28.06.2012 09:52

АЗ ТУ ЯК ЧИЗ МЕХОҲАМ…

Сабо он рӯз шитоб дошт, ӯро барои ширкат варзидан дар барномаи телевизионие, ки ба саломатии занон бахшида шуда буд, даъват намуда буданд. Намоиш бояд мустақим мерафту дили ҷавонзанро изтироби олудаи ваҳм фаро гирифта буд. Ҳарчанд Сабо хеле хушсухану шеърдон ва бар замми ин момодояи хуб ҳам буд, аммо пеши чашмаки дастгоҳи наворбардорӣ худро як каме гум мекард. Ҳангоми ба нақлиёт нишастан сумкаашро кушода аз он ду ҳаби «валерянка»-ро гирифта ба даҳонаш партофта беоб фурӯ бурд. Аслаш ҳамин хел одат дошт, агар дору аз ҳад зиёд талх набошад, онро беоб фурӯ мебурд. Мехост ин ҳаби таскинбахш каме оромаш созад. Ба студия ворид шуда, ба ҷойи барояш муайян шуда гузашта нишасту барномаи мустақим оғоз гашт. Тӯли як соат ӯ ва як ҳамкасбаш аз дармонхонаи дигар ба саволҳои пайдошуда ҷавоб гуфтанду бо масъулин хайрухуш карда берун баромаданд. Милисаи дарбон, апа як дақиқа, гӯён Саборо нигаҳ дошту гуфт, шумо аз барномаи «Дармон» баромадед? Бале –посух дод зан ва милиса гапи ӯро бурида илова намуд, ҳу ана он мард ним соат боз сари маро гаранг дорад, то ӯро даромадан монам, ба шумо кор доштааст, ҳатто дусад доллар пора доданӣ шуд. Сабо ба тарафи ишоранамудаи милиса нигариста, марди қоматбаланди сабзинаи ношиносро дида ҳайрон шуд. Мард бо дидани ӯ саросема аз ҷой хесту наздаш омад, салом хонумҷон, ман аз симо шуморо дидаму мустақим будани барномаро фаҳмида ҳамин ҷо омадам,- парешон сухан кард мард. Сабо аз лаҳҷаи мард фаҳмид, ки ӯ эронист ва пурсид, ки чӣ ташвише шуморо ба назди ман овардааст? Ин қиссаи талх ва дуру дарозест, агар лутф фармоед ба мошини ман мешинему ба ягон тарабхона меравем ва ман онро ба шумо нақл мекунам. Ин ҷуръати мард ба Сабо маъқул нашуд ва гуфт, бародар, ман ба шунидани қиссаҳои талху ширин омода нестам ва бо марди бегона тарабхона ҳам рафта наметавонам, зеро шавҳар дорам. Ҷавонзан зуд ба тарафи дигари роҳ гузашта, ба мусофирбаре нишаста ба хонааш рафт. Азбаски кору бори зиёд дошт, марди ношиносро бо таклифҳои булаҷабаш аз хотир баровард. Рӯзи дигар истироҳат буду Сабо ба корҳои хона машғул шуд, кош яке аз писаронам розӣ шуда зудтар зан мегирифтанд ва маро аз азоби шустушӯю пухту паз халос мекарданд, гуфт ба ҳамсараш бо ҳасрат, аммо мард пушти сарашро хорида ҷавоб дод, ки то писаронаш маълумоти олӣ гирифта ҷойи кори хуб наёбанд, онҳоро зан намедиҳад. Хайр, биё худатро зан медиҳем, зӯри ман ҳам ба кори давлату ҳам ба кори хона намерасад,- шӯхӣ кард зан. Шавҳараш низ бо табассум посух дод:- оҳ, занак аҷаб кори савоб мекунӣ! Он рӯз Сабо тамоми кори хонаро анҷом дода, шаб ба оростаю пероста кардани худаш машғул шуд, мӯйҳояшро ҳино молида, абрӯвонашро чида нохунҳояшро ба тартиб овард. Пас аз шустушӯ ба оина нигариста, қаноатманд ба хоб рафт. Субҳи барвақт ноништаи шавҳару писаронашро тайёр карда монду худ ба коргоҳаш шитобид. Мусофирбарҳо мисли одамони хоболуд ба зӯр якто - якто ба роҳ даромада буданд. Сабо дар истгоҳ нақлиёти заруриро интизорӣ кашида менишаст, ҳамин вақт «Саманд»-и сафеди сиёҳшиша, ки дуртар қарор дошт, оҳиста-оҳиста ҳаракат намуда наздаш омад ва марди дирӯза бо чашмони аз бехобӣ сурх бо табассуми талх ӯро ба нишастан таклиф намуд. Сабо гӯё нашунида бошад, сӯйи дигар нигарист, ҳамин вақт мусофирбари зарурӣ омаду ҷавонзан ба он нишаста ба кор рафт. Аз тирезаи мусофирбар медид, ки «Саманд» аз қафо меояд. Аввал дилашро ваҳм фаро гирифт, вале баъд худашро тасаллӣ дода, дар ҷойи даркорӣ фаромад. Он шаб Сабо дар зоишгоҳ навбатдор буд ва субҳи дигар боз мард ӯро пешвоз гирифт, ки аз қаҳри ҷавонзан омад. Охир, ҳамин тавр давом кардан гирад, мардум дар ҳақи ӯ чӣ фикр мекунанд,- аз дил гузаронид ӯ. Ин дафъа вақте ки мард таклифи нишастан кард, Сабо дари қафои мошинро бо шаст кушода ба он нишаст ва бо ғазаб дод зад: Гӯш кун, ту аз ман чӣ мехоҳӣ, ё хонумҳои сабукпойи барои як сум ба ҳама кор қодири тоҷикро дида гумон мекунӣ, ки ҳама занони тоҷик сабукпоянд?! Ман шавҳар ва ду писари паҳлавон дорам, ин рафтори туро касе мушоҳида кунад, дар ҳаққи ман чӣ фикр мекунад, ҳамин поиданҳоятонро бас накунед шуморо ба милиса месупорам. Мард мошинро нигоҳ дошту рӯяшро тарафи Сабо гардонида гуфт: Сабохонуми азиз, узр, агар шуморо заҳмат дода бошам. Қурбони шумо, барои ман як соат ҷудо кунед ва дарди диламро гӯш намоед… илтимос… Майлаш ман барои шумо ду соат ҷудо мекунам, гап занед ва дигар маро думболгирӣ накунед, ин даъфа каме мулоим ҷавоб дод зан. Мард андешаманд мошинашро ронда, то ҷойи беодаме рафту истод ва рӯяшро боз тарафи Сабо гардонда сухан сар кард…
Ман Саҳҳоби Нодир, тоҷири эронӣ, дар Канада, Олмон, Аморати Араб ва Тоҷикистону Озарбойҷон ширкатҳои тиҷоратӣ дорам. Хешу таборам дар Австралия зиндагӣ мекунанд, аҳли оилаам низ ҳамон ҷоянд. Ҳангоми гуфтани калимаҳои охирин овози мард ларзид ва дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ду сол пеш ҳамсарам Насим ва писаронам Ризою Хусрав дар садамаи ҳавоӣ ҳалок шуданд. Агар ёд дошта бошед, тайёрае аз Лондон ба Аморат мепариду дар ҳаво таркид, ана азизони ман ҳам мусофири ҳамон ҳавопаймо буданд. Мо дар Аморат истироҳат мекардему онҳо барои дидани падарарӯсам як ҳафтаина ба Лондон рафтанд. Ман кори таъҷилие доштаму натавонистам бо онҳо равам, асосан Насим нахост ман бо онҳо бошам. Агар шумо бо мо меравед, ман ба хизмати шумо банд шуда бо падарам дуруст сӯҳбат карда наметавонам, боз падарам ҳам шуморо бинанд ғайр аз тиҷорат дигар сӯҳбате ба хотирашон намеояд,- бо мулоиматӣ гуфт ҳамсарам ва ман нарафтам. Насимро аз ҷонам зиёдтар дӯст медоштаму ҳар як суханаш бароям қонун буд, мо дар як сол се ё чор моҳашро ҳамроҳ мегузаронидем. Дигар ман дар сафар будаму ӯ нигаҳбони хонаву дар ва тарбиятгари писаронам. Ба сарвату давлати беҳисоби ман нигоҳ накарда он қадар сарфакор буд, ки ҳатто ба писаронам як тини зиёдатӣ намедод. Гоҳ-гоҳ ба ӯ эрод мегирифтам, ки зихнагӣ накунаду пулро ин қадар сарфа насозад, ӯ бо ранҷиш иброз медошт, ки ин пулҳоро ту бо заҳмати зиёд ба даст меорӣ ва ман намегузорам, то як тинат беҳуда сарф шавад. Ҳамин тавр садама аз ман Насими соҳибҷамолу оқила ва Ризои дувоздаҳсолаю Хусрави даҳсолаамро бурд. Пас аз ин фоҷиа се моҳ дар беморхонаи рӯҳӣ хоб кардам, дигар ба чизе аҳамият намедодам, на ба пулу сарват ва на ба тиҷорат, аммо Насим дар хобам даромада, маро зорӣ мекард, ки хезам. Нерӯямро ҷамъ карда аз ҷоям хестам, дар давоми ғамбемор буданам маро дӯстони тоҷикам аз ҳама зиёдтар дастгирӣ мекарданд. Абдулло ном рафиқам бароям дар Варзоб бустонсароеро харидорӣ намуда, маро чанд моҳ дар он ҷо нигоҳубин намуд ва инак шаш моҳ боз ман ба кору бори худам машғул ҳастам. Тамоми дӯстон бароям зан мекобанд, Озарбойҷон равам духтари озариеро нишон медиҳанду ин ҷо биёям духтари тоҷикро, ҳатто падару бародарони Насим аз хешу таборони худашон бароям зан ёфтанд, вале ман намехоҳам. Аслан он қадар телевизион тамошо намекунам, аммо ҳамон рӯзе, ки барномаи шумо мерафт, ман дар ҳуҷраи кориям чой менӯшидаму чиптаи ҳавопаймо доштам ва бояд ба Маскав мепаридам, аммо дар чеҳраи шумо Насими гумкардаамро ёфтам ва сафарро мавқуф гузошта дунболи шумо шудам.
(Давом дорад)
Ҳилолаи Баҳриддин


Комментарий №1    Написал: Ania    7 августа 2012 02:02    Цитировать
Gee wlilkeirs, that's such a great post!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"