30.05.2013 09:35

Моҳрухсор - бонуи зебо ва қаламкаши ҷавон

Моҳрухсор аспиранти бахши якуми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон буда, ҳамзамон дар нашриҳои даврӣ фаъолият дорад. Бале, ӯ рӯзноманигор асту пайваста аз мушкилоти мардум, мушкилоти ҷомеа мегӯяду менависад. Меҳмони навбатии озмуни «Кадбонуи сол»- и нашрияи мост ин бонуи зебо ва қаламкаши ҷавон.
- Моҳрухсор, ташвишҳои аспирантӣ ба шумо душворӣ пеш намеоранд, ҳол он ки дар баробари ин, боз фаъолият доред дар нашрияҳои даврӣ?
- Ростӣ, мушкил аст, ҳам таҳсилу ҳам фаъолият, вале ҳаракат мекунам, ки супоришҳои роҳбарияти коргоҳро низ сари вақт иҷро намояму таҳсилро ҳам сарбаландона идома диҳам.
- Боварӣ дорам, ки кадбону низ ҳастед…
- На танҳо ман, балки кулли занҳову бонувон бояд, ки аз ӯҳдаи пӯхтану дӯхтан ва шӯстану рӯфтану дигар касбу кори занона ба осонӣ бароянд.
- Бештар кадом намуди таомро хуб омода месозед?
- Истеъмол ва омода кардани таомҳои миллии худамонро хеле зиёд дӯст дорам. Хушхӯранд хӯрокҳои тоҷикӣ. Гарчанде давоми ин рӯзҳо вориди чандин ошхонаву тарабхона гашта, аз хӯришу таомҳои хориҷӣ истеъмол мекунам, аммо мазаи хӯришу хӯрокҳои миллӣ дигаранд.
- Оиладор ҳастед?
- Не, вале дар нақша дорам, зеро ки оиларо макони муқаддас мегӯянд ва ҳар як ҷавон, новобаста аз касбу кору сатҳи зиндагӣ бояд, ки ҷуфти худро дошта бошад. Умуман барои бону, муҳимтар аз ҳама зиндагии оилавӣ аст.
- Рӯзноманигор шудан орзуи худатон буд, ё тасодуфан дар ин соҳа афтодед?
- Бале, орзуи айёми наврасиам буд, журналист шудан. Ҳанӯз мактабхон будаму дар дил орзу мекардам, ки эҷодкор шаваму дарди ҷомеа, дарди мардуми дардмандро нигошта, то андозае дар ҳалли мушкилоташон саҳми хешро гузорам. Ва имрӯз шукргузорам пеши Парвардигор, ки маро ба муроди дилам расонд.
- Чун шумо иштирокчии озмуни «Кадбонуи сол» ҳастед, бигӯед, ки айни замон барои хонандаи азизи нашрияи мо, барои кадбонувони Тоҷикистон ретсепти чиро пешкаш месозед?
- Мехоҳам тарзи таҳия намудани хӯриши дӯстдоштаи худамро пешкаши муштариёни «Зан ва мард» бигардонам.
- Марҳамат.

Хӯриши «Аҷоиб»
Маҳсулоти зарурӣ: 1дона пиёз, 1дона филеи моҳӣ, 4 дона сабзӣ, 1 бандча барги салат, замбурӯғи консерва ва майонез.

Тарзи таҳия:
Пиёзро аз пӯсташ тоза карда, майда реза мекунем ва муддати 3-соат дар оби ҷӯш нигоҳ медорем, то тезиаш равад. Филеи моҳиро ба таври кубик реза карда, дар равған мезирбонем. Сабзиро ҷӯшонида ба таври кубик реза мекунем ва замбӯруғро ба ду ҳисса тақсим менамоем. Зарфи махсуси барои хӯришро гирифта аввал барги салатро мечинему сипас пиёз ва дигар маҳсулотҳои дар боло номбаршударо қабат ба қабат гузошта майонез ҳамроҳ мекунем ва меомезем. Хӯришро 1-соат дар яхдон нигоҳ доштан лозим аст.
Масъули саҳифа Дилангез Неъмонзода


Комментарий №1    Написал: Аббосхоча    6 июня 2013 08:02    Цитировать
Салому дуруди гарму чушон ба ходимини Нашрияи чархи гардон!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"