Чанд рӯз пеш дар барномаи консертие, ки дер боз мунтазираш будам, иштирок кардам. Ростӣ, мехостам ҳунармандони дӯстдоштаамро аз наздик дида, шоҳиди зинда овозхонӣ карданашон гардам.
Аммо дар ин базм рақси раққосон, ҷавонмардони тоҷик маро чунон асабӣ кард, ки дигар на лаззати дидори ҳунармандони дӯстдоштаам дар назарам менамуду на ҳунарашон. Ман аз як чиз дар ҳайратам: чаро мард абрӯвонашро чидаю худашро мисли занон оро дода, ба саҳна мебарояд?! Нангу номус куҷо шуд?! Ин порае аз паёмаки як нафар аз ҳаводорони «Чархи гардун» аст, ки зиёд мехоҳад, мо ин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Чун иҷрои хоҳиши хонанда барои мо дар мадди аввал аст, ин мавзӯъро муҳтавои назарпурсии навбатии хеш қарор додем…
Рақси миллӣ аз байн меравад, агар…
— Ман санъатшинос нестам, вале чун мебинам, ки ба девори ҳунарҳои асили миллии мо рахна падид омадааст, чун як тоҷик мушаввашхотир мешавам. Чун дар рақси тоҷикӣ фаровон истифода шудани унсурҳои ғайрро мушоҳида мекунам, дар ҳайрат меафтам, ки чаро касе аз масъулини соҳа дар ин бора лаб намекушояду аз ин камбудиҳои фаҳшу қабеҳ чашм мепӯшанд?!
Ривояте ҳаст, ки Ораш ном камонвари машҳури эронзамин пеш аз майдон баромаданаш бо ҳаракатҳои махсус мақсадашро ба тамошобинон баён медоштааст ва рақс низ аз номи ҳамин қаҳрамон гирифта шуда, аввалҳо ораш, баъд раш пасон рақс шуда мондааст.
Боре як раққоси тоҷик дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки рақс бо ҳаракатҳо роз гуфтан бо Худованд аст, аммо ин гуфта ҳаргиз қобили қабул нест! Зеро рақси бонувон ва мардони ҳунарманди тоҷик, аслан ба рақси сӯфиён, ки самоъаш меноманд, рабте надорад. Дар рақси аксар раққосаҳои тоҷик имрӯз помол шудани фарҳанги зебои рақси бонуи тоҷик эхсос мешавад.
Солҳои пеш дар базмҳо аксаран мардон мерақсиданд ва рақси хоси мардонаи тоҷик вуҷуд дошт, ки ҳоло қариб аз байн рафтааст. Мардони раққоси мо дар нозу хирому ҳаракатҳои нозук аз бонувон чанд қадам пешанд, онҳо занона мерақсанд. Ба саҳнагузорандаи рақс шудани ҳамин гуна мардон буд, ки ин ҳунари миллӣ чеҳраи тоҷиконаи худро қариб гум кардааст. Имрӯз ягона бонуе, ки ба қавле, рақси тоҷикиро бо тамоми нозукиҳояш иҷро мекунад, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, (бояд кайҳо ҳунарманди халқӣ унвон мегирифт) Хайринисо Ватанова мебошад. Ин бонуи зебо ҳама ҳаракатҳои фаромӯшгаштаи рақси миллии моро эҳё кард, ки бояд мактаби рақсии худро дошта бошад. Танҳо бо созмон додани мактаби рақси Хайринисо Ватанова мо метавонем, рақси миллии хешро рушд бахшем, вагарна аз ҳамин камаш низ мемонем. Рақси мардонаи тоҷикиро бошад, эҳё кардан ғайримкон аст, зеро ҷавонони тоҷик дар тӯю маъракаҳо «лезгинка»-ю «Валс»-ро авлотар медонанд, думбаҷунбонии духтарон ва мисли масхарабозони сирк ҷаҳидани ҷавононро бошад, рақс номидан бераҳмист, — гуфт ҳангоми сӯҳбат бо мо Мунаввара Турсунова — омӯзгори Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Аз раққосмардони занакча ба ғазаб меоям!
— Ташаккур ба аҳли қалами ҳафтаномаи «Чархи гардун», ки ба ин мавзӯъ даст задаанд. Шахсан ман аз дидани рақсҳои ғашовари баъзе аз раққосмардони «занакча» ба ғазаб меоям ва мехоҳам, ки наздам бошанд, то дар бехи гӯшашон мушти обдоре фарорам. Таърих шоҳид аст, ки мо чӣ гуна рақсҳои мардонаи зебо доштем. Боре дар як маърака дар ин бора гап зада, дар бало монда будам. Чун филми «Ҳасани аробакаш»-ро ба хотир оварда, рақсҳои мардонаашро таъриф намудам, нафаре ба қавле дар даҳонам зад, ки нақши Ҳасани аробакашро Бембулат Ватаев ном актёри қафқозӣ мебозиду ҳамон рақс карда буд. Аммо ман ҳам паст наомада, филми «Восеъ»-ро ёдовар шудам, ки он ҷо Восеъи диловар хеле зебою мардона мерақсад. Ин нақшро бошад, актёри тоҷик Маҳмадсаид Пиров бозидааст. Яъне мо тоҷикон то дирӯз қоидаҳои рақси мардонаро бечуну чаро иҷро мекардем, имрӯз бошад, он қариб аз байн рафта истодааст. Як ҷавоне, ки дар сурудҳои аксари ситораҳои санъати тоҷик мерақсад, агар хотирам фиреб накунад, аз ансамбли «Падида» аст. Он қадар занона мерақсад, ки…. Инаш дарди бахайр, боз камзӯлҳои чакану атласи занона ба бар мекунад. Намедонам кист ӯ, вале роҳи ин шармандагӣ бояд гирифта шавад!- мегӯяд Абусалим Салимов соҳибкор
Ҷавононе, ки ишва мекунанд, ягон бало доранд…
— Ман донишҷӯ ҳастам, ба санъати рақс майли беандоза дорам ва кӯшиш мекунам, ки мардона рақсам. Аслан дар маъракаи ёру дӯст ва хешу табор мерақсам ва мебинам, ки рақсам ба мардум маъқул аст. Шумо рост мегӯед, ки аксарияти раққосони мард занона ишваю ноз карда мерақсанд. Барои ман ҳам ин нафратовар аст. Рақси мардона аслан рақс нест, он як намуд ҳарби паҳлавононаи мардона аст ва онро ҳеҷ гоҳ дар ҳавои сурудҳои занона иҷро намекунанд. Гумон мекунам он ҷавононе, ки ишваҳои соф духтарона мекунанд, ягон «бало» доранд. Дур намеравем, писари ҳунарманди маъруф Малика Қаландарова — Артур Гулкоровро мегирем…. Ҳамин ҷавон мисли модараш печу тоб мехӯрд, баъдтар маълум шуд, ки бемор аст ва ҷинсашро иваз намуда, духтар шуд! Ин андешаҳои ман ҳастанду онҳоро ба сари касе бор карданӣ ҳам нестам, аммо илоҷе карда, рақси мардонаро нигаҳдорӣ намудан лозим аст, то аз байн наравад! — мегӯяд Азизҷон Сурхов — донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Рақси мардонаро эҳё намудан лозим!
— Ман ба шумо як савол дорам: канӣ бигӯед, оё дар Тоҷикистон раққосеро медонед, ки мардона рақсад? Не! Зеро ҳамаи раққосони мо мисли занон мерақсанд ва худашон ҳам заифмиҷозанд. Аммо дар байни мардуми оддӣ мардонеро, ки хеле зебою мардона мерақсанд, дар ҳар тӯю маърака дидан мумкин аст. Чун ба рақсҳои мардонаи мардуми қафқоз ва дигар миллатҳо менигарӣ, ҳавасат меояд. Вазорати фарҳанги кишвари моро лозим аст, ки озмуни ҷумҳуриявиеро дар ин росто баргузор намояд. Дастаи рақсии миллие ташкил намудан лозим аст, ки рақси мардонаи тоҷикиро эҳё намояд. Албатта, хизматҳои устоди рақс Ғаффор Валаматзодаро нодида гирифтан аз рӯйи инсоф нест, аммо рақсҳои ба саҳнагузорандаи ин марди ҳунар як дараҷа интернатсионалӣ буданду рӯҳияи миллӣ дар онҳо кам эҳсос мешуд.
Ёд дорам, солҳои ҳаштод як мӯсафед дар ансамбли «Фалак», ки онро хунёгари бузурги машриқзамин Давлатманд Хол роҳбарӣ мекард, бисёр тоҷикона мерақсид. Ҳоло ин гуна рақсҳоро танҳо дар тӯю маъракаҳо дидан мумкин аст, ки боиси таассуф аст. Рақси мардона низ як ҷузъи фарҳани асили тоҷикист ва аз пайи эҳёи он бояд шуд, — гуфт ҳангоми сӯҳбат бо мо Алиаҳмад Сараев — омӯзгори собиқадор.
Фароҳамсоз: Лолаи Саидакбар