27.12.2012 09:40

Субҳон Ҷалилов: Моро бояд интизор шаванд!!!

Субҳон Ҷалилов-директори барномаҳои Ради¬ои «Ватан», барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ, муаллифи «Беҳтарин барномаи Радиои сол» (Озмуни Ҷило 2012) ва ровии барномаи «Субҳи Ватан» имрӯз зодрӯз дорад ва бо дархости зиёди мухлисони ин марди ширинсухану боистеъдод мо тасмим гириф¬тем, то бо ӯ сӯҳбат намоем, мутаваҷҷеҳ бошед.
- Субҳон Ҷалилов, чун ҷашни мавлуди шумо ба ин рӯзҳои зебои солинавӣ рост омадааст, мехостам бидонам, ки ин рӯзи муборакро таҷлил менамоед?
- Бале, чаро не? Таҷлили зодрӯзи ман ҳамасола аз соати 6- и субҳ дар барномаи «Субҳи Ватан» оғоз шуда, то бегоҳ идома меёбад.
- Агар чунин аст, пас маълум, ки шунавандаго¬натон бо зангҳои телефонӣ, паёмакҳо ва шояд бо ташрифашон ба идораи радио шуморо муборакбод мегӯянд.
- Албатта, онҳо дар ҳама иду маросимҳо ман ва дигар кормандони радиои «Ватан»- ро самимона табрик мекунанд, ки аз ин лутфашон шодем.
- Аз зангҳою номаҳои бону-мухлисонатон янга рашк намекунад?
- Ӯ кайҳо ба услуби кори ману тарзи барно¬масозиям одат кардааст. Медонад, ки ман ровии радио ҳастам ва ҳам медонад, ки сухану ҳазлу шӯхиям дар эфир сирф фикри шахсии ман дар зиндагӣ буда наметавонад.
- Хуб, боре шудааст, ки барои занги бонуи шиносатон ё шояд мухлисатон миёни шумову ҳамсаратон моҷаро ба вуқӯъ пайваста бошад?
- На. Агар боре телефонам садо барораду ҳамсӯҳбатам зан бошад, албатта кӣ буданашро пурсон мешавад. Ман ҳам росташро мегӯям ва бо ҳамин пурсишҳояш хотима меёбанд.Гумон мекунам, ки ин рафторам дуруст аст, зеро шубҳа камтар мешавад.
- Яъне аз ӯ метарсед ва ба ҳама саволҳояш дарҳол ҷавоб мегӯед, ҳамин тавр?
- Не, тарс не! Танҳо кӯшиш мекунам, ки ӯ дар қатори ҳама мушкилу ташвишҳои зиндагӣ боз дар бораи зангҳои тасодуфӣ фикр накунаду асабӣ на¬шавад. Ба ҳар сурат ӯ модари кӯдакони ман аст!!!
- Мегӯянд, ки зиндагӣ бе ҷангу ҷанҷол намешавад ва маҳз ҳамин ранҷишҳо зану мардро ба ҳамдигар азизтар месозад. Назари шумо ба ин гуфтаҳо чӣ гуна аст?
- Ранҷиш агар доимӣ бошаду рашк ба одати зан табдил биёбад, хуб нест! Беҳтараш миёни шумо ва ҳамсаратон сирру асрори камтар бошад, он вақт ҳама кор осонтар хоҳад буд, ҳам баҳонаҷӯӣ ва ҳам дуруғгӯӣ.
- Дар рӯзи зодрӯзатон аз дӯстон чӣ тӯҳфа ин¬тизоред? Аз ҳамсаратон чӣ? Ҳамасола ӯ барои шумо дар рӯзҳои хурсандиатон чӣ армуғон ҳадя месозад?
- Аз дӯстонам хеле миннатдор ҳастам, ки дар рӯзи мавлудам ва дар дигар рӯзҳо низ ҳамеша канори мананд ва таваҷҷӯҳашон бароям беҳтарин ҳадя маҳсуб меёбад. Аз ҳамсарам, ростӣ, чизе ин¬тизор нестам. Ҳамеша пайи тарбияи фарзандон беҳтарин кору амалро иҷро менамояд, бароям кифоя аст, зеро ман хеле кам дар хона ҳастаму на ҳамеша метавонам ба ҷигарбандонам машғул шавам. Чун модарашон пайваста аз пайи таҳсил намудан, дуруст хондану рафтори хуб кардан ва аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархӯрдор буданашон аст, пас ин бароям беҳтарин тӯҳфа ҳисоб мегардад.
- Ӯро дӯст дошта хонадор шудед? Ва имрӯз ҳам муҳаббат миёни шумо вуҷуд дорад?
- Албатта! Муҳаббат ва самимият тадриҷ ва бо тавлиди фарзандон дигар то ҷое ба вобастагӣ табдил меёбад ва ё шояд қавитару устувортар ме¬шавад. Барои эҷодкор зистан дар фазое, ки онҷо ӯро дӯст намедоранду интизор нестанд, бениҳоят мушкил аст!
Мусоҳиб Мунисаи Сафаралӣ

АЗ ИДОРА:
Мо, аҳли эҷоди нашрияи «Зан ва мард» Субҳон Ҷалиловро ба рӯзи мавлудаш ва Соли нави мелодӣ табрик гуфта, барояш пеш аз ҳама саломатӣ, тансиҳатӣ, хушбахтӣ, хотирҷамъӣ, табассуми самимӣ, дили бе кинаву бе ғам ва дар корҳои эҷодиаш пешравиҳои назаррасро таманно дорем. Бигзор Соли 2013 ба Субҳони «Субҳи Ватан» боз ҳам ҷоизаҳои наву зафарёбӣ биорад.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"