Ватан! Вақте ин вожаро мешунавем, саропои вуҷудамонро эҳсоси ширине фаро мегирад. Пеш аз ҳама зодгоҳ ба назар меояд, он ҷое, ки мо ба дунё омадаему бузург шудаем. Аммо мо дар маҷмуъ танҳо ва танҳо як Ватан дорем, ки варо ном Тоҷикистони азиз бошад.
Мехоҳам ин ҷо муҳаббати доштаи худро ба ин сарзамини биҳиштосо изҳор намоям ва ба ҳамагон бо овози баланд ва дили пур бигӯям: Ман ватанамро бештар аз ҷон дӯст медорам. Ва барои ҳифзи тинҷиву амонӣ дар он аз дилу ҷон мекӯшам, зеро худро дур аз Ватан ҳатто тасаввур карда наметавонам.
Имрӯз шукргузор аз онам, ки Ватани мо тинҷу обод аст ва мардумаш сарҷамъу осоишта. Барои ҳар фарди худшинос маълум аст, ки оғози ҳама нишот, бурдборӣ ва маъруфу машҳур гаштани шахс ин Ватан аст. Имрӯз ин ободиву озодиро дида, шукрона мегӯем, ки дар чеҳраи модарони мо шодӣ ҳувайдост ва кӯдакон аз давраи кӯдакии худ баҳраву нишот гирифта, паи дарсу таълим ҳастанд. Вақте ин ҳама пешравӣ, ин ҳама зебоӣ ва ин ҳама комёбиро мушоҳида мекунам, дар худ намеғунҷам ва лаънат мехонам бар хоинон, нафрин мегӯям бар онҳое, ки ба қадри ин неъмати бузург нарасида, ношукрӣ мекунанд. Аммо бо боварӣ гуфта метавонам, ки дигар ҳеҷ нохалафе наметавонад мақсадҳои нопоки худро амалӣ созад, чунки мо борҳо дидаву озмудаем, ки хоинон ҳеҷ гоҳ муваффақ нашудаанд ва нахоҳанд шуд.
Аз солҳои 1992-ум ёд орем аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ, ки он давра ҳам хоинони миллату давлат мехостанд Тоҷикистони азизи моро қисм-қисм ҷудо намуда, нобуд созанд. Мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, бар зидди ҳамдигар меҷангиданд, ки он давра ҳам он хоинон зери ниқоби Ислом даромада мехостанд Тоҷикистонро давлати исломӣ гардонанд. Аммо нияташон, ки нопок буд, ба мақсад нарасиданд. Чуноне ки мегӯянд, “давидани гӯсола то коҳдон”. Сардорони гурӯҳҳо мухолифин ва ҳаммаслаконаш ҳарҷо аз номи ислом баромад намуда, мардумро тарғибу ташвиқ менамуданд. Ҳол он ки ислом ҳаргиз тафриқа ва душманиро намехоҳад, ваҳдату дӯстӣ ва якдигарфаҳмиву бародарӣ, ин аст исломи ноб.
Хушбахтона, роҳи дароз, пурмашаққат ва басо мушкили ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфта, барои сулҳу созиш, ваҳдати ҳамаҷониба бозгардонидани фирориён аз хоки Афғонистон фазои мусоиди сиёсӣ фароҳам омад.
Рӯзи 16-уми ноябри соли 1997 охирин гуреза аз Афғонистон тавассути қатора аз роҳи Термиз ба Ватан баргашт. Аммо ба ин тоифаи ҷоҳилу бадбахти хиёнатпеша ин ҷанг дарси ибрат нашуда, боз ҳарҷо ҷамъ омада, маҷлисҳои пинҳонӣ мегузарониданд ва дар фикри нобудии ин миллату давлат нақша мекашиданд. Боз ҳам ин навбат зери ниқоби ислом хоинони миллат дар қароргоҳи ҲНИТ ҷамъ омада, бар зидди давлат суханронӣ карда, худ ба худ нақша мекашиданд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонаш, яъне аъзои ҳизб мардумро ваъдаҳо намуда, дар атрофи худ ҷамъ менамуданд. Сарпарастии онҳо аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон сурат мегирифт ва вазифаи онҳо халалдор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон буд. Кор то ҷое расид, ки дар ҷумҳурӣ табаддулоти ҳарбӣ намоянд. Моҳи сентябри соли 2015 муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, аз вазифаи худ сӯиистифода намуда, моҳи сентябри соли 2015 кӯшиши барҳам додани давлати тоҷиконро ба роҳ монд ва ба давлату миллати худ хиёнат кард, ки дар натиҷа мағлуб гардиданд. Сад аҳсан ба мақомоти қудратии кишвар, ки сари вақт роҳи дасисаро гирифта ва Ватани моро аз чанги хоинон наҷот доданд. Бале!
Чароғеро, ки эзид барфурӯзад,
Хар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.
ҲНИТ аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳизби терорристӣ ва экстремистӣ эълон гардид ва аъзои фаъоли ин ҳизби мамнуъшуда бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор карданд. Ин аст сазои касе, ки ба Ватану миллати худ хиёнат мекунад ва ба қадри нону намак намерасад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ҳар куҷо хоине буда, ба ғайр аз даву този беҳуда дигар чизе ба даст наовардааст ва оқибат бо хориву зорӣ ҷон додааст. Бубинед, то имрӯз дар ягон китобе наомадааст, ҷое вонахӯрдаем, ки аз хоине ба некӣ ёд шуда, ё аз ин тоифа мардум таърифу тавсиф шуда бошанд. Ҳар куҷое дар бораи хоинон сухан бошад, онҷо нафрину лаънаташон хондаанд ва номашон танҳо дар китобҳои таърих ба бадӣ ёд шудааст. Пас, чаро ин ноқистинатон аз ин ибрат намегиранд, ки шоир фармудааст:
Хар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Албатта, мо бояд ин ҳамаро дарк намуда, саропо ҳушу гӯш бошем ва нагузорем, ки дигар нохалафе сулҳу ваҳдат ва тинҷиву осоиштагиро дар Ватани азизи мо халалдор намояд. Зеро Тоҷикистон модари мост ва эҳтироми модар бароямон фарз аст. Имрӯз ба бахти мо Ватани азизи мо соҳибистиқлол аст ва фахр аз он дорем, ки ин Ватан аз мост ва моро ном Ватандор аст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби Парчам, Нишон, Суруди Миллии худ мебошад. Парчами Тоҷикистон бо рамзи рангҳояш ҷаҳониёнро ба анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои тоҷикон ошно месозад. Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем истиқлолияти давлати худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан аст. Маънии калимаи соҳибватан низ ҳамин аст: муҳаббат, садоқат, шуҷоат ва матонат ин ҳама дар якҷоягӣ бояд дар ниҳоди ҳар яки мо ҷӯш занад. Ҳоло ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намоем:
Барои ҳурмати хоки Ватан умре,
Бибояд зиндагонӣ кард, чун хуршед.
Бурун бояд шуд аз шабҳои зулмонӣ,
Бурун он сон, ки меояд бурун хуршед.
Маҳваши Яқубзод