26.07.2012 09:08

Сояи ишқ

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Ҳамон бегоҳ ман ба хона расидам. Пас аз мошин пиёда шудан аввалин касе, ки вохӯрдам хусурам, яъне падари Садбарг, Зиё-амак буд. Ҳарду пои пиёда сӯҳбаткунон ҷониби хонаи ман равон шудем. Пас аз дудилагиҳои зиёд ғайрат оварда, дар хусуси Садбаргро диданам гап кушодам.
Зиё-амак аз гаштан бозистода, асабиёна гуфт:
- Шодиёна диҳам?
- ….
- Ту, домод, нағз медонӣ, ки ман Садбарг ном духтар надорам. Вай дар қатори мурда ҳисоб.
- Аз гуноҳаш гузаред, амак.
-Ин гапро ту ба ман мегӯӣ?! – писханд зад Зиё-амак. – Фаромӯш накун, ки ун рӯсиёҳ дар баробари телпаки ману акаҳояш аз они туро низ ба замин зад. Охир, вай номзади ту буд. Ё фаромӯш кардӣ!
- Амак…
- Шуд. Ту расо беақл будаӣ-ку! Ман туро одами дуппа-дуруст мегуфтам, аммо ба фарқи сиёҳу сафед намерафтаӣ… Ё маро масхара мекунӣ! – якбора оташ гирифт Зиё-амак.
Ман дигар лаб накушодам.
Аз байн се рӯз гузашт.
Як пагоҳӣ хаткашони деҳа хабар овард, ки шаби гузашта духтари Зиё-амак Садбарг фавтидааст.
Ин хабарро як нафар ба шӯъбаи алоқа занг зада, расондааст. Баробари шунидани хабари марги Садбарг дарҳол чеҳраи пажмурдаву чашмони ҳазинаш пеши назарам ҷилвагар шуданд. Алалхусус нигоҳи охирини ӯ, ки даст дар дастаи дар ба қафо нигариста, бо овози хаставу ҳазин бори охир «хайр» гуфта буд, ҳеҷ аз пеши чашмонам дур намешуд.
Хабари марги Садбарг барқсон дар деҳа паҳн шуд. Ғайричашмдоштам қариб бист нафар барои ба ҷаноза рафтан тайёр шуданд. Бародари калонии Садбарг, Маҳмуд зуд рафта автобуси колхозро киро карда омад. Хешу таборон, модару хоҳарони Садбарг ва Маҳмуд ба автобус нишастанд. Аз ҳама охир Зиё-амак дар тан ҷомаи велюри сиёҳ, дар сар тоқии чоргул аз ҳавлӣ берун шуда, зуд дохили автобус шуд.
Вақте ки ба хонаи Садбарг расидем, рӯз аз нисф гузашта буд. Ду-се нафар мард дар дами дарвоза рост истода, аз кадом хусус сӯҳбат доштанд. Модари Садбарг Зайнаб-хола баробари аз автобус фуромадан «во духтари ғарибам!» гӯён овоз андохту аз ҳуш рафт. Занҳо «во хоҳарам!»- гӯён садо баланд карда, вориди ҳавлӣ шуданд. Дар даруни ҳавлӣ одами зиёд набуд. Тақрибан чил- панҷоҳ нафар мардон дар зери лабгӯшаи боми паст қатор истода буданд. Мо, мардҳо, рост ба назди онҳо рафтем. Аз даруни хонае, ки тирезааш ба тарафи роҳрав кушода мешуд, навҳаи занҳо меомад.
Мардум, ки маҳз омадани моро мунтазир будаанд, зуд аз паи шустани майит шуданд. Ин кор ба зиммаи чор нафар зан, аз ҷумла ҳамсари ман Ҳанифа гузошта шуд. Дере нагузашта Абдулаҳад-амак, ки саробонии ин маросимро ба дӯши худ гирифта буд, чанд нафар ҷавонҳоро аз паи худ ҷониби айвон бурд. Аз нав садои нолаву гиря баланд шуд. Ҷавонҳо аз хона тобутро бардошта баромаданд.
Вақте ки издиҳом тобут сари даст ҷониби дарвоза равон шуданд, Абдулаҳад-амак аз қафо садо кард:
- Ҷанозаро дар куҷо мехонанд?
- Ба ин маӣит ҷаноза раво набудаст, – гуфт оҳиста пирамарде.
- Кӣ гуфт? – пурсид Зиё-амак, ки то ин вақт сухане ба забон наоварда буд.
- Мулло.
- Барои чӣ раво набудааст? – пурсид Абдулаҳад-амак.
- Ба одами худкушикарда ҷаноза намехондаанд.
- Гапи беҳуда, – оҳиста луқма партофт Зиё-амак
Аммо ба ин гапи ӯ касе аҳамият надод. Гӯё онро нашуниданд.
- Номаъқул кардаст мулло! – шӯрид Абдулаҳад-амак ва издиҳомро дарида, пеш гузашту ба мулло, ки дар сафи аввал мерафт, расида гирифт.
- Домулло, чаро ҷаноза нахондед?
Мулло каме суръати гашташро суст карда, оҳиста гуфт:
- Ба ин майит ҷаноза раво нест.
- Чаро раво набудаст!
- Наход надонед… Шумо чӣ хел мусулмон?
- Ин-ку як заиф буд, муштипар буд, – гуфт Абдулаҳад-амак, ки аз шиддати ғазаб меларзид, ба сӯи тобут ишора карда. – Ба дарду шиканҷае, ки вай дар ин хонадон дошт, ману шумо ҳам тоқат карда наметавонистем. Зӯр буд азобаш, домулло! Худо гӯед, ки онро ба номаш духтари мусулмон нишон надиҳад. Аммо ягон кас боре аз дараш даромада напурсид, ки чӣ ғам дорад ӯ. Чаро гул барин зан дар муддати ду-се соли охир дар пеши назари ҳама хазон гашт. Масалан, худи шумо, ки дар ҳама давраҳо аз Худову расул, меҳру оқибат, ҳарому ҳалол соатҳо гап мезанед, ақаллан боре шавҳари бадмасти ӯро дар раҳу рӯ боздошта, ду даҳон насиҳат кардед… ки чаро ба сари зани ҳалоли худаш ин қадар ситам мекунад. Гап задед? Не, назадед! Ҳол он ки ман чанд бор аз шумо ҳаминро хоҳиш карда будам.
- Ман ба зиндагии дигарон чӣ кор дорам? Ягон гуноҳ доштагист, ки азоб медод.
- Ана дидед, чӣ кор дорам, мегӯед.
- Ту аз ман чӣ мехоҳӣ?! – аз гаштан боз истод мулло.
- Хонед ҷанозаша!
-Намехонам! Ман бори ин гуноҳро ба гардан намегирам, аз фармудаи шариат берун намебароям. Агар тавонӣ, худат хон!
Мулло роҳашро идома дод. Издиҳом низ аз паси ӯ раҳсипор гашт.
- Э ришат резад, ту барин муллоро, – гуфт аз қафо Абдулаҳад-амак.
- Астағфируллоҳ гӯед, – гуфт мӯйсафеди нуроние оҳиста аз оринҷи Абдулаҳад-амак дошта.
Вақте ки чашми Абдулаҳад-амак ба ману Зиё-амак, ки китф ба китф мерафтем, афтид, чанд лаҳза аз мо чашм наканда, худ ба худ гуфт:
- Ҳай дареғ! Ҳай дареғ! Бечора, Садбарг, дар ду дунё ҳам рӯз надид.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"