Чун ба бозорҳои машҳури кишвар пайи хариди ин ё он маводи рӯзгор дохил мешавам, аз ҷилои зиёд дар ҳайрат мемонам! Дар ҳама чиз сангҳои арзонбаҳои ҷилодор задаанд… Ин чӣ маънӣ дорад?! Чаро тоҷирони мо миллати хешро масхара мекунанд?! Е таъби мардум ин қадар коҳидааст?!
Чун бо иваз шудани фаслҳои сол мехоҳам пойафзол харам, дар растаҳои бозору мағозаҳо ва марказҳои савдои машҳури пойтахт саргардон мешавам. Наздиконам маро инҷиқ, аз муд қафомонда, аз стили пешин халос нашуда меноманд. Аммо ман намехоҳам мисли масхарабозони сирк пойафзоли нигинадори ялаққосӣ пӯшам. Гулнор як бонуе, ки чандин сол боз дар маркази саводи «Мир обувь» пойафзоли занона мефурӯшад, мегӯяд:- Классика кайҳо аз муд рафтааст, ҳоло занони мо пойафзоле мепӯшанд, ки нақшу нигор, ва сангҳои ялаққосӣ дошта бошанд. Мизоҷон инро аз мо хоҳиш мекунанд ва мо мувофиқи хостаи онҳо ин молро аз хориҷа меорем. Аз Гулнор мепурсам, ки оё дар хориҷа ба ҳоли мо намехандида бошанд? Ӯ бепарво ҷавоб мегӯяд, не, мо копии пойафзолеро меорем, ки онро шӯҳратмандтарин ширкатҳои тиҷоратии олам ба фурӯш мегузоранд. Дар бораи «калассика» Гулнор андешаҳои хоси худро дорад. Ин хонуми ба кори худ усто мегӯяд, ки қисми ками бонувон аз ин намуди оддӣ истифода мекунанд. Аммо дар мо ҳаст…
Аммо ман ба ин суханҳо бовар надорам, наход дар хориҷа ҳам бонувон пойафзоли сангдор пӯшанд?!Ё шояд дар ҳақиқат ҳам аз муд қафо мондаам?!
Аввалҳо сангҳои ороишӣ дар матоъҳои куртаворӣ пайдо шуду баъд ба палтову болопӯш гузашт. Ба дигар матоъҳо кор надорам, аммо санг часпонидан дар атласу чаканро таҳқири ин ду армуғони миллӣ медонам… Оҳиста-оҳиста сачоқҳо сангзада шуданду баъд пиёлаву чойник, ҷилои сангҳои арзонак он қадар ба дилу дидаи мо нишаст, ки акнун бе ин мо зиндагиямонро тасаввур карда наметавонем…
Як дӯсти хуб дорам, ин бону тамоми зиндагии худро сарфи тарбияи фарзандон мекунад. Духтари калонияш донишгоҳро хатм карда бо донишу малакаи худаш бе «таға» ба яке аз бонкҳои машҳури кишвар ба кор даромад. Азбаски дар оилаи зиёӣ ба воя расидааст дар либоспӯшӣ ва интихоби либос бисёр ҷиддӣ ҳастанд. Ана ҳамин духтаре, ки ниҳоят зебо, хоксор, босавод ва соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб аст, дар зиндагии оилавӣ хушбахт нашуд. Медонед барои чӣ?! Барои санг….
Хушдомани ҷоҳил, чаро келини ҳамсоя табақу чойники сангдор оварду ту не, гуфта ҷонашро ба лабаш мерасонад, оқибат «моҷарои санг» ба гӯши шавҳараш ҳам мерасад. Ҷавонмарди тоҷик, ба ҷойи ба муросо хондани модари дар ҳирси санг афтодааш, баракс аз ӯ пуштибонӣ мекунад ва оилаи ҷавон вайрон мешавад… Дӯст бонуи фарҳангии ман ба хотири тифлаки батни духтараш назди қудо меравад, вале қудозан, шумо «крахаборҳо» ягон чизи замонавӣ наовардед гуён ӯро зери борони таънаю эрод мегирад. Ман худам медонам, ки дӯсти ман беҳтарин ҷиҳоз барои духтараш харидорӣ намуда буд, танҳо бесанг…
Чун дар бозори матоъ аз кофту коби матои дилхоҳи бесанг дилам танг мешавад, занони фурӯшанда бо як овоз мегӯянд, ки мо худамон пул дода ба ин матоъҳо санг мезанем…. Барои чӣ?! Барое, ки ҳозир муд ҳамин аст!
Тоҷирони азиз, ин шумо барои занони тоҷик муд фикр карда мебароред. Агар ҳамин аст, аст пас арзандатар фикр кунед! Чун имрӯз ба сару либоси зани тоҷик назар меафканӣ, аз тоҷикият нишоне нест! Шумо бонувони моро ба масхарабозони сирк монанд кардаед, шумо дар паст бурдани завқи зебоипарасатии духтарони мо гунаҳгоред! Имрӯз пиру ҷавон либосҳои сангзада, дар бар бо дастархонҳои ҷилодори сангдор ба маъракаҳо рафта он ҷо нигоҳ мекунанд, ки оё кӯрпаю кӯрпача, парда, дастурхон, чойнику пиёлаи мизбон санг дорад ё не?!
Дигар атрофи дастархони тоҷикро якандозҳои бахмали миллӣ на, балки кӯрпачаҳое зеб медиҳанд, ки абраву астару мағзияшон низ хориҷисту сангзада…
Фарҳангиёни мо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мегӯянду фестивалҳои зиёде низ дар ин росто мегузаронанд, аммо ба ин рӯйдодҳои булаҷаб беаҳмиятанд. Барои аз байн нарафтани фарҳанги миллию анъанаҳои мардумӣ ба ҳар падидаи нав, хоса агар он хуб набошад назари худро доштан даркор. Ин назари ман буд, чун як нафар шаҳрванди ин ҷомеа, ту чӣ мегӯи хонандаи азиз?!
Зебунисо Чураева