6.06.2013 09:33

Бахти деромада

ё давоми маъшуқаи аҷина
Рӯзи дигар пас аз рафтани охирин меҳмонони туй арӯсу домод имкони танҳо ба танҳо монданро пайдо карданд, аммо шаби аввали зиндагиашон Баҳром натавонист аз арӯсаш ком бардорад. Ӯ пеши Настаран худро хиҷолатзада эҳсос намуд, вале…
(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)
Дидори орзу
Се рӯз пас аз ин гуфтугӯ Баҳрому Настаран дар тарабхонаи бонуфузе вохӯрданду бо ҳамдигар наздиктар шинос шуданд. Баҳром медонист, ки Ниҳол тамоми саргузашти ӯро ба Настаран нақл кардааст, аз ин рӯ, аз духтар хоҳиш кард, то дар бораи худаш маълумот диҳад. Настаран аз ошиқ шудани Баҳману дуои модари ӯ то ба бемории равонӣ печиданашро ба ҷавонмард нақл кард, танҳо аз гуфтани муносибатҳои маҳрамонааш бо ошиқи ҷинаш худдорӣ намуд. Баҳром ба чеҳраи зебои Настаран дида дӯхта, бо боварӣ гуфт: ман туро хушбахт хоҳам кард! Ҷавонон то дер бо ҳам сӯҳбат карданду Баҳром ангуштарини зебои қимматбаҳоеро ба ангушти Настаран гузаронид ва ҳангоми хайру хуш аз рухсораи арғувонии хушбӯяш бӯсае ситонд. Настаран бо табъи болида ба коргоҳаш рафту аз он ҷо ба хонаашон шитофт, то хушхабарро ба модараш расонад. Аҳли хонавода ҳамагӣ шодӣ мекарданд, ки оқибат ғунчаи бахти Настаран низ мешукуфад. Як ҳафта пас аз вохӯрии ҷавонон волидони Баҳром дастархону тӯҳфа бардошта, ба хостгорӣ омаданд, хонаводаи Назири тоҷир низ онҳоро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, розигӣ доданд. Тарафи домод гуфтанд, ки тӯйи Ниҳолро гузаронида, баъд аз пайи гузаронидани хурсандии Баҳрому Настаран мешаванд ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Рӯҳи ноором
Ҳамон шабе, ки Настаранро бо Баҳром фотеҳа карданд, модари Баҳман боз ба хоби духтар даромад. Ӯ дар хобаш марғзори сабзу хуррамро медид, ки зане миёни он нишаста, ӯро дуо дорад: Худо ту низ ба азоби сахт гирифтор шавӣ, охир барои ту шуда писарам худкушӣ кард, ба муқобили Худо исён намуду имрӯз наметавонад ҳамроҳи ман дар ин марғзори сабзу обод бошад, писарамро ёфта деҳ, деҳ, деҳ!!! Зери ин садои даҳшатбор Настаран ба обу арақ оғӯшта хесту то дер гирист. Рӯзи дигар бо чашмони аз бехобӣ варамидаю табъи гирифта аввал ба бозор рафта, ширинии зиёде харид намуда ба ятимхонае бурда супорид, баъд сари қабри Баҳману модараш рафт. Ӯ миёни ду қабр нишаста мегиристу аз Худованд ва рӯҳи онҳо бахшиш мепурсид, нолаҳои зори ӯро дида, посбони қабристон мӯйсафеди солори дунёдида наздаш нишасту шарҳи ҳол пурсид. Настаран арзи дил намуд, пирамард ба ӯ гуфт: Духтарам, аҷдодони мо дар ин мавридҳо чорвоеро кушта хун мекунанду ба ҳаққи рӯҳи ноором хатми «Қуръон» мефармоянд. Настаран аз рӯи маслиҳати мӯйсафед амал карда, гусфанди фарбеҳе харида овард ва дар масҷиди назди қабристон хун карду гӯшташро мувофиқи гуфтаи мӯйсафед ба камбағалон тақсим намуданд ва ба муллобачае 100-доллар дода, гуфт, ки дар ҳаққи модару писар хатми «Қуръон» кунад. Пас аз ин духтар дар худ як сабукие эҳсос карда, аз пайи корҳояш шуд. Дар дил Худоро зора мекард, ки рӯҳи саргардони Баҳману модараш ӯро ором гузоранд, охир, барои як хатои ҷавонӣ ӯ он қадар азоб кашид, ки ногуфтанӣ. Наход илоҷи растан аз доми ин хатои дар айёми беақлиҳояш содир намудаи ӯ набошад? Наход бахти ширинаш низ қурбони ин хатоӣ гардаду ба Баҳроми ширинтар аз ҷонаш бахт оварда натавонад? Духтар шабҳо сари ҷойнамоз бо Худованд роз мегуфту дилашро мисли китобе назди он Ломакон мекушод.
Рӯзи мурод
Тӯйи Ниҳол ҳам баргузор гашту волидони Баҳром ба хонаи арӯсшавандаашон омада, рӯзи ҷашни висоли Настарану Баҳромро муайян намуданд. Ҷавонон тарафдори хоксорона гузаронидани тӯй бошанд ҳам, Назири тоҷир тӯйи духтарашро дар бонуфузтарин тарабхонаи шаҳр баргузор карда, ба домод калиди мошини «Лексус» ва ба духтараш бошад, калиди ҳавлии дуошёнаи барҳаворо супорид. Бародарони духтар низ аз падарашон кам наомада, ба хоҳарашон тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд. Дар тӯйи Настарану Баҳром беҳтарин ҳофизону ширинкорон ҳунарнамоӣ мекарданду мардумро ҳусни зебои арӯс ҳайрон менамуд. Он рӯз пас аз тӯй арӯсу домодро ба хона гусел намуданд ва хурсандӣ боз дар хонаи домод идома ёфт. Баҳром ба чеҳраи зебои арӯсаш менигаристу шукрона мекард, ки Худованд Настаранро ба ӯ инъом кард. Бо ҳама сарвату боигарии падар, бародарон ва соҳибкори муваффақ будани худаш, духтар он қадар хоксору заминӣ буд, ки ногуфтанӣ. Танҳо рӯзи дигар пас аз рафтани охирин меҳмонони туй арӯсу домод имкони танҳо ба танҳо монданро пайдо карданд, аммо шаби аввали зиндагиашон Баҳром натавонист аз арӯсаш ком бардорад. Ӯ пеши Настаран худро хиҷолатзада эҳсос намуда, гуфт:
-Настаранҷон, панҷ сол боз ман он қадар ба ғаму дард дода шуда будам, ки ҳатто бо зане қаробат надоштам. Шояд аз ҳамин рӯ…. Ту ғамгин нашав, рӯзи дигар ба назди табиб меравам. Настаран аз ин суханҳои Баҳром мисли лола сурхидаю шармида, танҳо ҳеҷ гап не, мегуфту халос. Он шаб домоду арӯс бо бӯсу канор иктифо намуда, ҳамоғӯши якдигар хобиданд. Настаран субҳи барвақт хеста ҳавличаи зебою озодаро об зада руфту наҳҳории лазизе тайёр намуда, дастархон кушод, ҳангоми аз хоб хестани хусуру хушдоманаш ба онҳо чун одати маъмулии арӯсон салом дода, аз пайи корҳои дигар шуд. Баҳром кӯшиши зиёд кард, ки волидонаш нокомии имшабаи ӯ ва табъи хираашро пайхас накунанд ва баъди анҷом додани баъзе корҳояш ба назди духтури шиносаш рафт. Табиб ӯро муоина карда гуфт, ягон айбе надорад ва барои пурра боварӣ ҳосил намудан, ӯро ба ташхис фиристод. Он шабу шабҳои дигар низ Настарану Баҳром дар оғӯши якдигар бебаҳра аз лаззати зиндагӣ рӯз мекарданд. Ташхис низ саломат будани Баҳромро нишон доду бо маслиҳати духтур ҷавонмард маҷбур шуд, ки ба арӯсаки даҳрӯзааш хиёнат карда, худро санҷад. Настаран ҷурме надоштани Баҳромро аз забони ӯ шунида, маслиҳат намуданд, ки пинҳонӣ аз волидон назди мулло мераванд.
Каромоти мулло
Настаран ба Баҳром гуфт, ки ҳангоми бемори рӯҳӣ шуданаш ӯро мулло Сафол аз банди ин дарди ҷонсӯз раҳоӣ бахшид ва агар зарур донанд, ба назди ӯ мераванд. Арӯсу домод бо баҳонаи сайругашт як субҳи барвақт аз хона баромада, роҳ сӯйи ноҳияе пеш гирифтанд, ки он ҷо муллло мезист. Онҳо бо осонӣ хонаи муллоро ёфтанду корвони мошинҳои назди дарвозаи ӯро дида, ба ҳайрат афтоданд. Настаран бо барвақтӣ ба хона рафтанӣ буд, аз ин рӯ, сарашро ба китфи шавҳараш гузошта, гуфт: -Кош ягон одамро меёфтем, ки ба мулло Сафол мегуфт, ки Настаран омадааст, ман боварӣ дорам, ӯ моро бе навбат қабул мекард… Пас аз даҳ-понздаҳ дақиқаи ин гуфтугӯ, ҷавони 15-16 солае назди мошини онҳо омада, ба тирезаи мошин бо ангушташ тақ-тақ кард. Баҳром тирезаро поин карду ҷавон гуфт: Шумо аз Душанбе омадаед? Ва бо ҳайрат сар ҷунбондани Баҳромро дида гуфт:- Бобом гуфтанд, ки шуморо бе навбат қабул мекунад, Настаран бо лабханд ба Баҳром нигарист, ки аз ҳайрат даҳонаш во буд…
(Давом дорад)
Рухсорабону


Комментарий №1    Написал: далер    30 ноября 2013 22:41    Цитировать
давомш кани? Чанка интизор шавем?


Комментарий №2    Написал: Човид    7 декабря 2013 10:33    Цитировать
Рухсорабону идомаи он кай ба нашр мерасад? Хеле боз мунтазирем.


Комментарий №3    Написал: umed    25 декабря 2013 16:25    Цитировать
davomash dar silsilai oyanda


intizor bosheton. mebiyod


Комментарий №4    Написал: карима    26 февраля 2014 13:51    Цитировать
Хикоя хеле шавковар аст. Вале ман аз кормандони рузнома пурсидан мехостам, ки ое истифодаи калимахои мардак ва занак ба чои мард ва зан дуруст аст?


Комментарий №5    Написал: eeee    11 января 2015 22:15    Цитировать
все ответы на ваши вопросы smile //goo.gl/zkFD0E


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"