25.04.2013 09:37

Мурдаи бесоҳиби мамароза

Пиразане дар хонаи тангу торик ва сард танҳо ҷон меканад. Намедонам дуои кӣ ӯро гирифтааст, аммо ҳолаш табоҳ аст. Чунон табоҳ, ки аз ин бадтар намешавад. Аз умр дилсард ва ду чашм ба раҳ дорад, ки кай аҷал аз дараш медарояд, вале аз одами бад Худову хок безоранд, гуфтагӣ барин, ҳатто аҷал аз ӯ гурезон буд. Шабу рӯз хешовандонашро дашном медиҳад. Ҳақоратҳояш бисёрошёнаанд ва гоҳо як дуояш ним соат вақтро мегирад. Ба назар чунин менамояд, гӯё ӯро ҳама олам «оқ» кардааст. Шунида будам, ки оқипадарон оқибат хору зор мемиранд, наход ин пиразани барҷомондаи бемор аз ҳамон тоифа бошад? Дар андешаам ва садои ӯ беихтиёр маро ба худ меорад:
- Худоё, хорашон гардон, ки ҳаргиз шиками сер, тани сиҳат, хонаи обод, бахту тахт, давлати пирӣ, фарохдастӣ, барору баракат, нозу неъмат, оромии қалб… ва ҳоказоро набинанд!
Ин кӯтоҳтарин намунаи дуои бади ӯст. Чӣ сабаб гашт, ки зани нотавоне аз атрофиёнаш домангир бошад? Ӯро фаромӯш кардаанд. Ӯрое, ки замоне метавонист барои хешовандонаш худро ба гирдоби оташбор андозад ва аз ояндаи хеш заррае наандешад. Аслан сабаби имрӯз нотавону хору зор гаштанаш ҳам ҳамин буд. Аз рӯзи аввали ба балоғат расидан, ӯ барои худ не, балки барои фарзандони падар мезист. Ду рӯз пеш суди шаҳри Қӯрғонтеппа дар бораи панҷ сол аз озодӣ маҳрум кардан ва мусодираи молу мулки ӯ ҳукм баровард. Ӯ аз сабаби камандешӣ дар замонаш моликияти давлатиро ба яғмо бурд ва акнун бар ивази он ҳама дороияшро аз даст дод. Вақте раискунандаи суд ҳукмро баланд хонд, гунаҳкор дар толори суд беҳуш шуд. Азбаски ҳолаш бениҳоят табоҳ буд, ӯро оҷилан ба беморхона бурданд. Табибон ҳатто тасаввур карда наметавонистанд, ки ин зани пири фартутгашта метавонад гурезад ё нияти дигаре дошта бошад. Онҳо хатои маҳз карданд, чунки кампир аз торикии шаб истифода бурда гурехт. Ҳоло гуреза аст ва метарсад аз хонаи иҷора бадар равад, зеро медонад, ки агар ба берун барояд, ҳатман нафаре ӯро мешиносад ва ба сохторҳои қудратӣ хабар медиҳад. Дилаш майли чашидани анҷир дорад, лекин касе барояш мева намеорад. Нафаре аз дар даромада, аз ӯ намепурсад, ки чӣ ҳол дорад? Барои болида гардондани хотираш ҳеҷ кас талош намекунад. Ҳар қадар меандешад, аммо ҳатто худаш намедонад, ки ӯро Худо задааст ё арвоҳ. Дар ҳарду ҳолат пушаймон аст. Пушаймон аз рӯзгори ба сар дошта ва интихоби нодурусти роҳҳо. Бале, ӯ борҳо хато содир кард, вале аз роҳ нагашт. Худоро ёд накарду барои ислоҳи касифиҳояш накӯшид. Дар урфият мегӯянд, ки Худо дер мезанаду дуруст.
Хонаи тангу торик. Пилтаи чиркин, гилемҳои даридаи ифлос. Бистари хобаш бӯйи ғализ дорад, гӯё онро солҳо нашӯставу иваз накардаанд. Рӯшноӣ аз равзанаи танге даромада, ба азобе хонаро рӯшан мекунад. Пиразан дилгир аст ва ба ҳоли худаш нолону гирён:
- Парвардигоро, чаро ин қадар хорам кардӣ? Мани паршикаста чӣ гуноҳи нобахшоянда содир кардам? Чаро бо дигарон меҳрубон ва раҳиму раҳмонӣ, аммо ба доди мани дармонда намерасӣ? Шарманда шудам, бо кадом рӯ ба зодгоҳам баргардам? Агар каме қуввату дармонам медодӣ, шабу рӯз рӯйи ҷойнамоз нишаста, тавба мекардам. Маро бубахш, Худоё…
Садои дигаре аз қаъри дили пиразан овоз рӯшан мекард:
- « Нав бахшиш мепурсӣ? Чанд бор ба ту имкон доданд, лекин боз ба роҳи каҷ қадам мегузоштӣ. Борҳо қасам хӯрда, тарки ину он мекунам, гуфтӣ, вале чун ба по хестӣ, боз ҳамон «аҳмадаки порина!» будӣ. Ту дигар сиҳат намешавӣ. Инро ҳалқа карда ба гӯшат овез ва боз дониста бош, ки дигар имкони ислоҳ кардани хатоҳоятро надорӣ. Зиёд умр бинӣ як ҳафтаи дигар, як дақиқаву сония вақти иловагӣ надорӣ. Вақтро беҳуда сарф накуну калимаатро гардондан гир…»
Зан мӯйю рӯй меканд. Дар бистари сард худро бардошта мезаду дод мегуфт. Ӯ мурдан намехост, лекин «ба фикри банда Худо механда», фармудаанд дар халқ ва ин рост аст. Ҳамсояҳо аз нолаҳои тӯлонии ӯ ба дод омада буданд. Гӯё гӯши фалак кар шуда буд, ки ӯро намешунид ва баръакси хилофи хоҳишаш чарх мезад. Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд. Ӯ гуруснаву рӯҳафтода гашта, дигар майли чизе надошт.


Мурдаи пиразанро ҳамсояҳо баъд аз як ҳафта ёфтанд. Он рӯз нозирони минтақавӣ барои ситонидани маблағи қувваи барқ хона ба хона мегаштанд. Се тан бераҳмона дари хонаҳои истиқоматиро мекӯфтанду бо соҳибхонаҳое, ки пардохти ҳаққи барқ накарда буданд, баҳс ва гоҳо ҷанҷол доштанд. Яке аз ҳамсояҳо ба даркӯбиҳои дуру дарози нозирон тоб наоварда, бетоқат шуд ва аз хонааш баромада, гуфт:
- Соҳибони ин хона нестанд. Пиразане онро ба иҷора гирифтааст, вале чанд вақт боз наменамояд. Қулфи дар вайрон аст, аз дарун маҳкам намешавад, роҳ диҳед ман ӯро ҷеғ мезанам.
Баробари кушодани дар, бӯйи ғализе ба димоғи ҳамсояву нозирон расид. Онҳо ҳама ба як овоз: пуфф, гӯён биниҳояшонро дудаста пӯшонданд. Касе ҷуръат надошт ба хона дарояд. Дӯди сиёҳи ғафс бо суръати начандон баланд вижасзанон аз хона бадар рафт. Ҳамсоязан дар тааҷҷуб монда, аз нозирон пурсид:
- Дидед, ин магасҳоро дидед? Худоё, наход…
Гап дар даҳони соҳибаш ях баст. Яке аз нозирон чунин пешниҳод кард:
- Биёед ҳамроҳ даромада бубинем, ки чӣ воқеа рух додааст. Ин бӯйи ғализ бӯйи гӯшти вайроншударо мемонад. Худатон ҳам гуфтед, ки кампир чанд вақт боз наменамояд. Пуффее, дамам мегирад, ин ҷо зиёдтар истода наметавонам…
Ҳамсояҳои дигар низ расида омаданд. Чанд тан аз мардон даромада, хонаро аз назар гузаронданд. Вақти аз хона баромадан рангу рӯяшон кандаву авзояшон беҷо буд. Яке гиребон ба даст дошт, дигаре бо азобе худро дошта меистод, чунки дилаш шӯрида, қай кардан мехост. Нафаре аз нозирон зуд ба шӯъбаи корҳои дохилӣ занг зада, вазъиятро фаҳмонд. Кори боқимондаро милисаҳо ба анҷом расонданд. Вақте маитро ба мурдахона «морг»-и беморхона мебурданд, издиҳоми одамон атрофи мошини ёрии таъҷилӣ ҷамъ омаданд. Яке аз ҳамсояҳо гуфт:
- Бечораи бесоҳиб, мурдаашро кирм задаасту наздиконаш бехабар.
- Аз куҷо медонӣ, ки ӯ бечора аст? Мумкин наздиконаш аз рангу рӯйи ӯ безоранду чашми диданаш надоранд, – гуфт дигаре.
Касе намедонист, ки ин пиразан чӣ ном дораду аз куҷост. Нозири минтақавии милиса ҳайрон буд. Ӯ норозиёна аз одамон пурсид:
- Шумо инсон ҳастед ё не? Чӣ тавр ҳамсоягӣ мекунед, ки ҳамсояатонро намешиносед ва ҳатто номашро намедонед?
- Аз байни издиҳом ҷавоне пеш баромада ба нозир гуфт:
- Ҳой, ако! Гапата дониста зан, фаҳмо? Ту нозири минтақаӣ, на мо! Бояд ҳар як истиқоматкунандаи минтақаи ба худат вобасташударо шиносӣ ё лоақал дар борааш маълумот дошта бошӣ. Ин кори ҷонии худат мебошад ва аз ҳамин ҳисоб нон мехӯрӣ. Боз шарм надошта маҳмадоногӣ мекунӣ, магар намедонӣ ки иҷорашинон зуд-зуд иваз мешаванд. Мо кори дигар надорем ва қаламу қоғаз гирифта ба ҷойи ту ному насаби онҳоро навишта мегирем? Рав ба роҳат, одамонро бероҳат нагардон, бе ин ҳам дилгирем.
- Нозир аз ин эроди ҷавон ба ҷаҳл омада бо садои дурушт:
- Гӯш кун, додар, ман мокиён нестам, ки маро ту-ту гӯйӣ, фаҳмо? Ба шумо хуш муомила доштам, лекин мебинам, ки дигар хел гап задан зарур…
Марди сарсафед байни ин ду нафар даромада, онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Ӯ нозирро як тараф бурда, гуфт:
- Бачам, вақти баҳсу мунозира нест, аз пайи корат рав. Беҳтараш суроға ё рақами телефони соҳиби хонаро пайдо кун, ӯ бояд кампирро шиносад ё дар борааш маълумоте дошта бошад.
Ҳама пароканда шуданд, аммо ҳар бегоҳ ҳамсояҳо назди бинои истиқоматии худ ҷамъ омада, атрофи ин воқеъа суҳбат мекарданд. Оқибат яке аз онҳо маълумоти амиқ дастрас намуд:
- Медонед, ин кампири бефарзанд аз айёми ҷавонӣ ба роҳи каҷ рафта, умре бо фоҳишагиву далолӣ, аниқтараш «мама-роза»-гӣ машғул будааст. Ҳама хешу табораш кайҳо аз ӯ рӯ гардондаанд. Ман тасодуфан бо ҳамон милисаи минтақаамон вохӯрдам ва ӯ гуфт, ки мурдаи кампир то ҳол дар мурдахонаи Қарияи боло интизори ворисонаш хобидааст. Наздиконаш бегона гаштаанд ва дар бораи ӯ чизеро шунидан намехоҳанд. Дилам ба кампири бечора месӯзад, биёед пул ҷамъ карда, худамон ӯро гӯру чӯб мекунем.
- Ақлатро хӯрдӣ? Магар намедонӣ, ки аз ин тоифа пуштибонӣ кардан бефоида аст? Беҳтараш як кило гӯшт харида ба саги гуруснае бидеҳ, савоби зиёдтар мегирӣ, – гуфтани ҳамсуҳбат ба ҷумлаи охирин нуқта гузошт.
(Идома дорад)
Гули Зард


Комментарий №1    Написал: Kumedilos    1 мая 2013 20:46    Цитировать
Здесь следующий прикол .
Хрупкая девушка лупашит трёх верзил. Подребнее тут kruuto.ru/22

Здесь следующий прикол .
Хрупкая девушка лупашит трёх верзил. Подребнее тут kruuto.ru/22


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"