(чанд пораи хотира оид ба кору пайкори рафиқи ғурамарг, ки чор сол боз моро тарк гуфта)
Дар варта Одамизодро купруке интизор аст, ки бояд аз ӯ танҳо гузашт.
Нафаре ки болои он ба осонӣ мегузарад ва нафаре ки дар нимароҳ аз он меафтад, дигар ҳеҷ гоҳ ба қафо барнамегарданд.
(Катибаи зиндагӣ)
Гоҳо одамиро ёди рӯзҳои рафта ва дӯстони ҷонӣ мегирад. Ҳамон солҳо (солҳои 2006-2007, рӯзҳои кор дар рӯзномаи «Чархи гардун») ба худ мазаву лаззати дигар доштанд. Идораи калони кории ҶДММ «Чархи гардун», ки дар ошёнаи поёнии “Шарқи озод” ҷойгир буд, пур аз рӯзноманигорону тарроҳҳону ҳуруфчинону кормандони дигар ва техникаи корӣ буд. Ҳар яке ҷойи кори худро дошт ва ҳар яке саргардони кори худ буд.
Тахминан ҳар рӯз 70- 80 кормандон барои тайёр намудани рӯзномаҳои «Дайжест пресс», Чархи гардун», «Зан ва мард», «Алладин», «Вечерний Душанбе» ва ғайра заҳмат мекашиданд.
Ин дар он рӯзҳо идораи нашрияе буд, ки бо шакли замонавӣ фаъолият дошт ва ҳар бинанда гумон мекард, ки ин як корхонаи калони истеҳсолӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳамаи инро барои журналистон Акбари Саттор муҳайё намуда буд. Ӯ низ қатори ҳама заҳмат мекашид ва мизи кориаш дар даромадгоҳи толор меистод, нафари ношинос дар аввал намефаҳмид, ки ӯ роҳбари ин даргоҳ аст. Танҳо кормандон ӯро “Шеф” ном мебурданду халос. Аз он рӯз солҳои зиёде гузашт, вале барои собиқ кормандон ин идораю ин “Шеф” ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Имрӯз боз хумори суҳбатҳои Акбар мегираду роҳ ҷониби идораи “Чархи гардун” мегирем. Ҳама ба ҳар тараф парешон шуданд, бархе пайи кори дигар шуду бархе аз дунё гузаштанд, бархеи дигар дар нашрияҳои дигар кори худро давом медиҳанд. Танҳо дар ин даргоҳ гӯё роҳбари ягонаю якумрӣ Акбари Саттор монду халос. Акбаре, ки ҳамаро бо чеҳраи хандон пешвоз мегирифту бо чеҳраи хандон гусел мекард.
Ҳарчанд солҳои зиёд гузаштанд, ҳарчанд толори пури кормандон ба назар нарасад, ҳарчанд чеҳраи хандони ӯ моро пешвоз нагирад ҳам ба дунёи Акбар дода мешавем.
Акбареро, ки доимо дар иҳотаи дӯстон буд , басо пазмон шудаем. Ӯ дигар дар роҳу роҳрави “Шарқи озод” пайдо нест…
Танҳо симои ӯ дар дафтари кориаш хуморшикан аст, бо ҳамон чеҳраи хандону бо ҳамон нигоҳи самимӣ … Рузи шуми 28 августи соли 2015 ба ёд меояд. Рӯзе ки ӯро аз дидаҳо ба дилҳо бурд…
Рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё ҳамон рӯз навишта буд: “Имрӯз тиратарин рӯз барои матбуоти тоҷик аст. Даргузашти Акбари Сатторро талафоти бузург барои ҷомеъаи журналистии Тоҷикистон медонам. Ин хабар қалби садҳо нафар аз ҳампешаҳо ва дӯстонашро дар ғаму андӯҳ нишонд…”
Ба идораи рӯзнома қариб ҳар рӯз меҳмони зиёд меомад. Дар байни онҳо Боймурод Шарифзода, ки худ собиқ корманди ин даргоҳ буд ва акнун дар факултаи филологияи ДМТ ба касби омӯзгорӣ машғул буд, гоҳу ногоҳ хабаргирӣ меомад. Ӯ аввал ҳатман бо Акбар вохӯрда, баъдан пеши Равшану Идибек ва Сафар, ки аз ҷумлаи дӯстонаш буданд, мегузашт. Доимо ба Акбар мегуфт, ман як бачаҳоро мебинаму меравам. Вале ин рафтани ӯ то дергоҳи шаб давом мекард, соати корӣ тамом мешуду … ӯ ҳамроҳи Акбар ва дӯстони ҷонӣ дар каҳвахонаи нашриёт дидоршиканӣ мекарданд.
Акбар нақли аҷибе дошт: “Ҳар рӯзи якшанбе дар маркази Ҳисор бозори калон ташкил мешуд ва падарам, ки мошин — мағозаи сайёр (автолавка) дошт, молу маводашро ба фурӯш мебаровард. Мани хурдсолро доимо ҳамроҳаш мегирифт. Тамоми пули моли фурӯхтаро бегоҳӣ ман ҳисоб мекардам. Пули зиёде буд, аз ҳисоб кардан дастонам монда мешуданд. Аз ҳамон вақт дастонам бо пул одат карда буданд… Шояд дасткушодии Акбар аз ҳамин буд, ки Офаридгор ӯро аз хурдсолӣ аз пул сер карда буд.
Ӯ худро аз дигарон боло намегирифт, бо хурд ҳам як буду бо калон ҳам. Ягона роҳбаре буд, ки доимо барои қабули корманду корафтода вақт дошт, касеро намеранҷонид…
Дунёи одамгарии Акбар дунёи дигар буд. Нафарони зиёде, ки дар байнашон ҳунармандону рӯзноманигорон, шоирону омӯзгорон, пиронсолону маъюбон ва ғайра буданд, ҳар рӯзи охири моҳ аз пагоҳӣ сар карда то нисфирӯзӣ пеши Акбар меомаданд. Наздаш даромада ӯро зиёрат мекарданд ва боз хомӯшона баромада мерафтанд. Ҳама атрофиён медонистанд онҳо барои чи меоянд, вале на худи онҳо ва на Акбар дар ин бора сухане намегуфтанд. Ин қонуни нонавиштаи Акбару атрофиён буд. Баъди даргузашти Акбар онҳо низ бе Акбар монданд.
Ҳамкурси Акбар Сафарзода Ҳусейн ҳамон рӯз навишта буд: “Он рӯзи наҳс (28 августи соли 2015) , баьди пешин бояд бо ҳам вомехӯрдем. Аз чи бошад, ки бо дидори ҳамдигар нарасидем. Қазо аллакай кори худро карда буд… Ӯ марде буд саропо ҳунар, инсоне буд заминӣ,фарде буд дидадаро”.
Боре айёми тобистони соли 2007 мо чанд нафар кормандони рӯзномаи “Чархи гардун” азми сафари водии Рашт намудем. Ба Акбар гуфтем, ки бегоҳи рӯзи ҷумъа ба роҳ мебароем ва рӯзи душанбе боз дар кор мешавем. Ӯ танҳо гуфт, ки хароҷоти сафарро маълум кунед, шояд ман ҳамроҳатон равам. Вале худ нарафту ба мо панҷ нафар — Равшану Идибек, Сафару ронанда Ҳакимхон фотиҳаи роҳ дод. Таъкид намуд, ки ҳушёр шавем. Хуллас, тайи се рӯз дар дараи Камароб дам гирифтем ва бо худ қиссаи аҷибе овардем. Ин қиссаро Акбар доимо нақл карда механдид, ки шабона оби дарёи Сорбоғ зиёд шуда “туша”- и роҳи истироҳаткунандагонро гирифта бурдааст…
Акбар дардошоно буд. Ӯ барои рӯзноманигорон хизматҳои зиёде намуд. Вақте ки кори ягон журналист ба дасти ҳомиёни ҳуқуқ меафтод, ё нафаре барои дарёфти ҳақиқат бо муассис (дар мисоли ташкилотҳои иттилооти байналмилалӣ) судбозӣ мекард, ё нафаре барои дарёфти ҳаққи духтурхобонӣ ва ҷарроҳӣ маблағ мекофт, Акбар дар паҳлу буд. Борҳо шоҳиди он будем, ки барои дарёфти ҳақиқат ҳамроҳи рӯзноманигори “Озодӣ” Холиқи Сангин, рӯзноманигор Маъдии Собир, котиби матбуотии ВКД ҶТ Ҷамолиддин Садриддин, рӯзноманигор, шодравон Ҷумъа Толиб дар талош буд. Барои ҳалли ин қазияҳо нишасти матбуотӣ доир мекард, ба идорае мактуб менавишт, ба нафаре занг мезад ва ба духтурхонае маблағ ҷудо мекард…
Бо омадани Акбар Иттифоқи журналистон ҷон гирифт. Аввалин коре, ки ӯ ҳамчун роҳбари ин ташкилот оғоз намуд, аз сар ба қайд гирифтани аъзоёни ташкилот ва нав намудани билети аъзогӣ буд. Бо ин роҳ ташкилот гӯё аз сари нав эҳё шуд ва рӯйхати ҳақиқии аъзоён тартиб дода шуд. Ҷавонони нави қаламкаш ба аъзогӣ пазируфта шуданд.
Акбар инчунин дар талоши он буд, ки “Осорхонаи Иттифоқи журналистон” таъсис дода шавад. Ба ҷамъ намудани аксҳою хотироти қаламкашони пешин, техникаи суратгирӣ, мошинкаи чопӣ, дафтари қайдҳои онҳо машғул буд. Чанде аз онҳо дар гӯшаю ҷамъоварӣ гардиданд ва толори калони маҷлисгоҳ ҷойгир шуданд, Ӯ мегуфт, ки ин ҳама ҳануз кам аст, бояд аз ҳар гушаи кишвар осорхонаи матбуотро пур намоем, замоне ин ҳама таърихи матбуоти тоҷик мешаванд. Афсус, ки кор нимкора монд…
Ӯ инчунин рӯзномаи Иттифоқро дубора зинда намуд, чанд шумораи он аз чоп баромад. Вале бо сабаби наёфтани хонандаи худ рӯзнома баста шуд.
Рӯзе набуд, ки дар толори Иттифоқи журналистон ягон чорабинӣ, аз қабили нишастҳои матбуотӣ, муаррифии китоби журналисте, семинар барои журналистон, дарсҳои маҳорат барои журналистони ҷавон, ҷамъбасти озмуни эълоншуда ва … нагузарад. Ҳар рӯз даҳҳо нафар роҳбарону рӯзноманигорон аз ин даргоҳ дидан мекарданд ва бо Акбар рӯ ба рӯ буданд.
Боре дар идора зарурате афтод, ки бояд роҳбарияти вазорати молия мулоқот баргузор шавад. Акбар бо талоши зиёд роҳбарияти вазоратро ризо намуд, ки бо журналистони “Чархи гардун” вохӯрда ба саволҳояшон посух гиранд. Вале рӯзи дуюм Акбар аз фикри пештара гашт ва таклиф намуд, ки бо намояндагони ҳамаи воситаи ахбор вохӯри баргузор шавад. Масъулини вазорат дилу бедилон ризо шуданд, чанд рӯз пас толори калони вазорати молия пур аз журналистон гашт ва Акбар аз кори кардааш ризо буд. — Ин гапи дигар мегуфт ӯ, — бигузор вазир ба журналист рӯ ба рӯ ҷавоб гӯяд.
Бо ҳамин кор гӯё Акбар ба нишастҳои матбуотӣ даричае боз намуд.
Акбар шабу рӯз дар такопӯ буд, талоши корҳои нокарда… Аммо қазои риштаи кандаи умр ҳамаро дар нимароҳ монд…
Рӯзноманигори маъруф, шодравон Султони Ҳамад ҳамон рӯз навишта буд: “Сад афсус, ки дасти марг гиребони орзуҳои рангину нақшаҳои зиёди муфиди ӯро низ пора кард. Ва ҳаргиз намирад оне, ки бо шуғли худ, бо касби худ ишқ меварзид.
Ӯ аз ҷумлаи он журналистоне буд, ки аввалин шуда дар журналистикаи тоҷик, дар матбуоти хусусӣ иқдомҳои муҳим ва муфидро роҳандозӣ кардааст, ки шояд баъдҳо бо зарҳал дар саҳифаҳои китоби таърих навишта шаванд.
Фаъолияти Акбар ба ҳайси яке аз аввалин Раисони Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба андешаи банда, бояд мавриди таҳқиқоти хоса қарор гирад. Зеро дар ин самт Акбари Саттор корҳои зиёдеро анҷом додааст”.
Ва мо имрӯз сари он андеша дорем, ки чаро аққалан Итифоқи журналистони Тоҷикистон номи Акбари Сатторро надорад?!
Яке аз меҳмонҳои доимии идора (дар қатори ҳунарманди маъруф Нурулло Абдуллоев, нависандаи забардаст Саттор Турсун, профессор Иброҳим Усмон, рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибооев, директори “Азия Плюс” Умед Бобохонов, журналист, нависанда Умари Шерхон ва даҳҳо нафарони дигар) ҳунарманди шинохта Ҳошим Гадо буд.
Ӯ баробари даромадан бо забони русӣ мепурсид: “Где папа ?”. Ҳама мефаҳмид, ки ӯ Акбарро мекобад. Вақте ки Акбарро меёфт, то дергоҳ ӯро сар намедод. Бо овози баланд гуфтугузор мекард, тамоми дарди дилашро ба сари ӯ фурӯ мерехт. Гӯшрасҳои ӯ то ҳол дар ёд монда, ки гаштаю баргашта ба Акбар мегуфт: “ Ты как думаешь папа, я прав или нет, а … ?”. Акбар бо камоли диққат ӯро гӯш мекард, аз коргоҳ ба толори маҷлисгоҳ мегузаштанд, аз он ҷо ба хӯроки нисфирӯзӣ мерафтанд ва боз ба ӯтоқи корӣ меомаданд,..вале гапҳои ҳунарманд тамом намешуд.
Вақти рафтан боз мегуфт: “Ну давай, папа, после закончим”. Акбар ӯро гусел карда доимо як сухан аз пасаш мегуфт: “Дили пур аз дарди ҳунар дорад”.
Акбар одатан бегоҳиҳо ҳамроҳи як ё ду нафар ба қаҳвахонаи “Файз” (каҳвахонаи “Шарқи озод”, ки журналистон онро ба номи мудираш Файз ном мебурданд) медаромад. Файз аллакй медонист, ки Акбар чи мехоҳад ва болои мизро бегуфтугузор меорост.
Замоне мегузашту атрофи миз оҳиста-оҳиста аз журналистони ин даргоҳ, дӯстони Акбар пур мешуд ва авҷи суҳбату андешаронӣ то авҷи фалак мерасид. Баъзан баробари даромадан ба ин макон Акбар бо шухӣ аз Файз мепурсид: — Бузургон то ҳол наомадаанд?
Дар нишастҳо гоҳо нафаре мехост, ки Акбарро боло бардорад, дар борааш сухани хуб гӯяд. Аммо Акбар зуд лаҷоми суханро дигар тараф кашида, ибораи дӯстоштаашро такрор мекард: “Вой ҷони ширини худамон, рафтем”…
Борҳо дар суҳбатҳои хоса бо Боймуроди Шарифу Равшани Махсумзод, Ҷумъаи Мирзою Абдуфаттоҳи Воҳид, Эмомалии Сайдамиру Пулоди Нур ва Наҷмиддини Шоҳинбод суол сари он мерафт, ки чаро дар бораи кору пайкори Акбар китобе нест. Ҳар яке иддао мекард, ки агар ӯ ризо шавад барояш беҳтарин китобро менависад, вале ӯ ба ин дархост ризо намешуд.
-Агар зиндагӣ насиб кунад, — мегуфт ӯ, ман баъди 60 -сола шудан худам китоб менависам, дар ин бора хотироти зиёдеро ҷамъ намудаам ва дафтарчаи муқовааш чарминеро ба даст мегирифт. (дар ҳақиқат дар ин дафтари муқовааш чармин навиштаҳои зиёде ба чашм мерасид ва ба гуфти худаш хотироти зиндагиаш буданд. Китоби нонавиштаи Акбар ҳамон дафтар буд).
Дӯстони Акбар зиёд буданд, ҳар яке ӯро бо диди худ мешинохту баҳо медод, бо онҳо механдид, бо онҳо сафар мекард, дар ғаму шодӣ бо онҳо якҷоя буд, вале Акбар ба замми ин ҳама гӯ ё танҳо буд. Ин танҳоӣ гоҳ-гоҳе барои дӯстон ҳувайдо мегашт, вале на ҳама ба он эътибор медоданд.
Ӯ баъзан ба дунёи худ дода мешуд, гӯё атрофаш касе нест ва овозеро намешунавад. Оҳиста аз сари мизи корӣ хеста ба утоқи кориаш мегузашт. То дергоҳ аз он намебаромад.
Баъзан Акбар мегуфт: “Ман вақте ки сари гури падар меравам (гуристони деҳаи Мортеппаи н. Ҳисор) як хомӯшии томро ҳис мекунам, дар ин макон замоне ҳама ғаму андуҳ, хашму ғазаб, кинаву адоват аз байн меравад, одамизод хеле сабук мешавад. Розҳои ногуфтаи Акбар бо худи ӯ рафтанд ва китобаш нонавишта монд…
Рӯзноманигори шинохта Суҳроби Зиё ҳамон рӯзи шум навишта буд: “Ӯ мувофиқи имкон ва шароит ба мушкилоти ҳамқаламонаш мерасид ва ба дарду доғҳои онҳо даво меҷуст. Аммо кам касоне ба дарди дили худи ӯ гӯш медоданд ва ҳамдаму мунисаш буданд”…
Роҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия Абдулло Давлатов ҳамон рӯзи шум навишта буд: “Ба Худо қасам он қадар дарду ғаме дар чашмонаш дида будам, ки гӯё мегуфт: “Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад !”.
Беҳтарин дӯсти Акбар Равшани Махсумзод (нависанда ва журналист) буд ва монд. , Ҳар ду риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро як ҷо тамом карда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии “Чархи гардун” то вопасин сафари Акбар як ҷо кор мекарданд. Бисёриҳо ба ин даргоҳ момаданд, мерафтанд ва боз меомаданд, вале Равшан дар ин ҷо доимӣ буд. Баъзеҳо шухӣ карда мегуфтанд: “Ҳайкали Акбару Равшан бояд пеши “Чархи гардун” якҷоя гузошта шавад”.
Одамон суҳбати хосаи ин ду рафиқро кам медиданд, вале ҳама медонист, ки дӯстони ҷонианд. Рамузи якдигарро хуб мефаҳмиданд…
Акбар доимо дар сафар буд, гоҳе бо ҳамроҳии ҳайати ҳукуматӣ ба сафар мебаромаду гоҳе бо таклифи ҳампешагони мамолики ҳамсояву дур ва гоҳе ҳамчун сайёҳ. Қариб аз бисёр мамолики дуру наздик дидан карда буд. Аз ҳар як мамолик як навгоние меовард ва нақл мекард. Ӯ бисёр чизҳоро дар ин сафарҳо меомӯхт ва ба худ мегирифт. Ӯ бо ҷаҳонгардию ҷаҳонбинии худ рӯз аз рӯз Бузург мешуд, панд мегирифту Одамгарӣ меомӯхт.
Роҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия Абдулло Давлатов навишта буд: “Ӯ ҳамсоли ман, балки соле хурдтар аст, аммо суханрониву одоби суҳбату тамизи муошараро бояд аз Акбари Саттор омӯзем”.
Ӯ дар зиндагии худ барои кормандони идораи “Чархи гардун” ҳам сардор буду ҳам рафиқи ҷонӣ. Касеро гапи сахт намегуфт, аз касе интизоми қатъии корӣ талаб намекард, шабу рӯз (ҳатто рӯзҳои истироҳат) дари корхона барои кормандон боз буд. Ҳар яке медонист, ки бояд вазифаашро иҷро намояд ва аз иҷрои супориши дошта барояд. Масъулияти кории ҳар як корманд ба виҷдони худаш вобаста буд.
Яке аз куҳнатарин хабарнигорони “Чархи гардун”, ки 15 сол боз дар нашрияҳои Акбари Саттор фаъолият мекард, Ҷамилаи Мақсуд навиштааст: “Ӯ раҳбари ғамхор буд, ҳамеша ба хабарнигорон озодӣ медод. Ҳеҷ вақт монеагузорӣ намекард, ҳеҷ вақт аз мо талаби аз субҳ то шом дар кор буданро намекард. Тӯли 15 сол шоҳид будам, ки хеле аз журналистон, ҳатто аз дигар идораву нашрияҳо барои кумаки моливу маънавӣ барояш муроҷиат мекарданд ва ҳатман дастгирӣ меёфтанд. Ин ҳам бартарии Акбари Саттор буд.”
Акбар пайваста дар ҷустуҷӯ буд. Бо рафти зиндагӣ қариб ҳар рӯз як фикри нав ба сараш меомад. Чандин маротиба хост рӯзномаҳои навро кушояд, аз қабили “Время деньги”, “ Сухан”, “Бозаргон”, “Студент”, “Шоми Душанбе”, … вале бо наёфтани хонанда ё корманди хуб онҳоро мебаст, ё аз фикраш мегашт.
Акбар тавонист, ки бо “Чархи гардун”-и худ дар ҳамон солҳои сахтӣ журналистони зиёдеро, ки бекору парешон буданд, дубора гирд оварад. Бидуни ин гуруҳи калони нафақахӯрон ва шахсони бекорро, ки зиндагиашон хуб набуд, бо фурӯши рӯзномаҳои худ соҳиби кору маблағи муайяне намояд. Қисми зиёди кампиракони рус Акбарро мешинохтанд ва писарҷонам ном мебурданд.
Боигарии Акбар ин номи нек ва фарзадони солеҳаш мебошанд, ки имрӯз дар пайроҳаи падар қадам мезананд.
Фарзанди калонии Акбар Манижабону навишта аст: “Ин аст, ки ман бо дуои Шумо яке аз донишгоҳҳои бонуфузтарини Чинро хатм карда омадаму даст ба кор ҳастам ва роҳи Шуморову кори Шуморо идома дода истодаам. Додараконам — Анӯшервону Исломҷон ҳам дар пайи амалисозии орзуву армони падарҷони худ ҳастанд, бо саъйу талоши дучанд дар бонуфузтарин донишгоҳи шаҳри Пекини мамлакати ба мо дӯст — Чин таҳсилро идома дода истодаанд. Анӯшервон тибқи хоҳиши худатон дар риштаи бонкдорӣ ва Исломҷону Меҳроҷиддин дар бахши мухандисӣ мехонанд. Насиҳати Шуморо сахт дар гӯши худ ҳалқа кардаанд, зеро медонанд, ки танҳо хониши хубу аъло, забондонӣ ва интизоми намунавӣ шахсро аз ҳама гуна ноҷӯриҳо ва пасту баландии зиндагӣ наҷот мебахшад. Ин аст, ки мо — фарзандони дилбанди Шумо — падарҷон тибқи фармудаатон донандаи хуби чор забони дунё гардидаем ва аминем, ки донишу малакаи худро дар ҷомеа татбиқ хоҳем намуд. Дар ин ҷода, албатта, заҳмати ҳам падари бузургворам ва ҳам модари меҳрубонамро хеле хуб дарк менамоем ва арҷ мегузорем”.
Бошад, ки фарзандон давомдиҳандаи роҳу номбардори падар гарданд.
Боре Акбар дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, ки мардум клиникаи Мансуров ном мебаранд, бистарӣ шуд. Ду рӯз пас ҳамроҳи Равшану Боймурод ва Абдухолиқ ба дидорбинӣ омадем.
Ӯ дар як палата танҳо хоб буд. Баъд аз ҳолпурсӣ гуфт, ки ба хидояти табибон бояд як ё ду ҳафта хоб равад ва табобати хуб гирад. — Ин дафъа аз гапи табибон намебароям, — гуфт ӯ, — табобати хуб мегирам.
Пагоҳӣ вақти ба кор омадан Акбарро дар сари мизи кориаш дарёфтем.
-Табобат чӣ шуд, — пурсидем.
-Ростӣ, зиқ шудам, шуморо ёд кардам.
Чанд сол пас айнан чунин ҳолат дар беморхонаи Қаряи боло рух дод.
Акбар ба саломатии худ кам эътибор медод.
… Дар ин даргоҳ (идораи “Чархи гардун”) боз чанд лаҳзае меҳмони Акбари Саттор будем. Сафар намудан ба дунёи хеш, варақгардон намудани хотироти наву куҳан, ба ёд овардани он ҳама буду набуд бо Акбару бе Акбар, гӯё хобу хаёле буд. Вазнину дарднок…
Зиндагӣ бо талошҳои навбатӣ боз моро сӯи хеш мекашад ва ин даргоҳро боз бо роҳбари ягонаю якумрӣ Акбари Саттор боқӣ мегузорем, симои ӯ бо ҳамон чеҳраи хандону бо ҳамон нигоҳи самимӣ моро падруд мегӯяд…
Рӯзноманигори шинохтае ҳамон рӯзи шум навишта буд: “Ростӣ, ҷигарам рехт, барояш”…
Шодмони КАРИМ,
рӯзноманигор