23.02.2012 09:37

Домоди наркабизнес

(Аввалаш дар шумораи гузашта)
Хушдоманаш фақат долларҳои овардаи писарашро шумурда, дар сандуқҳо ҷо мекарду хусураш бошад, бурутҳояшро бар зада, таърифи ҳафт пушташро менамуд. Наҷиб шабу рӯз дар такопу буд, ними шабҳо аз хона баромада ғайб мезаду баъди ҳафтае хастаю абгор бармегашт ва як ҳафтаи дигар модараш ӯро дорую дармон мекард. Баъди ин шахсони шубҳанок ба хонаашон омада, дуру дароз зиёфат мехӯрданду бандчаҳои долларро монда мерафтанд. Латифа ҳамроҳи хоҳаршӯҳояш чанд намуд хӯрок пухта, дастархон меоросту меғундошт. Шавҳараш ҳамон тавре, ки аввалин бор бо ӯ ҳамхоба шуда буд, боқӣ монда, тағйир наёфта буд. Нимаҳои шаб аз куҷое омада худро ба бистар партофта, бе ягон бӯсаю навозиш мисли ҳайвон ба ӯ дармеафтоду вазифаи шавҳарияшро адо мекард. Ҳамхобагӣ бо Наҷиб барои Латифа азоби алим буд, аммо тоқат мекард. Барои зан бо шавҳараш сӯҳбат кардан, якҷоя филмеро тамошо намудан, ба ҷойе рафтан ва одамвор муносибат кардан орзуи ҳамешагӣ буд. Шавҳари ҳардамхаёлаш бошад, мисли бегонае муносибат мекард, ҳатто ҳангоми ҳамбистарӣ ҳам сухани хубашро дареғ медошт. Баъди як соли зиндагии оилавӣ онҳо соҳиби писараке гаштанду додаршӯяшро хонадор намуда, ба хонаи нав кӯчиданд. Наҷиб гавҳорабандони писарашро бо хонадароёнаш якҷоя қайд намуда, тӯйи калоне дод. Акнун Латифа соҳиби қасри бошукӯҳи пурҷиҳоз, давлату сарвати беандоза ва хазинабони шавҳар буд, агар ишқу муҳаббати инсониро сарфи назар кунем, дигар ҳама чизаш муҳайё буд. Бо ҳамсояҳои нав рафтуомад надошт, ҳавлияшро девори баланде иҳота мекарду чун мурғи қафасӣ миёни чор девор танҳоӣ мекашид. Хоҳару додарон ва волидонаш тез-тез ба хабаргирияш меомаданд, ӯ дар навбати худ ҳотамона барояшон пул мебахшид. Як рӯз хоҳари хурдияш, ки донишҷӯйи Донишкадаи забонҳо буд, ба ӯ таклифи аҷибе кард: - Апаҷон, - гуфт бо меҳрубонӣ Сафия, ин қадар пули зиёд дорӣ, биё пинҳонӣ аз язнаам дар пойтахт ба номат хонае мехарем. Ин бизнеси ӯ хатарнок асту Худо накунад ба балое гирифтор шавад, баъд чӣ кор мекунӣ? Латифа аввал хоҳарашро барои нияти бадаш сарзаниш кард, аммо баъд таклифашро пазируфт. Наҷиб пулро дар халтае меоварду баъди ором шуданаш онро мешумурд, Латифа аз ин фурсат истифода бурда, қисми ками онро мегирифт. Наҷиб бошад, ба унвони «боргир» дашномҳо фиристода, айбро ба гардани онҳо мезад. Пас аз ду моҳи таклифи Сафия ӯ як миқдор пулро ба дасти падараш дода, мӯйсафедро ба пойтахт равон кард. Падараш бо маблағи додаи Латифа як хонаи чорҳуҷрадор ва як якҳуҷрагӣ харид. Сафия дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекарду дар хонаи дигар бошад, иҷоранишин шинонда, аз ҳисоби он зиндагӣ мекард. Ҳарду хонаҳо ба номи падарашон буданд. Сафияи дурандеш аз ҳисоби пулҳои апааш хонаҳоро таъмир карда, тамоми ҷиҳози заруриро харид. Латифа бошад, аз давлати шавҳар хӯрда мегашту парвои хонаҳои шаҳрияш надошт, ҳеҷ гоҳ гумон ҳам намекард, ки онҳо рӯзе ба ӯ даркор мешаванд. Писаракаш Шаҳирро тарбия мекарду ягона армонаш ӯ буд, аз чӣ бошад, ки ӯ дигар фарзанддор нашуд. Солҳо ноаён мегузаштанду писаракаш ба синни панҷсолагӣ расид. Як рӯз Наҷиб тарсону ларзон ба хона омада, тамоми пулу ҷавоҳироти дар дасти Латифа бударо гирифта рафт. Он шаб дер ба хона омада, дарро аз дарун қулф карду танҳо нишаст. Латифа бо писаракаш ғизои шомро хурданду ба бистари хоб даромаданд, вале аз чӣ бошад, ки хобаш намебурд, дилашро сиёҳӣ пахш мекард. Тез –тез ба соат менигарист, ҳамин вақт пушти дарвозаашон мошине қарор гирифту касе дарвозаро сахт-сахт кӯфт. Пас аз чандин бор кӯфта шудани дар шавҳараш хесту бесадо онро кушод ва меҳмонони ними шаб омадаро ба хона даровард. Ду мард бо шавҳараш бо лаҳҷаи афғонӣ гап зада, аз ӯ пул талаб мекарданд.
-Ба номи Худо қасам, ҳамроҳи маро бо бист кило бор дастгир кардаанд, ман ин қадар пуле, ки шумо мегӯед надорам, - қариб гиря карда мегуфт Наҷиб.
-Кадом бист кило, ун ҷо пинҷо килло бор буд, мурдагав! - наъра мезад яке аз «меҳмонҳо». Қисми зиёди бор ба об рафт, - ин дафъа бо овози гирифта посух дод Наҷиб.
- Эй занғар, ин мушкили туст! Ҳозир хонуматро ин ҷо барор ҳамроҳи сагбачаат онҳоро мебарем, агар дар мӯҳлати 10-рӯз пулро барнагардонӣ, медонӣ, ки авҳолашон чӣ мешавад?!
-Занам дар хонаи падараш аст… ҳамин дам садои тарақоси баланде ба гӯши Латифа расиду шавҳараш хомӯш монд. Ӯ аз пушти дар садои онҳоро мешунид ва ҷонҳавл ба хонаи хобаш даромада, писаракашро, ки дар хоби ноз буд, оҳиста бардошту ба даруни ҷевон гузошт. Ин ҷевонро устои русе сохта буд, ки хеле калон буда, агар дарҳояшро мепушидӣ, онро аз девор фарқ карда намешуд. Латифаи беақл даруни онро пур аз ашёҳои беҳуда карда буд, хайрият чанде пеш аз он ҷо сандуқчаеро берун карда, каме ҷойи холӣ буд, аммо ӯ бо писараш ҷо намешуд. Ҷо мешуданд ҳам, дарҳояш дуруст пӯшида намешуданд, Латифа курпаи ғафсеро ба рӯй писаракаш бор карда, хост худаш гурезад, аммо ҳангоми аз дари хона баромадан дасти бақуввате аз мӯйи дарозаш дошта, ба рӯяш зарбаи сахте зад. Зан беҳуш шуд, вақте ба худ омад, даруни қайиқе рӯ-рӯйи дарё шино мекард. Аввал гумон кард, ки хоб мебинад, аммо чун ба худ омад, худро дар оғуши марди бегона дид ва аз тарс боз аз ҳуш рафт. Ин дафъа ба худ омад, ки даруни кулбаи бадбӯе мехобад, калавида-калавида ба берун рафтанӣ шуд, ки дарро баста ёфт, чанд бор ба дари чӯбин бо мушташ зад ва онро марде кушода гуфт:
Хонум соҳибони шумо хобанд, бедор шаванд баъд….

Ҳилолаи Баҳриддин


Комментарий №1    Написал: Gavhar    23 февраля 2012 11:54    Цитировать
Ин чи бемасъулиятист ду хафта боз як чиро такрор чоп мекунед. -Шармандаги!


Комментарий №2    Написал: Орзу    23 февраля 2012 16:46    Цитировать
Инкадар ахмаккарданхоятон бас набуд,ки боз такроранро сар кардед.Сари 1 киссаи дуруг се хафтаи дароз интизор мекунед,боз такрорро сар кардедю бешарафхо!!!!


Комментарий №3    Написал: раббони    24 февраля 2012 22:02    Цитировать
Дар кусут бгон Хилолаи Бахриддин,ин чи керамхури,ки такроран пахш мекуни?


Комментарий №4    Написал: Иван    28 февраля 2012 22:22    Цитировать
Дигар ин хел накунед!!! Як маколаро ду маротиба чоп кардед


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"