Чанд соли ахир масъулин мардумро дар идҳои исломӣ ба оростани дастархони маънавӣ даъват мекунанд. Масъулин чун дидан, ки бо маслиҳату панду насиҳат баъзе холабеғамҳо намефаҳманд, қарори сахттаре қабул намуданд. Акнун «хушдастархон»-ҳо барои исрофи беҳуда маҷбуранд 5000 ҳазор сомонӣ ҷарима супоранд. Баъзеҳо норозиёна мегӯянд, ки сари мизи пурнозу неъмат дидор дидани азизон оё бемаънӣ буд? Бархи дигар ҷонибдори танзими идҳои динӣ буда ин чорабиниҳои ҳукуматро хеле саривақти ва зарурӣ мешуморанд. Чун дар арафаи иди бузурги мусалмонон Қурбон қарор дорем, бисёр мехоҳем андешаҳои мардумро дар ин хусус фаҳмем.Назарпурсии навбатии мо дар ҳамин мавзӯъ омода шудааст.
Мо дастархони маънавӣ меоростем, вале…
Ман ду сол боз сокини пойтахт ҳастам, шавҳарамро бо тақозои касбаш ба ин ҷо равон карданду ману ду фарзандамро низ хамроҳ овард. Соли аввали омаданамон дар иди Рамазон ҳамсарам ду қуттӣ сақич оварда гуфт, ки кӯдакон идгардак меоянду ба онҳо идӣ додан лозим. Ростӣ ман дар ҳайрат афтодам, зеро дар Хуҷанд, ки ман зодаю парвардаи он ҷоям ин гуна расму одат нест. Рӯзи ид аз соати чори субҳ «иди нав муборак» гӯён дарамонро думушта мекуфтанд, ҳоло одат кардаам. Пеш аз ид ягон намуд ширинӣ харида ба хотири нашикастани дари хона субҳи барвақт онро во намуда интизори «меҳмон»-ҳо менишинам. Намедонам ин одатро кӣ баровардааст, аммо ба ман маъқул нест, ин маънои зихнагию мумсикӣ нест, вале хеле нофорам аст. Дар Хуҷанд рӯзи ид мо дастархони идона мекушоем, ош мепазем, зеро наздикону пайвандон барои табрик меоянд. Барои фотеҳа хондан ба хонаи азодорҳо меравем, то ҷое медонам дар Самарқанду Бухоро ва Сурхондарё, ки хешу ақрабоямон он ҷо зиндагӣ мекунанд идҳои маҳзабиро ҳамин гуна пешвоз мегиранд. Ногуфта намонад, ки соли аввали ба пойтахт омаданамон ҳамсояҳо квартирант гӯён ба хонаи ман идгардак наомаданд, вале як ҳамишаҳриямон чанд нафарашро маҷбуран даровард. Онҳо диданд, ки мо иҷоранишин бошем ҳам дастархони хуб меороем, акнун бе таклиф ҳам меоянд. Гумон мекунам, агар дастархонамон камбағалона мебуд онҳо намеомаданд, зеро то ҷое медонам маҳфуми ид барои ҳамсояҳои чизпарасти мо сабқати дастархонороӣ аст, дигар ҳеҷ! Ҳол он ки дар рӯзҳои ид бояд аз ҳоли одамҳои камбизоату хабар гирифта хайру эҳсонро ба онҳо арзонӣ намоӣ, аз худнишондиҳии зиёд на савоб мегирию на обурӯ, зеро худам шоҳид ҳастам, ки баъзеҳо фақат айб мекобанду дастархони шоҳона ҳам кушоӣ гуноҳатро меёбанд. Чун шавҳарам хизматчии давлатӣ аст пас аз суханрониҳои сарвари мамлакат, дигар ман рӯзҳои ид дастархони миёнае меороям. Дигар ба хотири маъқул омадан ба занҳои бекори ғайбатчӣ бозор ба бозор давида худамро намекушам. Гуфт ҳангоми сӯҳбат бо мо Шоираи Абдулло сокини ноҳияи Синои пойтахт.
«Показуха»-хои идона
Иди Қурбону Рамазон идҳои муқаддаси исломӣ ҳастанд ва мо онҳоро бояд бо хурсандӣ, дастархони кушодаю хайру саховат пешвоз гирем. Аз азал ҳамин хел буд, ки мардум ба хотири наранҷидани рӯҳу арвоҳ тамоми дороии хешро рӯи дастархон мемонд. Идгардаки кӯдакон низ ягон ҷойи бадӣ надорад, ин мисли ҳамон гулгардонии наврӯзӣ аст, ки бар баъзе минтақаҳои кишварамон то ҳол роиҷ аст. Барои ман ғашовар ин худнишондиҳии аз ҳад зиёд, ё ба қавле «показуха»-ҳои идона аст, ки баъзеҳо мекунанд. Дастархони идонаи тоҷикӣ аз нону шириниҳои ҳархелаи миллӣ иборат буд, вале кадбонуҳои имрӯза онро ба як дастурхони аврупоӣ табдил додаанд. Дар деҳа субҳи ид бо бӯи хуши нони чаппотӣ ва хомшӯрбои аз гушти навкушта пухташуда бедор мешудем, ки асоси зиёфати идонаро ташкил медод. Ҳоло дар рӯи хон ҳасибу хуришҳои гуногун шарбату боз ким-чиҳои дигар мегузоранд, ки хоси дастахони идонаи мусулмонон нест. Шояд барои мардуми доро ин вазниние наорад, вале баъзе гушнамастон пояшонро ба пойи эшон дароз карда бо қарзу қавола, як бало карда чунин дастархон мекушоянд. Баъд мардум низ ниҳоят бераҳм шудаанд ва дар рӯзҳои ид ба хонаи сарватмандон рафта дили камбағалонро меозоранд, оё ин нишонаи одамгарӣ аст? Аз ин гуна харҷу хароҷоти беҳуда дида дасти ятиму бечораеро гирифтану аз вай авҳол пурсидан хубтар аст. Бисёр хуб аст, ки масъулин бори мардуми бечораву бо маош зиндагӣ мекардаро сабук карда ба ин гуна «показуха»- ҳо хотима бахшиданд. Оростани дастархони маънавӣ маънои онро дорад, ки дар рӯзи ид сари як пиёла чой аз рӯҳу арвоҳи гузаштагон ёд намуда дар ҳаққашон оятҳои раббонӣ тиловат намоем. Ба хонаи ғамдорон рафта эшонро дилбардорӣ кунем. Дар ягон мамлакати мусулмонӣ мисли Тоҷикистон дар рӯзҳои ид исроф намекунанд, Пайёбари гиромӣ дар ҳадисҳои мубораки хеш исрофро ҳаром номидаанд, ба исрофкорӣ роҳ додан баракатро аз хонадон мепаронад- андеша дорад Сабзаалӣ Гадомамадов корманди БДА.
Идгардакро тавба кардам!
Аз қишлоқ ба шаҳр келин шуда омадаму расму русуми нави пешвози идҳоро инҷо дида ҳайрон шудам, дар хонаи хушдоманам дастархони пурнозу неъмате ороста меҳмон пешвоз мегирифтем. Баъди ба хонаи алоҳида кӯчиданамон дар рӯзи ид дастархон оростаму якҷоя бо ҳамсояҳоям идгардак кардам. Мо як гурӯҳ занҳо хона ба хона гашта хурсандӣ мекардем, ҳамон рӯз мушоҳида кардам, ки чӣ қадар бонувони мо ғайбатчиянд. Аз хонаи касе, ки мебаромаданд айбашро меёфтанд, яке банан надошт, дигариро кӯрпачаҳояш аз муд баромада буданд, саввумӣ баҳона кофта шӯрбо накашид, чорумӣ торти магазинӣ харида буд ғайра ва ҳоказо… Баъдтар фаҳмидам, ки айби ман набудани пистаи эронӣ дар дастурхонам будааст, писта буду аз они Тоҷикистон…. Ин аввалин ва охирин идгардаки ман буд, ҳоло идҳоро хуб пешвоз мегирам, мувофиқи тавон дастархон меороям, аммо чун ҳамроҳи занҳо ба идгардак намеравам онҳо низ намеоянд. Рӯзи ид аллбатта тӯҳфа гирифта ба хабаргирии модараму хушдоманам меравам, иқдоми ҳукумат хеле хуб аст, бигузор ҳама гуна ид дар доираи оила ҷашн гирифта шавад, исрофи беҳуда чӣ даркор?- мегӯяд Зуҳро Саиҷамилова хоҳари шафқат.
Ҳама чиз андоза дорад…
Ҳамагӣ чанд сол пеш (Худо маро бубахшад) бо омадани идҳои исломӣ маро ғам фаро мегирифт. Баъди фавти шавҳарам бо маоши муҳосибӣ ду фарзандро ба воя мерасонам. Духтаронам он замон мактабхон буданду гиряву зорӣ мекарданд, ки дастархони зебо ороем то назди ҳамсинфонашон шарманда нашаванд. Баъд гурӯҳ-гурӯҳ ҳамсинфони духтаронамро меҳмон мекардам. Бовар кунед ҳар ид маҷбур қарз мегирифтам, зеро мардум нагӯянд, ки бева асту дастархон надорад… Пас аз ид ҳама маҳсулотро мепартофтем ё ба ҷӯгиён медодем, дилам доғ барин месухт, ки пули бо меҳнати зиёд ёфтаамро сарфи партовгоҳ мекунам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар танзими дастархони идона ва пешгирии исрофкориҳо саҳм гирифтанд. Ду сол боз дар рӯйи як миз дастархоне иборат аз ширинию мева мекушоям, ягон намуд хӯроки миллӣ мепазам, барои бачаҳои ҳамсоя ва хешу табор тухмҳои ранга мепазам. Гумон мекунам, ки идгардаки бачаҳои ҳамсоя низ бадие надорад, вале чанд навраси беодоб то бегоҳ гашта «хола як оят хонем»-гӯён таъби одамро хира мекунанд. Бигузор падару модарон фарзандони худро фаҳмонанд, ки ин гуна рафтор хеле ноҷоиз аст. Ба исрофкорӣ хотима бахшидан ҳам Худоро хуш меояду ҳам бандаашро- мегӯяд Маҳваш Саидзода сокини пойтахт.
Фароҳамсоз Лолаи Саидакбар