28.02.2013 09:48

На дода метавонанду на дида!

Спонсорҳои афғон, ҳофизаҳои хушхон ё…
Чанд соли охир дар дунёи Шоу-бизнеси тоҷик як анъанае ҷорӣ шудааст, ки аксари ҳофизаҳои ҷавону зебо ва саҳнаоро, спонсори афғонӣ ё эронӣ доранд. Ин «ҳамсояпарастӣ»-ҳои соҳибҷамолони эстарадаи кишвар боиси паҳн шудани сару садоҳои гуногуну фаҳш дар байни мардум мегарданд. Охир, агар бетарафона ба ин мавзӯъ назар андозем, мебинем, ки ҳақ бар ҷониби овозаандозҳост, зеро баъзе ситораҳои хушандоми мо он қадар ба ҳофизони афғон ҷӯр шуда, бадеҳа мехонанд, ки бинанда гумон мекунад, ба тухми марди ҳунарманд дар Тоҷикистон қирон омадааст. Ин ягон ҷойи айб надорад, вале тӯли ин чанд соле, ки ҳофизаҳои мо чун бузаки ҷингилапои афсонаҳо паҳлӯи ҷавони афғоне пой мекӯбанд ва сармаст аз навои дилнавоз майли ба гардани ҳампешаашон овезон шуданашон бараъло маълум аст, ягон бонуи афғон ё эронӣ бо ҳофизони мо бадеҳа намехонанд. Ё шояд хонумҳои сарояндаи эронию афғонӣ аз мо дида башармтаранду шиорашон «Аз дӯст як ишорат аз мо ба сар давидан» нест? Моро зангҳои кунҷкобонаи баъзе мухлисон маҷбур сохтанд, ки пайи матраҳ намудани ин мавзӯъ хома ба даст гирем.
Сухан аз забони Луқмон…
Дар урфият мегӯянд, ки «Сухан аз забони Луқмон хуш аст» ва мо дар пайравӣ ба ин мақоли машҳур қарор додем, ки ҳамсӯҳбати аввалини худро аз байни санъаткорон интихоб намоем. Доир ба ин мавзӯъ ҳофизаи хушадо Райҳона Раҳимова чунин ибрози ақида кард: -Ман умуман дурӯғгӯёнро бад мебинам ва аз макру фиреб парҳез мекунам. Ростӣ, мардуми афғон ба санъати асил меҳри беандоза доранд ва сарояндагони ҳамзабони хешро қадр мекунанд. На ҳама мардҳо ба санъаткор чун як зани зебо нигоҳ мекунанд, ҳастанд инсонҳое, ки танҳо ба хотири санъату ҳунар бонуро сарпарастӣ менамоянд. Ёд дорам ҳангоми дар тарабхонаи бонуфузе кор карданам, марди афғони тамоман ношинос наздам омада, пули як клипро наздам партофта гуфт, ман медонам, ки шумо чандин вақт боз суруде омода накардаед. Аз ёд набароред, ки мардуми афғон шуморо дӯст медоранд ва сурудҳоятонро бо завқ гӯш мекунанд. Кош ҳамин хел мардон зиёд мебуданду ман ҳар рӯз як клип омода мекардам. Сарпарасти ҳунарманде будан ягон айбе надорад, чӣ даркор овозаю дарвозаи беҳудуд кардан?
Замин намекафад, ки…
Дар ин хусус бо як тоҷири сарватманде ҳамсӯҳбат шудем, ки номашро зикр кардан нахост. Ӯ чунин андеша дорад: Ман тоҷирам ва солҳои сол бо афғонҳо шарики тиҷоратиям, баъзан онҳо дар ҳаққи занҳои мо як гапҳое мезананд, ки замин намекафад, дароям. Боре дар як маъракаи калон як афғони серпул маст шуду ба лақидан даромад, мавзӯи гапаш танҳо бонувони тоҷик буд. Мо се нафар тоҷик ба он ҷо даъватӣ будему ба хотири мизбон хомӯширо пеша мекардем. Афғон даҳон то баногӯш таъкид мекард, ки бонуи шавҳардори тоҷик ҳам барои пул ба ҳамхобагӣ розӣ мешавад. Ҳамин вақт тоқати як ҳамроҳи мо тоқ шуду кашидаю кушода аз рӯйи дастархон гузашта бо лагат дар даҳони афғон зад, бо азобе оташи ҷангро хомӯш кардему аз меҳмонӣ бо табъи хира баромадем. Ҳангоми аз дар баромадан ҳамроҳи мо ба сӯи афғон теғ кашида гуфт: Аз ёд набарор, ки нони ҳамин мардумро мехӯрӣ, курнамак! Баътар фаҳмидам, ки ҳамон афғони зани тоҷикро фоҳиша меҳисобида спонсори як нафар сарояндаи мо будааст. Рӯзи дигар рафиқамон аз мо ба ҷойи он аблаҳ узр пурсиданд, вале мо бо чашмони худамон мебинем чӣ ҳодисаҳо имрӯзҳо рӯй медиҳанд. Дар бораи спонсории ҳофизаҳо бошад, ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам. Ман се бор Хонаи Худоро зиёрат кардааму садақаро ба кӣ карданамро хуб медонам, панҷ ҷавони ятимро аз қишлоқамон оварда, ба донишгоҳ дохил намудаму онҳоро дар хонаи холии худам ҷо намуда, ҳаматарафа таъмин мекунам. Оё ин хуб нест?
Он чӣ ки аз ҳад гузашт…
Сабоҳати Муҳаммадроиб - тарҷумони забони арабӣ дар ин бора чунин мегӯяд: Ман бо тақозои касби бар дӯш доштаам зуд-зуд ба хориҷи кишвар сафар мекунаму аз баъзе чизҳо хабар низ дорам. Ҳамаи он ҳофизу ҳофизаҳои мо, ки бодабдабаю шукӯҳ ба хориҷа рафтанашонро қисса мекунанд, аслан барои ду афғону ду эронии гуреза, ки дар ақсои олам парешонанд, ҳунарнамоӣ мекунанд. Агар шумо гумон мекунед, ки онҳоро амрикоиҳою олмониҳо дар толорҳои калон пазироӣ менамоянд, хато мекунед. Аз ин рӯ, сарпарасташон низ афғон ё эронист, ман аслан ба ин коре надорам, зеро дар ин дунё ҳар кас ба ҳар восита роҳашро меёбад, аммо баъзе сароянда-хонумҳои мо аз ҳад мегузаронанд. Масалан, як дугонаи афғонам боре ба ман воқеаеро нақл намуд, ки дилам аз тамоми ҳунармандон монд. Як ситораи санъати мо, ки аз худаш фаришта метарошад, боре ба Афғонистон сафари ҳунарӣ карда буд. Бародари дугонаам ба ӯ нақл кардааст, ки зебосанами булбуловози тоҷикро ҳокими вилояти Балх ба шабнишинии хоса даъват намуда, пеши пояш биступанҷ ҳазор доллар рехтааст. Кӣ доллари дар кӯча бесоҳиб дорад, ки нисори як сароянда кунад? Шояд зери «коса»-и ин меҳрубониҳо «нимкоса»-е низ бошад.
Ҳайронам
Андешаи як нафар мухлиси ҳофизаҳои ҷавони эстрада Зафар, ки худро тарроҳи навомӯз муаррифӣ кард, дар ин бобат чунин буд:- Тавба, шумо журналисто, дигар кор надоред? Як умр пайи сиёҳ кардани сарояндаҳо ҳастед. Барои шумо ва он мухлисони кунҷкове, ки ҳатто дар бистар бо кӣ хобидани Шабнаму Нигина, Манижаю Фарзона ва дигаронро фаҳмидан мехоҳанд, чӣ фарқ дорад, ки сарпарасти онҳо кист? Барои шумо суруд тайёр намуда, мехонанд, бас нест? Хайр, агар тоҷик-сарпарасти баномус пайдо нашавад, бечора ситораҳо ба кӣ такя кунанд? Ман ҳайрони ҳамин тоҷикҳоям, на дода метавонанду на дида!
Омодасоз Маҳваши Баҳодур


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"