Хӯрокҳои содда ва табиӣ истифода бурда, ҷисматонро аз фарбеҳшавӣ нигоҳ доред, маҳсулотҳои сабзавотиро зиёд истифода бурда, аз хӯрокҳое, ки бо роҳҳои кимиёвӣ тайёр шудаанд ба қадри ҳол даст кашед. Хӯрок чӣ қадар, ки содда бошад, ҳамон қадар мо онро осонтар қабул менамоем.
Вуҷуди мо хӯроки хӯрда ва фикрҳои моро инъикос менамояд. Мо бояд, ки ба он чизе, ки истеъмол менамоем, боаҳамият бошем. Ғами худамонро худамон бояд хӯрем. Агар мо ба зиндагии худ бошуурона муносибат намоем, аз худ метавонем бемориҳоро дур созем. Сад афсӯс ҳастанд шахсоне, ки ба ҷисми худ беаҳамиятанд ба он ҳамчун мошин муносибат менамоянд ва ба таъмири он боварӣ доранд. Лекин барқарор намудани ҷисм бисёр вақт номумкин аст. Худро эҳтиёт намоед. Вақте ки мо худро дӯст медорем, мо ба худ ғамхорӣ менамоем ва хӯрокӣ ба мо фоидаоварро интихоб менамоем.
Донистан лозим аст, ба ғайр аз хӯроки солим барои саломат будан чунин омилҳо зарур мебошанд:
* Озод гаштан аз фикрҳои бад, ки асоси носолим будани мо мебошад.
* Тағйир додани тарзи зиндагӣ, дур кардани бахилӣ аз ботин.
Машқҳои ҷисмонӣ барои аъзои бадани инсон фоидаовар аст. Ҳар ҳаракате, ки ба Шумо хуш аст, иҷро намоед, ба монанди: давидан, ҷаҳидан, футбол, волейбол, шиноварӣ кардан ва ғайра.
Агар мо инкишофи ҷисмамонро ба роҳ намонем, устухонҳо ва мушакҳои мо беқувват мегарданд. Барои пурқуватшавӣ, мушакҳоро бояд машқ диҳем, то ки умрамон дароз, ҳаракатамон тез ва сабук гардад.
Агар шумо хоҳиши машқ додани ҷисми худро дошта бошед, онро бо оҳистагӣ аз машқҳои сода ба мураккаб оғоз намоед. Дар аввал аз роҳгардӣ сар кунед. Оҳиста — оҳиста худро ба пуртоқатӣ машқ диҳед. Машқҳои ҷисмонӣ кардан, аҳамият додан ба солимии тани худ, низ пайдо шудани муҳаббат ба худро ифода мекунад, ин калидест барои пешравӣ ва саломатии Шумо, агар шахс сиҳат бошад ин яке аз кафолатҳои пешравист. Кӯшиш кунед, ки доим саломат бошед. Ҷисми худро тарбия намоед.
Ҷисми Шумо, маконест, ки дар он ҷони Шумо ҷойгир шудааст. Шумо хоҳед, ки саломат бошеду умри дароз бинед, аз ҳозир саркарда ғамхорӣ ӯ бошед. Хоҳед, ки худро зебо ва солим ҳис кунед, ҷисматон қаиш ва серҳаракат бошад, ба худ бигӯед, ки сиҳат ва хушбахт ҳастед…
Ман ҷисми худро меписандам.
Тани ман дӯстдорӣ саломатист.
Ман ҳар як ҳуҷайраи танамро дӯст медорам.
Ҳамаи аъзоҳои бадани ман солиманд.
Ман ба атроф бо муҳаббат назар мекунам.
Ман сабук ва бо хиром мегардам.
Пойҳои ман серҳаракатанд.
Ман метавонам дӯстдорӣ худ бошам.
Ман метавонам ғамхорӣ худ бошам.
Ман саломат ҳастам.
Ман аз ҷисмам мефахрам.
Аз ҳама муносибати дарозтарин дар ҳаёт ин муносибат бо худ мебошад. Дигар муносибатҳо низ вуҷуд доранд ва онҳо бо мурури вақт қатъ мегарданд. Ҳатто муносибати никоҳӣ рӯзе мешавад, ки қатъ мегардад. Ягона одаме, ки ҳамеша бо ман аст, ин худи манам, яъне муносибати ман бо худам ҳамешагист. Чӣ хел ман бо худ муносибат мекунам? Аз хоб хурсанд бедор мешавам ё не, танҳо мондан бо худ ба ман маъқул аст ё не, фикрҳоям ба ман маъқул ҳастанд, худ ба худ механдам, аз худам розиям ва ғайра. Агар муносибатам бо худам хуб набошад, пас ман бо дигарон чӣ тавр муносибат барқарор менамоям? Агар ман худро дӯст надорам, пас ҳамеша дар ҷустуҷӯи шахсе мешавам, ки маро дӯст медорад, хурсанду хушбахт мегардонад ва орзӯҳои маро амалӣ менамояд.
Чӣ тавр муносибати солимро барқарор бояд кард?
Нигарон будан – мӯҳтоҷи ягон кас будан – ин роҳи ҷалб намудани нохушиҳо ба худ мебошад. Агар дар раванди муносибат ду нафар як томро ифода намояд, оқибат онҳо қисме аз том мегарданд. Агар Шумо аз касе нигарон бошед, ки ӯ ҳаёти Шуморо осуда мегардонад, Шумо худро фиреб мекунед ва он ба нобарорӣ оварда мерасонад. Барои оғоз намудани муносибат, бояд, ки дар ҳақиқат шахс худро хушбахт ва қаноатманд ҳис намояд. Яъне, Шумо мехоҳед ки хушбахт бошед, на ин ки вобастаи ягон кас бошед. Онро чунин шабеҳ додан мумкин аст. Шумо бо шахсе шояд дар муносибат гаштаед, ки худро дӯст намедорад, ӯро қаноатманд гардонидан номумкин аст. Ба Шумо душвор мегардад хуб будан ба шахсе, ки ба худ боварӣ надорад, рашкин ва худро дӯст намедорад, ӯ наметавонад муҳаббати касеро қабул намояд, кӯшиши худро хуб карда нишон додани Шуморо дарк намекунад. Муҳаббатро ҳис намекунад, чунки онро дар худ надорад ва дарк карданаш номумкин аст.
Шахсони рашкин – ин шахсони ба худ нобоваранд ва дар назди худ беқадранд (шарт нест, ки рашк ба зани худ бошад). Онҳо бовар надоранд, ки лоиқи эҳтироманд. Шояд чунин ақида дошта бошанд, ки ман чандон зебо, доно ва ҷавон нестам, лоиқи муҳаббат нестам, бинобар он медонам, ки маро дӯст намедоранд ва дар вақти қуллай маро партофта бо дигаре мераванд.
Чунин ҳол қаҳру ғазабро авҷ мегиронад. Агар Шумо бо чунин нафар умр ба сар баред, ё ҳамкор шавед ин маънои онро дорад, ки байни Шумо ҳамдигарфаҳмӣ нест ва ё муҳаббати Шумо ноустувор аст.
Чунин ҳол дар шахсоне, ки бо ҳама дар низоанд, низ вуҷуд доштанаш мумкин аст. Одатан ин гуна одамон дар оилаи носолиме тарбия ёфтаанд, ки таҳкир — ҳамчун як чизи муққарарӣ буд ва онҳо ҳамон ҳолатро давом ва дастгирӣ менамоянд. Онҳо метавонанд тамоми оламро таҳқир намоянд, ки эҳтиром ба худ надоранд ва аз ақидаҳои худ рӯ намегардонанд, то он даме ки худро дар назди равоншифо табобат ё аз равоншинос тавсия нагиранд. Дар қаъри дили онҳо шояд норозигӣ нисбати яке аз волидон вуҷуд дошта бошад. Бахшидан — маводи заруртаринест, ки ба онҳо намерасад. Аз ин рӯ бояд, ки андеша намуда, ақидаҳои худро ба тағйир додан майл намоянд.
Мавлуда Маҳкамова