6.06.2013 09:33

Марди майхора ба кӣ мефора?

Охир, майхора на танҳо ҳаёти худро заҳролуд карда, саломатияшро аз даст медиҳаду обрӯяшро мерезонад, балки атрофиён ва ҳамсару фарзандонашро назди ёру бегона сархам мекунад
Салом ба аҳли қалам ва хонандагону ҳаводорони ҳафтавори писандидаам «Зан ва мард». Ин номаро ба шумо бонуе менависад, ки аз айёми хурдсолӣ ба хомаю қоғаз меҳр дошту мехост рӯзноманигор шавад, аммо бо сабабҳои оилавӣ натавонистам ба орзуи хеш расам. Шукри Худои мутаолро мекунам, ки бандаҳояшро дар нимаи роҳ намепартояду ман низ аввал бо кӯмаки Ӯ ва баъд бо дастгириҳои холаи меҳрубонам Омӯзишгоҳи тиббиро хатм намудам. Зиндагӣ ҷодаи ҳамвор нест ва дар ин роҳ инсон ба ғаму кулфатҳои гуногун дучор мегардад, аммо бонуе, ки шавҳари рамузфаҳму меҳрубон ва бонангу номус дорад, аз мушкилиҳои зиндагӣ намеҳаросад. Ман низ мисли духтаракони дигар орзуи марди мардонро мекардам, вале тақдирам ба ҷавони бемаълумоти дағал ва ҳақоратчие рафта будааст. Ба ин додаи Худо низ шукр карда, бори зиндагии сангин дар гардан тоқат намуда, лаб зери дандон мурда-мурда зиндагӣ мекардам. Хусуру хушдоманам барои халос шудан аз писари бекорхуҷаашон пас аз таваллуди писарчаам барои мо аз пойтахт як хонаи якҳуҷрагӣ харида доданду рӯзғорамонро ҷудо карданд. Ба шавҳарам меҳр надоштам, вале ҷудо шуда наметавонистам, зеро дар ҳавлии танги падариям чор келин мезистанду волидонам имкони қабул кардани ману писарчаамро надоштанд. Шавҳарам дар деҳа рӯзи дароз мехобиду бо рафиқонаш шоҳмотбозӣ мекард, дар пойтахт бошад, ӯ бачабон шуду ман ба кор баромадам. Бори гарони зиндагиро ман мекашидам, ӯ бешармона арӯсаки хона шуда буд. Писарам сесола шуду ӯро ба боғчаи бачаҳо додам ва аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки аз паси кор шавад, зеро дигар мадорам барои пеш бурдани зиндагӣ намерасад ва фарзандамон ҳам калон шуда истодааст. Ӯ чизе нагуфт ва пас аз се рӯз иброз дошт, ки ба Русия мераваду ба ӯ пул ёфта диҳам, ангуштарӣ ва гӯшвораи тиллоямро фурӯхта, барояш чипта харидаму ӯ ба Русия рафт. Давоми се соли дар мардикорӣ буданаш ҳамагӣ ҳазор доллар равон кард, вале ман мисли занҳои дигар онро барои худам сарф накарда, баръакс ба болояш маблағи дигар зам намуда, хонаамонро ба дуҳуҷрагӣ иваз карда, онро худам бо дастони худам таъмир кардам. Шояд шумо бовар накунед, аммо хонаи дуҳуҷрагии фарсудаи бетаъмирро ҳамроҳи додаронам худам таъмир кардам! Бо ҳамин дигар аз шавҳарам хатту хабаре нашуд ва одамони аз наздаш омада мегуфтанд, ки ӯ бо кампири майхораи русе хонадор шуда, шабу рӯз дукаса аз ҳисоби нафақаи ӯ нӯшида хоб мераванд. Ҳамин тавр ду соли дигар идома ёфту шавҳарам пас аз панҷ соли Русия рафтан ду даст дар бинӣ баргашт, аммо акнун ӯ майхораи гузаро, ба қавли маъмул алкаше буд, ки беарақ наметавонист. Аз рӯи гуфти ҳолдонҳо духтари кампири рус аҳволи модарашро бо шавҳари ҷавонаш дида омада модарашро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ мебараду шавҳари маро ду лагат зада, аз хона пеш мекунад. Танҳо тоҷикони савобҷӯй барояш чиптаи поезд харида, ӯро ба Тоҷикистон мефиристанд. Инак, чор сол боз ман дар дӯзах зиндагӣ дорам, зеро шавҳарам шабу рӯз арақ нӯшида миёни лойю хок афтида бо сари кафидаю дасту рӯи хуншор ба хона меояд. Писарам имрӯз дар синфи чорум мехонад ва аз ҷангу ҷанҷоли ҳаррӯзаи падар ба садаммаи рӯҳӣ гирифтор гаштааст. Худам ҳам саломатиямро аз даст додаам, ба хотири раҳоӣ бахшидани писарам аз ин ҳолати нохуб даву ғеҷи зиёд карда, ӯро ба литсеи бонуфузе додам, ки як ҳафта он ҷо мемонад. Танҳо рӯзҳои шанбею якшанбе дар хона аст. Шабу рӯз кор мекунам, пулу чизҳои қимматбаҳоямро дар ҷойи корам пинҳон менамоям, зеро чанд бор пулҳои охирини хонаро дуздида, сарфи арақнӯшӣ кард. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки чанд бор шавҳарамро дидаанд, ки дар роҳраву кӯчаю бозор ба гадоӣ машғул аст, бисёр вақт дилам месӯзаду худам ҳам пулаш медиҳам. Ҳақорату зарбу лати шавҳари алкаш маро карахту парешон ва аз зиндагӣ дилсард гардонидааст, танҳо ба хотири писаракам зиндагӣ мекунам. Росташро гӯям, дер боз мухлиси ҳафтавори шумо ҳастам, аммо ҳеҷ гоҳ дар гӯшаи хотир ҳам наоварда будам, ки саргузашти талхамро навишта, ба шумо фиристам. Ҳафтаи гузашта аз расонаҳои хабарӣ хондам, ки як зани 28-солае аз Муминобод, шавҳари 34-солаи худро куштааст. Ҳамсояам зодаи Муминобод асту ин занро мешинохтааст, ӯ гуфт, ки шавҳари ин зан майхора буд, оқибат зиндагиашон бо фоҷиа анҷом ёфт. Яъне шавҳараш ин дафъа низ маст омада, низоъ мебардораду зан ҳамроҳи хоҳари шавҳараш ӯро дохили сандуқ маҳкам мекунанд, дар натиҷа мард мемирад. Инро фақат тафтишот маълум мекунад, ки марди аз тарафи занаш кушташуда майхора буд ё не? Аммо ман як бонуе, ки то ҳол ҷабри марди майхораро мекашам, он занро мефаҳмам ва барои ҳамин қалам гирифта, номаи дардамро ба шумо ирсол доштам… Ҳарчанд танҳо Худо ҳақ дорад, ки ҷони офаридаашро гирад, аммо асаби як зани мудом дар зери мушту лагат ва таҳқиру ҳақорат буда ҳам то кай метавонад ором бошад. Ман ҳеҷ гоҳ ба ин кирдори зишт даст намезанам ва боварӣ дорам, ки ҳамон зан низ намехост, номи шавҳаркушро гирад. Шояд аз беақлӣ ин корро карду гумон дошт, ки шавҳараш ҳушёр мешавад…
Мақсади нома навиштанам ба ҳафтавор ин аст, ки бародарони азизи ман онро хонанду ҳеҷ гоҳ ба роҳи пасти майхорагӣ қадам нагузоранд. Охир, майхора на танҳо ҳаёти худро заҳролуд карда, саломатияшро аз даст медиҳаду обрӯяшро мерезонад, балки атрофиён ва ҳамсару фарзандонашро назди ёру бегона сархам мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки Паёмбари Ислом дар ҳадисҳои муборакашон фармудаанд: «Шароб модари гуноҳҳон ба ҳисоб меравад»!
Заъфарон


Комментарий №1    Написал: мухочир    6 июня 2013 19:27    Цитировать
апачон барои шумо рахмат ки хамин номаро навистед лекин вакте ки амри маруфу нахи мункарро мань карданд шумо бояд ба суд мурочиат мекардетон инро бояд хукуматдорои мо хонанд вахмадки окибати бе имони хамин лекин сабри шумо мукофоташ хаст дар назди парвардигор агар дар рохи ХУДО бошед.


Комментарий №2    Написал: Азамат    20 июня 2013 17:00    Цитировать
Ёр мечуему бо ноёр кисмат мекунем,
Бахр мечуему бо чуе каноат мекунем.
Ишк мечуему аз шавке пушаймон мехурем,
Ком мечуему бо чоме кифоят мекунем.
Мехр мечуем, аммо баъд аз мухри никох.
То фалак аз мухри мехри худ шикоят мекунем.
Рузи аввал пеши пои ёр сар меафканем,
Рузи дигар бар сари у сад киёмат мекунем.
Вах чй бадбахтист, ё раб, дар чахони бурду бохт,
Давлати дил дода аз каф, боз савлат мекунем.
Ман намедонам чй дорад расми кач дору, марез,
Ки ба рагми асли худ бо гайр одат мекунем.
Ман намедонам чй дорад ормони мо, ки мо,
Хизр мечуему бар хирсе ибодат мекунем.


Комментарий №3    Написал: субхиддин    20 июля 2013 01:24    Цитировать
Апачон бенихоят зиндаги сахтро аз сар гузаронди зани босабр будий худованд дуст медорад бо сабрхоро иналлоха маа собирин худованд харохи сабр кунандагон аст.


Комментарий №4    Написал: Ахмад    8 апреля 2015 07:35    Цитировать
Тоикистон мефиристанд. Инак, чор сол боз ман дар дзах зиндаг дорам, зеро шаварам шабу рз ара ншида миёни лойю хок афтида бо сари кафидаю дасту ри хуншор ба хона меояд. Писарам имрз дар синфи чорум мехонад ва аз ангу аноли аррзаи падар ба садаммаи р гирифтор гаштааст. Худам ам саломатиямро аз даст додаам, ба хотири рао бахшидани писарам аз ин олати нохуб даву еи зиёд карда, ро ба литсеи бонуфузе додам, ки як афта он о мемонад. Тано рзои шанбею якшанбе дар хона аст.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"