Чархи Гардун
7.02.2014 13:24

Милитсия хабар медиҳад

Куштор дар ҳолати мастӣ
Ҷасади шаҳрванд Пулотов Баҳодури 57 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷавонони ноҳияи Конибодом дар манзили зисташ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Дар натиҷаи чораҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрванд Тухтаев Исроили 31 сола, сокини кӯчаи Турсунов дастгир карда шуд. Нобмурда дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш бо Пулотов Б. , муноқиша намуда, бо корд ӯро захмӣ мекунад. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ғоратгарӣ дар бозор
Шаҳрванд Ш. Мирзоҳамдами 39 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода бо гумони содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Номбурда дар дохили бозори марказии шаҳр бо тариқи зӯроварӣ аз шаҳрванд Б. Валиҷон, сокини маҳаллаи 1-ум телефони мобилии тамғаи “Нокия” ва 1-адад гарданбанди тиллоиро тасарруф намуда, ба маблағи умумии 2040 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Боздошти шаҳрванди хориҷӣ
Дар кӯчаи Карамови пойтахт, дар рафти як чораҷӯӣ шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон Аҳмад Бисмиллоҳи Нурӣ,соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи Зарафшон дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ дар ҳаҷми 7 кг 550 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ғорат бо роҳи лату кӯб
Ҳангоми дида баромадани аризаи шаҳрванд Ш. Ғайрат, сокини шаҳри Хуҷанд бобати дучори лату кӯб гардиданаш, ҳамчун гумонбар Каримов Эркини 22 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров дастгир карда шуд. Номбурда дар маркази фароғатӣ- истироҳатии “Боулинг”, воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд бе ягон асос ӯро лату куб намуда, бо роҳи зӯрӣ телефони мобилии тамғаи “Нокия-501” арзишаш 400 сомониро тасарруф намудааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Бозӣ бо фоҷиа анҷомид
Ноболиғ С. Ҷамолиддини 15 сола, хонандаи синфи 9, сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар хонаи истиқоматиаш, ҳангоми бо корд бозӣ кардан бо бародараш С. Фазлиддини 17 сола, аз беэҳтиётиаш корд ба қафаси синаи бародараш медарояд. Дар натиҷа Фазлиддин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ корди ошхонагӣ гирифта шуд.

Нашъаҷаллобон дастгир шуданд
ШаҳрвандонН. Раҷабалии 18 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шӯрообод, ва С. Лутфуллои 21 сола, сокини ҷамоати деҳоти Саричашма бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир карда шудаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз тарафи кормандони милитсия дар ноҳияи Ҳамадонӣ, аз онҳо дар 2-адад борхалта ба миқдори 18 кг 930 грамм маводи нашъадори “афюн” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дуздӣ аз беморхона
Шахсӣ номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳуҷраи беморхонаи ноҳияи Панҷакент шуда, аз болои мизи корӣ 1-адад компютери тамғаи “Ноотбук”, ки азони донишҷӯи бахши 2-юми колеҷи тиббӣ Урунова Саодат буд, дуздида, ба ҷабрдида ба маблағи 1500 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Ҳангоми чораҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрванд Ю. Шаҳриёри 28 сола, корманди беморхонаи мазкур дастгир шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Дузд дастгир шуд
Истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара А. Араббеки 19 сола, бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир шуд. Ӯ пинҳонӣ дохили автомашинаи тамғаи “Газел” азони шаҳрванд Ф. Абдураҳим, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод гардида, аз он ҷо 1150 сомонӣ пули нақдашро дуздидааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.
Хазинаро дузд зад
Шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ “Формула Успеха”, воқеъ дар кӯчаиН. Қарабоев шуда, аз дохили хазина 5080 сомонӣ пули нақдро гирифта ғайб задаанд. Ҳангоми чораҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрванд Э. Дилшоди 21 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур дастгир гардид.

Мошини дуздӣ ёфт шуд
Ҳангоми дида баромадани аризаи шаҳрванд З. Саидбурҳон, сокини шаҳри Қурғонтеппа оиди дуздида шудани автомашинааш маълум гардид, ки шаби 31.01 ба 01.02.2014 сол, шахсони номаълум мошини шахсиаш тамғаи “Деу- сиелло”-ро, ки дар назди бинои истиқоматиаш бе назорат меистод, гирифта ғайб мезананд. Ҳангоми чораҷӯӣ автомашинаи мазкур аз ноҳияи Хуросон пайдо карда шуд. Барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон чораҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Домоди номеҳрубон
Кормандони ШВКД дар шаҳри Истравшан шаҳрванд Ризоқулов Ҷамшеди 27 соларо барои даст ба ҷинояти вазнин заданаш дастгир намуданд. Ӯ дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи оилавӣ бародари ҳамсараш Р. Улуғбект 24 соларо бо корд ба қисми рости гардан ва сараш зада, баъдан як маротиба ба рухсораи рӯйи падари ҳамсараш Р. Рӯзиқули 57 сола мезанад. Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Героин дар вагон
Дар рафти як амалиёт бо истифодаи сагҳои хизматӣ дар корхонаи таъмири вагонҳои мусофирбари истгоҳи роҳи оҳани Роҳатӣ, дар вақти азназаргузаронии вагони №6-и хатсайри Душанбе-Москва, таҳти роҳбалдии шаҳрвандон Р. Ҷамшед ва Н. Албина, истиқоматкунандагони ноҳияи Восеъ ва Вахш ба миқдори 1кг 272 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мусодираи беш аз 100 кг нашъа
Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзеъи Офтобзамини ноҳияи Шӯробод дар рафти як амалиёт махфигоҳи қочоқчиёни маводи мухаддир, шаҳрвандони Афғонистонро пайдо карданд. Дар 4 халтаи полиэтиленӣ ба миқдори 101 кг 400 грамм маводи нашъадори “бангдона”, 1-адад силоҳи тамғаи ИЖ-58 қутраш 16, 1-адад тирдони АКМ, 6-дона тири қутраш 5,45-мм, 1-борхалтаи ҳарбӣ дар дохилаш маводи хӯрока ва 2-руймолу як пешбанд барои нигоҳдории лавозимоти ҳарбӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҷ. Садриддинов


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"