Дар хонаи тоҷири сарватманде ба дунё омадаам, падарам чандин мағозаҳои либосҳои занона доранду модарам бошад чанд мағозаи либосҳои арӯсӣ. Ду бародарам маълумоти олӣ дошта бошанд ҳам, аз рӯйи тахассуси худашон кор накарда ба волидонам ёрӣ мерасонанд. Бародари калониям ҳамроҳи оилааш дар ҳамсоягиамон зиндагӣ мекунаду бародари хурдӣ бошад ҳамроҳи падару модарам дар ҳавлии падарӣ. Духтари тоҷир бошам ҳам ҳаргиз худамро нишон намедодам, бисёр оддӣ либос мепӯшидаму дар интихоби дӯсту дугона низ фарқ намегузоштам. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи забонҳо дохил шудам азбаски забонҳои русию англисӣ ва туркиро хуб медонистам, қарор додам, ки забони чинӣ меомӯзам. Донишгоҳро хатм карда шаш моҳи дигар дар Хитой таҷриба омӯхта ба ватан баргаштам бисёр мехостам чун тарҷумон дар ширкати хориҷие ба кор дароям, вале…
Як субҳи барвақт тараддуди хизматгорзан ва янгаамро дида гумон кардам, ки меҳмонони навбатӣ меоянд, зеро хонаамон ҳамеша сермеҳмон буд. Вале янгаам чашмак зада гуфт:-Тайёриятро бин духтар хостгорон меоянд, бо янгаам мисли дугонаҳо меҳрубонем ва бо шухӣ гуфтам, ман тайёр! Хостгорон аз тарафи як хонаводаи сарватманд буданд, падари домодшаванда мисли падарам тоҷир будаасту чанд бор мушкили ӯро ҳал карда бо ҳамдигар дӯстони наздик шуда монданд. Волидонам, ҳатто розигии маро напурсида маро фотеҳа карданд. Модарам гуфт, ки сурати домодро дидааму ҷавонмарди зебои соҳибмаълумотесту ба тиҷорати мошин сару кор дорад. Писари чоруми хонавода буда хонаву дари алоҳида низ дорад. Ман ба модарам гуфтам, мехоҳам домодро дида ҳамроҳаш сӯҳбат кунам, чӣ гуна ба шахсе ки дар умрам ӯро надидаам хонадор мешавам?!
Модарам маро сарзаниш карда гуфт:-Ман падаратро танҳо дар зери чодар дидам, аммо аз рӯзи аввали оғози зиндагиямон ба ҳамдигар мунису ғамхорем. Ин хел гап нест! Ман паст наомада гуфтам:-очаҷон, ман мехоҳам оянда кор кунам, оё домоди ёфтаатон ба ин розӣ мешавад? Розӣ шавад кор мекунӣ, нашавад не, гапи бисёр назан… Бо ҳамин дигар мо дар бораи домодшаванда, ки ман бояд қисматамро бо ӯ мепайвастам, гап назадем. Тарафи домод ба ҷойи ҷиҳоз пул додаанду модарам мувофиқи хости худашон барои ман чизу чора хариданд. Аз хешони домод танҳо падару модарашонро дидам, ки хеле шахсони меҳрубону маданӣ метофтанд. Хусусан модараш аз як нигоҳ ба ман маъқул шуд, ӯ дар иди Қурбон бароям идона оварда дастмонаи тиллоии зебоеро ба дастам карду аз пешонаам бӯсида гуфт:- Ман ба хонаам се келин, не се духтар овардаам. Ту духтари чорум ва кенҷаю азизи ман мешавӣ, бачаҷон, ман низ аз рухсораҳои ӯ бӯсида раҳматаш гуфтам. Ин корам ба модарам хуш наомад, вале модари домодшаванда сахт оғӯшам кард, фаҳмидам меҳрубониям ба вай форид….
Рӯзи тӯйро муайян карданд, шаб сару танамро шӯста барвақтар хоб рафтам, зеро субҳи дигар бояд ба назди машшотта мерафтам. Шаб ҳамроҳи янгаи калониям дар як хона хобидем, ними шаб хоби ҳавлноке дидам. Дар хобам ҷавоне маро кӯча ба кӯча сур мекард аз чашмони ӯ хун мерехту дар дасташ корд дошт, ҷавон аз мӯям дошта кордро ба гӯлӯям монда буд, ки ҷонҳавл дод зада аз ҷоям хестам. Янгаам авҳоли маро дида талхакаф шуд ӯ маро ба оғӯш гирифта об дод. Баъд рафта таҳорат карду сипандуд карда чанд сураро хонда ба рӯям куф кард, кай хобам бурдааст намедонам. Субҳ ҳамроҳи дугонаам ба назди машшота рафтем, пас аз чанд соати заҳмату меҳнати машшота ба оина нигариста худамро дар оина дида нашинохтам. Машшота духтараки хуш чақ-чақи зебо гуфт:- Ту худат духтари зебоӣ, ман фақт ҳамон зебогиятро каме об додаму халос… Пас аз чанде акаам омада моро ба хона бурд, дар хона моро домод мунтазир буд, мо бояд аввал никоҳ карда баъд ба загс ва баъд ба тарабхона мерафтем. Вақти никоҳ ман аз шарм ба чеҳраи домод нигоҳ накардам, танҳо вақти ба мошин нишастан ба шавҳарам нигариста ба даҳшат афтодам. Ӯ ҷавоне буд, ки шаб дар хоб дида будам….
Мо пас аз расмӣ кардани никоҳамон ба «Боғи Ирам» рафта аксбардорӣ кардем, ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гул мондем, баъд ба тарабхона рафтем. Дар тӯямон беҳтарин ситораи эстарадаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекард, ҳаҷвнигори шинохтае баранда буд. Ёру дӯстон шодона мерақсиданду моро табрик мегуфтанд, аммо дилам сип-сиёҳ буд. сояи сиёҳи хоби дидаам дар ин рӯзи шодмонӣ, ки баро инсон дар умраш фақат як бор рӯй медиҳад ба дилам фишор меовард. Ба ҳаракатҳои домод нигариста медидидам, ки ӯ зиёд меҳрубон аст, вақти ба эҳтироми касе боло шуданамон бо меҳрубони «мехезем» мегуфту пеш аз нишастанд, «ҷонакам мешинем» гӯён ба ман барои нишастанд ёрӣ мерасонд. Худро бовар кунонданӣ мешудам, ки аз дасти ин ҷавонмарди зебои меҳрубон ҳаргиз бадӣ намеояд, вале дидам чизи дигар мегуфт… Дар ҳавлии калони хусуру хушдоманам моҳи асали ману шавҳарам гузашт, хушдоманам намегузошт, ки ман дастамро ба косаи оби хунук занам.
Аслан дар ин қасри бошукӯҳ на авсуни калониям, ки бо ду фарзандаш ҳамроҳи волидон мезист кор мекарду на духтари қадраси онҳо, на хушдоманам. Кору бори хонаро ду ҷавонзани хизматгор ба ҷо меоварданд, барои кори боғу рӯйи ҳавлӣ бошад, мӯйсафеде вобаста буд. Дар ошёнаи якум ошхонаю хонаи хоби хизматгорон, гаражҳо воқеъ буданд, дар ошёнаи дуюм меҳмонхонаҳои барҳаво, дар ошёнаи сеюм бошад хонаҳои хоби аҳли хонавода. Авсунам ҳангоми ду ба ду монданамон маро ба тарзи зиндагии хонавода шинос карда гуфт:- хонаву дари падарӣ моли шавҳари ман писари калонии хусуру хушдоманам шуданд. Ғайри ин мо барои ду фарзандамон аз маркази пойтахт хона харидаем, ду ҳевари дигарам низ ҳавлии алоҳида ва хонаҳо дар бинои баландошёна доранд. Тиҷорати шавҳари ту ҳам хуб аст, пас аз гузаштани чиллаи арӯсият ба хонаи дар маркази шаҳр будаатон меравед, то фарзанддор мешавед, ки сохтумони ҳавлиятон тамом мешавад. Ман дар ин чанд рӯз хоби дидаамро фаромӯш кардам, зеро шавҳарам ба ман чун ошиқи шайдо муносибат карда маро ба қавле рӯ-рӯи даст мебардошт. Пас аз гузаштани чиллаамон ману шавҳарам ба саёҳати тӯёна ба аморати араб сафар карда ду ҳафта дар Дубай истироҳат кардем. Ҳангоми дар истироҳат буданамон шавҳарам он қадар ба ман меҳрубон буд, ки ногуфтанӣ, ӯ пеш аз ин ҳам чандин бор ба ин шаҳри зебо омада будаасту маро тамоми мавзеъҳои тамошобоби ин шаҳрро нишон дод. Ман худамро хушбахттарин зани дунё медонистам, аҳли оилаамон низ аз хушбахтии ман шод буданд….
Давом дорад