27.12.2012 09:40

Сорбони СОДИҚ: КУ ҶАВОНЕ, КИ ОШИҚ НАБОШАД?

Сорбони Содиқ 16- уми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Ҳисор дар ои¬лаи санъаткор чашм ба олами ҳастӣ вонамудааст. Маҳз фазои хонадон, ки ҳамеша онро савту наво фарогир буд, дилбастагии Сорбонро ба суруду мусиқӣ ва санъат зиёда гардонид ва ин шавқу завқ ӯро овард рӯи саҳнаи ҳунар ва дар арафаи Соли нави мелодӣ, аниқтараш 31- уми декабр дар толори Кохи Ҷомӣ барномаи ҳунарӣ дорад ва ба ин муносибат бо ӯ сӯҳбат оростем.
- С о л и нави мелодӣ бароятон му¬борак бошад, Сорбон.
- Ташаккур, ба шумо, кормандони нашрияи «Зан ва мард» низ ин ҷашни фар¬хунда муборак шавад.
- Бигӯед, ки чаро маҳз рӯзи 31- умро барои бар¬гузор намудани консерт интихоб кардед?
- Рӯзи Соли нав, ки ҳ а м а г о н х у ш ҳ о л а н д у т а б ъ и и д о н а д о р а н д , мехоҳам ба шодии онҳо хурсандии дигар илова созам.
- Чаро худ танҳо п е ш ¬каш намекунед консер¬тро? Мақсади ҷой намудани дигар ҳунармандон дар бар¬номаатон чист?
- Чун ман ҳунарманди ҷавонаму ҳоло мухлисони зиёдро соҳиб нестам, ба ҳамин хотир ҳам, тасмим гирифтам, ки консерти худро дар якҷоягӣ бо Сар¬виноз Юсуфӣ, Ҳабиба Дав¬латова, Аниса, Шаҳроми Абӯбакр ва Зоири Са¬фарзод пешкаш намоям, то барои ман ҳам мардум ширкат наварзанд, хоти¬ри онҳо биёянду толори м о р о гарм намоянд.
- Онҳо чанд тарона ме¬хонанду шумо чӣ қадар?
- Меҳмонон танҳо ду таронаӣ мехонанд, банда ҳафт- ҳашто.
- Сурудҳо васфи чӣ ме¬кунанд?
- Ватан, модар, дӯсту бародар, ишқу муҳаббат ва ғайра…
- И ш қ у м у ҳ а б б а т , фикр мекунам аз ин дарди сӯзон бархӯрдоред, ҳамин тавр не?
- Оре, ку ҷавоне, ки ошиқ набошаду азизи дил надошта бошад?
- Ҳ о л о ҳ а м б о маҳбубаатон муносибат доред?
- Албатта. Ӯ ояндаи зиндагии ман аст, пас чӣ тавр муносибат надошта бошам? Қабл аз издивоҷ аз хислатҳояш бохабар шуда, сипас хонадор хоҳем гашт.
- Аввалин вохӯриатонро ба ёд оварда метавонед ва оё дар хотир доред, ӯро чӣ гуфта будед?
- «Дӯстат медорам» - ав¬валин сухане буд, ки ман ба духтари дӯстдорам иброз дошта будам.
- Дар охир чӣ гуфтаниҳо доред?
- Ҳ а р н а ф а р е , к и дӯстдори савту наво асту дилбастагӣ дорад ба шеъ¬ру тарона, пас марҳамат кунанд ба Кохи Ҷомӣ. Рӯзи 31- уми декабр соати 14:00 «Базми солинавӣ»- и мо шурӯ хоҳад гашт, бифармоед.
Мусоҳиб Мунисаи Сафаралӣ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"