Аз тарафи қонунгузорони кишвар, пешниҳоди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани мардоне, ки аз хизмати фоҳишаҳо истифода мебаранд, қабул нашуд. Яъне мардон дар ин ҷо гуноҳе надодарнд, айб дар сари занҳост, ки онҳоро «маҷбурӣ» ба фисқу фуҷур ҷалб мекунанд?! Шояд… Назарпурсии навбатии мо ҳамин мавзӯи баҳсбарангезро пайгирӣ мекунад…
Айби занҳост!!!
Ман аз рӯйи мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи худ мегӯям, ки дар кишвари мо рӯз ба рӯз фисқу фуҷуру ифлосӣ зиёд шуда истодааст. Банда чашми рӯз накафида аз хона мебарояму бо фаро расидани шом ба хона медароям, зеро роҳрӯбам. Ба зиммаи ман тозагии яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр вогузор карда шудааст, чӣ ҳодисаҳое, ки ман дар тули бист соли кориям мушоҳида кардаам… Баъзеҳо гумон мекунанд, ки танҳо занҳои бесаводу бемаълумот кӯчарӯб мешаванд, аммо ман маълумоти миёнаи махсуси педагогӣ дорам. Давраҳое, ки маоши муаллим хеле кам буд ба ин кор гузаштам ва дигар нахостам тарки касб кунам. Мо низ китоб мехонему ҳафтаворҳои давриро мутолиа мекунем, баъзан фикр мекунам, ки ба зани тоҷик чӣ бало расидааст? Сабру таҳаммул, покию иффат куҷо шуд, дар дили баъзеҳо кина он қадар мустаҳкам ҷо гирифтааст, ки аз шавҳар ҷудо шудан баробар аз пайи қасосгирӣ мешаванд. Як мушкилоти зиндагӣ пайдо шуд ба ҷони ширини хеш қасд мекунанд, оё ин ҳама роҳи ҳалли мушкилот аст? Гумон мекунам, ки дар бад шудани ахлоқи ҷомеа аз мардон дида занон гунаҳгоранд, зеро зан нахоҳад аз дасти мард ҳеҷ чиз намеояд. Албатта воқеаҳои таҷовузу зуровариро як тараф мегузорем… Ёд дорам солҳои пеш, ҳатто солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардони зиёде кушта шуда буданд, ин гуна ҳолат набуд. Агар дар як ноҳия як ё ду фоҳиша бошад онҳо ангуштнамои мардум мешуданд, бадбахтона имрӯз духтаракони ҷавон ба ботлоқи мурдори фоҳишагӣ меғутанд. Даллаҳои худозада низ барои пеш рафтани корашон, кушиш мекунанд ҷавонакҳо, ҳатто ноболиғонро ба ин пастӣ ҷалб кунанд. 1000-1700 ҷарима бастани фоҳишаҳо, барои танфурӯшӣ, ҳалли масъала нест- ҷазои сахттаре пешбинӣ намудан лозим аст- мегӯяд Марямбӣ Атоева роҳрӯб.
Шавҳари ман «фоҳишабоз»- аст….
Ёд дорам чанд сол пеш дар ҳамин ҳафтавори «Чархи Гардун» пешниҳодеро хонда будам, ки мардони «сабукпо» низ ба муҷозот кашида шаванд. Вале сад афсӯс, ки ин масъала ҳали худро наёфт… Ман ҳаргиз аз занони бадахлоқ пуштибонӣ намекунам, вале дар ҳама масъала ҳар ду паҳлӯяшро ба назар гирифтан лозим аст. Чаро зане, ки бо ҳукми тақдири бадаш ба ботлоқи ифлоси фоҳишагӣ ғутидааст ҷазо гираду марди аз хизмати ӯ истифода мекарда не?! Ҳарчанд дар ҷомеаи мо ба мардони «сабукпо» назари бад ҳам надоранд, аммо шояд ин қонун каме ҳам бошад чашми онҳоро метарсонд? Агар эшон аз Худо натарсанд, шояд аз шармандагӣ тарсанд? Шояд андеша кунанд, ки ба чашми зану фарзандони худ чӣ хел нигоҳ мекунанд?! Ман аз шумули ҳамон заноне ҳастам, ки шавҳарам аз хизмати фоҳишаҳо истифода мебарад, чандин бор ӯ ба бемориҳои зӯҳравӣ печиду ман ҳам сироят ёфта табобат гирифтам. Як тараф рашку итоб, як тарафи дигар нигоҳҳои «дилсӯзона»-и табибон диламро хун мекард, яъне ту чӣ гуна занӣ, ки ҳамсарат назди фоҳишаҳои бемор, таги табақи сад кас меравад?! Шавҳарам писари ягонаи волидонаш ҳаст, ин оилаи сарватманд пишаки писари эркаю пулёбашонро пишт намегӯянд. Чанд бор ба хушдоманам гуфтам, ки писаратон ба бемориҳои ифлос печидаасту бо занони бадахлоқ рафтуомад мекунад. Ӯ бо қавоқи гирифта гуфт:- Марде, ки шароб нанӯшад, сигор накашад, занакбозӣ накунад- зан аст! Тасаввур кунед, вақте модар ин гуна фикр дорад, фарзанди ӯ чӣ мешавад?! Ман зиёд мехоҳам ҳамин гуна қонун дар Тоҷикистони мо низ қабул карда шавад. Гуфт ҳангоми сӯҳбат ба мо бонуе, ки номашро зикр кардан нахост.
Табобати маҷбурӣ лозим аст
Ман низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар ҷумҳурии ҳамҷавори мо Узбекистон таҳия гаштааст, хондам. Ба ман бештар як банди он писанд омад, ки фоҳишаҳо ё мардони аз хизматрасонии ин гуна занон истифода мебурда баъди дастгиршуданашон аз ташхис гузашта, мабадо бемор бошанд ба табобати маҷбурӣ фаро гирифта шаванд. Агар ман ба ҷойи масъулин мебудам, аз ҳар муҳоҷири меҳнатӣ ҳам ҳангоми ворид шуданаш ба ватан натиҷаи ташхиси тиббияшро мепурсидам. Зеро маҳз муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷа бо ин гуна «армуғон» ба назди занони интизорашон бамегарданд. Ман оилаеро медонам, ки марди хонадон бо бемори вируси норасоиии масъунияти бадан аз муҳоҷират баргашта занашро ба ин вабои аср гирифтор кард. Онҳо чор фарзанд доранд, акнун тасаввур кунед авҳоли онҳоро байни мардум, авҳоли писарону духтарони ин оилаи бадбахт чӣ мешавад номаълум?! Ин марди ҳавасбоз, на танҳо худашу ҳамсарашро ба марг ҳукм кард, балки як умр ба пешонии фарзандони худ тамғаи бадномӣ зад, ки ба ҳафт пушти эшон иснод меорад. Дар ҷомеаи суннати ба ин гуна ашхос назари ниҳоят бад дошта, онҳо ба қавле ради маърака мешаванд. Бигузор он мардоне, ки айши яклаҳзаинаи худро аз обурӯйи аҷдоду авлодаш боло медонад, шармандавор дар дармонгоҳ барои табобати маҷбурӣ хобонда шавад, вале аз ҳисоби худаш. Бале, аз ҳисоби худаш, бигузор давлат ба ҷойи як нафари ифлосу айёш кӯдакеро наҷот бахшад, ки дар вартаи марг қарор дорад. Гуфт ҳангоми сӯҳбат бо мо Аноҳито Ёрова- табиб.
Сагро ба зурӣ шикор намебаранд….
Дар баъзе мамлакатҳои мутарраққӣ мард аз тарси қонун ба тарафи зан «каҷ» наменигарад. Дар кишвари мо бошад ҳама айбро ба сари зан бор мекунанд. Оё ягон мардро зани бадахлоқе метавонад маҷбурӣ аз қафои худ барад?! Кампирҳои деҳаи мо як мақол доштанд, ки «Сагро ба зурӣ шикор бурда намешавад»… Бисёр хуб мешавад, ки дар қатори занони бадахлоқи ба мурдоби фисқу фуҷур афтода «клиент»-ҳояшон низ ба муҷозот кашида мешуданд. Хушбахтона чанд сол боз Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ин росто муборизаро пурзур кардааст, вале аҳли ҷомеа бояд ба ин ниҳоди қудратманд ёрӣ расонад. Шояд он вақт кор самари дилхоҳ медиҳад? Ман гумон мекунам, ки мардони аз хизмати фоҳиша истифода мебурда нангу номусу одамгарӣ надоранд ва худашон низ ахлоқан вайронанд. Агар онҳоро қонун ҷазо надиҳад як рӯз не як рӯз сазои ин амали бадашонро хоҳанд дид. Чунин андеша дорад Гулмамад Давлатмамадов рӯзноманигори ҷавон.
Омодасоз
Зебунисо Ҷӯраева