Warning: fopen(/var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/cache/informer_1_ab81a01d70dfed850894655b5903e732.tmp): failed to open stream: Disk quota exceeded in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 338 Warning: fwrite() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 339 Warning: fclose() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 340 САДРИДДИН БА СУРИЯ ҶАНГ МЕРАВАД? » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

28.03.2013 09:24

САДРИДДИН БА СУРИЯ ҶАНГ МЕРАВАД?

САДРИДДИН БА СУРИЯ ҶАНГ МЕРАВАД?

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо фарзандони фарзонаи миллат бо мисоли Садриддини Наҷмиддин, Ҷонибеки Мурод, Баҳром Ғафурӣ ва Шабнаму Манижа бо суруду оҳангҳои ҷаззобашон номи халқу ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд ва боз ҳам фахр аз он мекунам,ки ҳунару санъати Садриддинро ба қатори сарояндаҳои машҳури ҷаҳонӣ ба монанди Муин, Мансур, Саттор ва Бенёмину Ораш эътироф намудаанд. Ӯ дар ҳақиқат ҷавони боғайрат аст, ки барои пешбурди санъату ҳунараш, хусусан барои мухлисони ташнаи шеъру сурудаш заҳмати шабонарӯзӣ кашида, хотири дӯстдоронашро боз ҳам болида мегардонад. Бубинед, талоши Садриддинро,ки ҳафтае пас як суруди дилнишину оҳанги гӯшнавозро пешкаши мухлисонаш мегардонад. Оре, сароянда барои ҳунари асилро соҳиб шудан бояд ҳамин гуна бошад. Садриддин дар як мусоҳибааш қайд намуда буд, ки мактаби шодравон Кароматуллои Қурбон ҳидоятгари ҳунари имрӯзаам шуд ва ҳаққи устодии он нафар маро ба ин ҷода расонд. Бале, арзандаи чунин гуфтанҳост ин сарояндаи дар ҳақиқат ҷӯстуҷӯкору талошварз. Ба ҳамагон маълум аст,ки имрӯзҳо дар давлати Сурия ҷанги дохилӣ рафта истодааст ва мегӯяд,ки Садриддини Наҷмиддин мехоҳад ба онҷо сафар намуда, аз аҳволи мардуми озордидаи Сурия дидан намояд ва консерти бошукӯҳи хешро онҷо баргузор кунад. Ин ҷасурии Садриддинро бубинед,ки аз хунрезии ин давлат наҳаросида, барои консерт додан пироҳани муборизаро ба бар намуда, роҳхат гирифтанист. Оё ин рост бошад? Агар ҳа, пас аҳсан мехонем ба матонату далерии Садриддини Наҷмиддин.

Аз идора: Мо барои равшанӣ андохтан ба номаи шумо ва ба овозаи вирди номи Садриддин паҳншуда зуд ба ӯ дар тамос шудем, аммо мутаассифона, телефони дастии Садриддин хомӯш буду мо натавонистем посухи дурустро аз ӯ пурсон шавем. Боварӣ дорем,ки Садриддин мактубро хонда, ҳатман посухи дурустро барои хонандагони ҳафтаномаи «Зан ва мард» мегӯяд.


Комментарий №1    Написал: МАРД    28 марта 2013 16:26    Цитировать
Салом ба хонандагон: Дар кишвари Сурия (ШОМ)дар хакикат чангу чидолхо рафтаистодааст,мо аз ПАРВАРДИГОР дуо мекунем ки тамоми мусалмонхои Сурияро нигох дорад ва аз ин вахшигарии душман нигохашон дорад. Ман аввали ин матнро хонда фикр кардам ки бародар Садриддин ба онхо кумаки молию чони мекунад.Дар Сурия имрузхо чандин нафархои бегунох кушта ва захми мешаванд,кадом нафари мусалмон мехохад дар холати гаму андухаш мусикию суруди Садриддин ё нафари дигареро гуш кунад !!! Оре наинки бародари азизи мо Садриддин балки дигар сарвадмандхо метавонанд ба ин гуна мусалмонхои азияту озордидаистода бевосита кумаки молию чони расонад.........


Комментарий №2    Написал: Аскар Али    2 апреля 2013 20:47    Цитировать
Воимахои точики.Аммо баъд МАРДАК мардакбарин гуфти


Комментарий №3    Написал: Dard    3 апреля 2013 19:51    Цитировать
МАРД,Kumak moli meshavad , vale jonisha nav az navishtahoi tu shunidem ! Bas nabud hamun kadar guzashtagonamon jona nisor kardand baroi reklamai madaniyati arabhoi sustmorhur !? Boz kumaki joni medodaand , jo tuba ...


Комментарий №4    Написал: Гулдартабакуситродарбомбегимхонмох    4 апреля 2013 22:40    Цитировать
Садриддин ба Сурия барои чи меравад?.Уро ба гайр аз Точикистон дар хеч кучо касе гушаш хам намекунаду тамошош хам намекунанд.Боз ба дасти чангкунон наафтад.Дар Сурия кулли мусалмонхои суннимазхаб ба мукобили режими Асад ва тарафдорони он мубориза мебаранд.Асад,дини аловиро мепарастад.Модараш зани француз,падараш бошад,аз кавмхои курдхои оташпараст(аловихо) мебошад.Дар хайати куввахои мусаллахи Сурия,ки тарафдорони Асад мебошанд,курдхои аллови,шиамазхабхо ва арабхои христиани мечанганд.Сахт нарасад ба ин хофиз,у ба мукобили марги худ меравад,чи?.Худо накунаду яке дар капи чанговарони шиамазхабхои хукумати нахурад,вагарна,сангакпарронуш мекунанд.Садриддин он кадар акнун камбагали,ки ба Сурияи хунину марговар мерави.Бозист,андеша намо.Арабхо кай мухлиси точиконанд.Ба онхо фохишахо бисёртар лозим мешавад.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"