31.05.2012 09:45

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: ДАРДКОР НЕСТ МАРДЕ, КИ…

ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА: ДАРДКОР НЕСТ  МАРДЕ, КИ…

- Фирӯза, аз кай ҳамкориро бо Ҷонибек шурӯъ кардед ва оғози ҳамкориатон аз куҷо маншаъ гирифт?
- Як моҳ пеш ману Ҷонибек дар якҷоягӣ маслиҳат намуда, ба хулосае омадем, ки ҳамкориҳояморон зич кунем ва баробари оғоз намудани риштаи ҳамкорӣ тасмим гирифтем, то дар тарабхонаи «Бохтариён» як барномае пешниҳод созем.
- Чаро «Бохтариён» магар барои дар толори калонтаре пешниҳод кардани барномаи ҳунарӣ шароит надоштед?
- Шукри Худо, ки шароитам хеле хуб аст ва агар хоҳам метавонам дар калонтарин кох ҳам консерт баргузор намоям, вале чун мо, ҳунарманд ҳастему пайваста дар сафар, бисёр мушоҳида мекунам, ки дар давлатҳои хориҷа аз кох дида бештар дар тарабхонаҳо консерт баргузор мекунанд санъаткорон, бинобар ин, мо низ тасмим гирифтем, ки ин амалро пайгирӣ кунем ва баҳри хушҳол кардани мухлисонамон ва онҳое, ки муштарии доимии тарабхона ҳастанд, як барномаи яксоата пешниҳод созем. Ҷонибек барномаашро шоми 26- ум пешкаш карду ман, Худо хоҳад, шоми 2- юм пешниҳод хоҳам намуд.
- Барнома, ки ҳамагӣ як соат давом мекунад, чанд сурудро дар бар мегирад ва оё оне, ки он ҷо ширкат меварзад метавонад аз сурудҳои нави шумо баҳра бигирад, ҳаловат бубарад ва илҳом бардорад?
- Чаро не? Якчанд суруди нав омода кардаам, ки иншооллоҳ пешкаш мекунам ва боварӣ дорам, ки бинандаю шунаванда ва оне, ки дар тарабхонаи «Бохтариён» ширкат меварзад, онҳоро хуш қабул мекунад ва аз шуниданашон ҳаловат мебарад.
- Барои Фирӯза ҳамкорӣ бо ҳунармандони хириҷӣ осон аст ё тоҷик?
- Ҳамкорӣ миллату мазҳабро тақозо надорад, бо ҳар нафаре, ки маҳорати хуб дошта бошад, метавон ҳамкорӣ кард. Бо хориҷиён бадеҳа хондану ҳамкории наздик доштани маро сабаб он аст, ки онҳо таланти хуб доранд, садояшон шуниданӣ аст ва вақте бадеҳа мехонӣ бо онҳо, азият намекашӣ, вале агар ҳунармандони тоҷик ҳам бошанд ва маҳорати хуб доштаю садояшон бо садоям мувофиқ ояд, метавонам суруд бихонам ва ҳамкории наздик дошта бошам.
- Акнун сӯҳбатро атрофи клипи наватон, ки дар шакли 3D пешкаш гардид, идома медиҳем. Агар махфӣ набошад, чӣ қадар маблағ, вақт ва заҳмат сарф кардед барои омода кардани клипи мазкур ва кӣ дастгирӣ кард шуморо?
- Агар аз маблағаш гап занам, шояд бовар накунед, зеро хеле зиёд харҷ кардам, аммо ин муҳим нест, асос он ки бинандаю шунавандаам аз дидани он шод шудаю онро хуб қабул карданд. Дар мавриди вақту заҳмат бошад, ҳаминро гуфтаниам, ки клип ҳамагӣ як ҳафта наворбардорӣ шуд, аммо танзимаш панҷ моҳ тӯл кашид.
- Дар бораи ин клипатон гапу калоча зиёд аст, худи шумо хабар доред? Ва оё хаста намешавед аз ин ҳама?
- Аз он ки вирди номи ман ё дар мавриди клипҳоям овозаҳои беасос паҳн мекунанд, ҳеҷ гоҳ хастаю рӯҳафтода намешавам, баръакс, гапи мардум маро рӯҳбаланд месозад, зеро ки дар бораи ҳар кас мардум гап намебофанд ва клипи ҳар сарояндаро ҳам мавриди таваҷҷӯҳ қарор намедиҳанд, пас месазад, ки аз ин ифтихор кард. Ғайр аз ин, фикр намекунам, ки мардуми мо, хусусан онҳое, ки дар бораам ҳангома паҳн мекунанд, фармати 3D – ро бифаҳманд ва донанд, барои ҳамин, аз ин дилмонда намешавам.
- Мегӯянд, ки тамоми карру фари бонувони ҳунар аз ҳисоби мардони сарватманд аст, андешаи Фирӯза дар ин масъала чӣ гуна бошад? Оё гуфтаҳои болоӣ ҳақиқате доранд?
- Ба дигарон кор надорам, зеро дӯст намедорам ғайбату бадгӯӣ карданро, аммо худи ман аз ҳисоби ҳеҷ марде карру фар надорам, ҳама муваффақиятҳоям аз пушти заҳматҳои шабонарӯзияманд, меҳнат мекунам, хуни дил мехӯрам ва дар натиҷа ба муродам мерасам. Аммо ҳастанд мардоне, ки на танҳо бонувонро, балки ҷавононро ҳам дастгирӣ- сарпарастӣ мекунанду аз пушташон гапу гапча карда мегарданд, ки инро ман қабул надорам ва набояд мард чунин рафтор кунад. Мегӯянд, ки “ба дасти ростат хайр кун, ки дасти чапат нафаҳмад”, пас моро зарур аст, ки некиҳоямонро аз пушт миннат карда нагардем. Шахсан ман қабул надорам чунин сарпарастро.
- Дар мавриди оила чӣ мегӯед? Ҳеҷ дигаргунӣ нест? Ва ҳанӯз ҳам пайдо накардаед азизи дилатонро?
- Пайдо мешавад, ҳар рӯз, аммо чун маротибае дар зиндагӣ ноком гаштам, дуюмбора хато кардан намехоҳам, ҳол он ки ман маҷбур шудам, тарки оила кунам. Оиладор шудан мушкил нест, агар хоҳӣ ҳар рӯз ба шавҳар мебароӣ ва тӯю тамошо мекунӣ, аммо чӣ даркор оилае, ки оқибаташ ҷудоӣ аст? Издивоҷ карданҳои ҷавонони имӯзаро дида, то андозае дилам аз зиндагӣ сард мегардад. Охир, бо умеду орзуҳои зиёд, тӯйи боҳашамат ва сарфу харҷи беҳисоб оиладор мешаванду дар муддати хеле кӯтоҳ ҷудо мегарданд, ки ин боиси афсӯс аст.
- Гуфтании дигар доред?
- Такрор ҳам шавад, (боре инро гуфта будам) бори дигар ба диққати тамоми мухлисонам мерасонам, ки ба овозаю ҳангомаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва ҳар чизе, ки дар бораи ман мешунаванд, метавонанд ҳақиқати онро аз нашрияи “Зан ва мард” бифаҳманд, яъне ба шумо муроҷиат кунанд ва посухи дуруст бигиранд. Боқӣ, саломату сарбаланд бошед.
- Зинда бошед.
Сӯҳбаторо Меҳрафрӯз Неъмонзода


Комментарий №1    Написал: фак.5    31 мая 2012 13:09    Цитировать
салом ба хама е апай фируза ''машав бар дунёи дуруза магрур'' барой чи мардони точика паст мезани агар ту шавхар кардан хохи хечкас ба ту хиёнат намекунад сарояндахои дигар давлаткати. Вахтатро сарф накарда зутар оиладор шав бас кун дилхушкуниро


Комментарий №2    Написал: Хотам    4 июня 2012 02:58    Цитировать
Ин апай Фирузам вакт фахмидагияки агар мабодо ягон марди даюси беномус нагираш марди бономус дар хаёташ намегирад барой хамин аз сузиши дилша чи гуяд мардхоро


Комментарий №3    Написал: Мулкия    4 июня 2012 09:48    Цитировать
Мебахшед акаи Хотамбой апаи фируза рост мегуяд,ба ду марди ба номус хонадор шуд, аммо аз ягонтааш рузи надид чи ба фикри шумо ин гапхоро аз хурсанди мегуяд.Дар давраи хозира агар 20фоизи мардхо ба номус бошад, 80фоизи дигараш беномус хаст.


Комментарий №4    Написал: Salimboy    4 июня 2012 19:55    Цитировать
салом апаи хохари да дахонат нигох карда гап зан ту худат ки бо мо мардхоро ба ту лозим набудем мо мардхо туборин ...................................................................... аФСУС КИ ИНЧО ЧОИ ГАП НЕ


Комментарий №5    Написал: tolib    4 июня 2012 20:17    Цитировать
Чонибек худаш духтарбоз аст У худаш фирузаро масалашро хал мекунад, донт варри :))))


Комментарий №6    Написал: Бачаи зиндагидидаи заннадида    4 июня 2012 23:32    Цитировать
Хайр агра хохи ма тура мегирм, лекин сарояндагира бас мекни, хела сум чамъ кади басайта, то ахири умрта маишат карда мегарди ба и сумои хароми чамъкардагит. Давоми умрта кати ма дар тоату ибодат мегзарони. Агар рози боши инамитари, агар ки рози набоши мардакора паст назан, бисёри бад ай бешу бдант нолиди барои хами дилм барот сухт агане хами ранги ту Точикистонда рехтаги прай...


Комментарий №7    Написал: ИБРАГИМОВ КУРБОН    5 июня 2012 11:19    Цитировать
фируза хафизова русчай теенчай биё ман туро зани 5-умам мегирам наход хаминкадар мардора паст зани биё мушкилата осон кунам зани 5умам мешай. Ай бегонахора марди точик хуб нестай бо какрас ма дехконм сахар мерем сахро бегохи мара пуштора мекни миёри


Комментарий №8    Написал: ятим    5 июня 2012 11:27    Цитировать
анами курбона биги сахрода мебара мезанат дамм мегири бад мефахмид ки мардои точик чхели бдай т ба фикрм то хозира кати авгоно бдай


Комментарий №9    Написал: ятим    5 июня 2012 11:31    Цитировать
инами ма харруз сари я хари модара ов мегирм ай уда биё тра я сардастаки кнем фируза

e ятими сагераи фирузара ма зани 5ум гирифтагийм ту чи ба чои хар мондестиша


Комментарий №10    Написал: махтов    5 июня 2012 19:32    Цитировать
эй мардум шумо дигар чо найефтед гайбат кунед охир гури хар кас чудо чи инкадар худатона гам метиен офируза спонсор надошта боша аз кучо хонаи замини месозад мардакора зурашон ба созкардани хонаи замини намерасаду ин бошад холо 24-сола хозир дар Точикистон хама рола долларчон мебоза чи хеле ки мегуянд бе пул суханат асар надорад так что худатона овора накунед бо ин комментариехотон
1 2


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"