Ҷаҳонбинии инсон дар асоси мушоҳидаҳо ташаккул ёфта, ҳамеша дар ҳоли рушд аст. Инсонро олами тасаввуроташ, ки дар натиҷаи ҷаҳонбинӣ ба даст меояд идора мекунад.
Чун дар миёни баъзе аз табақаҳои хурофотӣ масъалаи камбуди таҳаммулпазирӣ ва дарки амиқи арзишҳои маънавӣ мушоҳида мешавад, ки ҷомеаро мебояд аз оқибати ин гуна зуҳурот огоҳонид ва тадриҷан ин масъала бояд ҳалли худро ёбад. Ҳамчунин яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала майл кардан ба таърихи асили маънавиёти миллии хеш мебошад. Ҳадаф дар инҷо баррасии ҷаҳонбинии дунявӣ ва динии ҷомеаи мусалмоннишини мо мебошад. Вақте ҷаҳонбинии дунявӣ мегӯем баъзеҳо шояд инро пушт гардонидан ба арзишҳои динӣ медонанд ва ё баръакс, ки ин иштибоҳ аст. Ҳоло дар мо камбуди шарҳи нодурусти умури дунё аз нигоҳи дин бештар проблеманок аст, ки ҷаҳонбинии сусти дунявиро нишон медиҳад.
Аз тарафи дигар маҳз ҳамин дарки нодурусти динӣ сабаб мешавад, ки ҷаҳонбинии мардум маҳдуд гардад. Солҳои охир ин ҳолати мусалмонон алалхусус ҷавононро ба коми ҳалокат кашондааст. Чунки онҳо дунёро дар асоси шарҳи нодурусти динӣ, ки барояшон талқин шудааст мешиносанд. Тамоми умури дунёи худро ба гуфте ба дасти тақдиру такдирҷунбон супоридаанд. Дигар мафкураи онҳо худтакмилдиҳӣ нест. Ҳар зуҳуроте, ки дар ҷомеа падидор мегардад ба мувофиқ ба фаҳмиши маҳдудаш ба он бархӯрд мекунад. Ёдовар мешавам, ки чунин ҳолатҳо сабаб мешаванд дар шахсони дорои ҷаҳонбинии маҳдуд афкори созгор ва рушди ҷомеа дигар ташаккул намеёбанд. Ҳамзамон агар ҳамин падида оммавӣ шавад ҷомеа эътимод ба худашро аз даст хоҳад дод. Барои ҳамин ҷомеаи мусалмоннишинро зарур аст назар ва диди худро нисбат ба дунё ва арзишҳои дунявият васеъ намоянд. Ҳамчунин нисбати ҳама гуна ҷузъиёти дарбаргирифта бо таҳаммулпазирӣ ва самаранок муносибатро ба роҳ монанд.
Мо аз таърихи мамлакатҳои бунёди сохти дунявӣ новобаста аз таркиби эътиқодоти миллаташ мебинем, ки дар рушди самтҳои гуногуни давлатдорӣ нисбат ба мамолики дорои сохти бунёди динӣ муваффақтар ба назар мерасанд. Чунки дар мамолики дорои сохти бунёди динӣ бештар ба қавмгароӣ, миллатгароӣ ва ихтилофҳои мазҳабӣ роҳ медиҳанд, ки ин мамлакатҳоро ба қафо мекашонад. Аз тарафи дигар ин ҳама ихтилофотҳо шарҳи мусбати динӣ дода мешаванд, ки касе тавони бартараф кардани онҳоро дар ҷомеа надорад. Тафаккури ҷомеаи чунин кишварҳо дар таълимоти шароити гузашта маҳдуд мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷаҳони муосир ва мутамаддин дар ҷомеаҳои баъзе аз мамолики дорои мафкураи маҳдуди сирфан динӣ ҳамаи падидаҳо ва навгониҳои замони муосирро маҳкум менамоянд. Аммо сухан дар миёнашон аз бехатарӣ ва ҳуҷуми душман равад мехоҳанд бо зер кардани як тугмача ҳадафи гирифтаашонро маҳв созанд, ки хеле бемантиқ арзёбӣ мегардад. Масалан, агар аз тарафи душман иқтидори калони техникӣ ва зеҳнӣ мушоҳида кунанд, онҳоро ба “шайтон” ва ё “писарони шайтон” мансуб медиҳанд. Ин камоли буҳрони зеҳниро нишон медиҳад.
Акрамов Рустам, таҳлилгар