Баъзан аз он тарбияе, ки аз хурдӣ ба мо занҳо медиҳанд, ҳисси эҳтиром ба худ инкишоф намеёбад. Аксар вақт дар мо ғамхори дигарон буданро тарбия менамоянд, вале дар бораи худ фикр карданро намеомӯзонанд.
Шояд ин сабаб бошад, ки дар дил ҳарос дорем аз танҳо ва ё аз бе сарпаноҳ мондан метарсем. Моро бовар кунониданд, ки мо наметавонем ба худ ғамхорӣ намоем, ё ӯҳдабаро бошем.
Зан ғамхори дигарон аст. Дар ҳолати ҷудо шудан аз сарпаноҳ ё ҳамсари худ ба таҳлука меафтад, алалхусус агар кӯдаки хурд дошта бошад ва ба саволи: “Оё метавониста бошам бе ёрии мард аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд бароям?”- ҷавоб меҷӯяд. Ана ҳамин тарс – тарси мустақилият моро аз тағйир додани ҳолат ё кор боз медорад. Аксари занҳо ба худ боварӣ надоранд, намедонанд ки худашон низ метавонанд ғамхори худ бошанд ва аз ӯҳдаи кор карда, пеш бурдани зиндагии худ мебароянд. Андӯҳовар аст, ки бисёр занҳо пешравии худро ҳамчун муаммо мебинанд ва аз он меҳаросанд. Онҳо худро сазоворӣ пешравӣ, муваффақият ва бахт намешуморанд. Худро аз дигарон паст медонанд. Ба чунин шахсон душвор аст фаҳмонидани, он ки сазовори бахту беҳбудӣ мебошанд.
Мо бояд ба ҳаёти худ бовар намоем. Агар иҷозат диҳем, тақдир худ моро ба роҳи дуруст оварда мерасонад.
Мо метавонем ҳама монеъаҳоро бо осонӣ паси сар намоем. Саволе ба миён меояд; “Чӣ тавр? Дар дунё бисёр қоидаҳое ҳастанд, ки дар таваққуфанд, то он даме ки онро омӯзанду истифода баранд, такмил диҳанду тағйир диҳанд.
Озод шудан аз фикрҳои нолозим ва ҷудо шудан аз талабот
Ҳар гоҳ, ки мо мехоҳем аз ягон фикри беҳуда озод шавем ба назарамон чунин мерасад, ки ин ҳолат боз ҳам бадтар шуда истодааст. Вале аз он чандон ноумед нагардед, чунки ин ҳолати тағйир ёфтаистода ба фоидаи мо аст, корро аз болои худ давом додан гиред. Барои он, ки ба муваффақият ноил гардем чандон вақти зиёде лозим нест. Аз паси дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти Шумо рӯй медиҳанд ҳар рӯз як чанд дақиқа фикр намоед, Шумо ба ҳамаи саволҳои худ ҷавоб мегиред. Зеҳни Шумо, ки вуҷуди Шуморо фаро гирифтааст, қудрати додани ҷавоб ба ҳама саволҳои Шуморо дорад.
Ҳар гоҳ, ки мушкилоте дар муносибат бо касе пайдо мешавад ва мо бо он мубориза мебарем, суханҳои гуфтаи ӯро фикр мекунем –ин маънои онро дорад,ки мо талабот нисбат ба ӯ дорем, вале агар фикр карда бароед, ин танҳо як сухан асту халос. Агар мо хоҳем аз ин гуфтаҳо озод шуда метавонем, яъне вобастагии худро нисбат ба шахс ва сухани гуфтаи ӯ қатъ намоем.
Таффакури инсон
Шуури мо олоти кории мост Шумо аз болои шуури худ метавонед роҳбарӣ намоед ва он чиро, ки мехоҳед шуури Шумо онро иҷро мекунад, яъне он зери назорату тарбияи мост, мо метавонем ба он таълим диҳем ва ё бозомӯзем, яъне шуури мо олотест, ки аз он метавонем мувофиқи хоҳиш бо ҳар роҳ ва чӣ қадаре ки лозим аст, истифода барем. Фикрҳои мо таҷрибаи ҳаётии моро созгор мебошанд. Агар фикри, он ки “Одат ва ақидаҳоро тағйир додан мумкин аст”,-ро дошта бошед ва ақидае дошта бошед, ки “Ман ба осонӣ метавонам ба тарафи мусбӣ тағйир ёбам”, ана ҳамин ақида метавонад барои тағйир ёфтани Шумо замина гардад. Аз ҳозир сар карда фикрҳои Шумо ва шуури Шумо дар ихтиёри Шумоанд ва фақат барои Шумо кор мекунанд. Шояд дар аввал камтар мушкил тобад, вале бо боварӣ ва муҳаббат бикӯшед, албатта ба мақсад ноил мегардед. Гоҳо мешавад, ки фикрҳоятон ба Шумо сар намефароранд, лек агар Шумо ба худ серталаб бошед ҳамаи диққататонро барои ба амал овардани фикри нави худ равона намоед, Шумо бурд мекунед ва аз он ки Шумо ғуломи фикрҳои худ нестед шод мегардед, яъне Шумо роҳбари фикрҳои худ мешавед. Он муборак аст.
Яке аз хислатҳои хуби инсон бахшидан мебошад
Бахшидан қадаме мебошад, ки моро аз қаҳру ғазаби гузашта озод менамояд. Бахшидан калидест барои кушодани ҳамаи дарҳои муаммои зиндагӣ, чунки агар моро мушкилие пеш ояду мо саргардон шавем, дар ҳолате, ки худ ва одамонро бахшем, онгоҳ мо метавонем ҳалли мушкилотро ёбем, чунки набахшидани ягон ҳолат ё шахс метавонад садди роҳи пешравии мо шавад. Набахшидан маънои онро дорад, яъне мо ба гузаштаи худ банд ҳастем ва дар худ ҳисси дард, ҳасрат, алам ва тарсу гуноҳро мепарварем. Шояд хоҳиши қасос гирифтанро низ дошта бошем. Ҳар яке аз ин ҳолатҳо метавонад сабаби қафомонии мо бошаду моро побанди гузашта намояд ва нагузорад, ки мо ҳолати ҳозираи худро ба таври зарурӣ дарк намоем.
Аз худ бипурсед, киро ва чиро аз ҳама мушкил аст бахшидан ва барои чӣ? Чаро Шумо ӯро дар хотир нигоҳ медоред? Агар Шумо дар ҳақиқат мехоҳед, ки шахс ва ё ҳолатро бахшед, Шумо ба осонӣ аз ӯҳдааш мебароед.
Шумо ҳолатҳои эмотсионалии худро ба чӣ мехоҳед иваз намоед? Бозаковат будани худро ба ивази хиёнат пешкаш карда метавонед? Ақидаҳои кӯҳнаи худро: “Ман намеарзам”-ро ба ақидаи “Ман арзандаам!” иваз кардан мехоҳед?
Чӣ қадар Шумо мехоҳед, ки аз ақидаҳои кӯҳнаи худ рӯй гардонед ва ба воситаи бахшиш ба озодӣ ноил гардед? Дар хотир доред, ки ҳамаи гуфтаҳо ва ҳодисаҳо дар гузашта мондаанд. Гузаштаро дигар тағйир дода намешавад. Имрӯз вуҷуд дорад ва агар мо худро ба гузашта банд намоем имрӯзи худро дарк карда наметавонем. Роҳи озод шудан аз бори гарони гузашта низ вуҷуд дорад. Ҳоло якҷоя бо Шумо худро аз бори гарони гузашта озод менамоем. Бе ягон эҳсосот ба хотир оред, ки чӣ тавр бори аввал ба мактаб рафтед ва бо муаллими аввалини худ шинос шудед, дар тан чӣ пӯшида будед.Чӣ кор кардед…., ана ҳамин тавр аз ҳодисаҳои нохуше, ки дар ҳаёти Шумо рӯй дода буд, метавонед ҷудо шавед, яъне бе эҳсосот ба ёд оред, ва бахшед.
Рӯйхати кору суханҳои нолозимро қайд намоед, оё хоҳиши аз онҳо ҷудо шуданро доред? Муносибати Шумо ба онҳо чи гуна аст?
Чӣ бояд кард? Шумо вобастаи он нестед ва бигӯед, ки ин ҳолатро аз худам озод мекунам — мебахшад. Хато кардан одамист, бахшидан пайғамбарист”. Ҳамаи муаммоҳои муносибати байни одамон аз нобахшидан аст. Дар хотир нигоҳ доред, корро аз бахшидани худ оғоз намоед: “Худро барои чунин қабул намудани ҳолат, шахс ё сухан мебахшам”. Аз худам низ бахшиш мепурсам, ки инқадар худро беҳуда азоб додаам. Ман аз ғам ва фикрҳои беҳуда озодам.”
Вақту соати бахшидан расидааст. Агар тавонед онро якҷоя бо ягон кас иҷро намоед, нахоҳед ихтиёр доред, тавонед худ танҳо 5-6 дақиқа машқ намоед.
Ором нишинед, озод нафас кашед, чашматонро пӯшед ва талаффуз намоед.
Шахсе, ки ман бояд ӯро бахшам (ном). Ман ӯро мебахшам барои (муносибаташ, суханҳояш, рафтораш ва ғайра). Ин суханҳоро якчанд маротиба такрор намоед. Худамро низ барои чунин қабул намудани ҳамон ҳолат, сухан ё рафтор мебахшам. Мо ҳарду аз ҳамдигар озодем.
Мо имрӯз қодирем бо тафаккури худ хурсандона фардои худро интизор шавем. Фурсате расидааст, ки мо рафтори оқилона намоем ҳолат ва одамонро бахшему онҳо ва худро озод намоем. Агар машқро бо нафаре иҷро кардаистода бошед, бигзор шахси дигар талаффуз намояд: “Ман минатдорам, ки маро озод намудӣ!”. Агар танҳо бошед, худ ин ибораро якчанд бор такрор намоед.
Ба қаъри дилатон назар афканед, баногоҳ касе набахшида дар он ҷо намонда бошад. Онҳоро низ пеши назар ореду бахшеду озод намоед. Бигзор онҳо аз ҳаёти Шумо дур бошанд. Пас аз он, ки қаъри дили Шумо холӣ шуд ба худ диққат диҳед ва агар аз худ хафа шуда бошед, худро барои фалон корам мебахшам, гуфта таллафуз намоед.
Ин машқест, ки натиҷаашро зуд дарк менамоед, онро ҳар гоҳе ки худро бад ҳис мекунед, иҷро намоед, аҳволатон хуб мешавад. Агар иҷроиши машқ ба Шумо мушкил шавад, каме кушиш намоед ва он осон мегардад. Шумо қодиред ва аз ӯҳдаи ҳама кор мебароед.
Аз касоне, ки ба мо бадӣ кардаанд миннатдор шудан лозим аст, чунки онҳо сабабгори тағйир ёфтани ҳаёти мо мешаванд. Ҳар он чизе, ки ба сари мо меояд барои беҳбудии мост. Дар дили мо он қадар муҳаббат метавонад ҷой шавад, ки он ба тамоми олам мерасад. Лек шояд аз ин муҳаббат ин замон мо фақат барои беҳбудии худ истифода мебарему халос. Ба қаъри дили худ назар афканед аз онҷо гармӣ, нафосат ва хубӣ эҳё мешавад, ки ин ҳама баҳри Шумост. Гузоред, ки ин эҳсосот назари Шуморо ба Олам ва зиндагӣ бо гуфтору рафтори хуби Шумо таъсири худро расонад.
Мавлуда Маҳкамова