28.06.2012 09:52

НОЗИЯ, ЗЕБИ САҲНАӢ!

Аз хурдӣ орзу доштам, ки бо ҳунарманди дӯстдоштаи аҳли оилаамон шодравон Кароматуллои Қурбон, ки сурудҳои ӯро дӯст медоштему ҳунарашро эътироф мекардем, аз наздик шинос шавам, чунки он солҳо Кароматулло беҳтарин ҳунарманди эстрадаи тоҷик буд, вале афсӯс, ки ӯ рафт, санъат, маҳорат ва тамоми истеъдодашро бо худ ба хок бурд. Ҳанӯз ҳам ҳар гоҳе, ки ӯро ба хотир меорам ва ё ҷигарбандонашро рӯи саҳна мебинам, беихтиёр ашк аз чашмонам ҷорӣ мешавад. Имрӯз Муҳаммадрафӣ давомдиҳандаи касби падар аст ва ҳар гоҳе ӯро дар саҳнаи ҳунар мебинам, шод мегардам, ки роҳи падарро интихоб намудаю мо, ҳаводорони қиблагоҳашро тариқи садо ва таронаҳои гӯшнавозаш шод мегардонад. Садои ширину симои зебояш раҳматии падарашро ба ёдҳо меорад. Кош ӯ низ имрӯз рӯйи саҳна мебуду бо фарзандонаш хотири мо, ҳаводоронашро шод мегардонд, вале сад афсӯс… Рӯҳат шод бод, Кароматулло! Осуда бихоб, зеро ҷигарбандонат танҳо нестанд, мо, ошиқони ҳунари туву фарзандонат ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дастгиру ҳамроҳи онҳоем, бале, пайваста бо садои онҳо хоҳем буд.
Назди Парвардигор шукргузорӣ мекунам, ки орзуи дериаам ҷомаи амал пӯшид, яъне агарчӣ туро аз наздик надидем, хушбахтам, ки бо ҷигарбандонат ошноӣ дошта, робитаи дӯстӣ дорем.
Нозия ва Муҳаммадрафӣ! Шумо зеби саҳна ва зеби маҳфилҳоед. Нозияҷон, ту фариштаӣ, ту олиҳае ҳастӣ, ки бо ин қадар зебогият хоксор ҳастию заминӣ, меҳрубону ширинсухан. Кибру ғурур дар симои ту вуҷуд надорад. Пеш аз ҳама ба модаре, ки туро дар домони биҳиштияш ба ноз парваридаю камол додааст, ба апаи Зулфия аҳсант мехонам.
Имрӯз дар ҳафтаномаи «Зан ва мард» озмуни «Фасли муҳаббат» - ро дида, хушҳол шудам ва боварӣ дорам, ки бо дастгирии мо Нозия дастболо мегардад. Аз ин фурсат истифода бурда, аз тамоми онҳое, ки дӯстдори таронаҳои Нозия ҳастанд, хоҳиш мекунам, ки ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд ва ӯро зафарёб гардонанд.
Сурайё Рабиева


Комментарий №1    Написал: Vitoria    7 августа 2012 00:04    Цитировать
A smiple and intelligent point, well made. Thanks!


Комментарий №2    Написал: VagpagSeary    29 января 2013 21:50    Цитировать
Также меня очень затронуло, это


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"