27.12.2012 09:40

«Зан ва мард» 8 сол бо шумост!

Ҳафтаномаи «Зан ва мард»-ро хонандагон аз рӯзҳои аввал хуш қабул карданд. Зеро дар саҳифаҳои он масъалаҳои муҳими оиладорӣ, муносибати воли¬дайну фарзандон, зану шавҳар, келину хушдоман, одоби ҷавонон ва ғайраҳо, ки дар ҳама давру замон муҳим арзёбӣ мешаванд, пешкаши хонан¬дагон карда мешуд. Ин ҳафтанома дар асоси як гӯшае, ки дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» таҳти унвони «Зан ва мард» ба табъ мерасид ва хонандагони бешумор дошт, арзи ҳастӣ кард. Чун хонандагон ба ин гӯша зиёд таваҷҷӯҳ до¬штанд ва пайваста мактуб менавиштанд ва ё ба воситаи телефон арзи матлаб мекарданд, мо тасмим гирифтем, ки бояд ҳафтаномае ба ин унвон ба табъ расонем ва иштибоҳ накардем.
Ёд дорам, рӯзҳои аввал хонандагон, алал¬хусус мардҳо зиёд шикоят мекарданд, ки чаро дар номи ҳафтанома калимаи «зан» дар аввал оварда шудаасту пас аз он «мард». Мо ҳалли ин масъаларо ба доираи васеъи хонандагон вогу¬зоштем ва дар саҳифаҳои ҳафтанома домани баҳс густурда шуд. Дар он аз духтаракону писаракони мактабхон то донишмандону аҳли дин фаъолона ширкат варзиданд. Ҳатто як нафар пешниҳод карда буд, ки номи ҳафтанома як ҳафта «Зан ва мард» ва ҳафтаи дигар «Мард ва зан» гузошта шавад. Оқибат мо ба ҳурмати зан-модар, ки дар ҳама давру замон воло буду ба қавле ҷаннат зери қудуми модарон аст, номи «Зан ва мард»-ро интихоб кардем.
Воқиан тӯли чанд соли охир дар пайравии ҳафтаномаи «Зан ва мард» якчанд ҳафтаномаю маҷаллаҳо арзи ҳастӣ карданд ва имрӯз дар бозори матбуот муваффақона фаъолият доранд. То ҷое медонам «Зан ва мард» то ҳол хонандаго-ни зиёде дорад ва аҳли қалами он бо роҳбарии сармуҳаррир Меҳрафрӯз Неъмонзода пайваста мекӯшанд барои хонандагон маводи хонданию ҷолиб пешкаш намоянд. Бо вуҷуди ин банда чунин андеша дорам, ки солҳои охир ҳафтанома бештар ба ҳаёти аҳли санъат, алалхусус ба ном «ситораҳои навбаромад» зиёд таваҷҷӯҳ намуда, аз масъалаҳои мубрами оиладорӣ, мушкилоти хонаводаҳо, муносибати зан ва мард дар зиндагӣ, ки асоси пойдории оила аст, дур шудан дорад. Бояд дар саҳифаҳои «Зан ва мард» масъалаҳои мубрам ва фарҳанги оиладории мар¬думи мо, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ хавфи аз даст додани суннатҳои хешро дорад, матраҳ шаванд. Ҳамчунин а з ҳ а ё т и инсонҳои фарзона, ки барои ҷавонон метавонад дарси ибрат бошад, мақолаю мусоҳибаҳо ба табъ расанд, барои навхонадорон нозукиҳои санъати оиладорӣ омӯзонида шавад ва ба волидайн ҷиҳати тарбияи дурусти фарзанд маводҳои ҷолиб ба табъ расанд.
Боқӣ аҳли қалами «Зан ва мард»-ро ба му¬носибати ҳаштсолагии таъсиси ҳафтанома ва фарорасии Соли нави мелодӣ муборак¬бод намуда, ба эшон дар ҷодаи мушкили рӯзноманигорӣ комёбиҳо таманно мекунам.
Равшан Махсумов, муҳаррири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе».

- Чун зодрӯзи «Зан ва мард» ба рӯзҳои солинавӣ рост омадааст, шумо, аҳли эҷоди ин ҷаридаро ҳам ба ҷашни фар-хундаи мавлудатон ва ҳам ба Соли нави мелодӣ самимона муборак гуфта, орзуманди онам, ки ҳамеша сарбаланду хушбахт ва пешсафу дастболо бошед.
Ростӣ, пештар «Чархи гардун» ва дигар ҳафтаномаҳои ин ҷамъиятро мехондам, аммо аз «Зан ва мард» хабар надоштам. Боре тасодуфан ин ҷарида ба дастам афтоду мутолиа намуда, хонанда¬аш гаштам, медонед барои чӣ? Чун маводи хондании зиёде дошт, ки аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардум гирифта шуда, то андозае барои ҳар яки мо дарс ҳам ҳастанд. «Зан ва мард» ягона нашрияест, ки тамоми паҳлӯҳои оилавиро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоду маслиҳат ва нигоштаҳояш ба оилаҳои ҷавон, худи ҷавонон ва нафароне, ки дар зиндагӣ роҳи дурустеро интихоб карда наметавонанд, роҳ нишон медиҳад ва эшонро ба накукорӣ ҳидоят месозад. Таманно мекунам, ки нашрия ҳамеша роҳнамо бошад ва бо навиштаҳову нигоштаҳояш оилаҳоро аз вайроншавӣ боздорад.

Абдухолиқ Раҷабов, сардори ҶДММ «Фирӯз-Р»-и ш. Душанбе
Ҳафтаномаи «Зан ва мард» агар исёну тӯғён дорад, пас эҳтиром карданист, чун ин ғалаёну ҳаяҷон ҳадафи обод намудан, шодоб кардан ва р рӯҳҳои хаставу қалбҳои бишкаста дорад. Як чизро мехоҳам иқрор шавам, ки то даме бо ин ҳафтанома ошно набудам, борҳо ба худ савол мегузоштам, ки агар мард ё зан ба масъалае дучор шудааст, ки иффату шарму ҳаёи шарқиёнааш намегузорад аз касе маслиҳат пурсида бошад ё имкони дарёфти ҳалли онро надорад, пас чӣ кор бояд кард? Ба куҷо муроҷиат намуд? Ба кӣ рози дил гуфт, то туро бишнаваду посухи дилат мехостаро бе ягон мушкилӣ бигӯяд? Ин саволу чандин саволҳои дигар маро аз вартаи андешаҳои дури-дур осуда намегузошт. Бо амри тақдиру хоҳиши дил рӯзе ин ҳафтаномаро ба даст гирифтаму гумон кардам, ки ба мисли дигар ҳафтаномаҳо муқаррарист, аммо ҷумлаи аввал маро мағлуб карду дар як сония тамоман андешаҳоямро дигаргун сохт. Гӯшаҳои «Дардҳо», «Розу ниёз», «Сарнавишт», «Номаҳо», «Дар сӯҳбати табиб» ва ғайраҳо маро бурд ба домони зиндагӣ ва чунин эҳсос намудам, ки ҳаёт аз пеши назарам ба мисоли лентаи филмбардорӣ порча-порча бигзашт. Пас аз хондани шумораҳои минбаъдааш ҳамаи саволҳои гузоштаамро оҳиста- оҳиста мекушодам. Пурсишу дархостҳое, ки ба идо¬раи нашрия меомадаанд ва дар доираи ҳамагӣ чанд калима ҷавоб гуфтан аз тарафи «Зан ва мард» маро мафтун ва бори дигар итминон менамуд ба ҷасорату тавононии сухан. Зебоии кори ин ҳафтанома дар он аст, ки посухҳояш равшан, фаҳмо, диданӣ ва дӯстдоштанист, зеро пешниҳодҳояшон қолабӣ нестанд, онгунаанд,ки озод, бо лаҳни худ ба мисоли кӯҳистоне, ки ҳанӯз ба чашмаи зулолаш бояд пиёда роҳ пай¬муд. Хондани пай дар паий ин ҳафтанома ба ман таъсири мусбии худро расонд ва ба хулосае омадам, ки ман низ бояд давомдиҳандаи ин рисолат бошам. Дигар андеша накардаму дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бар¬номаеро бо номи «Тамизи ҳамравонӣ» таҳия намудам, ки аз соли 2010 то имрӯз ҳар ҳафта пахш мегардад.
Аз фурсати ба даст дошта ҳафтаномаи «Зан ва мард»-ро бо ҳашт соли фаъолияти ҳадафрасаш табрик гуфта, умед дорам, ки муждаҳои нав ба навро аз диёри рӯшноиҳову нур зиёду зиёд меоваранд ва комҳои ташнаи мухлисонашро бо падидаҳои ҷадид ширин месозанд.
Кароматуллоҳи Муҳиддин, корманди Шаба¬каи якуми телевизиони Тоҷикистон
30- юми декабр нашрияи мо – «Зан ва мард» зодрӯз дорад ва ба ин муносибат номаҳои табрикотии зиёде вориди идора шуданд, ки чанде аз онҳоро ба дасти чоп додем.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"