Солҳои охир дар миёни хурду калон ва зану мард дағалию фаҳшгӯӣ зиёд ба чашм мерасад. Ин нуктаро Нуралӣ Шоев дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№50) зери унвони «Чаро мо дағалем?» рӯи сафҳа овардааст. Чунончӣ, ӯ ёдовар шудааст, ки аз кӯдаки боғча то кампиру мӯйсафед ҳама дар забон «оча» ва «ота», «зан»- у «апа»- ву «хоҳар», «хола»- у «амма»- ву ғайраҳоро бо дашном ёд мекунанд.
Баъзеҳо сабаби васеъ паҳн шудани дашному фаҳшгӯӣ ва дағалгуфториро ба давраҳои ноороми солҳои навадум нисбат медиҳанд. Шукри Худо, мо 20 сол боз дар фазои сулҳу амният зиндагӣ мекунем. Пас чаро то ҳол бисёриҳо ислоҳ нашуданд? Балки ин хислати бад ба кӯдакони он давраи шумро надида ҳам таъсир кардааст. Аз ин мебарояд, ки ба дағалгуфтории кӯдакон волидайни онҳо ва атрофиён гунаҳкоранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ҳамаи моро лозим аст, ки ба фарзандон аз айёми тифлӣ тарбияи дуруст диҳем, то девори шахсияти онҳо каҷ нашавад. Чунончӣ, дар китоби «Ҳеҷ чиз назарногир нест» оид ба аҳамияти тарбияи кӯдак дар оила чунин омадааст: «Синни то 6- солагии кӯдак давраи гузоштани пойдевори шахсият ва ба даст овардани одатҳои побарҷост. Маҳз дар ҳамин давра дасти тавонои одатҳо аз дастони нозуку нотавони тифл мегирад. Тамоми арзишҳо то синни 6- солагӣ муғҷа мебанданд. Дар 6- 12 солагӣ гул мекунанд ва сипас дар тӯли тамоми ҳаёт мева медиҳанд».
Пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Тадбири манзил» андешаҳояшро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд баён карда, тавсия медиҳад, ки пеш аз ҳама ба кӯдак бояд номи нек гузошт. Баъди аз шир ҷудо намудани тифл ба таълими ӯ шурӯъ бояд кард: «Роҳи пешгирии кӯдак аз рафтору кирдори бад ӯро дар доираи рафиқони нек тарбия намудан аст. Ба кӯдак бисёр фишор овардан лозим нест. Хатоҳои ӯро ислоҳ намуда, агар зарур бошад танбеҳ бояд дод. Аммо ҷазои ҷисмонӣ додан чораи охирин мебошад. Барои ислоҳи хатоҳои кӯдак аз панду ҳикматҳо истифода бурдан лозим аст. Зери фишор тарбия намудани кӯдак ӯро ба шахси тарсончак, бадқаҳр, ғамгин, танбал, бепарво шудан оварда мерасонад. Чун кӯдак ба синни 6- солагӣ расид, ӯро ба мактаб бояд фиристод. Омӯзгоре, ки ба ӯ дарс медиҳад бояд доно, боинсоф ва хоксор бошад. Усулҳои таълиму тарбияи кӯдакро донад ва нисбати онҳо ғамхорона рафтор намояд…»
Нахустин мактаби тифл домони модар, аниқтараш оила аст. Аз ин рӯ, падару модаронро лозим аст, ки барои фарзандон муҳити солиму мадан муҳайё сохта, онҳоро дар рӯҳияи хислатҳои наҷиби инсонӣ тарбия намоянд. Зеҳни кӯдак доим дар ҳолати ташаккулёбӣ қарор дорад. Агар волидайн кӯдаконро аз хурдсолӣ ба омӯзиши донишу фарҳанг ва ҳунаромӯзӣ моил кунанд, ӯ ҳеҷ гоҳ беҷогарду бадгуфтор намешавад. Аммо агар майли ӯ доимо ба бозиҳои электронӣ ва тамошои телевизор бошад тарзи дурусти ба ҳодисаҳои атроф баҳо доданро гум мекунад. Дар натиҷа, кӯдак ҳамчун роботи беҳиссу шафқат ба воя расида, таҷовуз, зӯроварию шиканҷа ва инҳирофи ҷинсиро на гуноҳу ҷиноят, балки чун як ҳодисаи муқаррарӣ мепиндорад. Мо бояд ба кӯдак фаҳмонем, ки ҳар кори кардаамон подоше дорад. Ба гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Маҳз дар оила кӯдакон тарзи дурусти ифодаи афкор ва эҳсосоти худро дар чорчӯбаи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ меомӯзанд. Инсон нахустин бор ба навбат ва бо эҳтиром сухан гуфтан, ба фикри дигарон гӯш додан, маслиҳат пурсидан ва маслиҳат доданро дар оила меомӯзад. Кӯдаке, ки дар оила ин чизҳоро наомӯхт, дар кӯчаву мактаб ва корхонаю муассисаҳо низ бешармона суханони қабеҳ мегӯяд.
Баъзе волидайн ғамхорӣ ба кӯдакро танҳо дар таъмин кардан бо ғизову либос мешуморанд ва даъво ҳам мекунанд, ки фарзандонашон аз ягон чиз танқисӣ намекашад. Онҳо фикр намекунанд, ки кӯдак ба меҳру навозиш ва машварати падару модар ниёз дорад. Бо кӯдак озод сӯҳбат кардан аз дарди дили ӯ огоҳ шудан ҳунар аст.
Агар падару модар бо ҳамдигар муросо карда натавонанду корро ба моҷарою дашном баранд, ба фарзандони худ зарар мерасонанд. Аз ҷанҷоли падару модар қалби фарзандон ҷароҳатдор мешавад ва сабаби дағалгуфторию бадбиншавии онҳо мегардад. Бинобар сабаби он ки ин гуна тифлон дар оила ғайр аз ҷангу дашномдиҳӣ ягон хел дӯстдорию навозишро надидаанд, касеро дӯст дошта наметавонанд. Аз ин мебарояд, ки падару модари бемуросо ҳам худ ва ҳам фарзандонашонро аз саодати муҳаббату дӯстдорӣ маҳрум месозанд.
Сурайё ХОЛОВА,
омӯзгори МТМУ №91 шаҳри Душанбе