Қариб ҳар ҳафта дар сомонаҳои иҷтимоӣ хабари кушта шудан, даст ба худкушӣ ё куштор задани бонуе нашр мешавад. Ман дар ин бора даҳҳо мавод навиштаам, вале чанде боз саволе оромам намегузорад:-Зани як вақтҳо ботаҳаммули тоҷик, чаро имрӯз барои ҳаёти худу фарзандонаш мубориза намебарад?!
Даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, бо тамоми даҳшату азобҳояш рӯҳи модаркалону модарони моро нашикаст-ку?! Чаро зани тоҷик имрӯз ба хотири марди майхора, нашъаманд ва муштзур худро ба коми оташу об мепартояду заҳри қотил менӯшад?! Дар зер назари ду хонумеро дар ин мавзӯъ меорем, ки замоне дар ҳолат хеле бади зиндагӣ қарор доштанд ва танҳо иродаи мустаҳкам мушкили эшонро ҳал намуд…
Ман зани фурӯхта шуда будам…
Ман дар оилае ба воя расидаам, ки зиндагии шоҳона доштем. Падарам дар мансаби баланд кор мекарду барои мо чор духтар ва як писараш чизеро дареғ намедошт. Дар хонаводаи мо дар бораи хонда соҳибмаълумот шудани духтар, ҳатто гап набуд. Апаи калониямро аз синфи нӯҳ гирифта ба шавҳар доданд, ман дар синфи ёздаҳ мехондам, ки падарам чӣ хатое карда ҳам аз мансабаш халос шуду ҳам аз давлату дороияш. Мо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекардем, ба замми ин падарам қарздори калон шуданд. Ман духтари қоматбаланди соҳибҷамоле будам ва аз як тоҷири сарватманд харидорам шуд. Падару модарам медонистанд, ки ин мард дар Руссия зану фарзанд дорад, вале розӣ шуданд, зеро ӯ пардохти қарзҳои падарамро ба гардан гирифт. Мани ҳаждаҳсоларо ба марди сивупанҷсола фурӯхтанд ва ӯ бе тӯю суру либоси арӯси маро аз хонаи волидонам рост ба фурӯдгоҳ бурд. Аз фурӯдгоҳ ба Маскав паридему дар хонае мисли зиндониҳо зиндагӣ мекардам, ҳамсарам аз тарси зани русаш танҳо рӯзона назди ман меомад, шабҳои барфбори Маскавро танҳо бо тарсу ларз пушти сар мекардам, зеро ягон шиносу ёру дугона надоштам. Пас аз шаш моҳи зиндагии «оилавӣ»-амон ҳамсари руси шавҳарам аз зан гирифтанаш хабардор шуда ӯро чун саг аз дараш ронд, чун ҳама дороии шавҳарам аз пушти хусуру занаш буданд, вай маҷбур шуд аз ман ҷудо шавад. Ў ба ман гуфт, ки ҳамсараш фарзанддор шудан намехосту маро ба хотири фарзанд шудан гирифтааст, аммо занаш пешаш шарт гузоштааст, ё ман ё зани тоҷикат… Ман на ҳамсарамро дӯст медоштаму на дилам аз ҷудоӣ хафа буд аз ин рӯ бо хурсандӣ ризоӣ додам, аммо… Ин марди беномуси Худозада ман барои ту пули кам сарф накардаам гӯён, маро ба як марди озарӣ фурӯхт. Он озарӣ ба зораю илтиҷоям бовар накарда, маро мисли як фоҳиша истифода мебурд. Вақте ба ӯ мегуфтам, ки ман зани поку ҳалоли ҳамон марде будам, ки маро ба ту фурӯхт аз қаҳр зери мушту лагатам мегирифт… Азобҳое, ки тули як сол ман кашидам, худам медонаму Худо…. Баъд бо ёрии як зани тоҷик аз ғуломии шаҳвонӣ раҳоӣ ёфта ба ватан баргаштам, ҳоло шавҳар ду фарзанд ва зиндагии осуда дорам. ҳарчанд садҳо ҳолатҳое буд, ки ман аз ҷони ширинам безор мешудам, вале ҳеҷ гоҳ фикри худкуширо ба сарам роҳ намедодам, зеро боварӣ доштам, ки Худованд бо ман аст…. гуфт ҳангоми сӯҳбат бо мо хонуме, ки худро Сайрӣ муариффӣ кард.
Ҳама аз ман рӯй гардонида буданд…
Донишгоҳи забонҳоро хатм кардаму бо ризоияти волидонам хонадор шудам. Шавҳарам маълумоти олӣ надошту Россия рафта меомад, ман дар мактаби деҳа кор мекардам, маошамро ҳар моҳ оварда ба дасти хушдоманам медодам. Ѓайр аз кори давлат тамоми кору бори хонаро низ мекардаму боз аз забони англисӣ дарси иловагӣ медодам. Хусуру хушдоманам бисёр дӯстам медоштанду ду хоҳаршӯям ҳамроҳам мисли дугона буданд. Ин ҳама ба зани ҳеварам, ки духтарамаки шавҳарам буд намефорид. Зани ҳеварам ҷудо зиндагӣ кунад ҳам, қариб ҳар рӯз дар хонаи мо буду бо ду кӯдакаш мисли меҳмон аз боло гузашта менишаст. Ў ҳамеша духтарои хондагӣ бероҳаанду баъд худашонро дӯзонда шавҳар мекунанд гӯён ба ман гушона мезад, аммо касе гапашро об намедод. Ана ҳамин зани ҳеварам ҳаёти маро сухт…. Байни бачаҳое, ки ман ба онҳо дарси иловагӣ мегузаштам писари як тоҷири сарватманд низ буд, ки ҳамеша бароям тӯҳфаҳои қимматбаҳо меовард. Тӯҳфаҳоро модари шогирдам меовард, падари ӯро ман умуман надида будам. Як рӯз дар бозори ноҳия харид мекардам, ки ҳамин шогирдам бо марди баландболои ҷиддисимое ба ман салом дод. Баъд мард худашро ба ман шиносонида изҳори ташаккур намуд, ки писарашро забондон кардаам. ҳамин гуфтугӯи моро хоҳари зани ҳеварам, ки дар бозор савдо мекунад дар телефонаш сабт карда он сабтро ба шавҳари ман мефиристанд. Шавҳарам сабтро ба бародарони ман равон карда талоқи мани «фоҳиша»-ро, ки дар қадам кӯдаки шашмоҳа доштам медиҳад. Хусуру хушдоманам ҳарчанд аз ман пуштибонӣ карданд, аммо шавҳарам билет гирифта омаду маро бо куртаи танам аз хонаашон ронду фарзанди поку ҳалоли худро ҳаромӣ номид. Аз ин гардиши нангини қисмат падарам сактаи мағзи сар шуда фавтид, бародаронам маро ҳарому падаркуш унвон доданд, ба хонаи падарӣ роҳи ман баста буд. Ман ҳаволаи ҳамаи бадонро ба Худо супорида таваккалӣ ба мошине нишаста ба маркази вилоятамон омадам. Тамоми зару зеварамро фурӯхта хонаеро ба иҷора гирифтам, тифлакам дар хонаи иҷора ба дунё омад. То хонаи иҷора ёфтан дар вокзал мехобидам, зани ҳомиладор бомж гашта будам. Шукри Худованд, ки дунё бе одамони хуб нест, маро низ ҳамсояҳоям дастгирӣ карданд. Як зани ғарибу бесоҳиб гӯён ёрдамам мекарданд, то дусола шудани фарзандам рӯзамро бо подездшӯйи мегузарондам. Писарамро бо аробачааш наздам мемондаму роҳравҳоро мешӯстам, чор бинои истиқоматиро мешӯстам. Истиқоматкунандагон дар баробари ҳаққи меҳнатам хӯрокворию либосҳои кӯҳнаашонро низ медоданд. Баъд дар мактабе ба кор даромадам, оҳиста- оҳиста зиндагиям рӯ ба беҳбудӣ овард. Даҳ сол шабу рӯз кор кардаму боз аз бонк қарз гирифта хонаи якҳуҷрагие харидам… Имрӯз писарам понздаҳ сол дорад, бачаи боодобу меҳнатии хубест. Писарамро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудааму ӯ аз ягон кор ҳазар надорад, имрӯз мо зиндагии осоишта дорем, қарзи бонкро низ кандем. Бародаронам ҳамроҳам оштӣ карданд, шавҳарам низ тӯҳмати янгаашро фаҳмида пеши поям сар монд, ки ба зиндагии дубора розӣ шавам, аммо ман не гуфтам. Ў ба Руссия рафту ҳамон ҷо зиндагиро ихтиёр кард…. Баъзан ҳаёти гузаштаамро пеши назар оварда ба даҳшат меафтам, ҳайрон мешавам, ки зери ин бори вазнини зиндагӣ чӣ гуна миёни ман нашикастааст?! Дар ин дунё ҳама мушкил ҳалли худро дорад, танҳо мубориз будан лозим аст- гуфт ҳангоми сӯҳбат ба мо Шоистаи Валӣ омӯзгори собиқадор.
Фароҳамсоз Лолаи Саидакбар