Раҳми парвардигори мо омад…
Устоди равоншод Лоиқ Шералӣ пас аз хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ғазале навиштанд, ки матлабаш чунин аст:
Раҳми парвардигори мо омад.
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ман низ такя ба ҳамин байти устоди азиз намуда мегӯям, ки воқеан ҳам сулҳи тоҷикон раҳми парвардигор буд ба миллати парешону ҷабрдидаи тоҷик. Худованди мутаъол ин раҳмро дар симои ҷавонмарде ба тоҷикон фиристод, ки ватани худро дӯст медошту тайёр буд ба хотири аз коми ваҳшати ҷангу хунрезӣ баровардани он ҷони хешро ба гарав гузорад. Оҳиста-оҳиста даврони барои тоҷикон ғамангезу даҳшатфизо пушти сар шуданду Тоҷикистони ба хуну халоф олуда қомат рост кард. Имрӯз аз бенизомиҳо асаре нест, мардум орому осуда пушти ризқу рӯзии хеш кор мекунанду дуо мекунанд, ки он рӯзҳои талхро ба душман нишон надиҳад.
Хирадманди сулҳовар
Президенти мо аз рӯзҳои аввали ба сари ҳукумат омаданаш ба мардум ваъдаи фардои дурахшон медоду таъкид менамуд, ки ман ба шумо сулҳ меорам… То охирин гурезаро ба Тоҷикистон барнагардонам, дилам қарор намегирад… Ва ҳамин тавр ҳам шуд, ба хотири ҳамин дар ваъдааш истодан ,Пешвои мо дар дили хурду калон хона кардааст. Имрӯз баъзеҳо Тоҷикистонро бо собиқ ҷумҳуриҳои дар қаламрави шуравӣ буда қиёс мекунанду камбудӣ мекобанд, аммо ба гӯшаи хотир ҳам намеоранд, ки ҳамагӣ чанд сол пеш дар ин хоки кӯчаки падарӣ чӣ даҳшате ҳукмрон буд. Ҷаҳли мураккаб ҳукм меронду бародар бародарро мекушт. Агар сулҳи мо соли 93-и асри пор барқарор шуда бошад ҳам то солҳои 2000-ум мо фақат хисороти баъди ҷангро барқарор мекардем. Нав даҳ- понздаҳ сол шудааст, ки дар Тоҷикистон ободкориҳо ҷараён доранд. Дар шаҳру деҳот иншооти маишиву маданӣ қомат афрохта истодааст, корхонаҳои хурду калон дари худро ба рӯйи мардум мекушоянд. Ҳатто дар абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳон камбудиҳо дар сиёсату иҷтимоъ ҷо доранд. Ин марди шариф ҳам ба миллати ранҷкашидаи тоҷик сулҳ оварду ҳам нишоту хушбахтӣ….
Пуштибони бонувон
Яке аз вижагиҳои сиёсати хирадмандонаи сарвари мамлакати мо ин рӯз аз рӯз баланд бардоштани мақоми бонувон дар кишвар аст. Имрӯз зани тоҷик роҳбар, вазир ва вакил аст, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши дастони модарони азиро дидан мумкин аст. Ҳатто дар аёми шуравӣ мардуми деҳоти тоҷик ба хондану маълумоти олӣ гирифтани духтарон монеа эҷод менамуданд. Яке аз аввалин қадами ҳукумати Тоҷикистон дар аз байн бардоштани ин монеаҳо, додани квотаҳо ба духтарони соҳибистеъдоде буд, ки аз оилаҳои камбизоат буданду имкони таҳсил дар макотиби олӣро аз лиҳози иқтисодӣ надоштанд. Имрӯз, ҳатто аз дурдасттарин кӯҳистонҳо духтарон барои омӯхтани илму адаб ба шаҳрҳо меоянд ва мутахассиси соҳаи худ шуда ба зодгоҳашон бармегарданд. Президенти мо дар ҳар вохӯрияшон ин нуктаро қайд мекунанд, ки мо шуморо хононда соҳиби маълумоти олӣ намудем то ба зодгоҳатон баргашта норасоии мутахассисонро ҳал намоед. Ҳамин ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон аст, ки оҳиста-оҳиста дар навоҳии кишвар мактабу маориф ва тибу дигар соҳаҳо аз кадрҳои маҳаллӣ таъмин шуда истодааст. Ғамхории дигари Президент ин мусоидат ба ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ мебошад, имрӯз занони ҳунарманд бо изҳори сипос аз сарвари азизи худ дар назди хонаҳояшон корхонаҳои хурди ҳунарӣ мекушоянд. Ин раванд чанд ҷанбаи мусбӣ дорад:- Таъмини ҷойи кор ба занони бекори маҳаллӣ, аз байн нарафтани ҳунарҳои миллӣ, аз нав эҳё гаштани ҳунарҳои аз ёд рафта ва пайдо шудани мактаби устоду шогирд, ки аз қадимулайём дар байни халқи мо роиҷ буд. Гумони ғолиб онаст, ки ин ҳама аз он сарчашма мегирад, ки Президенти мо дар домани модари бузург ва сояи меҳри падаре тарбия ёфтааст, ки раҳм, мурувват ва одамгариро дар ботини фарзанди азизашон ҷо намудаанд…
Президенти серфарзанд
Як нашрияи русӣ ҳамсари Президенти моро серфарзандтарин бонуи аввал дар байни бонувони аввали ИДМ ном бурдааст. Шояд ғамхории зиёд нисбат ба оилаҳо ва нигаронии Пешвои миллат аз пош хӯрдани оилаҳои ҷавон низ аз марди оиладӯстор будани ӯ шаҳодат медиҳад? Бонуи аввали кишвари мо Азизамоҳ Саъдуллоева бо фурӯтанӣ, хоксорӣ ва эҳтиромаш ба анъанаҳою либоси миллӣ намунаи олии зани тоҷик аст, ки ҳамагон дӯсташ медоранду эҳтиромаш менамоянд. Фарзандони Президенти мо ҳамагӣ соҳибтарбияву бомаърифат ҳастанд, мо инро дар симои Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бараъло эҳсос менамоем. Мардум дар қатори Президент ба ин ду нафар низ эътимод доранду арзу додашонро маҳз ба эшон менависанд. То ҷое медонем, ягон муроҷиат ба ин ду инсони ба ҷавонияшон нигоҳ накарда боэътимоду муътабар бе ҷавоб намемонанд. Ёд дорам чанд сол пеш дар як вохӯрии Президент бо занони фаъоли кишвар бонуе аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кард, ки ҳамсарашро мисли бонувони аввали дигар давлатҳо ба вазифаи ҷамъиятие ҷалб намояд. Пешвои миллат дар ҷавоб гуфт:- Вазифаи ҳамсари ман, тарбияи хуби фарзандон аст… Ин бонуи наҷиб ба ин боварии падари фарзандонаш сад дар сад ноил гаштааст, зеро фарзандони Эмомалӣ Раҳмон мисли худаш дар дифои ин миллати бузург чун сипари нанг истодаанд.
Дар дифои дину оин
Имсол бори дуввум аст, ки Президенти Тоҷикистон дар раддабандии Пажуҳишгоҳи салтанати таҳқиқоти стратегии ислом,ки марказаш дар Амон, пойтахти Урдундар қатори 500 мусулмони бонуфузи дунё шомил шуд. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон дар дифои дину оини аҷдодӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. Яке аз ғамхориҳои Пешвои миллат мусоидат ба қабули Қонун дар бораи танзими анъана ва расму оин буд, ки дар байни мардум тарафдори зиёде ёфт. Мардуми мо тули солҳои зиёд ба хурофот ва «амри маъруф»-и чанд муллои чалассавод бовар карда пас аз фавти азизонашон харҷи миёншикан карда маъракаҳои сею ҳафт, сари тахтаю қабрканон, панҷшанбегӣ,бисту чилу шашмоҳагию солу дастархонҷамъкунию дигар маъракаҳои нодаркорро мегузарониданд. Дар натиҷа аксарияти оилаҳо қарздору муфлис низ мегаштанд. Худи мардум медонистанд, ки ин ҳама дар ислом наомадааст, вале ба ҳамдигар тақлид карда чунин исрофи беҳуда мекарданд. Харҷҳое, ки дар тӯю азо тоҷикон мекарданд дар ягон давлати исломӣ вуҷуд надоштанд ва қабули Қонуни танзим ба ин ҳама хотима бахшид… Президенти мо дар қатори беҳтарин мусулмонҳои дунёст, зеро фармудаҳои Худованду Расули ӯ ва «Қуръон»-и маҷидро ба ҷо меораду дили меҳрубоне дорад. Ин мард дастгири пирону барҷомондагон ва ятимони бепарастор аст, имрӯз ҳар ятиме, ки дар хонаи бачаҳо тарбия мегирад бо ифтихор худро фарзанди Президент меҳисобад. Сари чанд вақт ҳазорон маҳбуси гумроҳ, тариқи Қонуни авф ба озодӣ мебароянду зиндагии хешро аз нав оғоз мекунанд. Ҷавононе, ки бо дасисаи ҷоҳилон ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанду гуноҳи хешро дарк намудаанд, ба ватан баргардонида авф мешаванд. Ин сиёсати одамдӯстонаи мо ҳикмати бузурги «Аз хурдон гуноҳ аз бузургон ато»-ро ба хотир меорад… Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро ба хотири тарбияи фарзандони ин миллат ва фардои дурахшони эшон роҳандозӣ мекунад, зеро ҷавононро нерӯи созанда медонаду исломи мубин низ тарбияи фарзанди солеҳро яке аз рукнҳои муҳимтарини мусулмонӣ меҳисобад.
Зодрӯзи фархунда ба миллат
Хонандаи азиз, ин ҳама андешаҳои ман буданд, дар ҳаққи Президентам дар арафаи зодрӯзашон, чун як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявию ҳуқуқбунёд. Андешаҳои як шаҳрванде, ки Президенташро дар баробари ватанаш муққадас мешумораду сарфароз аз он аст, ки дар фазои орому осудаи зодбуми аҷдодӣ кору зиндагӣ мекунад. Андешаи як тоҷике, ки бо Пешвои миллати худ ифтихор дорад ва таманно мекунад, ки хуршеди муҳаббати ин марди бузург дар сари мо ва фарзандону пайвандони ин миллат партав афшон бошад! Зодрӯзи Пешвои Миллат фархунда бод, Тоҷикистон!
Лолаи Саидакбар