди " бехуда хорам мекуни " меояд агар Шабнам гуянд парак паракхои девонавору либосхои бешарму нимуриен пеши Назарам пайдо мешавад. Ба гуфти руссхо Чонибек это певец школьниц и девочек 14 лет которым в этом возрасте важен физические данные а не талант так как пока в силу возраста они не могут отличить одаренность от фальша. Ин танхо андешаи ман АСТ, ба иззати нафси касе расидан намехостам. Боки ба хама саломати хохонам.



Комментарий №3    Написал: ш.....а    27 января 2012 21:50    Цитировать
Ё тоба хамихе вохима мекунен ки гуе никох карда бошад ха хама медонанд ки дар чавоб хамин калимаи овозаи беасос-ро мешунавем.ман ин гапро нав шунидаму бад ба хамин апамон гуфтаниам ки местет бо хамин гапхои нолозим вакти худро гузаронида гириф гирифтан гирад.


Комментарий №4    Написал: зафар    27 января 2012 22:40    Цитировать
ааа хо гуй канчики туремчик гирифт ,мо дар чификру хаёл ин апаи нигора бошад фалону фалон


Комментарий №5    Написал: Бахтиёр    28 января 2012 12:09    Цитировать
Илтимос, комменти Зафар ном аблах ва баъд комменти маро хам удалит кунед. Хайр, вай аблах аст, лекин шумо журналистед-ку, хамин хел гапхоро кучо ба маърази тамошо мегузоред?


Комментарий №6    Написал: мусалмон    28 января 2012 19:25    Цитировать
зафар бародар мо хукуки ягон касро суханхои бехуда гуфтан надорем лекин инхоро худованд хидояд кунад барои нигора гуфтаниам ки барои инсон аз хамаи чиз саломати вакт чизи кимат аст вакти худатро барои суханхои бехуда нагузарон


Комментарий №7    Написал: кумри    28 января 2012 21:26    Цитировать
шабнам ва Фарзона хардут беномус мур кати модари зойдагит


Комментарий №8    Написал: 4efe    29 января 2012 10:57    Цитировать
Нигора

Ту ягон кори дигар надори ки дар боhаи ки бо ки хамхоба аст маълумот мекоби7 Е аз хамон кампирхои бозори хасти?


Комментарий №9    Написал: Pariso    31 января 2012 15:42    Цитировать
Шарм намедоред хамин хелин гапхои бемаъниро навистан.Пеш аз навистан хар кадом инсон гиребони худашро бинад. Ман мухлиси Шумо Чонибек. Хеч касро гуш накунед ва ахамиятам натиед. Муввафакият корхоятонба.


Комментарий №10    Написал: Наргис    5 февраля 2012 19:17    Цитировать
Салом хамватанони азиз! Дар бораи Чонибек хаминро гуфтаниам. У на овоз дорад, на вокал дорад, на хунар дорад.Хама "пешравихош" аз пушти падараш. Кариб, ки хамаи сурудхои падарашро каму беш аранжировка карда хондааст БЕНОМУС!!! Сурудхои эчодкардаи худаш хам ягон маъниву мантик надорад. Бовари дорам, хама мухлисони у наврасону чавонони то 20-22 солаанд. Баъзе "ситорахои" эстрадаи имрузаи мо аз олами мусикии асил фарсахо дуранд.
1 2


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"