Баъзан аз он тарбияе, ки аз хурди ба мо занҳо медиҳанд, ҳисси эҳтиром ба худ инкишоф намеёбад. Аксар вақт дар мо ғамхори дигарон буданро тарбия менамоянд, вале дар бораи худ фикр карданро намеомӯзонанд.
Шояд ин сабаб бошад, ки дар дил ҳарос дорем, аз танҳоӣ ва ё аз бе сарпаноҳ мондан метарсем.
Моро бовар кунониданд, ки мо наметавонем ба худ ғамхорӣ намоем, ё ӯҳдабаро бошем.
Зан ғамхори дигарон аст. Дар ҳолати ҷудо шудан аз сарпаноҳ ё ҳамсари худ ба таҳлука меафтад, алалхусус агар кӯдаки хурд дошта бошад ва ба саволи “Оё метавониста бошам бе ёрии мард аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд бароям?”, ҷавоб меҷӯяд.
Ана ҳамин тарс – тарсӣ мустақилият моро аз тағйир додани ҳолат ё кор боз медорад.
Аксари занҳо ба худ боварӣ надоранд, намедонанд ки худашон низ метавонанд ғамхори худ бошанд ва аз ӯҳдаи кор карда, пеш бурдани зиндагии худ мебароянд.
Андӯҳовар аст, ки бисёр занҳо пешравии худро ҳамчун муаммо мебинанд ва аз он меҳаросанд. Онҳо худро сазоворӣ пешравӣ, муваффақият ва бахт намешуморанд. Худро аз дигарон паст медонанд. Ба чунин шахсон душвор аст фаҳмонидани, он ки сазовори бахту беҳбудӣ мебошанд.
Мо бояд ба ҳаёти худ бовар намоем! Агар иҷозат диҳем,
тақдир худ моро ба роҳи дуруст оварда мерасонад.
Чӣ тавр худро тағйир диҳем?
Мо метавонем ҳама монеъаҳоро бо осонӣ паси сар намоем. Саволе ба миён меояд; чӣ тавр?
Дар дунё бисёр қоидаҳое ҳастанд, ки дар таваққуфанд, то он даме ки онро омӯзанду истифода баранд, такмил диҳанду тағйир диҳанд .
Биёед акнун бо ҳам қоидаеро санҷему такмил диҳем.
- Озод шудан аз фикрҳои нолозим ва ҷудо шудан аз талабот.
- Назорат аз болои тафаккур.
- Омӯзиши бахшида тавонистани дигарон ва худ.
Озод шудан аз фикрҳои нолозим ва ҷудо шудан аз талабот
Ҳар гоҳ, ки мо мехоҳем аз ягон фикри беҳуда озод шавем ба назарамон чунин мерасад, ки ин ҳолат боз ҳам бадтар шуда истодааст. Вале аз он чандон ноумед нагардед, чунки ин ҳолати тағйир ёфтаистода ба фоидаи мо аст, корро аз болои худ давом додан гиред.
Барои он, ки ба муваффақият ноил гардем чандон вақти зиёде лозим нест. Аз паси дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти Шумо рӯй медиҳанд ҳар рӯз як чанд дақиқа фикр намоед , Шумо ба ҳамаи саволҳои худ ҷавоб мегиред. Зеҳни Шумо, ки вуҷуди Шуморо фаро гирифтааст, қудрати додани ҷавоб ба ҳама саволҳои Шуморо дорад.
Ҳар гоҳ, ки мушкилоте дар муносибат бо касе пайдо мешавад ва мо бо он мубориза мебарем, суханҳои гуфтаи ӯро фикр мекунем – ин маънои онро дорад,ки мо талабот нисбат ба ӯ дорем, вале агар фикр карда бароед, ин танҳо як сухан асту халос.
Агар мо хоҳем аз ин гуфтаҳо озод шуда метавонем, яъне вобастагии худро нисбат ба шахс ва сухани гуфтаи ӯ қатъ намоем.
Назорат аз паси таффакур
Шуури мо олоти кории мост! Шумо аз болои шуури худ метавонед роҳбарӣ намоед ва он чиро, ки мехоҳед шуури Шумо онро иҷро мекунад, яъне он зери назорату тарбияи мост, мо метавонем ба он таълим диҳем ва ё бозомӯзем, яъне шуури мо олотест, ки аз он метавонем мувофиқи хоҳиш бо ҳар роҳ ва чи қадаре ки лозим аст, истифода барем.
Фикрҳои мо таҷрибаи ҳаётии моро созгор мебошанд. Агар фикри, он ки одат ва ақидаҳоро тағйир додан мумкин аст, -ро дошта бошед ва ақидае дошта бошед, ки “Ман ба осонӣ метавонам ба тарафи мусбӣ тағйир ёбам, ана ҳамин ақида метавонад барои тағйир ёфтани Шумо замина гардад.
Аз ҳозир сар карда фикрҳои Шумо ва шуури Шумо дар ихтиёри Шумоанд ва фақат барои Шумо кор мекунанд. Шояд дар аввал камтар мушкил тобад, вале бо боварӣ ва муҳаббат бикӯшед, албатта ба мақсад ноил мегардед.
Гоҳо мешавад, ки фикрҳоятон ба Шумо сар намефароранд, лек агар Шумо ба худ серталаб бошед ҳамаи диққататонро барои ба амал овардани фикри нави худ равона намоед.
Шумо бурд мекунед ва аз он ки Шумо ғуломи фикрҳои худ нестед шод мегардед, яъне Шумо роҳбари фикрҳои худ мешавед. Он муборак аст!
Мавлуда Маҳкамова