6.06.2013 09:33

Дари дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмари Эрон ба рӯи беморон боз аст

Дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, омодааст ҳамарӯза теъдоди зиёди беморон – гирифторони касалиҳои гуногунро қабул, муоина ва табобат намояд.
Ин дармонгоҳ дорои муосиртарин технологияҳои УЗИ – таҳқиқ бо насби асбоби электроскан, ки дар Тоҷикистон ягона аст ва рентгенӣ буда, бо таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва мутахассисони баландихтисосу соҳибтаҷрибаи эрониву тоҷик ба беморони кишвар хизмат мерасонад. Хадамоти дармонгоҳ аз духтурони бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, занона ва момодоягӣ, ортопедӣ, рентгенӣ, дандонпизишкӣ, УЗИ – сонографӣ, сӯзанзанӣ, захмбандӣ иборат буда, ба ғайр аз ин дар дармонгоҳ озмоишгоҳи хун ва дорухона фаъолият доранд.
Бартарияти ин дармонгоҳ дар он аст, ки беморон метавонанд дар ин озмоишгоҳ барои муайян намудани дараҷаи қанд, холестерин ва креатинин дар хун хун супорида, аз дорухона доруҳои лозимаро бо нархҳои нисбатан арзон назар ба дигар дорухонаҳои пойтахт харидорӣ намоянд. Бояд қайд намоем, ки хизматрасонии духтурон низ назар ба дигар бемористонҳои кишвар дар дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмари Эрон арзонтар буда, қобили қабул ва дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон гаштааст.
Раиси дармонгоҳи мазкур доктор Муҳаммадризо Мансурӣ шод аз он аст, ки дар дармонгоҳ беҳтарин духтурон ва пизишкони тоҷику эронӣ фаъолият доранд ва дар хизмати мардуми тоҷик ҳастанд.
- Дари дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамеша ба рӯи мардуми тоҷику афғон, ки аз дарде ранҷ мекашанду гирифтори беморӣ ҳастанд, боз аст. Мо тамоми имконот ва шароити лозимаро барои муайан намудани беморӣ ва муолиҷаи он дорем ва касеро ноумед нахоҳем кард, - таъкид медорад доктор Муҳаммадризо Мансурӣ.
Ҷамила Ҳусейнова

Дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамарӯза аз аз соати 8:30 то соати 17:00 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Дониш, 57 – чорраҳаи кӯчаҳои Айнӣ – А. Дониш (гардиши фурудгоҳ) фаъолият намуда, ҳар нафареро, ки бо ин шумораи ҳафтаномаи «Зан ва мард» ба дармонгоҳ меравад, 30% тахфиф барои тамоми хадамоти тиббӣ интизор аст.


Комментарий №1    Написал: Максуди Мирзохоча    9 июля 2013 00:26    Цитировать
Салом ба кормандони ред.Вакте бо тавассути рафикони гамхор шунидам оиди ин дармонгох ва баъди як хафтаи ваъдаю вактеби мушаррафи Мансури гаштам ва чавобе ки аз доктор шунидам тамоман ихлосам аз ин пизишкони Эрони гашт хамааш дуруг аст ин рекламаи холи боз бокадом максад номаълум ...Вакте дармонгох сузану пахтаю дорухои оддиро хам надорад чи гуна мешудааст онхо маъмули хизмат мекардаанд мумкик дуо е тамасхур ба точики мариз мекунанд Ба маризони содда гуфтаниям ки бехуда сарсон шудаву харч карда нараванд аз поликлинияхои точики худ намонанд.....


Комментарий №2    Написал: www    11 января 2015 22:14    Цитировать
все ответы на ваши вопросы //goo.gl/zkFD0E


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"