6.06.2013 09:33

Бародарӯгайи фосиқ

Салом ҳафтаномаи розшунаву малҳамгари дардҳо ва дардошно «Зан ва мард». Банда розе дорам, ки айни ҳол бо дили пур аз дард ба даст хома гирифтаву доғҳои сиёҳгаштаи зиндагии худро ба рӯи ин авроқи сафед менависам, то каме аз дард осӣ шавам.
Аз аввалин хотираҳои зиндагии ман, ки дар хаёлам нақш бастааст, оғӯши модар буд ва баъзан-баъзан навозишҳои падар, ки ҳар шоме пайдо мешуду маро ба зонуи худ шинонда, навозиш мекард. Чун каме боақл шудам, фаҳмидам, ки фарзанди ягонаи падару модарам ҳастам. Боз ёд дорам, ки дар хона ҳамеша бо модарам танҳо будем. Ӯ аз бекорӣ доимо чун лухтак маро зебо мекард, кокулонамро мебофту либосҳои рангобаранг мепӯшонид.
Охирин хотираҳо низ аз модар ба ёдам ҳаст, ӯ он рӯз бемор шуд, бисёр месулфид ва билохира ба бистар афтод. Ман бо ҳайрат дар болои бистари ӯ нишаста, ба чашмони маҳзунаш нигоҳ мекардам. Ӯ бо овози хираи худ номи маро гирифта, илтиҷо кард, ки як коса обаш биёрам, шояд ӯ мехост дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташ аз дасти фарзанди худ об бинӯшад?
Бегоҳ падарам аз кор омада, ҳоли модарамро дида ба ташвиш афтод. Ӯ субҳ ба кор нарафту модарамро беморбонӣ кард.
Як ҳафта ба ҳамин минвол модарам дар бистари беморӣ буд. Одамон ба беморбинӣ меомаданду табибон модарамро муолиҷа мекарданд, аммо ҳоли ӯ бадтар мешуду беҳтар не.
Он рӯзро низ дар ёд дорам, ки падарам гиря мекард. Фавҷ-фавҷи одамон ба хонаамон меомаданду мерафтанд. Занҳо маро дар оғӯши худ гирифта мегиристанд, аммо ман аз ин ҳеҷ чиз намефаҳмидам. Ҳайрон будам, ки чаро модарамро бо латаҳои зиёд печонидаанд ва чаро дар гирди ӯ ҳама нишаста гиря мекунанд? Ногаҳон мардони зиёди тоқибарсар ба тахтачӯбе модарамро бор карданду бурданд. Маро ғашам омад. Охир, ба ин ҳама коре, ки модарамро карданд, хомӯш будем, боз чаро ӯро баста мебаранд?! Аз паси он мардҳо фарёд бардошта давидам, аммо дастони беқуввате маро аз роҳ боз дошт.
То бегоҳ модарҷон гуфта гиристам, ҳарчанд, ки хешу табор бо меҳр сарамро сила карда, дилбардориям менамуданд, вале хомӯш намешудам, зеро абадан тарк намудани модарамро фаҳмида будам.
Оҳ, модарҷон, чаро танҳоям гузоштӣ, медонам, ки орзуҳои зиёд доштӣ, аммо ҳамаи инро бо худ ба хоки сард бурдӣ.
Баъд аз марги модарам хонаи мо серодам гашт, одамон меомаданду мерафтанд ва оҳиста-оҳиста ин рафтуомад низ қатъ гардид.
Сипас, модаркалонам парастории маро ба дӯши худ гирифт. Ӯ «нишонаи ягонаи фарзандам»- гӯён маро ба касе надод.
Ба хонаи модаркалонам падарам ҳар ҳафта маро хабаргирӣ меомад. Бо гузашти вақт ба синни ёздаҳ расидам.
Як бегоҳ падарам ба хонаи модаркалонам омада, ба ман тӯҳфаҳои зиёд овард. Дар чеҳрааш хандаву хурсандӣ ҳувайдо буд. Ӯ бо шодӣ гуфт, ки ба ту модар овардам ва ту ба хонаи худамон меравӣ, дигар мо дар хонаи худамон зиндагӣ мекунем. Ҳарчанд, ки инро намехостам, аммо падарам маро ба хонаамон овард. Аз рӯзи аввал модарандарам ба ман писанд наомад. Ӯ бо меҳру навозиши дурӯғини худ «духтарҷонам» гӯён маро мебӯсид. Вай писарбачаашро низ бо худ оварда буд, ки аз ман калонтар, яъне 14-сола буд. Бо ҳамин зиндагии ман дар зери тарбияи модарандарам оғоз шуд. Ӯ ба ман рӯзи хуш намедод, тамоми кору бори хона бар дӯшам буд, кори ӯву писараш фармондеҳиву хоб кардан буду бас. Бар зами ин, ҳар бегоҳ ноӯҳдабарову танбал гӯён шикоятҳои зиёде ба падарам менамуд.
Чашмони кабудрангу нигоҳи тези бародари ӯгай ба ман намефорид, ӯ ҳамеша маро озор медод, ҳама корашро ба ман фармон медоду боз болои ин модарамро дашном мекард. Аммо аз ин кори ӯ модарандарам хушҳол шуда, механдид.
Модарандарам падарамро низ озор медод, ту ноӯҳдабароӣ гӯён ҳар бегоҳ бо ӯ ҷангу ҷанҷол мекард, падари бечораам бошад, хомӯш менишаст.
Аз байн чор сол гузашту модарандарам соҳиби ду духтарча шуд ва кору бори ман вазнинтар гардид. Дар ин миён муносибати бародари ӯгаям дигар шуда буд, ӯ бо чашми бад ба ман нигоҳ мекард. Ҳатто чанд бор ба ман дар афтод, аммо ҳар дафъа аз чанги дастони ӯ худро ҳифз мекардам.
Падарам дар ин чор сол тамоман тағйир ёфта буд, мӯйҳои сараш сафед гашта буданд. Рӯзҳои охир бисёр месулфид, табибон беморияшро сил бароварданд. Табобаташон бенатиҷа анҷомиду билохира аз дарди бедаво ҷон ба ҷонофарин супорид. Ман тамоман танҳо монда будам ва бори дарду ғам тамоми ҳастиямро фаро гирифта буд. Охир, ягона тасаллоям падарам буд, ки ӯ ҳам аз дунё даргузашт. Дигар намедонистам чӣ тавр дар зери ситами модарандар зиндагӣ кунам.
Аз марги падарам як моҳ гузашта буд. Он шаб дар хонаи алоҳида танҳо хоб мекардам. Масти хоб будам. Ногаҳон ҳис кардам, ки касе баданамро мепалмосад. Лабҳояш ба гарданам расиду додзанон аз хоб бедор шудам. Фарёд кардам, дасту почак задам, аммо бӯйи тезе ба биниям расид, дигар ҳеҷ чизро дар ёд надорам.
Саҳар овози нофорами модарандарам бедорам кард. Чашм кушода, ҷойгаҳамро хунолуд дидам. Фаҳмидам, ки номусамро аз даст додаам ва ин кори бародари ӯгайи фосиқам аст. Гиристаму рӯю мӯй кандам, вале дигар чора надоштам. Бародари ношукрам нони падарамро хӯрдаву бар намакдонаш туф карда буд.
Хостам худро овезам, аммо аз марг тарсидам ва ночор ба ин зиндагии талх тан додам. Одамгурезу камгап шуда мондам. Моиндарам аз хомӯшиям истифода намуда, ҳамаи корҳои рӯзгордориро ба сарам бор мекарду ба хонаи дугонаҳояш меҳмонӣ мешитофт. Аз як сӯ барои номуси қимматаринамро аз даст додан мегиристаму аз тарафи дигар ҳамрозу ҳамдами дил надоштанам маро ҷигархун мекард. Худро бадбахт мешуморидам. Бародари ӯгаям пайти муносиб ҷуста, аз ҳар тараф ба ман таҳдидҳо мебурд ва амр мекард, ки дар ҳоли хабаркашиям саратро аз гарданат ҷудо мекунам. Хунхору бераҳм буд бародари фосиқам.
Шаби дигар аз тарс хоб намекардам. Чароғи хонаи хобамро хомӯш наменамудам, аз тарсу ларз хоб чашмонамро тарк карда буд ва дилам аз пешомаде дарак медод. Шаб аз нисф гузашта буд, дари хонаи хобам оҳиста кушода шуду диламро ваҳм зер кард. Ин ҳамон бародари ӯгайям буд, ки бо либоси шабхобравак дохили хонаи ман шуд. Дарҳол аз ҷойгаҳам бархестам. Сайитой, ин ман шавҳаршавандаат, ту хобӣ ё бедор? Наздик нашав, вагарна худамро ҳамин шаб мекушам ва ё субҳи саҳар худамро меовезам. Аз гуфтаҳоям миллааш хам намехӯрд, ӯро ба худ наздик шудан намемондам, ба сару рӯяш мезадаму доду фиғон мебардоштам, аммо ҷӯссаи боқувваташ маро аз дасту почакзанӣ боз дошт. Ҷисми азимашро ба рӯям пахш карда, аз лабонам бӯсаҳои обдор мерабуду либосҳоямро дар танам лахту пора кард ва баъдан таҳдидҳои зиёд намуда, боз коми дил ситонд. Ба ҳамин минвол ӯ ҳар шаб ба наздам меомад. Ман низ ба ӯ ром шуда будам, ҳарчанд ба ӯ нафрати зиёд доштам, вале дигар чора надоштам, ночор бо ӯ ҳамхоба мегаштам.
Билохира фаҳмидам, ки ҳомиладор шудаам, модарандарам низ аз ин ҳоли ман огаҳӣ пайдо карда, бе ҳеҷ пурсу суроғе маро аз дар берун кард. Дар кӯчаҳои шаҳр он рӯз танҳо оворагардӣ намудам ва бегоҳ ба назди дарёи пурталотум рафта, худро ба дарё ҳаво додам.
Бедор шудаму худро дар беморхона дидам. Дар болинам марди тахминан 40-45-сола менишаст. Ӯ аз бедор гардиданам хушҳол шуда, «чӣ ҳол дорӣ, духтарам?»- гӯён аз ҳоли ман пурсон шуд.
Аз зинда моданам боз ғамгин гардидам, аммо он марди хайрхоҳ ба ман зиндагии нав бахшид.
Он бегоҳе, ки ман худамро ба дарё ҳаво дода будам, он мард дидааст ва тозон ба наҷотам кӯшида, маро беҳуш аз дарё баровардаю ба беморхона овардааст.
Ночор тамоми саргузашти худро нақл кардам. Ҳоло бошад, завҷаи он мард ҳастам. Як сол пеш аз ин воқеа завҷаи ӯ вафот карда будааст ва маро ӯ ба никоҳи худ даровард. Зиндагии хуб дорам, аммо он ранҷу дарде, ки аз дасти модарандару бародарандарам дидаам, ҳамеша вуҷудамро месӯзад.
Сайитойи Нурулло


Комментарий №1    Написал: мухочир    6 июня 2013 18:49    Цитировать
намедонам чи бигуям лекин хаминро медонам ки азоби зиёд мебинад моиндару писараш лекин ман дар хайрат мондам ту хешу акробое надошти магар то ки туро мухофизат кунанд.


Комментарий №2    Написал: Тарона.    18 июня 2013 14:55    Цитировать
Хар чи ояд,бар сари фарзанди одам бигзарад.Хар он касоне,ки бо Шумо чунин рафтор карданд Худованд чазояшона медихад. Хохари азиз аз кафои зиндагии худат шав шавхаратро онеро,ки туро аз марг начот дод эхтиром кун. Дар бораи сину сол калонсол буданаш фикр накун одами нагз бошад зиндагиат тинч бошад шукрона карда зиндагиатро бар.


Комментарий №3    Написал: dilovarjon    11 июля 2013 19:01    Цитировать
чаро ба милиса насупорад?
охир конун дар тарафи ту аст хохари азиз


Комментарий №4    Написал: Мусульманка    14 августа 2013 11:04    Цитировать
Тарона,вы полностью правы!!!!!их АЛЛАХ накажет,ведь он Всевидящий и Всезнаюший!!!!!!!!!!!!!


Комментарий №5    Написал: rambo    10 декабря 2013 08:22    Цитировать
Dar har shumorai in ruznoma yak naqli fisqu fosiqi, ki jurnaliston menavisand hast. Bovar nakuned mardum ba in jurnalistoni "izvrashenets". Dar asl ba fikram inho fikrhoi nihonii khudro rui qogaz meovarand.


Комментарий №6    Написал: Парвиз    16 декабря 2013 07:21    Цитировать
Дигар гам набинед.


Комментарий №7    Написал: Сулаймон    28 декабря 2013 22:38    Цитировать
Салом апаон ман аз оли шумоам амгин шудам.
Апаон шукрона кунед, ки шуморо аз худкуши рао карданд, вагарна шумо Бииштро намедидед. Шукрона кунед ва шаваратонро иззату урмат кунед ва бар гузашта салавот оное, ки шуморо азоб доданд ба Худо супоред. его амгин нашавед, аракат кунед, ки зиндагониатон ширинтар шавад.


Комментарий №8    Написал: ширин    25 января 2014 14:36    Цитировать
акаи Сулаймончон да хаму суханони ширинат ман садка шавум хата нигах карда нависи намешавад чонееее!


Комментарий №9    Написал: Холида    17 февраля 2014 13:38    Цитировать
Афсус ки дар ин дуне одамони фосик зиеданд. АФСУС..


Комментарий №10    Написал: махмадшо аз олмон    18 февраля 2014 16:01    Цитировать
Аз холи шумо хешу табори падару модарат хабар надоштанд,хамаш айби худат ки хабар надоди ту метавони макомотхои болои(суд,миллисия,прократура) хабар мекарди холло хам сари вактаи хабар кунед ва нибати он худозадахо ягон чораи конуни дида бароянд.Шумо низ хак дар он хона истикомат ё ин ки хакдор кунанд шумора хатман ба прократура мурочиат кунед.Шумо тахти назорати давлат мебошед вакте ки шумо дар беморхона будед аз макомотхои дахдор ба шумо мурочиат накарданд,ё ин ки хамаи гапхо бофта мебошанд. чавобашро интизорам___,,,,,,,,
1 2


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"